Соли 1 ҳиҷрии қамарӣ
Соли 1 ҳиҷрии қамарӣ соли аввали тақвими ҳиҷрӣ аст. Ин сол мутобиқ бо 14 сол баъд аз беъсати Паёмбари Ислом[1] ва 53 сол баъд аз омулфил буд.
Ҳиҷрати Пайғамбар (с) ва гурӯҳе аз мусалмонон аз Макка ба Мадина дар ин сол рух дод. Ҳамчунин масҷиди Қубо ва Масҷид-ун-Набӣ дар ҳамин сол поягузорӣ шуданд.
Рӯйдодҳо
- 1 рабиулаввал, тавтеъа ва фитнаи сарони Қурайш барои куштани Пайғамбар (с) ва моҷарои Лайлат-ул-мабит.[2]
- Ҳиҷрати Расули Худо (с) аз Макка ба Мадина.[3]
- Ислом овардани Салмони Форсӣ - саҳобаи машҳури Пайғамбар (с), дар моҳи ҷамодиюлаввал.[4]
- Ислом овардани Абдуллоҳ ибни Салом аз яҳудиёни Мадина.[5]
- 15 рабиулаввал: поягузории масҷиди Қубо.[6]
- Аввалин намози ҷумъа ва аввалин хутба тавассути Пайғамбар (с).[7]
- Сохти Масҷид-ун-Набӣ.[8]
- Иқомаи аввалин намози ҷаноза.[9]
- Барқарории паймони бародарӣ байни ансор ва муҳоҷирон.[10]
- Паймони сулҳ ва адами таарруз байни Пайғамбари Худо (с) ва яҳудиён.[11]
- Тадвини «Дустур-ул-Мадина» аз ҷониби Пайғамбар (с).[12]
- Издивоҷи Пайғамбар (с) бо Оиша.[13]
- Сарияи Убайда ибни Ҳорис дар моҳи шаввол барои муқобила бо мушриконе, ки эҳтимол дода мешуд ба атрофи Мадина таҷовуз кунанд.[14] Ибни Ҳишом ин сарияро дар соли дувуми қамарӣ донистааст.[15]
Вафот ва вилодат
- Вафоти Асъад ибни Зурора, мулаққаб ба Асъадулхайр, аз саҳоба ва аз нахустин мусулмонони Ясриб.[16]
- Таваллуди Мухтори Сақафӣ, аз тобеъине, ки барои хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) қиём кард.[17]
- Таваллуди Абдуллоҳ ибни Зубайр, муддаии хилофат баъд аз марги Муовия дар Макка.[18]
- Таваллуди Зиёд ибни Абиҳ, коргузори ҳукумати алавӣ ва умавӣ.[19]
Эзоҳ
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1968м., ҷ.2, саҳ.392
- ↑ Тусӣ, ал-Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.791.
- ↑ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., саҳ.146 - 148.
- ↑ Шерозӣ, ад-Дараҷот-ур-рафиъа, 1983м., саҳ.199.
- ↑ Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, саҳ.201.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.397.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.394.
- ↑ Ибни Зубола, Ахбор-ул-Мадина, 2003м., саҳ.74.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.465.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, ҷ.1, саҳ.505.
- ↑ Ибни Исҳоқ, Сирату Расулиллоҳ, 1361ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.561.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-набӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.127, 136.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1881.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.402.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.591.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.459.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.347.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.80.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.523.
Сарчашма
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, Бейрут, ал-Аъламӣ, 1409ҳ.қ.
- Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ.
- Ибни Зубола, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ахбор-ул-Мадина, Мадина, Марказу буҳус ва диросотил-Мадинатил-мунаввара, 2003м.
- Ибни Исҳоқ, Сирату Расулиллоҳ, тарҷумаи Рафиъуддин Исҳоқ Муҳаммад ибни Ҳамадонӣ, чопи Асғари Маҳдавӣ, Теҳрон, 1361ҳ.ш.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1410ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1415ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил ал-Совӣ, Қоҳира, Дорул-Совӣ, бе то.
- Омилӣ, Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-набӣ-л-аъзам (с), Қум, 1385ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, муассисаи фиқҳуш-шиъа, алтабъатул-уло, 1411ҳ.қ./1991м.
- Шерозӣ, Сайидалихон, ад-Дараҷот-ур-рафиъа фи табақот-иш-шиъа, Бейрут, муассисатул-вафо, 1983м.