Умрат-ул-қазо
Умрат-ул-қазо (арабӣ: عُمْرَةُ الْقَضاء) ё умрат-ул-қазийя (арабӣ: عُمْرَةُ القضیة) ва ё умрат-ул-қасос (арабӣ: عُمْرَةُ الْقَصاص) умраест, ки ҳазрати Муҳаммад (с) ва мусулмонон дар зилқаъдаи соли ҳафтуми ҳиҷрӣ анҷом доданд. Номгузории он ба умрат-ул-қазо ба ин ҷиҳат буд ки мусулмонон дар зилқаъдаи соли қабл қасди баргузарии умра доштанд; аммо мушрикони Макка монеъи анҷоми он шуданд ва бар асоси паймоне ки ба сулҳи ҳудайбия маъруф шуд, мусулмонон иҷозат ёфтанд як соли пас аз сулҳ, ҳаҷҷи умраро анҷом диҳанд.
Паёмбар дар ин умра, тавоф ва саъйи Сафоу Марваро дар ҳоле ки савор бар шутур буд, анҷом дод ва Ҳаҷар-ул-асвадро бо асои худ ламс кард. Ба бовари бархе аз муффасирони ояти 194 сураи Бақара дар бораи умрат-ул-қазо нозил шудааст. Ҳамчунин бархе муътақиданд нузули ояи 27 сураи Фатҳ ва издивоҷи Паёмбар бо Маймуна дар ин сафар сурат гирифтааст.
Номгузорӣ
Дар соли ҳафтуми қамарӣ[1] Паёмбари Ислом ба ҳамроҳи теъдоде аз мусулмонон барои анҷоми ҳаҷҷи умра, ба Макка рафт.[2] Ин ҳаҷҷи умраро барои он ки қазои ҳаҷҷи соли қабл маҳсуб мешуд, «умрат-ул-қазо» номиданд.[3]
Дар сол қабл яъне соли шашуми ҳиҷрат, мусулмонон барои анҷоми умра ба самти Макка ҳаракат карда буданд;[4] аммо мушрикони Макка монеъи вуруди онҳо ба Макка шуданд. Саранҷом сулҳномае миёни мусулмонон ва мушрикони Макка навишта шуд ки ба сулҳи ҳудаибия маъруф гардид. Бар асоси ин сулҳнома, мусулмонон дар соли шашум иҷозати анҷом ҳаҷ надоштанд; аммо дар соли баъд (соли ҳафтум) метавонистанд ба муддати се рӯз вориди Макка шуда умра ба ҷо биоваранд.[5]
Умрат-ул-қазо бо номҳои дайгаре чун «умрат-ул-қазийя», «ғазват-ул-қазо», «умрат-ус-салоҳ», ва «умрат-ул-қасос» низ шинохта мешавад.[6] Номгузории он ба умрат-ул-қасосро ба ин ҷиҳат донистаанд, ки Паёмбар бо умра гузордан дар моҳи ҳаром, (зилқаъдаи соли ҳафтум), аз мушрикон ки монеъи умраи ӯ дар моҳи ҳаром (зилқаъдаи соли шашум) шуда буданд, қисос кард.[7]
Бархе муффасирон муътақиданд ояти « الشَّهْرُ الْحَرامُ بِالشَّهْرِ الْحَرامِ وَ الْحُرُماتُ قِصاصٌ; ин моҳи ҳаром дар баробари он моҳ ҳаром аст, ва [ҳатки] ҳурматҳо қисос дорад...»[8] дар бораи ин воқеаи нозил шудааст.[9]
Ҳаракат ба сӯи Макка
Барасоси дастури Паёмбар (с) тамоми афроде ки дар сулҳи ҳудайбия ҳузур доштанд, дар зилқаъдаи соли ҳафтуми қамарӣ ба самти Макка ҳаракат карданд. Афроди дигаре низ ба онҳо пайвастанду теъдоди мусулмонон ба ду ҳазор нафар расид.[10] Мусулмонон 60 шутурро барои қурбонӣ ба ҳамроҳи худ бурданд.[11] Паёмбар (с) Абӯзари Ғифориро ҷонишини худ дар Мадина қарор дод.[12]
Бинобар сулҳи ҳудайбия мусулмонон танҳо бо силоҳи мусофир [Ёддошт 1] иҷозати вуруд ба Маккаро доштанд.[13] Бо ин ҳол Паёмбар 200 нафар аз мусулмононро ба ҳамроҳи асбу силоҳи ҷанг, дар беруни Макка қарор дод, то агар аҳли Макка қасд ҷанг доштанд, мусулмонон битавонанд аз худ дифоъ кунанд.[14]
Вуруд ба Макка
Бо вуруди мусулмонон ба Макка, бархе аз сарони он аз шаҳр хориҷ шуданд.[15] бархе дигар дар шаҳри боқии монданд то Паёмбар (с)у мусулмононро бибинанд. Паёмбари дасти рости худро аз либоси эҳром берун овараду мусулмонон низ чунин карданд то қудрати худро ба аҳолии Макка нишон диҳанд.[16] паёмбар дар ҳоле ки савор бар шутур буд, каъбаро тавоф карду байни Сафоу Марваро паймӯд.[17] ҳамчунин ҳаҷари алосўдро бо Асои худ астлом кард.[18] Паёмбар (с) пас аз аъмоли ҳаҷи ворид каъба шуду балол бар болои каъбаи азони зуҳрро гуфт.[19]
Воқеаҳои дигар
Воқеаҳои дигаре ҳам дар умрат-ул-қазо рӯй дод ки бархе аз онҳо ба шарҳ зераст:
- Издивоҷи Паёмбар бо Маймуна духтари Ҳорис.[20] Ҳангоме ки муҳлати серӯзаи Паёмбар ва ёронаш ба поён расид, сарони Макка афродеро назди Паёмбар фиристоданд ва аз ӯ хостанд то Маккаро тарк кунад. Паёмбар пешниҳод дод то маросими издивоҷи ӯ бо Маймуна дар Макка баргузор шавад ва валимае ба аҳолии Макка бидиҳад; аммо онон пешниҳоди Паёмбарро напазируфтанд.[21]
- Нузули ояти 27 сураи Фатҳ.[22] Дар он бархе аз аҳкоми ҳаҷ монанди ҳалқу тақсир омадааст.[23]
- Интиқоли Имора духтари Ҳамза ибни Абдулмутталиб ки дар Макка зиндагӣ мекард ба Мадина ва вогузории сарпарастии ӯ ба амакаш Ҷаъфар.[24]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353
- ↑ Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.455
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.107
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.164
- ↑ Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.145
- ↑ Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.330
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.370
- ↑ Сураи Бақара, ояти 194
- ↑ Воҳидии Нишобурӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.58
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.731
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.25
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353
- ↑ Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.145
- ↑ Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331
- ↑ Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.455
- ↑ Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.19
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.736
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.735
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.737
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.372; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.25; Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.738
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.372
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.372 - 373
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.372 - 373
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.738 - 739
Ёддошт:
Сарчашма
- Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубуввати ва маърифату аҳволи соҳиб-иш-шариат, таҳқиқ: Абдулмуътии Қалъаҷӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Суҳайли Зикор, Риёзи Зириклӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқ: Ҷунс Морсден, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
- Воҳидии Нишобурӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбоб-ун-нузул, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1411ҳ.қ.
- Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
- Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабари фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва ман осараҳум мин завишшаън-ил-акбар, таҳқиқи Халил Шаҳодат, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқ: Мустафо Сақо, Иброҳим Абёрӣ ва Абдулҳафизи Шилбӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Мақризӣ, Тақийюддин, Имтоъ-ул-асмоъи бимо л-ин-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулҳамиди Нумайсӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дуввум, 1387ҳ.қ.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found