Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ

Аз wikishia
Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ
Тасвири Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ
Тасвири Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ
НависандаСулайм ибни Қайси Ҳилолӣ
Санаи таълифСадри Ислом
МавзуъТаърихи садри Ислом
СабкРивоӣ
ЗабонАрабӣ
Теъдоди ҷилд1
НоширҲодӣ
Маҳалли нашрҚум
Санаи нашр1405ҳ.қ.


Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ (форсӣ: کتاب سلیم بن قیس هلالی) ба забони арабӣ, ки бо унвони Асрори Оли Муҳаммад ва Китоби Сулайм низ шинохта мешавад, дарбардорандаи ривоёте дар бораи фазоили Аҳли Байт (а), шинохти имом ва ҳамчунин ҳаводиси пас аз вафоти Пайғамбар (с) аст. Дар бораи нисбати китоб ба Сулайм ибни Қайс, байни уламои шиа мабоҳиси бисёре шудааст: Мирҳомид Ҳусайни Ҳиндӣ, Китоби Сулаймро қадимитару фазилатмандтар аз ҳамаи китобҳои шиа хондааст ва Нуъмонӣ ва Ибни Надим, онро нахустин асли шиа донистаанд. Дар муқобил, Шаҳиди Сонӣ ва Ибни Ғазоирӣ, китобро ҷаълию сохтагӣ қаламдод намудаанд ва Шайх Муфид аз амал кардан ба бештари ривоёти он наҳй кардааст.

Ин китоб дарбардорандаи 48 ривояти тӯлонӣ аст, ки бештар аз Имом Алӣ (а), Салмони Форсӣ, Миқдод ибни Асвад ва Абузари Ғифорӣ нақл шудааст. Бо вуҷуди ихтилофоте, ки дар бораи эътибори китоб вуҷуд дорад, фақеҳони шиа дар осори фиқҳиашон, аз ривоёти он баҳра бурдаанд; аз ҷумла: Шайх Муфид, Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва Аллома Ҳиллӣ.

Нусхаи тасҳеҳшудае аз китоб, аз Муҳаммадбоқир Ансории Занҷонӣ дар се ҷилд чоп шудааст, ки бо истифода аз чаҳордаҳ нусха сурат гирифтааст: ҷилди аввал, муқаддамае дар бораи исботи эътибори китоб ва ҷилди дувуму сеюм, дарбардорандаи матн ва феҳристи китоб аст.

Китоби Сулайм ба забонҳои урду ва форсӣ тарҷума шуда ва талхисҳое низ аз он чоп шудааст.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Муҳаммад ибни Иброҳими Нуъмонӣ (ваф.360ҳ.қ.) ва Ибни Надим (ваф. аввалҳои қарни панҷуми ҳиҷрӣ), Китоби Сулаймро нахустин асли шиа (ба маънои китобҳои ҳадисие ки бевосита аз маъсумон ривоят шудааст) муаррифӣ кардаанд.[1] Бинобар ишорот ва мазмуни эътиқодию таърихии китоб, давраи замонии тадвини он, солҳои поёнии ҳукумати Ҳишом ибни Абдулмалики Умавӣ (ҳукумат: 105 - 125) эҳтимол дода шуда ва макони навишта шудани он Кӯфа дониста шудааст.[2]

Гуфтаанд, бо вуҷуди эродҳои таърихӣ ва каломӣ бар нусхаҳои Китоби Сулайм ибни Қайс, бархе аз ривоёти китоби мазкур, дар давраҳои мухталифи таърихӣ, мавриди истиноди фақеҳони шиа дар осори фиқҳиашон қарор гирифтааст;[3] аз ҷумла: Шайх Муфид, Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Аллома Ҳиллӣ, Мулло Аҳмади Нароқӣ, Охунди Хуросонӣ ва Шайх Муртазо Ансорӣ.[4]

Хайриддин Зириклӣ (1310 - 1396ҳ.қ.) дар китоби Аъломи худ, Китоби Сулаймро бо унвони «Китоб-ус-Сақифа» муаррифӣ кардааст.[5] Аз ин китоб бо таъбирҳои «Асрори Оли Муҳаммад (с)», «Китоби Фитан», «Китоби вафо-ун-Набӣ (с)» ва «Китоби имомат» низ ёд шудааст.[6] Оқобузурги Теҳронӣ дар китоби аз-Зариъа, як бор бо унвони «Асли Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ» аз ин китоб сухан гуфта[7] ва дигар бор, онро «Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ» хондааст.[8]

Муаллиф

Мақолаи аслӣ: Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ

Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, бар асоси чизе ки дар муқаддимаи китоби мансуб ба вай омадааст, ду сол қабл аз ҳиҷрат ба дунё омад, ҳангоми реҳлати Пайғамбар (с) дувоздаҳсола буд, дар шонздаҳсолагӣ вориди Мадина шуд ва дар соли 76-уми қамарӣ дар 78-солагӣ, дар шаҳри Навбандагони Форс вафот кард ва ҳамон ҷо ба хок супурда шуд.[9]

Дар китоби Риҷоли Барқӣ – яке аз китобҳои машҳури риҷолии шиа дар қарни сеюм қамарӣ, номи Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, дар миёни асҳоби панҷ имоми аввали шиа зикр шудааст.[10] Ҳамчунин номи ӯ дар Риҷоли Барқӣ ба унвони яке аз навад асҳоби Имом Алӣ (а) омадааст.[11] Барқӣ ҳамчунин ёздаҳ тан аз асҳоби Имом Ҳасан (а)-ро зикр кардааст, ки яке аз онҳо Сулайм аст.[12] Номи Сулайм ҳамчунин байни чаҳордаҳ тан аз ёрони Имом Ҳусайн (а) омадааст.[13] Барқӣ дар мобайни 33 тан аз асҳоби Имом Саҷҷод (а) ҳам аз фарде ба номи Абусодиқ номи бурдааст, ки ба гуфтаи муҳаққиқи китоб - Ҳайдар Муҳаммадалии Бағдодӣ, ҳамон Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ аст, ки куняаш Абусодиқ будааст.[14]

Муҳтаво

Китоби Сулайм дарбардорандаи 48 ривояти муфассал аст.[15] Муҳтавои Китоби Сулайм, шарҳи воқеаҳои пас аз реҳлати Пайғамбар, даврони хилофати Имом Алӣ, фазоили Имом Алӣ ва Аҳли Байт, ва низ пешбинии бархе ҳаводиси қарни аввали ҳиҷрӣ аст.[16]

Гуфта шудааст, ки бештари аҳодиси китоб, аз Имом Алӣ (а), Салмони Форсӣ, Миқдод ибни Асвад ва Абузари Ғифорӣ нақл шудааст,[17] бо ин ҳол, ривоёте низ аз Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), Имом Саҷҷод (а), Аммор ибни Ёсир, Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ва Муҳаммад ибни Абубакр дар китоб омадааст.[18]

Бар асоси гузориши Муҳаммадтақии Субҳонӣ – фақеҳ ва мутакаллими шиа, муҳимтарин мавзуоти матраҳшуда дар Китоби Сулайм ибни Қайс иборатанд аз:

  1. Таъкид бар афзал будани Аҳли Байт (а);
  2. Исботи вилоят ва висояти Имом Алӣ (а) баъд аз Пайғамбар (с);
  3. Тасреҳ ба теъдоди имомони шиа аз сӯи Пайғамбар ва муаррифии онон;
  4. Тасреҳ ба ин ки Имом Маҳдӣ (аҷ) аз насли нуҳуми Имом Ҳусайн (а) аст;
  5. Баёни ҷузъиёти воқеаи Сақифа ва шеваи бархӯрди Имом Алӣ (а) ва ёронаш;
  6. Воқеаи ҳуҷум ва оташ задани хонаи Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с);
  7. Муртад шудани ҳамаи асҳоб баъд аз вафоти Пайғамбар (с), магар чаҳор нафар: Салмон, Абузар, Миқдод ва Зубайр;
  8. Тавтеъаи қатли Имом Алӣ (а) тавассути Холид ибни Валид ба дастури Абубакр;
  9. Беимонии ду халифаи аввал ва боқӣ будани онон бар ақоиди пеш аз Ислом;
  10. Ҷамъоварии Қуръон тавассути Имом Алӣ (а) ва мавзеи ӯ дар баробари ҷамъоварии Қуръон тавассути Умар ва Усмон;
  11. Пешгӯии Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) дар бораи ҳукумати золимонаи умавӣ ва наҳзати Аббосиён ва зулм ба шиаён.[19]

Назароти мухталиф; аз ҷаълӣ будан то таъйиди комил

Дар бораи Китоби Сулайм ибни Қайс, назароти мутафовит ва гоҳ муттазоде баён шудааст: Муҳаммад ибни Иброҳими Нуъмонӣ, онро ба куллӣ таъийд карда ва аз арзишмандтарин китобҳои ҳадисии шиа донистааст.[20] Шайх Муфид, гарчи эътибори онро ба куллӣ нафй накардааст, аз вуҷуди таҳриф дар он сухан гуфтааст.[21] Ибни Ғазоирӣ ва Шаҳиди Сонӣ Китоби Сулаймро ҷаълшуда тавассути Абон ибни Абиайёш донистаанд.[22]

Таъйиди эътибори китоб

Муҳаммад ибни Иброҳими Нуъмонӣ – муфассир ва муҳаддиси шиаи қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ, дар китоби ал-Ғайбат, Китоби Сулаймро аз арзишмандтарин китобҳои ҳадисӣ дар миёни ҳамаи олимон ва ровиёни шиа хонда ва онро мавриди эътимоди шиаён донистааст.[23]

Ибни Надим – китобшинос ва феҳристнигори садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ, низ Китоби Сулаймро аввалин китоби навишташуда дар миёни шиаён хондааст.[24] Мирҳомид Ҳусайн - нависандаи китоби Абақот-ул-анвор, низ Китоби Сулаймро қадимитару фазилатмандтар аз ҳамаи китобҳои шиа донистааст.[25]

Муҳаммадбоқири Хонсорӣ - нависандаи китоби Равзот-ул-ҷаннот ҳам Китоби Сулаймро аввалин китоби тадвин ва ҷамъоварии ҳадис дар миёни мусулмонон хондааст.[26] Ҳамчунин Муҳаддиси Қумӣ онро аввалин китоби шиаён ва асари машҳуре байни муҳаддисон донистааст.[27]

Ҷаълӣ хондани китоб

Ибни Ғазоирӣ - риҷолшиноси шиаи қарни панҷуми ҳиҷрӣ, дар китоби риҷоли худ, асари мансуб ба Сулайм ибни Қайсро ҷаълӣ дониста, интисоби он ба Сулаймро зери суол бурда гуфтааст ин китобро Абон ибни Абиайёш ҷаъл карда, ба Сулайм нисбат додааст.[28] Ибни Довуди Ҳиллӣ низ дар китоби риҷоли худ, Китоби Сулаймро ҷаълӣ донистааст.[29]

Шаҳиди Сонӣ - фақеҳи шиаи қарни даҳум, дар ҳошия бар китоби Хулосат-ул-ақволи Аллома Ҳиллӣ, бо ишора ба ҳадисе дар Китоби Сулайм, ки бар асоси он, Муҳаммад ибни Абубакр падарашро дар ҳангоми марг мавъиза мекунад, ин ривоятро яке аз шавоҳиди ҷаълӣ будани китоб ба шумор овардааст; чароки Муҳаммад ибни Абубакр ҳамзамон бо Ҳаҷҷат-ул-вадоъ, дар соли даҳуми ҳиҷрӣ таваллуд шуда ва бо тавваҷуҳ ба он ки Абубакр дар соли 13-уми ҳиҷрӣ вафот кардааст, фарзанди ӯ - Муҳаммад ибни Абубакр наметавонад падарашро мавъиза карда бошад.[30] Шаҳиди Сонӣ дар ниҳоят, бо такя бар заъфи санад, ба далели ҳузури Иброҳим ибни Умари Санъонӣ ва Абон ибни Абиайёш дар миёни ровиён, китобро рад карда гуфтааст, ҳаддиаксар чизе ки метавон пазируфт, он аст, ки матолиби нодурусти китоб бояд ҷудо шавад ва бақияи матолиб на рад шавад ва на таъйид.[31]

Абулҳасани Шаъронӣ – қуръонпажӯҳ ва ҳадиспажӯҳ, низ дар ҳошияи китоби Шарҳи Усули кофӣ, Китоби Сулаймро ҷаълӣ дониста гуфтааст, дар он матолиби нодурусте вуҷуд дорад ва наметавон ба он эътимод кард, магар дар мавориде, ки шавоҳиди ақлӣ ё нақлӣ таъйидкунандаи он бошад.[32]

На комилан ҷаълӣ ва на, комилан мавриди эътимод

Шайх Муфид – фақеҳ ва мутакаллими шиаи қарни панҷуми ҳиҷрӣ, дар китоби Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомийя, амал ба бештари ривоёти Китоби Сулаймро ба хотири тағироте, ки дар он эҷод шудааст, ҷоиз намедонад ва диндоронро аз амал кардан ба он боздоштааст.[33] Аллома Ҳиллӣ – фақеҳ ва мутакаллими шиаи қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ, низ дар Хулосат-ул-ақвол, гарчи Сулайм ибни Қайсро одил хонда, гуфтааст, бояд аз амал кардан ба матолиби нодурусти китоби мансуб ба вай иҷтиноб кард.[34]

Муҳаммадтақии Шуштарӣ ҳам дар китоби Қомус-ур-риҷол бо радди иддаои Ибни Ғазоирӣ мабнӣ бар ҷаълӣ будани асли китоб, бар он шудааст, ки асли он ҷаълӣ нест, аммо муонидон дар он даст бурда ва онро ошуфта сохтаанд.[35]

Нақдҳо ва назарот

Пажӯҳишгарон нақдҳое ба мазмун ва муҳтавоҳои Китоби Сулайм ворид кардаанд. Қосими Ҷаводӣ дар мақолае бо унвони «Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ» ҳаждаҳ мавридро баршумурдааст[36] ки бархе иборатанд аз:

  • Нақли ҳадис пас аз вафот: дар ин китоб, ҳадисе аз ҳангоми вафоти Иброҳими Нахаъӣ нақл шудааст; дар ҳоле ки Сулайм дар соли 76-и қамарӣ вафот карда ва таърихи вафоти Иброҳими Нахаъӣ, соли 95 ё 96-и қамарӣ аст. Муҳаммадбоқир Ансории Занҷонӣ, ки Китоби Сулайм бо тасҳеҳ ва таҳқиқи вай интишор ёфта, барои ҳали ин мушкил, ривояти мазкурро ба Абон ибни Абиайёш нисбат додааст; дар ҳоле ки бо чунин ишколе бояд гуфт, ин китоб мутааллиқ ба Сулайм нест ва интисоби ҳадис ба фарди дигаре ҷуз вай, мӯҷиби ҳалли мушкил намешавад.[37]
  • Хитоби Пайғамбар ба Имом Алӣ (а) бо калимаи «бародарам»: Бинобар ҳадисе, ки дар ин китоб зикр шудааст, Пайғамбар ҳеҷгоҳ Имом Алӣ (а)-ро ҷуз бо унвони «бародарам» садо накардааст; дар ҳоле ки дар Китоби Сулайм, аҳодиси дигаре нақл шудааст, ки Пайғамбар (с) Имом Алӣ (а)-ро бо ибороте ғайри он хитоб қарор додааст. Вуҷуди ин ду гуна ривоёт ба маънои эҷоди тағироте дар китоби аслӣ аст.[38]
  • Таоруз бо мусалламоти таърихӣ: бархе аз ривоёти нақлшуда дар Китоби Сулайм бо мусалламоти таърихӣ носозгор аст; аз ҷумла он ки дар ривояте гуфта шудааст, баъд аз Усмон, Муъовия ва фарзандаш ба ҳукумат мерасанд; дар ҳоле ки пас аз Усмон, хилофати Имом Алӣ (а) оғоз шудааст. Дар мавриди дигар, теъдоди хулафои Банӣ Умайя дар ҳадисе даҳ нафар дониста шудааст; дар ҳоле ки теъдоди хулафои мазкур чаҳордаҳ нафар будааст.[39]

Нусхаҳо ва чопҳо

Нусхаҳои хаттии Китоби Сулаймро то 69 нусха донистаанд.[40] Ба гуфтаи Имодии Ҳоирӣ дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, нусхаҳои мухталифи Китоби Сулайм ибни Қайс, аз қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ, дастхуши ихтилофоте буда ва дар давраҳои мухталифи таърихӣ, тасарруфоте дар он сурат гирифта ва матолибе бар он афзуда шудааст.[41] Нусхаи тасҳеҳшудаи Китоби Сулайм ибни Қайс, дар соли 1415ҳ.қ., тавассути Муҳаммадбоқир Ансории Занҷонӣ дар се ҷилд ба чоп расид, ки ҳосили таҳқиқ бар рӯи чаҳордаҳ нусхаи хаттии китоб аст. Ҷилди аввали ин маҷмӯа, муқаддимае муфассал дар бораи эътибори китоб аст ва ҷилди дувуму сеюм, дарбардорандаи матни китоб ва феҳристнигорист.[42]

Тарҷумаҳо

  • Тарҷума ба забони урду тавассути Шайх Малик Муҳаммадшариф ибни Шермуҳаммадшоҳ Расулавӣ Малтонӣ дар соли 1375ҳ.қ.
  • Тарҷумаи форсӣ дар соли 1400ҳ.қ., барои аввалин бор дар Наҷаф
  • Тарҷумаи форсӣ ба ҳамроҳи матни арабӣ дар соли 1412ҳ.қ., тавассути шайх Муҳаммадбоқир Камараӣ
  • Тарҷумаи форсӣ бо номи «Асрори Оли Муҳаммад (а)» тавассути Исмоил Ансории Занҷонӣ,[43]
  • Тарҷумаи форсӣ бо номи «Таърихи сиёсии садри Ислом» тавассути Маҳмудризо Ифтихорзода.

Талхис

Ду нафар аз уламо аҳодисе аз Китоби Сулайм интихоб ва ба унвони «Мунтахаби Китоби Сулайм» танзим кардаанд:

  • Шайх Абдулҳамид ибни Абдуллоҳ Караҳрӯдӣ.
  • Сайид Муҳаммадалӣ Шоҳ Абдулазимӣ (ваф.1334ҳ.қ.).[44]

Эзоҳ

  1. Имодии Ҳоирӣ, “Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.465.
  2. Имодии Ҳоирӣ, “Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.465 - 466.
  3. Имодии Ҳоирӣ, “Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.466.
  4. Имодии Ҳоирӣ, “Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.466.
  5. Зириклӣ, ал-Аълом, ҷ.3, саҳ.119.
  6. Ҳилолӣ, Асрори Оли Муҳаммад, 1416ҳ.қ., саҳ.47.
  7. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.152.
  8. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.276.
  9. Ҳилолӣ, Асрори Оли Муҳаммад, 1416ҳ.қ., саҳ.17 ба баъд.
  10. Барқӣ, Риҷол-ул-Барқӣ, 1433ҳ.қ., саҳ.64.
  11. Барқӣ, Риҷол-ул-Барқӣ, 1433ҳ.қ., саҳ.39.
  12. Барқӣ, Риҷол-ул-Барқӣ, 1433ҳ.қ., саҳ.58.
  13. Барқӣ, Риҷол-ул-Барқӣ, 1433ҳ.қ., саҳ.61.
  14. Барқӣ, Риҷол-ул-Барқӣ, 1433ҳ.қ., саҳ.64.
  15. Имодии Ҳоирӣ, “Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.465.
  16. Имодии Ҳоирӣ, “Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.465.
  17. Имодии Ҳоирӣ, “Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.465.
  18. Имодии Ҳоирӣ, “Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.465.
  19. Субҳонӣ, “Гоми дигаре дар шиносоӣ ва эҳёи китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.21.
  20. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1432ҳ.қ., саҳ.103 - 104.
  21. Шайх Муфид, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомийя, саҳ.149.
  22. Ибни Ғазоирӣ, ар-Риҷол ли Ибни-л-Ғазоирӣ, 1422ҳ.қ., саҳ.36; Шаҳиди Сонӣ, Расоил-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.992 - 993.
  23. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1432ҳ.қ., саҳ.103 - 104.
  24. Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.271.
  25. Кунтурӣ, Абақот-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309.
  26. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.67.
  27. Қумӣ, ал-Куно ва-л-алқоб, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.293.
  28. Ибни Ғазоирӣ, ар-Риҷол ли Ибни-л-Ғазоирӣ, 1422ҳ.қ., саҳ.36.
  29. Ибни Довуд, Китоб-ур-Риҷол, 1392ҳ.қ., саҳ.460.
  30. Шаҳиди Сонӣ, Расоил-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.992 - 993.
  31. Шаҳиди Сонӣ, Расоил-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.992 - 993.
  32. Мулосолеҳи Мозандаронӣ, Шарҳи Усули кофӣ, таълиқаи Абулҳасан Шаъронӣ, ҷ.2, саҳ.373 ва 163.
  33. Шайх Муфид, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомийя, саҳ.149.
  34. Аллома Ҳиллӣ, Хулосат-ул-ақвол, 1417ҳ.қ., саҳ.163.
  35. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.239.
  36. Ҷаводӣ, “Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.166 - 179.
  37. Ҷаводӣ, “Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.166.
  38. Ҷаводӣ, “Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.167.
  39. Ҷаводӣ, “Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.170.
  40. Ҷалолӣ, “Пажӯҳише дар бораи Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.90.
  41. Имодии Ҳоирӣ, “Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, саҳ.466.
  42. Мулкӣ Муъоф, “Муаллифи китоби Асрори Оли Муҳаммад (с) бар тарозуи нақд”, саҳ.150.
  43. Ҳилолӣ, Асрори Оли Муҳаммад, 1416ҳ.қ., саҳ.154 - 155.
  44. Ҳилолӣ, Асрори Оли Муҳаммад, 1416ҳ.қ., саҳ.154.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Хулосат-ул-ақвол, муассисаи Нашрул-фақоҳа, 1417ҳ.қ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Риҷол-ул-Барқӣ, таҳқиқ ва таълиқи Ҳайдар Муҳаммадалӣ ал-Бағдодӣ, бо ишрофи Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, муассисатул-Имом ас-Содиқ, 1433ҳ.қ./1391ҳ.ш.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом, Бейрут, Дорул-илм.
  • Ибни Ғазоирӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ар-Риҷол ли Ибни-л-Ғазоирӣ, таҳқиқи Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, Дорул-ҳадис, 1422ҳ.қ./1380ҳ.ш.
  • Ибни Довуди Ҳиллӣ, Ҳасан, Китоб-ур-Риҷол, таҳқиқи Сайид Муҳаммадсодиқ Баҳрулъулум, Наҷаф, матбаатул-Ҳайдарийя, 1392ҳ.қ.
  • Ибни Надим, ал-Феҳрист, таҳқиқи Иброҳим Рамазон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1417ҳ.қ./1997м.
  • Имодии Ҳоирӣ, Сайид Муҳаммад, “Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, зери назари Ғуломалии Ҳаддоди Одил, ҷ.24, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, 1375ҳ.ш.
  • Кунтурӣ, Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, таҳқиқи Ғуломризо Мавлоно Буруҷердӣ, Қум, Ғуломризо Мавлоно Буруҷердӣ, 1404ҳ.қ.
  • Мулкӣ Муъоф, Ислом, “Муаллифи китоби Асрори Оли Муҳаммад (с) бар тарозуи нақд”, дар маҷаллаи Мутолиъоти Қуръон ва ҳадис, соли аввал, шумораи дувум, баҳор ва тобистони 1387ҳ.ш.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат, таҳқиқи Форис Ҳасун Карим, Бейрут, Дорул-Ҷаводайн, 1432ҳ.қ./2011м.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, муқаддимаи Муҳаммадҳасан Оли Кошифулғито, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Хонсорӣ, Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷаннот, Қум, Исмоилиён, 1390ҳ.қ.
  • Ҳилолӣ, Сулайм ибни Қайс, Китоби Сулайм, Қум, Ҳодӣ, 1405ҳ.қ.
  • Ҷаводӣ, Қосим, “Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, дар фаслномаи Улуми ҳадис, баҳор ва тобистони 1384ҳ.ш., № 35 ва 36.
  • Ҷалолӣ, Абдулмаҳдӣ, “Пажӯҳише дар бораи Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ”, фаслномаи Мутолиъоти исломӣ, № 60, тобистони 1382ҳ.ш.
  • Шайх Муфид, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, тасҳеҳи Ҳусайни Даргоҳӣ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Расоил-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, таҳқиқи Ризо Мухторӣ, ҷ.2, Қум, Бустони китоби Қум, 1422ҳ.қ./1380ҳ.ш.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1414ҳ.қ.