Соли 8 ҳиҷрии қамарӣ
Зоҳир
Соли 8 ҳиҷрии қамарӣ (форсӣ: سال ۸ هجری قمری) ҳаштумин сол аз солшумори ҳиҷрии қамарӣ аст.
Рӯзи нахустини ин сол, яъне 1 муҳаррам, мусодиф аст бо душанбе 14-уми урдибиҳишти соли 8 ҳиҷрии шамсӣ ва 4-уми майи соли 629 мелодӣ. Рӯзи поёнии сол, яъне 29 зилҳиҷҷа, мусодиф аст бо панҷшанбе 1-уми урдибиҳишти соли 9 ҳиҷрии шамсӣ ва 22-юми апрели соли 630 мелодӣ.[1]
Вуқӯи ҷанги Мута, фатҳи Макка, ғазваи Ҳунайн ва вилодати Иброҳим фарзанди Пайғамбари Ислом (с) ва ҳамчунин вафоти Зайнаб духтари Пайғамбар (с) аз ҷумлаи рӯйдодҳои ин сол зикр шудааст.
Рӯйдодҳо
- Вуқӯи ҷанги Мута дар 5 ҷумодиюлаввал миёни сипоҳи мусулмонон ва Рум.[2]
- Вуқӯи сарияи Зотуссалосил дар вокуниш ба ҳамлаҳои қабилаҳое чун Қузоъа.[3]
- Нузули сураи Одиёт дар васфи далерии имом Алӣ (а) дар ҷанги Зотуссалосил.[4]
- Фатҳи Макка дар 18 рамазон тавассути мусулмонон.[5]
- Байъат бо Пайғамбар (с) пас аз фатҳи Макка.[6]
- Вуқӯи ғазваи Ҳунайн дар моҳи шаввол миёни мусулмонон ва қабилаҳои Ҳавозин ва Сақиф.[7]
- Вуқӯи ғазваи Тоиф дар моҳи шаввол.[8]
- Вуқӯи сарияи Ғолиб ибни Абдуллоҳ барои мубориза бо қабилаи Банӣ Малуҳ дар минтақаи Кудайд ва сарияи Хабат барои муқобила бо қабилаи Ҷуҳайна.[9]
- Ислом овардани Абусуфён пас аз фатҳи Макка.[10]
- Ислом овардани Амр ибни Ос Саҳмӣ аз мухолифони Ҳазрати Алӣ (а) ва намояндаи Муовия дар моҷарои ҳакамият.[11]
Вилодатҳо
- Вилодати Иброҳим фарзанди Пайғамбари Ислом (с) (7 зилҳиҷҷа).[12]
Даргузаштҳо
- Вафоти Зайнаб духтари Пайғамбар (с).[13]
- Шаҳодати Ҷаъфар ибни Абутолиб дар ҷанги Мута.[14]
- Шаҳодати Зайд ибни Ҳориса дар ҷанги Мута.[15]
- Шаҳодати Абдуллоҳ ибни Равоҳа дар ҷанги Мута.[16]
- Даргузашти Бишр ибни Бароъ, саҳобаи Пайғамбар (с) ки дар ҷанги Хайбар масмум шуда буд.[17]
- Даргузашти Ҳалимаи Саъдия, модари ризоии Пайғамбар (с).[18]
Эзоҳ
- ↑ Сайти табдили таърихи ҳиҷрӣ
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.755–761
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.32
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367 ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.802–803; Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374 ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.240
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Бейрут, ҷ.2, саҳ.389
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.61
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.892
- ↑ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233; Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.156
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.27
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.817–818
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1185
- ↑ Ибни Саъд, Ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.108
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.28
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.198
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.473
- ↑ Ибни Ҳаҷар Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.72
- ↑ Ибни Саъд, Ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.429–430; Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, ҷ.1, саҳ.167
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.460
Сарчашма
- Ибни Асир, Алӣ ибни Абӯлкарим, ал-Комил фи-т-таърих, Бейрут, Дор-ус-содир, 1385 ҳ.ш.
- Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиоб фи маърифат-ил-Асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммадул-Биҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавия, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе таърих.
- Ибни Ҳаҷар Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ҷумла аз Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Закор ва Риёз Зарқалӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1417ҳ.қ.
- Байҳақӣ, Абӯбакр Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубувва ва Маърифати Аҳволи Соҳиби Шариъа, таҳқиқи Абдулмуътӣ Қалъаҷӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1405ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, Муассисаи Олилбайт (а), 1417ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Муҳаммадҷавод Балоғӣ ва дигарон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1367 ҳ.ш. / 1408ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ.
- Омилӣ, Сайид Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1426ҳ.қ.
- Макорим Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374 ҳ.ш.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, Китоб-ул-мағозӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.