Ҷангҳои ридда

Аз wikishia
Ҷангҳои ридда
ЗамонСоли 11 ва 12
НатиҷаПирӯзии сипоҳи мусулмонон
Ҷанганда1Мусулмонон
Ҷанганда2Қабилаҳои муртад ва мухолиф
Фармондеҳ1Холид ибни ВалидИкрима ибни АбиҷаҳлХолид ибни Саид ибни Ос
Фармондеҳ2Молик ибни НувайраМусайламаи КаззобАсвади АнсӣТулайҳа ибни Хувайлиди Асадӣ


Ҷангҳои ридда (форсӣ: جنگ‌های رِدَّة), маҷмуаи ҷангҳое, ки ба дастури Абубакр ибни Абиқуҳофа - халифаи аввал, дар солҳои 11 ва 12 ҳиҷрии қамарӣ алайҳи гурӯҳҳое, ки онҳоро муртад мехонд, анҷом шуд. Ин ҷангҳо алайҳи пайравони паёмбарони дуруғин, афрод ва қабоиле рӯй дод, ки аз пардохти закот ба ҳукумат худдорӣ мекарданд.

Куштани афроде ҳамчун Молик ибни Нувайра - саҳобаи Пайғамбар (с) ба дасти Холид ибни Валид - фармондеҳи эъзомии халифаи аввал ба ҷурми напардохтани закот, эътирози бархе аз саҳоба ҳамчун Абуқутодаи Ансорӣ ва Умар ибни Хаттобро дар пай дошт.

Ҳамчунин аз моҷарои ҷангҳои ридда барои радди назарияи адолати саҳоба истифода мешавад; чароки тарафайни ин ҷангҳо аз саҳобаи Пайғамбар (с) буданд ва қатли бархе аз саҳоба тавассути бархеи дигар ва дигар иттифоқоти рух дода дар ин моҷаро бо адолати онон созгор нест.

Номгузорӣ ва ҷойгоҳ

Ҷангҳои ридда ба маҷмуаи ҷангҳое ишора дорад, ки ба дастури халифаи аввал алайҳи гурӯҳҳое, ки онҳоро муртад мехонданд, ба вуқуъ пайваст.[1] Аз ин рӯ, ҷангҳои ридда ё иртидод номида шуданд. «Ридда» дар луғат ба маънои баргашт аз дин[2] ва кофир шудан аст.[3]

Ба гуфтаи Муқаддасӣ, таърихнигори қарни чоруми қамарӣ, пас аз масаълаи имомат, ихтилофи мусулмонҳо дар ҷангҳои ридда зоҳир шуд; агарчи Абубакр муътақид буд бояд бо аҳли ридда ҷангид, аммо мусулмонон бо ӯ мухолифат карданд.[4] Муҳаққиқони шиа бо истинод ба бархе иттифоқоти воқеъшуда дар ҷангҳои ридда монанди қатли Молик ибни Нувайра ба дасти Холид ибни Валид ва ҳамбистар шуданаш бо ҳамсари Молик, назарияи аҳли тасаннун мабнӣ бар адолати саҳобаро нақд карда, муътақиданд ин назария дар тавҷеҳи бархе рафтори ношоисти саҳоба матраҳ шудааст.[5]

Ҷангҳои ридда дар соли 11 ҳиҷрии қамарӣ, баъди интихоби Абубакр ба ҷонишинии Пайғамбар (с) оғоз шуд[6] ва то соли 12 ҳиҷрии қамарӣ идома ёфт.[7] Ин ҷангҳо дар бахшҳои мухталифи сарзаминҳои исломӣ аз Мадина то Яман, Баҳрайн ва Ямома рӯй дод.[8] Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, пас аз вафоти Пайғамбари Ислом ва воқеаи Сақифа, мушкили аслии мусулмонон ҳаракате буд, ки ба унвони ҷараёни иртидод шинохта шудааст.[9]

Заминаҳои шаклгирӣ ва тарафҳои даргир

Иддаои паёмбарии дуруғин аз сӯи касоне ҳамчун Мусайламаи Каззоб ва Тулайҳа ибни Хувайлиди Асадӣ, худдорӣ аз байъат бо Абубакр ва напардохтани закот ба ҳукумат тавассути теъдоде аз қабоили мусулмон, заминасози ҷангҳои ридда шуд.[10]

Ба гуфтаи Воқидӣ - муаррихи қарни дувум ва севуми қамарӣ, пас аз интихоби Абубакр ба ҷонишинии Пайғамбар (с), қабоили мухталифе муртад шуданд. Аз ҷумлаи онҳо қабила Банӣ Асад буд, ки бузургашон Тулайҳа ибни Хувайлиди Асадӣ иддаои паёмбарӣ кард. Қабилаи Банӣ Ҳанифа дар ҳимоят аз паёмбарии Мусайламаи Каззоб ва қабилаи Кинда, ки бузургашон Ашъас ибни Қайс буд, низ муртад шуданд.[11]

Касоне ҳам ки аз пардохти закот худдорӣ мекарданд, ангезаҳои мухталифе доштанд: бархе тозамусулмон буданд ва пардохти закот барои онҳо сангин буд ва тавҷеҳ надошт.[12] Бархеи дигар аҳли пардохти закот буданд, аммо аз пардохти он ба Абубакр худдорӣ мекарданд;[13] чароки хилофати Абубакрро қабул надоштанд ва хостори ҳукумати Аҳли Байти Пайғамбар (с) буданд.[14] Ба гуфтаи Расул Ҷаъфариён, Молик ибни Нувайра ва қабилааш аз ин гурӯҳ буданд.[15] Ҳамчунин гузориш кардаанд, Ҳорис ибни Муъовия намояндаи халифаи аввалро аз байни қабилааш берун кард; чароки муътақид буд, хилофат аз они Аҳли Байти Пайғамбар (с) аст.[16]

Холид ибни Валид, Икрима ибни Абуҷаҳл ва Холид ибни Саид ибни Ос аз ҷумлаи фармондеҳоне буданд, ки Абубакр онҳоро ба ҷанги алайҳи аҳли ридда фиристод.[17] Холид ибни Валид, Молик ибни Нувайра - саҳобаи Пайғамбар (с)-ро ба ҷурми напардохтани закот кушт.[18]

Вокунишҳо

Вокунишҳо ба ҷангҳои ридда мутафовит гузориш шудааст. Бинобар нақли муаррихон, бархе аз саҳоба ҷангидан бо афродеро, ки ба тавҳид ва набуввати Пайғамбари Ислом (с) эътиқод доштанд, бар хилофи дастури Пайғамбар (с) дониста, эътироз карданд.[19] Аз ин рӯ, ба халифаи аввал пешниҳод доданд, онҳоро раҳо кунад то имон дар қалбҳояшон русух кунад ва пас аз он, аз онон закот бигирад,[20] аммо Абубакр байни касоне, ки намоз мехонанд, аммо закот намедоданд ва касоне ки мункири намоз буданд, фарқе қоил набуд ва ҳамаро муртад ва мустаҳаққи ҷанг хонд.[21]

Ба гуфтаи Моделунг - исломшиноси олмонӣ, Абубакр ҳар гуна мусолиҳа дар бораи закотро рад кард, пардохти онро меъёри вафодории қабилаҳо ба Ислом қарор дод. Аз назари ӯ, касоне ки закот пардохт намекарданд, муртад маҳсуб шуда ва бояд монанди касоне ки аз дин баргаштаанд, ё ҳаргиз динро қабул накардаанд, бо онон ҷангид.[22]

Куштани Молик ибни Нувайра ва қабилааш ба дасти Холид ибни Валид, эътирози Абуқатодаи Ансорӣ ва бархеи дигар аз саҳобаи Пайғамбар (с)-ро дар пай дошт.[23] Умар ибни Хаттоб, Холид ибни Валидро ба ҷурми қатли Молик мустаҳаққи қисос ва ба ҷурми ҳамбистар шудан бо ҳамсари ӯ мустаҳаққи сангсор медонист; бо ин ҳама Абубакр аз амалкарди Холид дифоъ мекард.[24]

Паёмадҳо

Гуфтаанд, моҷарои ридда ду натиҷаи сиёсӣ ва низомӣ барои Абубакр дар пай дошт: натиҷаи сиёсии он, кам шудани буҳрони ҳукумати ӯ ва натиҷаи низомиаш таҷрибаи ҷангие буд, ки то он рӯз, бо он вусъат дар минтақаи Ҳиҷоз рух надода буд.[25]

Паёмадҳои каломӣ

Ҳамчунин дар мабоҳиси каломӣ, аз моҷарои ҷангҳои ридда барои радди назарияи адолати саҳоба истифода мешавад; чароки ду тарафи ҷангҳои ридда, саҳоба буданд. Иртидоди бархе аз саҳоба ва қатли Молик ибни Нувайра ва ҳамбистар шудан бо ҳамсараш тавассути Холид ибни Валидро низ бо назарияи адолати саҳоба созгор намедонанд.[26]

Китобшиносӣ

Дар манобеи таърихнигорӣ ба ҷангҳои ридда пардохта шудааст. Ҳамчунин осоре дар ин замина ба таври мустақил навишта шудааст; аз ҷумла:

  • Китоби ар-Ридда, асари Абумихнаф (ваф.157ҳ.қ.)
  • Китоби ал-Мабъас ва-л-мағозӣ ва-л-вафо ва-с-сақифа ва-р-ридда; асари Абон ибни Усмони Аҳмарӣ
  • Китоби ар-Ридда; Сайф ибни Умари Асадӣ (ваф.баъд аз 170ҳ.қ.)
  • Китоби ар-Ридда; Абдуллоҳ ибни Ваҳб Фаҳрии Қурашӣ (ваф.197ҳ.қ.)
  • Китоби ар-Ридда; Ҳишом ибни Муҳаммади Калбӣ (ваф.204ҳ.қ.)
  • Китоби ар-Ридда; Исҳоқ ибни Бишри Бухорӣ (ваф.206ҳ.қ.)
  • Китоби ар-Ридда; Муҳаммад ибни Умари Воқидӣ (ваф.207ҳ.қ.)
  • Китоби ар-Ридда; Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммади Мадоинӣ (ваф.215ҳ.қ.)
  • Китоби ар-Ридда; Исмоил ибни Исо Аттор (ваф.232ҳ.қ.)
  • Китоби ар-Ридда; Васима ибни Мусо Форсӣ (ваф.237ҳ.қ.)[27]

Ин китобҳо акнун мавҷуд нестанд ва танҳо бахшҳое аз он китобҳо дар осори пасин (монанди Таърихи Табарӣ, Таърихи Яъқубӣ, Сираи Ибни Ҳишом, Ансоб-ул-ашрофи Балозурӣ) нақл шудааст.[28]

Китоби Ҷангҳои иртидод ва буҳрони ҷонишинии Пайғамбар (с), асари Алӣ Ғуломии Деҳқӣ аз дигар китобҳо бо меҳварияти ин мавзуъ дар соли 1381ҳ.ш./2002 нашр шудааст. Ин китоб бо баррасии манобеи шиа ва суннӣ ба ин натиҷа расидааст, ки гурӯҳе аз шӯришиён алайҳи хилофати Абубакр дар Мадина муртад шуданд, аммо гурӯҳи зиёде аз онон ангезаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ доштанд, бо ин ҳол, Ислом ва аҳкоми онро қабул доштанд, Абубакр ҳамаи ин гурӯҳҳоро ба ҷурми иртидод саркӯб кард.

Эзоҳ

  1. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатид-динийя, ҷ.5, саҳ.152.
  2. Фароҳидӣ, Китоб-ул-айн, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.7.
  3. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., саҳ.349.
  4. Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабат-ус-сақофат-уд-диния, ҷ.5, саҳ.123
  5. Некзод, «Адолати саҳоба дар тарозуи нақд», саҳ.42 - 44
  6. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.242.
  7. Ибни Касири Димишқӣ, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.342.
  8. Воқидӣ, ар-Ридда, 1410ҳ.қ., саҳ.49.
  9. Ҷаъфариён, Таърихи хулафо, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.28.
  10. Покатчӣ, “Пажӯҳише дар китобшиносии ҷангҳои ридда”, саҳ.261 - 262.
  11. Воқидӣ, ар-Ридда, 1410ҳ.қ., саҳ.49 - 50.
  12. Ҷаъфариён, Таърихи хулафо, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.28.
  13. Ибни Касири Димишқӣ, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.311.
  14. Ҷаъфариён, Таърихи хулафо, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.32.
  15. Ҷаъфариён, Таърихи хулафо, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.32.
  16. Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48.
  17. Мискавайҳи Розӣ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.280.
  18. Воқидӣ, ар-Ридда, 1410ҳ.қ., саҳ.107.
  19. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатид-динийя, ҷ.5, саҳ.153.
  20. Ибни Касири Димишқӣ, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.311.
  21. Воқидӣ, ар-Ридда, 1410ҳ.қ., саҳ.51.
  22. Моделунг, Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с), 1377ҳ.ш., саҳ.72.
  23. Ибни Имод Ҳанбалӣ, Шазарот-уз-заҳаб, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.135 - 136.
  24. Ибни Имод Ҳанбалӣ, Шазарот-уз-заҳаб, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.136.
  25. Ғуломии Деҳқӣ, Ҷангҳои иртидод ва буҳрони ҷонишинӣ пас аз Паёмбар (с), саҳ.36.
  26. Некзод, “Адолати саҳоба дар тарозуи таҳқиқ”, саҳ.42.
  27. Покатчӣ, “Пажӯҳише дар китобшиносии ҷангҳои ридда”, саҳ.267 - 270.
  28. Покатчӣ, “Пажӯҳише дар китобшиносии ҷангҳои ридда”, саҳ.267 - 270

Сарчашма

  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умр, ар-Ридда, таҳқиқи Яҳё Алҷабурӣ, Бейрут, Дорул-ғарбил-исломӣ, чопи аввал, 1990м./1410ҳ.қ.
  • Ғуломии Деҳқӣ, Алӣ, Ҷангҳои иртидод ва буҳрони ҷонишинӣ пас аз Паёмбар (с), маҷаллаи Маърифат, № 40, фарвардини 1380ҳ.ш.
  • Ибни Аъсами Куфӣ, Аҳмад ибни Аъсам, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Имод Ҳанбалӣ, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, Шазарот-уз-заҳаб фи ахбори ман заҳаб, таҳқиқи ал-Арнаъут, Димишқ, Дору Ибни Касир, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи дувум, 1418ҳ.қ.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бур Саид, Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
  • Мискавайҳи Розӣ, Абуали, Таҷориб-ул-умам, таҳқиқи Абулқосим Имомӣ, Теҳрон, Сурӯш, чопи дувум, 1379ҳ.ш.
  • Моделунг, Вилфред, Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с), тарҷумаи Аҳмад Намоӣ, Ҷаводи Қосимӣ, Муҳаммадҷаводи Маҳдавӣ, Ҳадарризо Зобит, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1377ҳ.ш.
  • Некзод, Аббос, “Адолати саҳоба дар тарозуи таҳқиқ”, Равоқи андеша, № 28, фарвардини 1383ҳ.ш.
  • Покатчӣ, Аҳмад, «Пажӯҳише дар ҷангҳои ридда», Мақолот ва баррасиҳо, № 66, 1378ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-қалам, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, Китоб-ул-айн, таҳқиқи Маҳдии Махзумӣ, Иброҳими Сомирроӣ, Қум, Ҳиҷрат, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи хулафо, Қум, Далел, 1380ҳ.ш.