Воҷиби айнӣ

Аз wikishia

Воҷиби айнӣ (арабӣ: الواجب العيني) навъе аз воҷиботи диние аст, ки ҳамаи мукаллафон бояд анҷом диҳанд. Воҷиби айнӣ дар муқобили воҷиби кифоӣ аст, ки бо анҷом додани он тавассути бархе аз мукаллафон, дигарон ниёз нест онро анҷом диҳанд. Намозҳои рӯзона, рӯза, закот, некӣ ба падару модар ва салаи раҳим ҷузви воҷиби айнианд.

Ба гуфтаи олимони усули фиқҳ, замоне, ки шак вуҷуд дорад, воҷибе кифоӣ аст ё айнӣ, бояд биноро бар айнӣ будани он гузошт.

Таърифи фиқҳӣ

Воҷиби айнӣ ба воҷибе мегӯянд, ки анҷом додани он бар ҳамаи мукаллафон воҷиб аст; яъне шахси мукаллаф наметавонад ба иллати он ки дигарон онро анҷом додаанд, таклифашро анҷоми надиҳад.[1] Намозҳои рӯзона, рӯза, ҳаҷ,[2] некӣ ба падару модар, силаи раҳим, вафои ба аҳд, закот[3] ҷузви воҷиби айниӣ ҳастанд.

Фарқи воҷиби айни бо воҷиби кифоӣ

Ҳамчунин бубинед: Воҷиби кифоӣ

Воҷиби айнӣ дар муқобили воҷиби кифоӣ қарор дорад, ки мухотаби он шахси хоссе нест; яъне аз назари шореъ, ҳар касе онро анҷом диҳад, кофӣ аст. Бинобар ин бо анҷом додани он тавассути бархе мукаллафон, воҷиб аз дигарон бардошта мешавад;[4] монанди амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, ҷиҳод, ҷавоби салом,[5] кафан, дафн, намози ҷаноза ва наҷоти ҷони инсон.[6]

Ба гуфтаи олимони усули фиқҳ, иллати он ки дар воҷибои кифоӣ, бо анҷом додани бархе мукаллафон, воҷиб аз ӯҳдаи дигарон бардошта мешавад, он аст, ки дар онҳо худи амал матлуб аст ва анҷом шудани амал аҳамият дорад, на ин ки кӣ онро анҷом диҳад.[7]

Ташхиси воҷиби айниӣ ва кифоӣ

Олимони усули фиқҳ мегӯянд, дар мавориде, ки далеле надорем, ки амри Худованд ба гунаи воҷиби кифоӣ аст ё воҷиби айниӣ, бояд биноро бар он бигузорем, ки воҷиб «айнӣ» аст;[8] зеро ақл ҳукм мекунад замоне, ки мутмаин нестем анҷом додани амри Худованд ба василаи дигарон сабаби хориҷ шудани он аз ӯҳдаи мо мешавад, бояд ба он амр амал кунем.[9]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140; Ҳусайнӣ, ад-Далил-ул-фиқҳӣ, 2007м., саҳ.301; Вилоӣ, Фарҳанги ташреҳии истилоҳоти усул, 1387ҳ.ш., саҳ.336.
  2. Ҳусайнӣ, ад-Далил-ул-фиқҳӣ, 2007м., саҳ.301.
  3. Ал-Аҷам, Мавсуъату мусталаҳоти усул-ил-фиқҳ инда-л-муслимин, 1998м., ҷ.2, саҳ.1690.
  4. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140; Ҳусайнӣ, ад-Далил-ул-фиқҳӣ, 2007м., саҳ.309; Вилоӣ, Фарҳанги ташреҳии истилоҳоти усул, 1387ҳ.ш., саҳ.337.
  5. Ал-Аҷам, Мавсуъату мусталаҳоти усул-ил-фиқҳ инда-л-муслимин, 1998м., ҷ.2, саҳ.1690.
  6. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140.
  7. Барои намуна нигоҳ кунед ба Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140 - 141.
  8. Барои намуна нигоҳ кунед ба Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124 - 125; Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., саҳ.252; Субҳонӣ, ал-Васит, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.100.
  9. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124 - 125.

Сарчашма

  • Ал-Аҷам, Рафиқ, Мавсуъату мусталаҳоти усул-ил-фиқҳ инда-л-муслимин, Бейрут, мактабат Лубнон ноширун, 1998м.
  • Вилоӣ, Исо, Фарҳанги ташреҳии истилоҳоти усул, Теҳрон, нашри нав, чопи шашум, 1387ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1430ҳ.қ.
  • Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим, Кифоят-ул-усул, Қум, муассисаи Олулбайт, ҷопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Субҳонии Табризӣ, Ҷаъфар, ал-Васит фи усул-ил-фиқҳ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, чопи чаҳорум, 1388ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Муҳаммад, ад-Далел-ул-фиқҳӣ татбиқотун фиқҳия лимусталаҳоти илм-ил-усул‏и Димишқ, маркази Ибни Идрис ал-Ҳиллӣ лилдиросотил-фиқҳия‏, чопи аввал, 2007м.