Ғазваи Қарқаратулкудр

Аз wikishia

Ғазваи Қарқаратулкудр / арабӣ: غزوه قَرْقَرَةُ الْکُدْر аз ғазавоти Пайғамбар ки соли сеюми қамарӣ ва ба нақле соли дуюм дар минтақаи Кудр рух дода аст. Дар ин ғазва, иддае аз ду қабилаи Банӣ Салим ва Ғатфон дар минтақаи Кудр ҷамъ шуданд, то ба Мадина ҳамла кунанд, аммо бо ҳузури сипоҳиёни Ислом, онҷоро тарк карданд. Дар ин ғазва парчамдори сипоҳи мусулмонон Имом Алӣ (а) буда ва ғаниматҳое насиби мусулмонон шудааст.

Иллати номгузорӣ

Минтақаи «Кудр /کُدْر» бо фосилаи ҳашт манзил (ҳудуди 170 километр) аз Мадина қарор дорад.[1] Баъзе, номи онро Қарқаратулкудр ва баъзе онро Қароратулкудр номидаанд.[2] Дар ин минтақа, чоҳи обе вуҷуд дошт, ки мутааллиқ ба қабилаи Банӣ Салим буд.[3] Аз онҷо ки ин минтақа, маҳали таҷаммуи ду қабилаи Ғатфон ва Банӣ Салим барои ҷанг бо мусулмонон буд, номи ғазва ба номи Қарқаратулкудр шуҳрат ёфтааст.[4] Аз ин воқеа ба «ғазваи Қарқараи Банӣ Салим ва Ғатфон» низ ёд мешавад.[5]

Воқеа

Дар соли сеюми қамарӣ иддае аз ду қабилаи Банӣ Салим ва Ғатфон ҷамъ шуда буданд, то ба Мадина ҳамла кунанд, хабари онон ба Пайғамбар расид.[6] Пайғамбар, Ибни Абимактум[7] ва ба ривояте Муҳаммад ибни Мусалламаи Ансорӣ[8] ё Сабоъ ибни Ирфатаи Ғифорӣ[9]ро ба ҷонишинии худ дар Мадина мансуб кард ва бо сипоҳе ба сӯи онон ҳаракат кард.[10] Парчамдори сипоҳи мусулмонон Имом Алӣ (а) буд.[11]

Пеш аз вуруди лашкари мусулмонон, сипоҳиёни Банӣ Салим ва Ғафтон онҷоро тарк карда буданд. Пайғамбар, неруҳои худро барои иттилоъ аз вазъияти душман ба иртифоот фиристод. Онон бо иддае шутурчарону чӯпон мувоҷеҳ шуданд, ки дар миёни онҳо навҷавоне ба номи Ясор буд.

Саҳоба, ононро ба ҳамроҳи шутурон дар ихтиёри Пайғамбар (с) қарор доданд. Мусулмонон ба Мадина бозгаштанд ва дар манзили Сарор ғаноимро тақсим карданд, онон Ясорро чун намоз мехонд, дар саҳми Пайғамбар қарор доданд. Пайғамбар низ ӯро озод кард.[12]

Замон

Манобеи таърихӣ, ғазваи Қарқаратулкудрро пас аз ғазваи Савиқ донистаанд.[13] Бархе аз таърихнависон замони ин воқеаро шаволи соли дуюми қамарӣ[14] ва бархе дигар муҳаррами соли сеюми қамарӣ гузориш кардаанд.[15] Аз замони ҳаракати Пайғамбар аз Мадина то баргашти ӯ ба онҷо 15 рӯз тӯл кашида аст.[16]

Эзоҳ

  1. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.4, саҳ.441.
  2. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.310.
  3. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м, ҷ.4, саҳ.441.
  4. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.23.
  5. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124.
  6. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.23/ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.310.
  7. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.310/ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.23.
  8. Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1377.
  9. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифат, ҷ.2, саҳ.43.
  10. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.23.
  11. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.23.
  12. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.183.
  13. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.374/ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.181 - 182.
  14. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифат, ҷ.2, саҳ.43.
  15. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.310/ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.182/ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.23.
  16. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.23.

Сарчашма

  • Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқ: Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавия, тасҳеҳ: Мустафо Саққо ва Иброҳим Абёрӣ ва Абдулҳифз Шиблӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифат, бе то.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.1), таҳқиқ: Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Миср, Дор-ул-маъориф, 1959м.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, 1995м.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулҳамид Намисӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқ: Морсдун Ҷонс, ал-Мағозӣ, Бейрут, муассисаи ал-Аъламӣ, 1409ҳ.қ./1989м.