Үндана:Хутбаи Лайлат-ул-ҳарир
| Мавзуъ | Ташвиқи сипоҳ ба ҷанг |
|---|---|
| Содиршуда аз | Имом Алӣ (а) |
| Сарчашмаи шиа | ал-Футуҳ, Вақъат-ус-сиффин |
| Сарчашмаи суннӣ | ал-Имома ва-с-сиёса |
Хутбаи «Лайлат-ул-ҳарир» (форсӣ: خطبه لَیلَةُ الهَریر) аз Имом Алӣ (а) дар Лайлат-ул-ҳарир (шаби нолаҳо), яке аз шабҳои ҷанги Сиффин, барои ташвиқи сипоҳи худ ба идомаи набард бо сипоҳи Муовия эрод шуд.[1] Лайлат-ул-ҳарир шабе буд, ки сипоҳи Муовия зери зарбатҳои сипоҳи Имом Алӣ (а) мисли саг нола мекарданд.[2]
Ин хутба пас аз намози хуфтан[3] дар дувоздаҳуми сафар[4] ва ба нақле шаби даҳум ё ҳафдаҳуми сафари соли 37 ҳиҷрӣ гуфта шудааст.[5]
Хутба бо ҳамду санои Худованд оғоз мешавад.[6] Имом Алӣ (а) ёронашро ба ёди Худо, намоз, тиловати Қуръон ва дуо тавсия кардааст[7] ва онҳоро ба эҳтиёт дар ҷанг, сабр, истиқомат ва садоқат фаро хондааст.[8] Сипас бо ишора ба заъфи душман, сипоҳи худро ташвиқ мекунад, то ҳамон гуна ки дар оғози набард кӯшидаанд, дар поён низ сустӣ накунанд ва натиҷаро ба қазои Илоҳӣ бисупоранд.[9]
Хутбаи Лайлат-ул-ҳарир дар манобеи шиа[10] ва аҳли суннат[11] нақл шудааст. Нахустин нақли он аз Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ (ваф.76ҳ.қ.) дар Китоби Сулайм ибни Қайс аст.[12] Пас аз ӯ Наср ибни Музоҳим (ваф.212ҳ.қ.) дар китоби Вақъат-ус-сиффин[13] ва Ибни Қутайба Динаварӣ дар китоби ал-Имома ва-с-сиёса[14] низ онро зикр кардаанд. Матни комили он дар китоби ал-Футуҳи Ибни Аъсами Куфӣ (таълифи қарни 4ҳ.қ.) омадааст.
Дар Наҳҷулбалоға хутбае бо унвони Лайлат-ул-ҳарир омадааст, ки бо ин хутба тафовут дорад.[15] Ба гуфтаи Ибни Абилҳадид — шореҳи Наҳҷулбалоға — он хутба ба рӯзи пас аз Лайлат-ул-ҳарир[16] ва ба ривояти Имодуддини Табарӣ (таърихнигори қарни 6ҳ.қ.)[17] ба оғози ҷанги Сиффин марбут аст.
Матн ва тарҷума
خطبَ عَلِيٌّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ أَصْحَابَهُ بَعْدَ أَنْ صَلَّى عِشَاءَ الآخِرَةِ فَقَالَ:
الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي يُبَرِمُ مَا قَضَى وَقَدَّرَ، فَمَا أَبْرَمَ فَلَا يَنْقُضُهُ النَّاقِضُونَ، وَمَا نَقَضَ فَلَنْ يُبَرِمَهُ الْمُبَرِمُونَ،
مَعَ أَنَّ اللَّهَ تَعَالَى لَوْ شَاءَ لَمَا اخْتَلَفَ اثْنَانِ مِنْ خَلْقِهِ، وَلَا تَنَازَعَتِ الْأُمَّةُ فِي شَيْءٍ مِنْ أَمْرِهِ، وَلَا جَحَدَ الْمَفْضُولُ حَقَّ الْفَاضِلِ، وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ مَا اقْتَتَلُوا، وَلَكِنَّ اللَّهَ يَفْعَلُ مَا يُرِيدُ،
وَقَدْ سَاقَتْنَا وَهَؤُلَاءِ الْمَقَادِيرُ إِلَى هَذَا الْمَكَانِ، وَنَحْنُ مِنَ اللَّهِ تَعَالَى بِمَنْظَرٍ وَمَسْمَعٍ،
وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَانْتَقَمَ وَكَانَ مَعَهُ التَّغْيِيرُ وَلَكِنَّهُ جَعَلَ الدُّنْيَا دَارَ الْأَعْمَالِ وَالْآخِرَةَ دَارَ الْقَرَارِ لِيَجْزِيَ الَّذِينَ أَسَاءُوا بِمَا عَمِلُوا وَيَجْزِيَ الَّذِينَ أَحْسَنُوا بِالْحُسْنَى،
أَلَا وَإِنَّكُمْ تُقَاتِلُونَ عَدُوَّكُمْ غَدًا فَاطْلُبُوا اللَّيْلَةَ الْقِيَامَ وَأَكْثِرُوا فِيهَا مِنْ تِلَاوَةِ الْقُرْآنِ وَاذْكُرُوا اللَّهَ وَاسْأَلُوهُ النَّصْرَ، وَعَلَيْكُمْ بِالْحَذَرِ وَالْحَزْمِ وَالْصَّبْرِ وَكُونُوا صَادِقِينَ،
أَلَا! وَقَدْ بَلَغَ بِكُمْ وَبِعَدُوِّكُمْ مَا قَدْ رَأَيْتُمْ وَلَمْ يَبْقَ مِنْهُمْ إِلَّا آخِرَ نَفَسٍ
فَإِنَّ الْأُمُورَ إِذَا أَقْبَلَتْ اعْتَبِرُوا آخِرَهَا بِأَوَّلِهَا
وَقَدْ صَبَرَ لَكِنَّ الْقَوْمَ عَلَى غَيْرِ دِينٍ حَتَّى بَلَغُوا فِيكُمْ مَا بَلَغُوا، وَأَنَا غَادٍ عَلَيْهِمْ غَدًا وَمُحَاكِمُهُمْ إِلَى رَبِّ الْعَالَمِينَ
Амирулмуъминин Алӣ (а) чун намози хуфтан бигузорид, хутбае гуфт бар ин манвол:
Ҳамду сано Худоро - ҷалла ҷалолаҳу, ки қоидаи тақдир ва асоси ҳукму қазои худро чунон мустаҳкам гардонид, ки ҳеҷ офарида, ҳар ки бошад, қудрат ва тавон надорад, ки нақзе ба қоидаи ҳукм ва фасхе ба асоси қазои Ӯ роҳ диҳад.
Агар мехост, ҳеҷ гоҳ ду шахс дар олам бо якдигар мухолифат намекарданд ва миёни уммат низоъ ва ихтилоф намеафтод ва ботил ҳақро инкор намекард ва одами паст шахси баландмартабаро ҳаҷв намекард: «Ва лав шааллоҳу ма-қтаталу валокинналлоҳа яфъалу ма юрид».
Моро тақдири собиқ ва ҳукми мустаҳкам ва қазои ҳатмии Ӯ ба ин ҷойгоҳ оварда ва дар ин варта андохтааст. Ҳар нафасе, ки мебарем ва ҳар қадаме, ки мениҳем ва ҳар коре, ки мекунем — кам ё бисёр, осон ё душвор — аз илми Ӯ ғоиб нест, балки илми Ӯ ба хутуроти авҳом ва хутувоти ақдом муҳит аст.
Агар мехост, ҳам дар дунё ҷазои некмардон ва сазои бадкоронро мефармуд, вале дунёро сарои амал карда ва охиратро сарои қарор: «Лияҷзия-ллазина асоу бима амилу ва яҷзия-ллазина аҳсану билҳусно».
Бидонед, ки шуморо фардо бо душманони худ ҷанг мебояд кард. Имшабро андаке бедор бошед, ёди Худо кунед, намоз бигузоред, Қуръон бихонед ва аз Худои таборак ва таоло пирӯзию нусрат бихоҳед. Фардо чун рӯй ба кор оред, нек ба ҷид бошед ва сабру собитқадамиро сабаби наҷот донед.
Мебинед, ки кор миёни шумо ва душманонатон ба куҷо расида ва то кадом ғоят кашидааст; аз душман рамақе беш намондааст ва кори эшон нек халал пазируфтааст.
Умед он аст, ки ҳар чи бештар зафар ёбед ва ба мақсуду матлуби худ расед. Эътибори корҳо ба хотима аст ва ҳар коре, ки хотимаи он монанди оғозаш набошад, хайре дар он нест. Шумо дар оғоз ҷидду ҷаҳди бузург намудед, акнун ки кор ба поён мерасад бояд, ки ҳеҷ сустӣ ба худ роҳ надиҳед ва дил бар ҳукму қазои Борӣ таоло биниҳед.
Он қавм бар ботиланд — мебинед, ки чӣ гуна ҷидду ҷаҳд менамоянд. Шумо, ки ба ҳамди Худо бар ҳақ ҳастед, бояд ки ҷиддияти шумо бештар бошад. Бидонед, ки фардо субҳ рӯй ба ҷанг хоҳем овард; бошад, ки оташи фитна хомӯш гардад: «Ҳатто яҳкумаллоҳу байнано ва ҳува хайр-ул-ҳокимин».
Эзоҳ
- ↑ Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.171
- ↑ Субҳонӣ, Фуруғи вилоят, 1380ҳ.ш., саҳ.601
- ↑ Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.171
- ↑ Балозурӣ, Ансобу-л-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.323
- ↑ Субҳонӣ, Фуруғи вилоят, 1380ҳ.ш., саҳ.601
- ↑ Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.171
- ↑ Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.171
- ↑ Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.171
- ↑ Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.171
- ↑ Минқарӣ, Вақъат-ус-сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.476
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.7, саҳ.261
- ↑ Қайси Ҳилолӣ, Китоби Сулайм ибни Қайс Ҳилолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.807
- ↑ Минқарӣ, Вақъат-ус-сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.476
- ↑ Ибни Қутайбаи Динаварӣ, ал-Имома ва-с-сиёса, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.143
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 66, саҳ.97
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.175
- ↑ Табарӣ, Башорат-ул-Мустафо ли шиат-ил-Муртазо, 1383ҳ.қ., саҳ.141
Сарчашма
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳ Мараъшии Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
- Ибни Аъсами Куфӣ, Аҳмад, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-азво, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, бетаърих.
- Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имома ва-с-сиёса, муҳаққиқ: Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-азво, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Минқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъат-ус-сиффин, тасҳеҳи Абдуссаломи Муҳаммад Ҳорун, Қум, Мактабати Оятуллоҳ Мараъшии Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
- Муставфии Ҳиротӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Тарҷумаи ал-Футуҳ ибни Аъсам, мусаҳҳеҳ: Ғуломризо Таботабоии Маҷд, Теҳрон, Созмони интишорот ва омӯзиши Инқилоби исломӣ, 1372ҳ.ш.
- Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, Фуруғи вилоят: таърихи таҳлилии зиндагии Амирулмуъминин Алӣ (а), Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1380ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Абулқосим, Башорат-ул-Мустафо ли шиат-ил-Муртазо, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-ҳайдария, чопи дувум, 1383ҳ.қ.
- Қайси Ҳилолӣ, Сулайм, Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, мусаҳҳеҳ: Муҳаммад Ансорӣ, Қум, ал-Ҳодӣ, чопи аввал, 1405ҳ.қ.