Моҷарои Фадак

Аз wikishia

Ин навиштор дар бораи моҷарои мусодираи Фадак аст; барои ошноӣ бо деҳкадаи Фадак, мақолаи Фадакро бубинед.

Моҷарои Фадак (форсӣ: ماجرای فدک) ба гирифтани деҳкадаи Фадак аз Фотима (с) тавассути Абубакр пас аз вафоти Пайғамбар (с) ишора дорад. Абубакр бо такя бар ҳадисе аз Пайғамбар (с) (ки гуфта шуда ровии он фақат худи Абубакр буд) муддаӣ шуд, анбиё ирс намегузоранд, аммо Фотима посух дод Пайғамбар (с) пеш аз вафот, Фадакро ба ӯ бахшида буд ва Имом Алӣ (а) ва Уммиайманро бар ин суханаш шоҳид овард. Бинобар назари уламои шиа ва бархе аз уламои аҳли суннат ин бахшидан ҳангоме буд, ки ояти 26 сураи Исро нозил шуд ва ба Пайғамбар дастур дод ҳаққи завилқурборо бидиҳад.

Дар нақле омадааст Абубакр дар баргае моликяти Фотимаро таъйид кард, аммо Умар ибни Хаттоб он баргаро аз Фотима гирифта, пора кард. Тибқи ривояти дигаре Абубакр шоҳидони Фотима (с)-ро напазируфт. Духтари Пайғамбар (с) вақте додхоҳии худ ва ҳамсараш Имом Алӣ (а)-ро бефоида дид, ба Масҷидуннабӣ рафт ва ба эроди хутба пардохт. Ӯ дар ин хутба, ки ба хутбаи Фадакия машҳур аст, ба ғасби хилофат ишора карда, сухани Абубакр, ки пайғамбарон ирс намегузорандро мухолифи оёте аз Қуръон хонд ва ӯро ба адолати Худованд дар рӯзи растохез вогузор кард. Фотима (с) пас аз ин моҷаро сахт аз Абубакру Умар нороҳат шуд ва то замони шаҳодат, бар он ду ғазабнок боқӣ монд.

Пас аз вафоти Пайғамбар (с), деҳкадаи Фадак ба дасти хулафои Банӣ Умайя ва сипас Банӣ Аббос афтод ва дар миёни онҳо даст ба даст шуд. Албатта бархе хулафо аз ҷумла Умар ибни Абдулъазизи Умавӣ ва Маъмуни Аббосӣ, Фадак ё даромади ҳосил аз онро ба фарзандони Фотима доданд.

Дар бораи ин воқеа осоре ба забони арабӣ ва форсӣ навишта шудааст. Аз ҷумлаи онҳо китоби Фадаку фи-т-таърих асари Сайид Муҳаммадбоқири Садр аст, ки бо рӯйкарди таҳлилӣ навишта шудааст. Садр дар ин китоб, мутолибаи Фадакро ба нуқтаи оғози наҳзати ҳазрати Фотима (с) алайҳи ҳокимият ва яке аз мароҳили дифоъи ӯ аз имомат таҳлил кардааст.

Фадак ва ҷойгоҳи он

Мақолаи аслӣ: Фадак
Гоҳшумори Фадак
шаъбони соли 6ҳ.қ. сария Имом Алӣ (а) ба фадак[1]
сафари соли 7ҳ.қ. фатҳи Хайбар[2]
сафар ё рабиулаввали соли 7ҳ.қ. вогузории Фадак ба Пайғамбар (с) аз сӯи яҳудиён
14 зилҳаҷҷаи соли 7ҳ.қ. бахшидани Фадак ба Фотимаи Заҳро (с)[3]
рабиулаввали соли 11ҳ.қ. мусодираи Фадак ба дастури Абубакр
ҳудуди соли 30ҳ.қ. вогузории Фадак ба Марвон аз сӯи Усмон[4]
баъд аз соли 40ҳ.қ. тақсими Фадак байни Марвон ва Амр ибни Усмон ва Язид ба дасти Муовия[5]
ҳудуди соли 100ҳ.қ. бозгардондани Фадак ба фарзандони Фотима (с) тавассути Умар ибни Абдулъазиз
баъд аз соли 101ҳ.қ. ғасби дубора тавассути Язид ибни Абдулмалик
ҳудуди солҳои 132 то 136ҳ.қ. бозгардондан тавассути Саффоҳ нахустин халифаи аббосӣ[6]
ҳудуди соли 140ҳ.қ. ғасби дубора тавассути Мансури Аббосӣ[7]
ҳудуди соли 160ҳ.қ. бозгардондан ба дастури Маҳдии Аббосӣ[8]
ҳудуди соли 170ҳ.қ. ғасби дубора ба дастури Ҳодии Аббосӣ
210ҳ.қ. бозгардондан ба дастури Маъмуни Аббосӣ.[9]
232 - 247ҳ.қ. ғасби дубора ба дастури Мутаваккили Аббосӣ[10]
274ҳ.қ. бозгардондан ба фармони Мунтасири Аббосӣ.[11]

Фадак деҳкадаи ҳосилхез дар наздикии Хайбар[12] ва ба фосилаи 200-киллометрии Мадина буд,[13] ки яҳудиён дар он зиндагӣ мекарданд. Ин минтақа мазореъ, боғот ва нахлистонҳои бисёре дошт.[14] Пас аз реҳлати Маёмбар, дар бораи маликяти фадаки низоъ рух дод хулафо онро ба нафъи хилофат мусодира карданд ва ҳазрати Фотима низ хутбаи фадакияро дар дифоъ аз моликияти худ бар он эрод кард. Шиаён бар ин боваранд ки Фадак аз сӯии хулафо ғасб шудааст ва онро намоди мазлумияти ҳазрати Фотима (с) медонанд.[15]

Гӯшае аз намои кунунии боғҳои Фадак

Бахшидани Фадак ба Фотима

Фадак дар замони Пайғамбар бидуни лашкаркашӣ ба дасти мусалмонон афтод.[16] Аз ин рӯ, Пайғамбар онро ба Фотима бахшид. Олимони мусалмон бо истинод ба ояти Файъ[lower-alpha 1] амволеро ки бидуни ҷангу даргирӣ ба дасти мусалмонон меафтад аз они Паёмбар медонанд.[17]

Робитаи Фадак бо имомат

Ҳусайналии Мунтазирӣ - муҷтаҳиди шиа (ваф.1388ҳ.ш.), бар ин бовар аст, ки Фадак самбули имомат аст ва бахшидани он ба Фотима барои ин будааст, то манбаи даромаде барои байти имомат вуҷуд дошта бошад. Ҳамчунин Паёмбар онро ба ҳазрати Фотима дод, на Алӣ (а), то ба осонӣ натавонанд онро ғасб кунанд.[18] Барои исботи ин дидгоҳ ба ривояте истинод шудааст,[19] ки бар асоси он Ҳоруни Аббосӣ аз Имом Козим (а) хост то ҳудуди Фадакро таъйин кунад ва Имом марзҳои кишвари Ислом[20] ва ҳатто бештар аз онро муайян кард. Ҳорун ҳам ба Имом гуфт: дигар барои мо чизе намемонад.[21]

Мусодираи Фадак ва додхоҳии Фотима

Ҷаъфари Субҳонӣ дар бораи иллати мусодираи Фадак:

Тарс аз қудрати иқтисодии ҳазрати Алӣ (а) яке аз сабабҳои мусодираи Фадак буд, зеро Имом (а) тамоми шароити раҳбариро доро буд ва дониш, парҳезгорӣ, собиқаи дурахшон ва наздикӣ бо Паёмбар (с) ва тавсияхои у дар ҳаққи Алӣ раднопазиранд. Аз он ҷо ки дар чунин шароите маҳдуд кардани имконот ва шароити маънавии Имом имкон надорад, аз ин рӯ, барои ба танг овардани хонадони Паёмбар ва мавқеияти ҳазрати Алӣ Фадакро аз дасти соҳиби аслияш гирифтанд ва хонадони Паёмбар (с)-ро муҳтоҷи дастгоҳи ҳукуматии худ қарор доданд. Ин ҳақиқат дар сӯҳбати Умар бо халифа равшан истифода мешавад. Вай ба Абубакр гуфт: Мардум бандаи дунёанд ва максади дигаре надоранд. Ту аз Алӣ хумсу ғаниматро бигир ва Фадакро аз дасти ӯ берун овар, ки мардум вақте дасти ӯро холӣ диданд, аз ӯ даст мекашанд ва ба ту рӯ меоваранд.

Фадак то замони вафоти Пайғамбар (с) дар дасти ҳазрати Фотима (с) буд ва афроде ба унвони вакил, коргузор ва коргар дар Фадак кор мекарданд.[23] Пас аз ба хилофат расидани Абубакр, ӯ эълом кард Фадак аз они ҳеҷ касе нест; аз ин рӯ, онро ба нафъи хилофат мусодира кард.[24] Моликияти Фадак дар даврони Умар ибни Хаттоб[25] ва Усмон[26] низ ба хонадони Пайғамбар (с) бознагашт.

Додхоҳии Фотима

Пас аз тасарруфи Фадак, Фотима (с) аз Абубакр онро талаб кард. Абубакр гуфт: аз Пайғамбар (с) шунидааст, ки амволаш пас аз ӯ ба мусулмонон мерасад ва аз ӯ меросе намемонад.[27] Фотима (с) посух дод: «Падарам ин милкро ба ман бахшидааст». Абубакр аз Фотима (с) барои исботи иддаояш шоҳид хост. Ба нақли бархе манобеъ, ҳазрати Алӣ (а) ва Уммиайман шаҳодат доданд[28] ва бинобар нақли бархеи дигар, Уммуайман ва яке аз маволии Пайғамбар (с)[29] ва бинобар бархеи дигар, Имом Алӣ (а), Уммиайман ва Ҳасанайн гувоҳ шуданд.[30] Абубакр пазируфт ва коғазе навишт, то касе ба Фадак дастдарозӣ накунад. Вақте Фотима (с) аз маҷлис берун омад, Умар ибни Хаттоб навиштаро гирифту пора кард.[31] Бинобар бархе манобеи аҳли суннат Абубакр шоҳидони Фотимаро напазируфт ва ду мардро барои шаҳодат талабид.[32] Ибни Абилҳадид - олими суннӣ, мегӯяд: «Аз Ибни Форуқӣ, мударриси мадрасаи ғарбии Бағдод пурсидам, оё Фотима рост мегуфт? Ибни Форуқӣ гуфт, бале. Пурсидам, пас чаро Абубакр Фадакро ба ӯ надод? Гуфт: агар чунин мекард, фардо хилофатро барои шавҳараш иддао мекард ва Абубакр наметавонист суханашро напазирад; чароки дар бораи Фадак ҳарфи ӯро бешоҳид пазируфта буд». Ибни Абилҳадид дар идома менависад: «Ибни Форуқӣ агарчӣ ба шухӣ ин суханро гуфт, ҳарфаш саҳеҳ буд!»[33]

Дар китоби ал-Ихтисос, бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а) сиқти Муҳсинро дар моҷарои эътирози Фотима (с) ба ғасби Фадак зикр шудааст.[34] Аммо манобеи таърихӣ сиқт шудани Муҳсинро марбут ба моҷарои ҳамла ба хонаи Фотима (с) донистаанд.[35]

Истидлоли Абубакр бар ирс нагузоштани анбиё

Мақолаи аслӣ: Наҳну маошир-ал-анбиё ло нуваррис

Гузориш шудааст, Абубакр дар посухи додхоҳии Фотима гуфт: «Аз Пайғамбар (с) шунидам: мо (анбиё) ирс намегузорем ва он чи аз мо боқӣ мемонад, садақа аст!»[36] Дар муқобил, ҳазрати Заҳро (с) дар хутбаи Фадакия ба оёте аз Қуръон ишора кард, ки ба ирс бурдан аз паёмбарон далолат дорад[37] ва ин сухани Абубакрро мухолифи оёти Қуръон донист.[38] Уламои шиа гуфтаанд ин иборатро ба ғайр аз Абубакр ҳеҷ кадом аз саҳоба нақл накардаанд.[39]

Нақл шудааст, ҳангоме, ки Усмон ба хилофат расид, Оиша ва Ҳафса пеши ӯ рафта, аз ӯ хостанд, он чи падаронашон (халифаи аввалу дувум) ба онон медоданд, дубора ба онон бидиҳад, аммо Усмон гуфт ба Худо савганд, чунин чизе ба шумо намедиҳам... Оё шумо ду нафар набудед, ки назди падаратон шаҳодат додед... пайғамбарон ирс намегузоранд. Рӯзе чунин шаҳодат додед ва рӯзе мероси Пайғамбар (с)-ро дархост мекунед?[40]

Хутбаи Фадакия

Мақолаи аслӣ: Хутбаи Фадакия

Фотима (с) пас аз бенатиҷа мондани додхоҳияш дар назди Абубакр, ба масҷиди Пайғамбар рафта, хутбаеро дар ҷамъи саҳоба хонд. Фотима (с) дар ин суханронӣ, ки ба хутбаи Фадакия машҳур аст,[41] аз ғасби хилофат гуфт ва сухани Абубакрро, ки паёмбарон ирс намегузоранд, такзиб кард, ки тибқи чӣ қонуне ӯро аз ирси падар маҳрум кардааст?! Оё ояте аз Қуръон чунин гуфтааст?! Ва сипас ӯро ба додгоҳи Худованд дар рӯзи растохез вогузор карда, ёрони Пайғамбарро ба пурсиш гирифт, чаро дар муқобили ин ситамҳо сокит нишастаанд. Фотима (с) ошкоро гуфт, ки он чи онон (Абубакр ва атрофиёнаш) кардаанд, шикастани савганд (накасу аймонаҳум) аст ва дар поёни хутба, нанги кори ононро ҷовидонӣ ва саранҷоми онро дӯзах хонд.[42]

Норизоятии Фотима то поёни умр

Бинобар ривоёте ки дар Саҳеҳи Бухорӣ аз сиҳоҳи аҳли суннат нақл шудааст, ҳазрати Заҳро (с) пас аз моҷарои Фадак аз Абубакр ва Умар нороҳат шуд ва то замони шаҳодат бар он ду ғазабнок буд.[43] Ривоёти дигаре низ бо ҳамин мазмун аз аҳли суннат нақл шудааст.[44] Нақл шудааст, Абубакру Умар барои ҷалби ризояти Фотима (с) тасмим гирифтанд бо ӯ дидор кунанд, аммо Фотима напазируфт. Онон сипас бо восита қарор додани Имом Алӣ (а) бо Фотима дидор карданд. Ҳазрати Заҳро (с) дар ин дидор ҳадиси базъаро ки Пайғамбар (с) дар бораи шаъну ҷойгоҳи ӯ гуфта буд ёдовар шуд ва аз онон розӣ нашуд.[45]

Вокуниши Имом Алӣ (а)

Бар асоси ривояте, ки дар Биҳор-ул-анвор нақл шудааст, пас аз мусодираи Фадак, Имом Алӣ (а) ба масҷид рафт ва ба Абубакр эътироз кард чаро Фотимаро аз чизе ки Пайғамбар (с) ба ӯ бахшида, манъ кардааст. Пас аз он Абубакр, шоҳиди одил талабид, ки Имом Алӣ (а) истидлол кард, агар чизе дар дасти касе бошаду дигарӣ муддаии он шавад, шахси муддаӣ бояд барои худ баййина (далелу шоҳид) биоварад, на Фотима, ки Фадак аз қабл дар дасташ будааст.[46] Имом Алӣ (а) дар идома ояти Татҳирро тиловат кард ва аз Абубакр иқрор гирифт, ки ин оят дар шаъни Имом ва хонаводааш нозил шудааст. Сипас пурсид, агар ду шоҳид бигӯянд, Фотима муртакиби фаҳшо шуда, чӣ кор хоҳӣ кард? Абубакр гуфт: бар Фотима ҳад хоҳам зад. Имом гуфт бинобар ин, ту шаҳодати халқро бар шаҳодати Худованд тарҷеҳ додаӣ ва кофир хоҳӣ буд.[47] Дар китоби Эҳтиҷоҷи Табарсӣ номае аз Имом Алӣ хитоб ба Абубакр нақл шуда, ки дар он бо лаҳне таҳдидомез аз ғасби хилофат ва Фадак сухан гуфтааст.[48]

Фадак дар замони хилофати Имом Алӣ (а) низ дар дасти мухолифон буд. Агарчи Имом ин иқдоми хулафои гузаштаро ғасб медонист, доварӣ дар бораи онро ба Худо вогузор кард.[49] Дар бораи ин ки чаро Имом Алӣ (а) талоше дар пас гирифтани Фадак накард, ривоёте дар манобеи ҳадисӣ омадааст; аз ҷумла Имом Алӣ (а) худ дар хутбае мегӯяд, агар дастур медодам Фадак ба варасаи Заҳро (с) баргардад,[lower-alpha 2] ба Худо савганд, мардум аз гирди ман пароканда мешуданд.[50] Ҳамчунин дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) омадааст: Имом Алӣ (а) дар ин масъала ба Пайғамбар (с) иқтидо кард. Пайғамбар (с) дар рӯзи Фатҳи Макка хонаеро, ки пеш аз он аз ӯ ба зулм гирифта шуда буд, бозпас нагирифт.[51]

Дар номаи Имом Алӣ (а) ба Усмон ибни Ҳунайф дар бораи Фадак ва доварӣ дар бораи он омадааст: «Дар зери ин осмон танҳо Фадак дар дасти мо буд. Мардуме бар он бухл варзиданд ва мардуме саховатмандона аз он чашм пӯшиданд. Беҳтарин довар Парвардигор аст ва маро бо Фадаку ғайри Фадак чӣ кор, дар ҳоле ки фардо ҷойгоҳи одамӣ гӯр аст?!»[52]

Ангезаҳо аз мусодира ва мутолибаи Фадак

Сайид Муҳаммадбоқири Садр дар китоби Фадаку фи-т-таърих бар ин бовар аст, ки мутолибаи Фадак як масъалаи шахсӣ ва низоъи моддӣ набудааст, балки навхе эъломи мухолифат алайҳи ҳокимияти вақт ва номашруъ донистани бунёни ҳокимият, яъне Сақифа буд.[53] Ӯ мутолибаи Фадакро нуқтаи оғози наҳзати ҳазрати Фотима (с) алайҳи ҳокимият ва яке аз мароҳили дифои эшон аз имомат ва вилоят медонад.[54]

Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ - таърихпажӯҳ (ваф.1386ҳ.ш.), муътақид аст, ҳадафи Фотима (с) барои мутолибаи Фадак, зинда нигаҳ доштани суннати Пайғамбар (с) ва барпоии адолат буд ва нисбат ба бозгашти арзишҳои ҷоҳилият ва бартарии қабилаӣ, ки дар камини ҷомеаи исломӣ буд, эҳсоси нигаронӣ мекард.[55]

Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ - аз мароҷуи тақлиди шиа, хулафо фадакро мусодира карданд то ин манбаи иқтисодӣ мояи қудрати Имом Алӣ ва хонадонаш нашавад.[56] Ӯ дар ин бора ба ривояте аз Имоми Содиқ (а) истинод кардааст[57] ки бар асоси он, пас аз он ки Абубакр ба хилофат расид Умар аз ӯ хост ки хумс, файъ ва Фадакро аз Алӣ ва аҳли байташ бигирад, зеро ҳангоме ки пайравонаш ин корро бубинанд Алӣ (а)-ро раҳо карда ба сӯи Абубакр меоянд.[58]

Боз гардондани Фадак ба фарзандони Фотима

Фадак дар даврони умавиён ва аббосиён низ дар дасти хулафо буд ва фақат дар бархе давраҳо муддате ба фарзандони Фотима бозгашт:

  1. Даврони хилофати Умар ибни Абдулъазиз,[59]
  2. Даврони Саффоҳи Аббосӣ,[60]
  3. Даврони Маҳдии Аббосӣ[61] Албатта бинобар бархе манобеъ, Имом Козим (а) Фадакро аз Маҳдии Аббосӣ мутолиба кард, аммо Маҳдии Аббосӣ аз бозгардондани он худдорӣ намуд.[62]
  4. Даврони хилофати Маъмуни Аббосӣ.[63]

Пас аз Маъмун, ба дастури Мутаваккили Аббосӣ Фадак ба вазъияти қабл аз дастури Маъмун бозгашт.[64] Ба гуфтаи Маҷлисии Купоӣ дар китоби "Фадак аз ғасб то тахриб", бештари китобҳои таърихӣ, моҷарои Фадакро баъд аз Мутаваккил зикр накардаанд.[65]

Китобшиносӣ

Осори бисёре ба моҷарои Фадак пардохтаанд; бархе аз осор ба сурати мустақил ва бархеи дигар дар зимни мабоҳиси мухталиф ба Фадак ва моҷарои он пардохтаанд.

  • Маҷлисии Купоӣ, Ғуломҳусайн, Фадак аз ғасб то тахриб, Қум, Далели мо, 1388ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Милонӣ, Алӣ, Фадак дар фарозу нишеб: пажӯҳише дар мавриди Фадак дар посух ба як донишвари суннӣ, Қум, алҳақоиқ, 1386.
  • Ҳасанӣ, Алиакбар, Фадак ва бозтобҳои таърихӣ ва сиёсии он, Қум, Конгресси ҳазораи Шайхи Муфид, 1372ҳ.ш.
  • Садр, Муҳаммадбоқир, Фадак фи-т-таърих, ба таҳқиқи Абдулҷаббор Шарора, [бе ҷо], марказ ал-Ғадир лиддиросотил-исломия, [бе то].
  • Ҷавҳарии Басрӣ, Абубакр Аҳмад ибни Абдулъазиз, ас-Сақифа ва-л-Фадак, ба таҳқиқи Муҳаммадҳодии Аминӣ, Теҳрон, мактабат ал-Найнаво алҳадиса, 1401ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Муҳаммадбоқир, Фадак ва-л-аволӣ ав ал-ҳавоит-ус-сабъа фи-л-китоби ва-с-суннати ва-т-таърихи ва-л-адаб, Машҳад, дабирхонаи Конгресси мероси илмӣ ва маънавии ҳазрати Заҳро (с), 1426ҳ.қ.

Эзоҳ

  1. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Дорултурос, ҷ.2, саҳ.642.
  2. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.341.
  3. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.95, саҳ.188.
  4. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.149.
  5. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.216.
  6. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷулҳақ, 1982м., саҳ.357.
  7. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.318.
  8. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷулҳақ, 1982м., саҳ.357.
  9. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., ҷ.1, саҳ.42.
  10. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., ҷ.1, саҳ.43.
  11. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.116.
  12. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., зайли модаи Фадак, саҳ.238.
  13. google maps
  14. Ниг.: Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995, ҷ.4, саҳ.238; Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1410ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.473.
  15. Ниёзманди манбаъ
  16. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Дорултурос, ҷ.3, саҳ.15.
  17. Ниг.: Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.506; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.203
  18. Мунтазирӣ, Хутбаи ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ва моҷарои Фадак, ҷ.1, саҳ.393.
  19. Мунтазирӣ, Хутбаи ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ва моҷарои Фадак, ҷ.1, саҳ.394.
  20. Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мӯсо ибни Ҷаъфар, 1429ҳ.қ., саҳ.472
  21. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.320-324
  22. Субҳонӣ, Фурӯғи вилоят, 1380ҳ.ш., саҳ.205-206
  23. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.91; Сайидҷаъфари Муртазо, ас-Саҳеҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.241.
  24. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.543; Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.289 ва 290.
  25. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., ҷ.1, саҳ.36.
  26. Ибни Қутайба, ал-Маъориф, саҳ.195; Таърихи Абулфидо, ҷ.1, саҳ.168; Сунани Байҳақӣ, ҷ.6, саҳ.301; ал-Иқд-ул-фарид, ҷ.5, саҳ.33; Шарҳи Наҳҷулбалоға, ҷ.1, саҳ.198; ал-Ғадир, ҷ.8, саҳ.238 - 236, ба нақл аз: Шаҳидӣ, Зиндагонии Фотимаи Заҳро, 1362ҳ.ш., саҳ.116.
  27. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., саҳ.40 ва 41.
  28. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, 1971м., ҷ.3, саҳ.512.
  29. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.506.
  30. Иҷӣ, ал-Мавоқиф, 1997, ҷ.3, саҳ.608.
  31. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.543; ниг.: Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, 1971, ҷ.3, саҳ.512
  32. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956, ҷ.1, саҳ.35
  33. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.284.
  34. Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.185
  35. Ниг.: Масъудӣ, Исбот-ул-васийя, 1426ҳ.қ., саҳ.146
  36. Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.79; Муслим, Саҳеҳ, Дору эҳёилтурос, ҷ.3, саҳ.1381.
  37. Барои намуна ниг.: Сураи Намл, ояти 16; сураи Марям, ояти 5 ва 6
  38. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107-108
  39. Ниг.: Субҳонӣ, Фурӯғи вилоят, 1380ҳ.ш., саҳ.242.
  40. Табарӣ, ал-Мустаршид, 1415ҳ.қ., саҳ.597; Ҳалабӣ, Тақриб-ул-маъориф, 1404ҳ.қ., саҳ.286.
  41. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353 - 364.
  42. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107 - 108
  43. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.79
  44. Ниг.: Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳё-ит-турос, ҷ.3, саҳ.1380
  45. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсату, 1382ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.31.
  46. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, Дорул-Ризо, ҷ.29, саҳ.124.
  47. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, Дор-ур-Ризо, ҷ.29, саҳ.124.
  48. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.95.
  49. Устодӣ, «Фадак», саҳ.391 - 392; Ибни Абилҳадид, шарҳи Наҳҷулбалоға, 1387ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.208.
  50. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.59.
  51. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.396.
  52. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1387ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.205 - 208.
  53. Садр, Фадак фи-т-таърих, марказ ал-Ғадир, саҳ.63 - 66.
  54. Садр, Фадак фи-т-таърих, марказ ал-Ғадир, саҳ.113 - 117.
  55. Шаҳидӣ, Алӣ аз забони Алӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.37.
  56. Макорими Шерозӣ, Паёми Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.202
  57. Ниг.: Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.194
  58. Макорими Шерозӣ, Паёми Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.202
  59. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.178 ва 179; Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., саҳ.41; Котиби Бағдодӣ, ал-Хароҷ ва саноат-ул-китобат, 1981м., саҳ.259 ва 260
  60. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1982, саҳ.357
  61. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1982, саҳ.357
  62. Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.149.
  63. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., ҷ.1, саҳ.37 ва 38.
  64. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., ҷ.1, саҳ.38.
  65. Маҷлисии Купоӣ, Фадак аз ғасб то тахриб, 1388ҳ.ш., саҳ.139.

Ёддошт

  1. «مَّا أَفَاءَ اللَّهُ عَلَیٰ رَ‌سُولِهِ مِنْ أَهْلِ الْقُرَ‌یٰ فَلِلَّهِ وَلِلرَّ‌سُولِ وَلِذِی الْقُرْ‌بَیٰ وَالْیتَامَیٰ وَالْمَسَاکینِ وَابْنِ السَّبِیلِ کی لَا یکونَ دُولَةً بَینَ الْأَغْنِیاءِ مِنکمْ ۚ وَمَا آتَاکمُ الرَّ‌سُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاکمْ عَنْهُ فَانتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِیدُ الْعِقَابِ Он чи Худо аз [амволу заминҳои] аҳли он ободиҳо ба паёмбаронаш бозгарданд махсуси Худову паёмбару аҳли байти паёмбар ва ятемону мустамандон ва дарроҳмондагон аст, то миёни сарватмандони шумо даст ба даст нагардад. Ва [аз амволу аҳкому маорифи динӣ] он чиро Паёмбар ба шумо ато кард бигиред ва аз он чи шуморо наҳй кард, боз истед ва аз Худо парво кунед; зеро Худо сахткайфар аст».
  2. Имом Алӣ (а) дар ин лаҳза 27 маврид аз бидъатҳои хулафои қаблиро мешумораду мефармояд агар дастур медодам ин бидъатҳо раҳо шаванду мардум ба суннати Пайғамбар баргарданд, ҳама аз атрофи ман пароканда мешуданд. (Маҷлисӣ, Фадак аз ғасб то тахриб, 1388ҳ.ш, саҳ.145.)

Сарчашма

  • Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, ба таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорулсодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Дамишқ, Бейрут, Дорулфикр, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Касир, тафсири ал-Қуръон-ил-азим, Бейрут, Дорулмаърифат, 774ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Бейрут, Дорулмаърифат, [бе то].
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Қум, Разӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Устодӣ, Ризо, «Фадак», дар донишномаи Имом Алӣ алайҳиссалом, зери назари Алиакбари Рашод, Теҳрон, маркази нашри осори пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Амин Омилӣ, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорултаъоруф, 1403ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ Бухорӣ (ал-Ҷомеъ-ул-муснадус-саҳеҳ ал-мухтасар мин умури Расулиллоҳ (с) ва сунаниҳи ва айёмиҳ), ба таҳқиқи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир, Бейрут, Дорутавқилнаҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Билодӣ, Отиқ ибни Ғайс, Муъҷаму маъолим-ил-Ҳиҷоз, Макка, муассисаи арраён, 1431ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир, Футуҳ-ул-булдон, ба таҳқиқи Салоҳиддин ал-Мунҷид, Қоҳира, мактабат алнаҳзатулмисрия, 1956м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабатилҳилол, 1988м.
  • Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Маккаву Мадина, Теҳрон, машъар, чопи сеюм, 1384ҳ.ш.
  • Ҷавҳарии Басрӣ, Абубакр Аҳмад ибни Абдулъазиз, ас-Сақифа ва-л-Фадак, ба таҳқиқи Муҳаммадҳодии Аминӣ, Теҳрон, мактабат ал-Найнаво алҳадиса, 1401ҳ.қ.
  • Ҳокими Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Аҳмад, Шавоҳид-ут-танзил, [бе ҷо], муассисаи ал-нашр, [ бе то ].
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Муҳаммадбоқир, Фадак ва-л-аволӣ ав ал-ҳавоиту-с-сабъа фи-л-китоби ва-с-суннати ва-т-таърихи ва-л-адаб, Машҳад, дабирхонаи конгресси мероси илмӣ ва маънавии ҳазрати Заҳро (с), 1426ҳ.қ.
  • Ҳусайн, Ҷосим, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, тарҷумаи Сайидмуҳаммадтақии Оятуллоҳӣ, Теҳрон, Амиркабир, 1367ҳ.ш.
  • Ҳалабӣ, Абуссалоҳ Тақӣ ибни Наҷм, Тақриб-ул-маъориф, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи Форис Табрезиён (ал-Ҳусайн), Қум, алҳодӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабия, ба таҳқиқи Абдуллоҳ Муҳаммад Халилӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1971м.
  • Хазози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдуллатиф Ҳусайнии Куҳкамарӣ, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Раҳбар, Муҳаммадтақӣ, «Фадак, намоди мазлумияти Аҳли Байт», маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, Теҳрон, ҳавзаи намояндагии валийи фақиҳ дар умури ҳаҷу зиёрат, шумораи 34, зимистони 1379ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, “Ҳаводиси соли ҳафтуми ҳиҷрат: саргузашти Фадак”, маҷаллаи мактаби Ислом, соли нуҳум, шумораи 4, исфанди 1346ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Фарозҳои ҳассос аз зиндагонии Амиримӯъминон (а)», мактаби Ислом, соли ҳабдаҳум, шумораи 4, фарвардини 1355ҳ.ш., ва шумораи 5, урдибиҳишти 1355ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фурӯғи вилоят: таърихи таҳлилии зиндагонии амири мӯъминон Алӣ (а), Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи шашум, 1380ҳ.ш.
  • Сайидҷаъфар Муртазо Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набийи-л-аъзам, Қум, Дорулҳадис, 1426ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Бейрут, Дорулмаърифат литтабоъати ван-нашр, бе то.
  • Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Зиндагонии Фотимаи Заҳрои алайҳоссалом, Теҳрон, дафтари нашри фарҳанги Исломӣ, 1362ҳ.ш.
  • Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Алӣ аз забони Алӣ, Теҳрон, дафтари нашри фарҳанги Исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Муқниъа, Қум, муассисаи алншрул-исломӣ, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, ба тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, [бе то].
  • Садр, Муҳаммадбоқир, Фадак фи-т-таърих, ба таҳқиқи Абдулҷаббори Шарора, [бе ҷо], марказ ал-Ғадир лиддиросотил-исломия, [бе то].
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон, Қум, интишороти ҷомеъаи мударрисин, 1417ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳл-ил-лаҷоҷ, ба таҳқиқи Муҳаммадбоқири Хирсон, Машҳад, нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, ал-Мустаршид фи имомати Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи Аҳмад Маҳмудӣ, Қум, Қушонпур, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, ба таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, [бе то].
  • Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Қоҳира, матбаат ал-истиқомат, 1939м.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, [бе то].
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, ба тасҳеҳи Ҳасан Мӯсавии Хирсон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, Бейрут, Дорулкитобил-лубнонӣ, 1982м.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, тафсири ал-Аёшӣ, ба таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, мактабат алъилмиятил-исломия, [бе то].
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Қутби Ровандӣ, Сайид ибни Ҳибатуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, муассисат ал-имомул-Маҳдӣ (аҷ), 1409ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, тафсири ал-Қумӣ, Қум, муассисаи Дорулкитоб, 1404ҳ.қ.
  • Қундузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат, Қум, Дорулусва, 1422ҳ.қ.
  • Котиби Бағдодӣ, Қудома ибни Ҷаъфар, ал-Хароҷ ва саноат-ул-китобат, Бағдод, Дорулрашид линнашр, чопи аввал, 1981м.
  • Каҳола, Умар Ризо, Аълом-ун-нисо, Бейрут, муассисат аррисолат, 1404ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1363ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усул-ул-кофӣ, тарҷумаи Камараӣ, Қум, 1375ҳ.ш.
  • Кӯфӣ, Фурот ибни Иброҳим, тафсири Фурот, Теҳрон, муассисаи алтабъу ваннашр, 1410ҳ.қ.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, Бейрут, муассисат аррисолат, [бе то].
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, ба таҳқиқи Шайх Абдуззаҳро Алавӣ, Бейрут, Дорул-Ризо, [бе то].
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисии Купоӣ, Ғуломҳусайн, Фадак аз ғасб то тахриб, Қум, Далели мо, 1388ҳ.ш.
  • Марҷонӣ, Абдуллоҳ ибни Абдулмалик, Баҳҷат-ун-нуфуси ва-л-асрор фи таърихи дори ҳиҷрат-ин-набий-ил-мухтор, Бейрут, Дорулғарбил-исломӣ, чопи аввал, 2002м.
  • Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, [бе то].
  • Мақризӣ, Тақиюддин, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набийи минал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1420ҳ.қ.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тарҷумаи Сайидҷаъфари Шаҳидӣ, Теҳрон, илмӣ ва фарҳангӣ, 1378ҳ.ш.
  • Ёқути Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, чопи дувум, 1995м.

Пайванд ба берун