Үндана:Ояти шиқоқ
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Номи оят | Ояти шиқоқ |
| Воқеъ дар сураи | Нисо |
| Шумораи оят | 35 |
| Ҷузъ | 5 |
| Макони нузул | Мадина |
| Мавзуъ | фиқҳӣ - хонавода |
| Дар бораи | Роҳи ҳалли ихтилофи завҷайн |
Ояти шиқоқ (форсӣ: آیه شقاق) сию панҷумин ояти сураи Нисо аст, ки барои ҳалли ихтилоф миёни зану шавҳар, таъйини ду доварро тавсия мекунад, яке аз хонаводаи мард ва дигаре аз хонаводаи зан. Фақиҳон бо истинод ба зоҳири ин оят, раъйи доваронро лозим-ул-иттибоъ медонанд; бо ин ҳол, гуфта шудааст, ки дар ниҳоят, талоқ ба ризоияти зан ва шавҳар вобаста аст.
Бар асоси манобеи таърихӣ, Имом Алӣ (а) пас аз пазириши ҳакамият дар ҷанги Сиффин, барои исботи машруъияти асли доварӣ, дар баробари хавориҷ, ба ин оят истинод кард.
Ҳакамият - роҳи ҳалли ихтилофи завҷайн
Ояти 35-уми сураи Нисо ки ба ояти шиқоқ низ шуҳрат дорад,[1] аз оятҳои аҳком[2] ва оятҳои мадании Қуръон аст.[3] Ин оят, пас аз ояти марбут ба нушузи зан,[4] ба роҳкори ҳалли ихтилоф миёни ҳамсарон мепардозад.[5] Бар асоси ин оят, ҳангоми носозгории зану шавҳар ва тарс аз ҷудоӣ, бояд як довар аз хонаводаи мард ва як довар аз хонаводаи зан интихоб шаванд, то сабаби ихтилофро баррасӣ ва барои ислоҳи робитаи зан ва шавҳар амал кунанд.[6] Муфассирон[7] ва фақиҳон,[8] мухотаби ин оятро ҳокими шаръ ё намояндаи дастгоҳи қазоӣ дониста ва таъйини доваронро бар ӯҳдаи ӯ шумурдаанд.[9]
| “ | Ва агар аз ҷудоӣ миёни он ду [зан ва шавҳар] бим доред, пас доваре аз хонаводаи он [шавҳар] ва доваре аз хонаводаи он [зан] таъйин кунед. Агар сарсозгорӣ доранд, Худо миёни он ду созгорӣ хоҳад дод. Оре, Худо донои огоҳ аст. [Нисо: 35] |
” |
Афзалияти доварии хешовандон дар ҳалли ихтилофоти заношӯӣ
Доварии хешовандон барои ихтилофоти заношӯӣ ба далели ошноӣ бо шароити хонавода, ангезаи бештар барои ислоҳ, ҳифзи маҳрамият, коҳиши таниш ва суръати бештар ва хароҷоти камтар нисбат ба расидагии қазоӣ, муассир шумурда шудааст.[10]
Истинодҳои фиқҳӣ ва таърихӣ
Ояти шиқоқ дар манобеи фиқҳӣ зери боби никоҳ ва дар баҳсҳои нушуз ва шиқоқ баррасӣ шудааст.[11] Баъзе нависандагон барои баёни аҳамияти оштӣ миёни афрод низ ба ин оят истинод кардаанд.[12]
Дидгоҳи машҳури фақиҳон,[13] аз ҷумла Шайхи Тӯсӣ,[14] Алломаи Ҳиллӣ[15] ва Шаҳиди Сонӣ[16] бо истинод ба зоҳири оят, он аст, ки доварон нақши ҳакам доранд ва раъйи онҳо илзомовар аст, на ин ки маҳз вакили зан ва шавҳар бошанд. Бо ин ҳол, иддае дигар аз фақиҳон бо истинод ба баъзе ривоёт[17] муътақиданд, иҷрои талоқ ва ҷудоии ниҳоӣ, бояд бо ризоияти худи зан ва шавҳар бошад.[18]
Истинод ба ояти шиқоқ дар моҷарои ҳакамият
Бар асоси баъзе гузоришҳо, Имом Алӣ (а) дар моҷарои ҳакамият, дар посух ба эътирози хавориҷ барои исботи машруъияти асли доварӣ, ба ояти шиқоқ истинод кардааст.[19] Нақл шудааст Имом Боқир (а) низ дар посух ба яке аз хавориҷ, нисбат ба пазириши ҳакамият аз сӯи Имом Алӣ (а), ҳамин оятро тиловат намуд.[20] Ин истидлол дар баъзе манобеи ҳадисии аҳли суннат низ гузориш шудааст.[21]
Эзоҳ
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, ҷ.1, саҳ.182.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, ҷ.5, саҳ.354; Кошонӣ, Тафсири хулосаи Манҳаҷ-ус-содиқин; Мусавии Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-раҳмон, ҷ.8, саҳ.145.
- ↑ Ибни Аббос, Танвир-ул-миқбос, саҳ.84; Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, ҷ.2, саҳ.168.
- ↑ Файзулислом, Тарҷума ва тафсири Қуръон, ҷ.1, саҳ.172.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тафсири Тасним, ҷ.18, саҳ.578; Қурашӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.2, саҳ.357.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.3, саҳ.375; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.25, саҳ.230, масъалаи 1.
- ↑ Ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.3, саҳ.70; Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, ҷ.2, саҳ.213.
- ↑ Ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, ҷ.4, саҳ.416; Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, ҷ.7, саҳ.396.
- ↑ Қурашӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.2, саҳ.357; Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, саҳ.132.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.3, саҳ.376 - 377.
- ↑ Барои намуна руҷӯъ кунед ба Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, ҷ.4, саҳ.416; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.31, саҳ.209; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ (а), ҷ.22, саҳ.253; Субҳонӣ, Низом-ун-никоҳ, ҷ.2, саҳ.304; Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, саҳ.532.
- ↑ Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доират-ул-маорифи Қуръони карим, ҷ.2, саҳ.90.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, ҷ.24, саҳ.629; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.31, саҳ.214.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, ҷ.4, саҳ.416.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, ҷ.7, саҳ.396.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.8, саҳ.365.
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.6, саҳ.147, ҳадиси 5; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳдуруҳу-л-фақиҳ, ҷ.3, саҳ.521; ҳадиси 4817.
- ↑ Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, ҷ.7, саҳ.396 - 397, масъалаи 56; Мусавии Омилӣ, Ниҳоят-ул-маром, ҷ.1, саҳ.431; Муҳаққиқи Сабзаворӣ, Кифоят-ул-аҳком, ҷ.2, саҳ.271.
- ↑ Заҳабӣ, Таърих-ул-ислом, ҷ.3, саҳ.591; Шерозӣ, ал-Ишора ила мазҳаби аҳл-ил-ҳақ, саҳ.383 - 384.
- ↑ Табарсӣ, ал-Иҳтиҷоҷ, ҷ.2, саҳ.174; Арусӣ Ҳавайзӣ, Тафсири нур-ус-сақалайн, ҷ.1, саҳ.479.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, ҷ.2, саҳ.84; Ҳокими Нишопурӣ, Мустадрак ала-с-саҳиҳайн, ҷ.2, саҳ.165; Байҳақӣ, ас-Сунан-ул-кубро, ҷ.8, саҳ.311.
Сарчашма
- Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва равҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Ёҳаққӣ, Муҳаммадҷаъфар, Носиҳ, Муҳаммадмаҳдӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони Қудси Разавӣ, 1371ҳ.ш.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиа фи аҳком-иш-шариа, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Арусӣ Ҳавайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири нур-ус-сақалайн, таҳқиқ: Расулии Маҳаллотӣ, Сайид Ҳошим, Қум, интишороти Исмоилиян, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
- Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ас-Сунан-ул-кубро, муҳаққиқ: Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи сеюм, 1424ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Иравониё, Муҳаммадтақӣ, Муқаррам, Сайид Абдурраззоқ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-ислом, таҳқиқ: Тадмурӣ, Умар Абдуссалам, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Аббос, Танвир-ул-миқбос мин тафсир Ибни Аббос, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи дувум, 1425ҳ.қ.
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснад-ул-Имом Аҳмад ибни Ҳанбал, муҳаққиқ: Шуайб ал-Арнаут, Одил Муршид, ва дигарон, ишроф: Туркӣ, Абдуллоҳ ибни Абдулмуҳсин, бетаърих, Муассисат-ур-рисола, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
- Кошонӣ, Фатҳуллоҳ ибни Шукруллоҳ, Тафсири хулосаи Манҳаҷ-ус-содиқин, мусаҳҳеҳ: Шаъронӣ, Абулҳасан, Теҳрон, Исломия, чопи аввал, 1363ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Охундӣ, Муҳаммад, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Қурашӣ, Сайид Алиакбар, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, Бунёди баъсат, Теҳрон, чопи сеюм, 1377ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доират-ул-маорифи Қуръони карим, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, Қум, муассисаи Бӯстони китоб, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми Қуръон, [бемакон], Маркази чоп ва нашри Созмони таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
- Мишкинӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, муҳаққиқ: Аҳмадӣ Ҷулфоӣ, Ҳамид, Қум, муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
- Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқ бо мазҳаби аҳли байт (а), Қум, муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Мусавии Омилӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ниҳоят-ул-маром фи шарҳи мухтасар шароиъ-ил-ислом, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Мусавии Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Мавоҳиб-ур-раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, мактаба самoҳат Оятуллоҳ Сайид ас-Сабзаворӣ, чопи сеюм, 1414ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Сабзаворӣ, Муҳаммадбоқир, Кифоят-ул-аҳком, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-ислом, тасҳеҳи Аббос Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Рӯҳонии Сайид Содиқ, Фиқҳ-ус-Содиқ (а), Қум, Дор-ул-китоб — мадрасаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум муассисаи ал-Манор, дафтари Ҳазрати Оятуллоҳ Сабзаворӣ, Қум, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Низом-ун-никоҳ фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1416ҳ.қ.
- Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Иҳтиҷоҷ ало аҳл-ил-лаҷоҷ, таҳти ишрофи Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, муҳаққиқ: Ҳодибеҳ, Муҳаммад ва Иброҳим Баҳодурӣ, Қум, Созмони авқоф ва умури хайрия, интишороти Усва, чопи панҷум, 1424ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Балoғӣ, Муҳаммадҷавод, мусаҳҳеҳ: Яздии Таботабоӣ, Фазлуллоҳ ва Расулӣ, Ҳошим, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
- Файзулисломи Исфаҳонӣ, Алинақӣ, Тарҷума ва тафсири Қуръони азим, Теҳрон, нашри фақиҳ, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, мусаҳҳеҳ: Беҳбудӣ, Муҳаммадбоқир, Теҳрон, Муртазавӣ, чопи панҷум, 1373ҳ.ш.
- Ҳокими Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Мустадрак ала-с-саҳиҳайн, таҳқиқ: Абдулқодир Ато, Мустафо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири Тасним, Қум, муассисаи Исро, 1389ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳдуруҳу-л-фақиҳ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, мусаҳҳеҳ: Хуросонӣ, Алӣ ва дигарон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
- Шайхи Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, муассисаи Оли-л-Байт (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддини ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ила танқиҳи шароиъ-ил-ислом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Шерозӣ, Абуисҳоқ, ал-Ишора ила мазҳаби аҳл-ил-ҳақ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1425ҳ.қ.