Манъи ҳадис

Аз wikishia

Манъи ҳадис ё манъи навиштани ҳадис, пешгирӣ аз нақл ва навиштани ҳадисҳои Пайғамбари Акрам (с) дар қарни аввали ҳиҷрии қамарӣ буд. Манъи ҳадис аз давраи хилофати халифаи аввал ва халифаи дувум оғоз ва то замони хилофати Умар ибни Абдулазиз яъне ҳудуди 100 сол идома ёфт.

Уламои аҳли суннат, иллати ин сиёсати халифаҳои аввал ва дувумро пешгирӣ аз омехтани ҳадис бо Қуръон, пешгирӣ аз ихтилофи мусулмонон, тарс аз саргарм шудани мардум ба чизе ғайр аз Қуръон ва ошно набудани ровиёни ҳадис бо навиштан медонанд.

Олимони шиа, ангезаи манъи ҳадиснависиро пешгирӣ аз нашри фазоили Имом Алӣ (а) ва талош дар ҷиҳати тасбити ҳокимияти хулафо медонанд. Ба бовари шиаён манъи навиштани ҳадис сабаби ҷаъли ҳадис, нобудии нахустин матнҳои ҳадисӣ, пайдоиши мазҳабҳои мухталиф ва тағйири суннати Пайғамбари Ислом шудааст.

Таърихча

Манъи ҳадис ба ҷилавгирӣ аз навиштан ва нақли ҳадисҳои Пайғамбар гуфта мешавад. Пешинаи расмият ёфтани он, ба давраи хилофати шайхайн бармегардад.[1] Пеш аз он, китобат ва навиштани ҳадисҳои байни мусулмонон роиҷ буд[2] ва Пайғамбар асҳобро ба навиштан ва нақли аҳодис ташвиқ мекардааст.[3]

Абубакр дар хилофати худ, нигориши аҳодисро мамнуъ кард ва аҳодиси зиёдеро аз байн бурд.[4] Ҳамчунин бино бар матнҳои торихӣ, халифаи дувум фармондорони худро аз нақли ривоёти Пайғамбар (с) барҳазар медошт ва ба тавваҷӯҳ кардани ба Қуръон даъват мекард.[5] Ба гузориши бархе манобеи аҳли суннат, Умар ибни Хаттоб ибтидо тасмим дошт ҳадисҳои Пайғамбарро ҷамъоварӣ ва нигориш кунад, вале пас аз муддате аз ин кор худдорӣ кард ва иллати онро эҳтимоли махлут шудани ривоёт бо Қуръон эълом кард.[6]

Манъи нақли ҳадис

Пас аз эъломи мамнуъияти навиштани ҳадис, бархе аз асҳоби Пайғамбар, ҳадисҳои набавиро барои мардум нақл мекарданд. Аз ин рӯ, халифаи дувум, хуруҷи беиҷозати асҳоб аз Мадина[7] ва нақли ҳадисро мамнуъ эълом кард.[8] Ӯ афроде аз саҳоба ҳамчун Абудардоъ ва Ибни Масъудро ба ҷурми нақли ҳадисҳои Пайғамбар зиндонӣ намуд.[9] Бархе аз муҳаққиқон эҳтимол додаанд пешгирӣ аз навиштани ҳадис, баъд аз манъ аз нақли аҳодис сурат гирифтааст.[10]

Лағви мамнуъият

Мамнуияти ҳадиснависӣ то давраи Умар ибни Абдулазиз (63 - 101ҳ.қ.) ҳаштумин халифаи умавӣ идома дошт. Ӯ номае ба Абубакр ибни Ҳазм, ҳокими Мадина навишта, аз ӯ хости аҳодиси Пайғамбарро бинависад; чароки бими он меравад илм ва аҳли он аз байн биравад.[11]

Мувофиқон ва мухолифон

Гуфтаанд, теъдоде аз саҳоба ва тобеин аз ҷумла: Зайд ибни Собит, Абумусо, Абусаиди Хидрӣ, Абуҳурайра ва Ибни Аббос нигориши ҳадисро макруҳ медонистанд ва афроде ҳамчун Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а), Абдуллоҳ ибни Умар, Анас ибни Молик, Ато ибни Ясор ва Саид ибни Ҷубайр онро ҷоиз медонистанд.[12]

Ангезаҳо ва авомил

Аҳли суннат ва шиаён дар хусуси иллати ҷилавгирӣ аз навиштани ҳадис ихтилофи назар доранд. Олимони аҳл суннат мегӯянд: иллати манъи ҳадис тарс аз махлут шудани аҳодис бо Қуръон,[13] пешгирӣ аз ихтилофи мусулмонон,[14] нигаронӣ аз камтаваҷҷӯҳӣ ба ҳифзи ҳадис ва эътимоди сирф бар навиштаҳо,[15] тарс аз саргарм шудани мардум бо чизе ғайри Қуръон,[16] ҷилавгирӣ аз нашри аҳодиси ғайримӯътабар,[17] нигаронӣ аз ба вуҷуд омадани китобе дар канори Қуръон[18] ва ошно набудани ровиёни ҳадис бо китобату навиштан будааст.[19]

Аммо ба гуфтаи Шаҳристонӣ дар китоби Манъу тадвин-ил-ҳадис, бештари нависандагон шиа мӯътақиданд, яке аз авомили манъи ҳадис ҷилавгирӣ аз нашри фазоили Имом Алӣ (а) будааст.[20] Аз ҷумла шавоҳиди онҳо ин аст, ки Насоӣ аз нависандагони сиҳоҳи ситта, аз Ибни Аббос нақл кардааст, ки онҳо ба хотири буғзе, ки аз Имом Алӣ доштанд, суннати Пайғамбарро тарк карданд.[21] Ҳамчунин иҳота надоштани хулафо ба аҳкоми динӣ ва талоши онҳо барои тасбити ҳокимияти шаръиашон дар канори ҳокимияти сиёсӣ, аз дигар ангезаҳои манъи ҳадис зикр шудааст.[22]

Бидъат ё суннат?

Мувофиқони манъи ҳадис, барои исботи назарияи худ ба ривояте аз Пайғамбар (с) истинод мекунанд, ки мегӯяд: «ҳаркас чизе ҷуз Қуръонро аз ман навиштааст, онро аз байн бибарад!».[23] Дар муқобил, мухолифони манъи ҳадис ривоёте аз Пайғамбар нақл мекунанд, ки дар онҳо ба навиштани аҳодиси вай супориш шудааст; аз ҷумла: ривояте, ки дар он ба Абдуллоҳ ибни Умар тавсия шудааст аҳодисро бинависад. Бар пояи ин ривоят, Қурайш Абдуллоҳ ибни Умарро ба хотири навиштан ва нигаҳдории суханони Пайғамбар (с) сарзаниш мекарданд, аммо Пайғамбар ӯро ба навиштани аҳодис ташвиқ кард.[24] Ҳамчунин ин ривоят: «ҳаркасе илм ё ҳадисе аз ман нақл кунад, то замоне, ки он навишта боқист, барои ӯ аҷр хоҳад буд!».[25]

Ба гуфтаи бархе, дар замони ҳаёти Пайғамбар баъзе аз асҳоб маҷмӯаҳои ҳадисие бо унвони Саҳифа ҷамъоварӣ мекарданд; аз ҷумла: Саҳифаи Имом Алӣ (а) ва Саҳифаи Убай ибни Рофеъ, ки натанҳо бо наҳйи Пайғамбар мувоҷеҳ нашуд,[26] балки бархе аз онҳо бо иҷозати ӯ анҷом шуд.[27]

Назарияи Гулдзиҳер

Гулдзиҳер, мусташриқи яҳудӣ, ба шаклгирии маҷмӯаҳои ҳадисии исломӣ дар нимаи дувуми қарни дувум, бовар дорад. Ӯ мӯътақид аст, ривоёти наҳй аз навиштани ҳадис ва ривоёти иҷозати навиштани он, ҳар ду ҷаълӣ ва дар воқеъ бозтоби ихтилофи назарҳои садри Ислом аст.[28]

Паёмадҳо

Ба ақидаи уламои шиа, ҷилавгирӣ аз навиштани ҳадис, паёмадҳои манфии муҳимме доштааст, ки нобудии нахустин матнҳои ҳадисӣ, ҷаъли ҳадис, тағйири суннати Пайғамбар ва падид омадани мазҳабҳо аз он ҷумлааст:

  • Нобудии нахустин матнҳои ҳадисӣ: гуфторҳои навишташуда аз Пайғамбар (с) тавассути асҳоби наздики вай, дар ин давра нобуд шуд ва аз дастрас хориҷ гардид.[29] Бино бар ончӣ Оиша нақл кардааст, Абубакр 500 ҳадис аз Расули Худо (с)-ро сӯзонд.[30] Ҳамчунин бархе аҳодис, ки дар ҳофизаи асҳоб буд, ба сабаби мамнуияти навиштан, навишта нашуд ва бо марги ҳофизон аз дастрас хориҷ гардид.[31]
  • Ҷаъли ҳадис: бо иҷрои сиёсати манъи ҳадис ва аз байн рафтани ривоёти Пайғамбар, нақли ривоёти сохтагӣ ва интисоби онҳо ба Пайғамбар (с) роиҷ шуд.[32] Барои намуна бо ҳадафи фазилаттарошӣ барои шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ, ривоёте ба Пайғамбар мансуб шуд, ки ҳатто афродеро шомил мешуд, ки баъд аз вай ба дунё омаданд.[33] Касрати ҷаъли ҳадис ба андозае аст, ки китоби Саҳеҳи Бухорӣ шомили 2761 ҳадиси ғайритакрорӣ аст, ки онҳоро аз байни ҳудуди 600 ҳазор ривоят интихоб карда[34] ва дар Саҳеҳ Муслим чаҳор ҳазор ҳадиси ғайритакрорӣ вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи муаллифаш аз байни 300 ҳазор ҳадис истихроҷ шудааст.[35]
  • Тағйири суннати Пайғамбар: иддае гуфтаанд, мамнуияти тадвини ҳадис мӯҷиб шуд суннати Пайғамбар (с) дар ҷомеъа тағйир кунад.[36] Барои исботи ин масъала ба бархе нақлҳои торихӣ истинод шудааст; аз ҷумла: ривояте, ки Шофеӣ, пешвои шофеиён, аз Ваҳб ибни Кайсон нақл кардааст, ки бар асоси он, тамоми суннатҳои Расули Худо ҳатто намоз тағйир ёфт.[37]
  • Падид омадани мазҳабҳо: бо аз байн рафтани суннат ва афзоиши шумори ривоёти ҷаълӣ ва салиқаӣ, оҳиста-оҳиста мазҳабҳои мухталиф ва машрабҳои каломӣ ва фиқҳии мутааддиде падидор шуд;[38] чароки ҳар ихтилофи салиқае бо ҷаъли ҳадис ҳамроҳ шуда, мӯҷиби ҷудоии гурӯҳе аз афрод аз ҷомеаи исломӣ ва таъсиси мазҳаби нав мешуд.[39]

Такнигорӣ

Китоби Манъи тадвин-ил-ҳадис, асбоб ва натоиҷ ба арабӣ: مَنعُ تدوینِ الحدیث، اسباب و نتائج, навиштаи Сайидалии Шаҳристонӣ, дар бораи илал ва паёмадҳои ҷилавгирӣ аз нигориши аҳодиси Пайғамбар аст. Ба гуфтаи мутарҷими китоб, нависанда дар ин китоб исбот мекунад, ки шаклгирии «мактаби иҷтиҳод ва раъй» самараи манъи ҳадис будааст.[40] Ин китобро, ки ба забони арабӣ таълиф шудааст, муассисаи ал-Аъламӣ лилматбуъот дар соли 1418 қамарӣ, дар Бейрут чоп кардааст. Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт ҳам тарҷумаҳои онро ба англисӣ ва форсӣ чоп кардааст.[41]

Ҷусторҳои вобаста

Исроилиёт

Ҷаъли ҳадис

Эзоҳ

  1. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.285; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.204.
  2. Диёрӣ Бидгулӣ, “Нақд ва баррасии илал ва ангезаҳои манъи нигориши ҳадис”, саҳ.38.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба Абидовуд, Сунани Абидовуд, алмактабатулъасрия, ҷ.3, саҳ.318.
  4. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.285.
  5. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.204.
  6. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.291 - 292, ҳадиси 29474.
  7. Муртазо Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, ҷ.1, саҳ.77.
  8. Заҳабӣ, Тазкират-ул-ҳуффоз, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11 - 12.
  9. Заҳабӣ, Тазкират-ул-ҳуффоз, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  10. Шаҳристонӣ, Манъу тадвин-ил-ҳадис, 1418ҳ.қ., саҳ.31 - 32.
  11. Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.33.
  12. Момқонӣ, Миқбос-ул-ҳидоят, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.189 - 194, ба нақл аз Диёрии Бигдилӣ, “Нақд ва баррасии илал ва ангезаҳои манъи нигориши ҳадис”, саҳ.38.
  13. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.291 - 292, ҳадиси 29474.
  14. Заҳабӣ, Тазкират-ул-ҳуффоз, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9.
  15. Абузуҳра, ал-Ҳадис ва-л-муҳаддисун, 1378ҳ.қ., саҳ.13.
  16. Ғаззолӣ, Эҳёул-улум, ҷ.10, саҳ.79 ба нақл аз Диёрии Бигдилӣ, “Нақд ва баррасии илал ва ангезаҳои манъи нигориши ҳадис”, саҳ.44.
  17. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.285.
  18. Заҳабӣ, Тазкират-ул-ҳуффоз, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.291 - 292.
  19. Диёрии Бидгулӣ, “Нақд ва баррасии илал ва ангезаҳои манъи нигориши ҳадис”, саҳ.40 - 48.
  20. Шаҳристонӣ, Манъу тадвин-ил-ҳадис, 1418ҳ.қ., саҳ.57.
  21. Насоӣ, Сунани Насоӣ, 1406ҳ.қ, ҷ.5, саҳ.253.
  22. Шаҳристонӣ, Манъу тадвин-ил-ҳадис, 1418ҳ.қ., саҳ.54, 85 - 126.
  23. Муслим, Саҳеҳи Муслим, Дору эҳёилъарабӣ, ҷ.4, саҳ.2298, ҳадиси 3004.
  24. Абидовуд, Сунани Абидовуд, алмактабатулъасрия, ҷ.3, саҳ.318.
  25. Суютӣ, Таърих-ул-хулафо, 1425ҳ.қ, ҷ.1, саҳ.77.
  26. Мӯсавии Бирҷандӣ, «Манъи китобат ва интишори ҳадис», саҳ.76.
  27. Ибни Ҳиббон, Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.265.
  28. Аъзамӣ, Диросотун фи-л-ҳадис-ин-набавӣ ва таърихи тадвиниҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.82.
  29. Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, 1378ҳ.ш, ҷ.1, саҳ.91.
  30. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.285.
  31. Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, 1378ҳ.ш, ҷ.1, саҳ.92.
  32. Ҳусайнӣ, «Паёмадҳои манъи нақли ҳадис», саҳ.62.
  33. Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, 1378ҳ.ш, ҷ.1, саҳ.95.
  34. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ, ҷ.2, саҳ.14.
  35. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ, ҷ.13, саҳ.102.
  36. Ҳусайнӣ, “Паёмадҳои манъи нақли ҳадис”, саҳ.67.
  37. Шофеӣ, ал-Умм, 1410ҳ.қ, ҷ.1, китобуссалот - китоби салотулъидайн - ибдаъ биссалот қаблалхутба, саҳ.269.
  38. Ҳусайнӣ, “Паёмадҳои манъи нақли ҳадис”, саҳ.68.
  39. Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, ҷ.1, саҳ.91.
  40. Шаҳристонӣ, Манъи тадвини ҳадис, 1390ҳ.ш, муқаддамаи Сайидҳодии Ҳусайнӣ (мутарҷим), саҳ.19.
  41. Шаҳристонӣ, Манъи тадвини ҳадис, 1390ҳ.ш, муқаддамаи Сайидҳодии Ҳусайнӣ (мутарҷим), саҳ.20.

Сарчашма

  • Абузуҳра, Муҳаммад, ал-Ҳадис ва-л-муҳаддисун, Қоҳира, Дорулфикрилъарабӣ, 1378ҳ.қ..
  • Аъзамӣ, Муҳаммади Мустафо, Диросотун фи-л-ҳадис-ин-набавӣ ва таърихи тадвиниҳ, Бейрут, алмактабул-исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Доруттавқиннаҷот, 1422ҳ.қ..
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳи Бухорӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1401ҳ.қ.
  • Диёрӣ Бедгулӣ, Муҳаммадтақӣ, “Нақд ва баррасии илал ва ангезаҳои манъи нигориши ҳадис”, дар пажӯҳишҳои фалсафӣ - каломӣ, шумораи 1, поизи 1378ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Тазкират-ул-ҳуффоз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1419ҳ.қ..
  • Ибни Ҳиббон, Муҳаммад ибни Ҳиббон, Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, таҳқиқи Шуайби ал-Арнаут, Бейрут, муассисатуррисолат, чопи дувум, 1414ҳ.қ..
  • Момқонӣ, Абдуллоҳ, Миқбос-ул-ҳидоят фи илм-ид-дироя, Қум, Олулбайт ли эҳёилтурос, 1411ҳ.қ..
  • Мӯсавии Бирҷандӣ, Сайидҳусайн, «Манъи китобат ва интишори ҳадис ва суннати набавӣ», дар маҷаллаи Маърифат, шумораи 52, фарвардини 1381ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осори устод шаҳид Мутаҳҳарӣ, Теҳрон, интишороти Садро, 1377ҳ.ш.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол, таҳқиқи Бакрии Ҳаёнӣ ва Сафва Ассаққо, муассисатуррисола, 1401ҳ.қ./1981м.
  • Насоӣ, Сунани Насоӣ, таҳқиқи Абдулфаттоҳ Абуғудда, Ҳалаб, мактабулматбуъотил-исломия, 1406ҳ.қ.
  • Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳи Муслим, таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дору эҳёилъарабӣ, бе то.
  • Омилӣ, Ҷаъфари Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, Қум, Дорулҳадис, 1385ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, Қум, Тавҳид, 1378ҳ.ш.
  • Суютӣ, Таърих-ул-хулафо, таҳқиқи Ҳамдӣ ал-Димирдош, мактабат Назор Мустафо Албоз, 1425ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Иброҳим, Муҳаммад Абулфазл, Бейрут, Дорултрос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1417ҳ.қ.
  • Ҳусайнӣ, Сайидҷавод, «Паёмадҳои манъи нақли ҳадис», дар нашрияи фарҳанги Кавсар, Қум, остонаи муқаддаси ҳазрати Маъсума (с), шумораи 75, поизи 1387ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Сайидмуҳаммадризо, Тадвин-ус-суннат-иш-шарифа, бено, бе то.
  • Шаҳристонӣ, Сайидалӣ, Манъи тадвини ҳадис, ангезаҳо ва паёмадҳо, тарҷумаи Сайидҳодии Ҳусайнӣ, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, 1390ҳ.ш.
  • Шаҳристонӣ, Сайидалӣ, Манъу тадвин-ил-ҳадис, асбоб ва натоиҷ, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1418ҳ.қ./1997м.
  • Шофеӣ, Муҳаммад ибни Идрис, ал-Умм, Бейрут, Дорулмаърифат, 1410ҳ.қ.