Сиқоят-ул-ҳоҷ

Аз wikishia
Ин мақола дар бораи мансаби сиқоятул-ҳоҷ аст. Барои ошноӣ бо ояте ба ҳамин ном, мадхали ояти Сиқоятул-ҳоҷро бибинед.

Сиқоятул-ҳоҷ (арабӣ:سِقایَةُ الحاجّ ) ба маънои об додан ба ҳоҷиён, яке аз мансабҳои муҳим дар давраи пеш аз Ислом ва садри Ислом дар канори калиддории Каъба будааст. Сероб кардани ҳоҷиён, маъмулан бо оби замзам сурат мегирифтааст.

То пеш аз Фатҳи Макка тавассути мусулмонон дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ, сиқояти ҳоҷиён гоҳ бо шароб анҷом мешудааст. Ҳамзамон бо зуҳури Ислом, Аббос - амаки Пайғамбар, мақоми сиқояти ҳоҷиёнро бар уҳда доштааст ва Пайғамбар, ин мансабро бар уҳдаи ӯ боқӣ гузошт.

Ҷойгоҳи имон ва ҷиҳод, дар Қуръони Карим, бартару болотар аз мақоми сиқояти ҳоҷиён муаррифӣ шудааст.

Муаррифӣ

Сиқоят-ул-ҳоҷ, ба маънои сероб кардани ҳоҷиён[1] [Ёддошт 1] ба далели хушкӣ ва камобии сарзамини Макка, ин кор дар канори калиддории Каъба, аҳамияти бисёр болое дошта ва мансаби сиқоят, мавқеияти вижае барои масъули он эҷод мекардааст.[2]

Сероб кардани ҳоҷиён, танҳо аз чоҳи Замзам набуда; чун бар асоси бархе манобеъ, ин чоҳ, муддатҳо номаълум буда ва дар ниҳоят, Абдулмуталлиб бар асоси як хоб, макони чоҳро меёбаду дубора онро эҳё мекунад.[3]

Сиқояти ҳоҷиён, то қабл аз Фатҳи Макка дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ, гоҳ дар канори об, бо шароб низ анҷом мешудааст.[4]

Масъулони сиқоят

Сиқояти ҳуҷҷоҷ, ҳамзамон бо зуҳури Ислом дар Макка, ва дар ҳини нузули ояти Сиқоятул-ҳоҷ[5], бар уҳдаи Аббос ибни Абдулмуталлиб - амаки Пайғамбар (с) будааст.[6] Пеш аз ӯ, Абутолиб масъули сиқоят буда, аммо баъд аз чанде ба хотири нотавоноии молӣ, мақоми сиқоятро ба Аббос месупорад.[7] Бо ин ҳол, Ибни Ҳишом дар китоби ас-Сират-ун-набавийя, мутаваллӣ ва сарпарасту масъули сиқояти ҳуҷҷоҷ баъд аз Абдулмуталлибро Аббос дониста ва номе аз Абутолиб набурдааст.[8] Чунонки дар китоби Ансоб-ул-ашроф зикр шудааст, сиқоят, аз манасабҳое будааст, ки дар дасти фарзандони Абдулманоф будааст; аз ин рӯ ба Ҳошим ибни Абдулманоф расида, ва баъд аз ӯ ба тартиб, ба Муталлиб ибни Абдулманоф, Абдулмуталлиб, Зубайр ибни Абдулмуталлиб ва сипас ба Абутолиб расидааст.[9]

Пайғамбари Ислом баъд аз Фатҳи Макка, танҳо ду масъулияти калиддории Каъба ва сиқояти ҳуҷҷоҷро боқӣ гузошт[10] ва он ду мақомро низ ба ҳамон мутаваллиёни пешин супорид.[11]

Бартарии имон бар сиқояти ҳуҷҷоҷ

Мақолаи аслӣ: Ояи Сиқоят-ул-ҳоҷ

Ҷойгоҳи имон ва ҷиҳод дар Қуръони Карим, бартару болотар аз мақоми сиқояти ҳоҷиён дониста шудааст.[12] Фахри Розӣ - муфассири барҷастаи аҳли суннат, муътақид аст, ин оят дар пайи беарзиш хондани сиқоят нест, балки арзиши сиқоят дар баробари имону ҷиҳодро андак мешуморад.[13] Муҳаддисон[14] ва муфассирони шиа аз ҷумла: Аминулисломи Табарсӣ ва Макорими Шерозӣ, ба ривоёти тафсире ки сабаби нузули ояти мазкурро тавсифи имони Имом Алӣ (а) донистааст, ишора кардаанд.[15]

Муфассирони аҳли суннат низ чун Фахри Розӣ (606ҳ.қ.),[16] Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язиди Табарӣ (ваф.310ҳ.қ.),[17] Аҳмад ибни Муҳаммади Қуртубӣ (ваф.761ҳ.қ.),[18] Абдураҳмони Суютӣ (ваф.911ҳ.қ.),[19] Аҳмад ибни Муҳаммади Саълабӣ[20] ва Ибни Абиҳотам (ваф.327ҳ.қ.)[21] ба ривоёте ки шаъни нузули оятро дар бораи бартарии имони Имом Алӣ (а) бар сиқояти ҳуҷҷоҷи Аббос ибни Абдулмуталлиб ва иморати Масҷидулҳароми Шайба ибни Усмон донистаанд, ишора кардаанд;[22] чунон ки Ҳокими Ҳасконӣ - муҳаддиси аҳли суннати қарни панҷуми ҳиҷрӣ, дар китоби худ, Шавоҳид-ут-танзил, беш аз даҳ ривоят дар ин боб нақл кардааст.[23]

Эзоҳ

  1. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.392.
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.323.
  3. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.142.
  4. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.13; Ҳоирии Теҳронӣ, Муқтаниёт-уд-дурар, 1377ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.120.
  5. Сураи Тавба, ояти 19.
  6. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1389ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.487; Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.324 - 330.
  7. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.57.
  8. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.178.
  9. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.57.
  10. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.412.
  11. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.301.
  12. Сураи Тавба, ояти 19.
  13. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.12.
  14. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.204; Ибни Ҳайюн, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19; Ибни Ҳайюн, Шарҳ-ул-ахбор, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.324; Шайхи Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.545.
  15. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.23; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.323.
  16. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.13.
  17. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.67 - 68.
  18. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1384ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.91 - 92.
  19. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.220.
  20. Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.19 - 21.
  21. Ибни Абиҳотам, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.108.
  22. Барои иттилооти бештар руҷуъ кунед ба: Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.194 - 199; Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.93 - 96.
  23. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.320 - 330.

Ёддошт


Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Суҳайл Заккор, Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дорулфикр, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Асири Ҷазарӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорулфикр, чопи сеюм, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқ: Мустафо ас-Сақо, Иброҳим ал-Абёрӣ, Абдулҳафиз Шиблӣ, Бейрут, Дорулмаърифат, чопи аввал, бе то.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байти алайҳимус-салом, зери назари Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, ҷ.4, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт, 1389ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Абуабдулло Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Ҳоирии Теҳронӣ, Мирсаййид Алӣ, Муқтаниёт-уд-дурар ва мултақмтот-ус-самар, Теҳрон, Дорул-кутубил-иломийя, 1377ҳ.қ.
  • Ҳокими Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, ҷ.1, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Теҳрон, Вазоратус-сақофати вал-иршодул-исломӣ, 1411ҳ.қ./1990м.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found