Jump to content

Булуғи духтарон

Аз wikishia


Булуғи духтарон (форсӣ: بلوغ دختران) марҳилае аз рушди духтарон аст, ки дар он ба риояи таклифҳои динӣ ӯҳдадор мешаванд. Бар асоси фатвои фақеҳон, расидан ба синни таклиф, дидани хуни ҳайз, эҳтилом, рӯйидани мӯи зибр дар зери шикам ва бордорӣ панҷ нишонаи булуғи духтарон аст, ки бо таҳаққуқи яке аз онҳо духтарон болиғ шумурда мешаванд.

Дар бораи синни булуғ, миёни фақеҳон ихтилофи назар вуҷуд дорад: бештари фақеҳони шиа бар инанд, ки духтарон бо поёни нӯҳ соли қамарӣ ба синни булуғ мерасанд. Дар муқобили инҳо, бархе сенздаҳсолагиро синни булуғи духтарон медонанд. Касоне ҳам таклифҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд ва синни булуғро дар бархе таклифҳо даҳсолагӣ ва дар бархе дигар сенздаҳсолагӣ дар назар мегиранд.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

«Булуғ» истилоҳи фиқҳӣ аст, ба маънои расидан ба синну сол ва марҳилае аз зиндагӣ ки таклифи шаръӣ бар ӯҳдаи шахс меояд ва ба риояи қавонини шаръӣ ӯҳдадор мегардад.[1]

Бештари фақеҳон булуғи духтаронро аз нӯҳсолагӣ эълом кардаанд ва аз ҳамин рӯ, имрӯза, яъне дар асри бисту якуми мелодӣ, масъалаи издивоҷ пазируфтани масъулият ва таклиф барои духтарон дар ин син мавриди таваҷҷӯҳ ва нақду баррасии гурӯҳҳои мухталиф қарор гирифтааст.[2] Ҳамин амр боис шудааст, ки фақеҳони ин аср, бо нигоҳи дубора ба сарчашмаҳои ривоӣ ва дидгоҳҳои фақеҳони қадим, ин масъаларо баррасӣ кунанд.[3]

Нишонаҳои табиии булуғи духтарон

Манзур аз нишонаҳои табиии булуғ, аломатҳои физиологист, ки дар бадани духтарон рух медиҳад ва дар ривоятҳои имомони маъсум (а) ба унвони аломати булуғ муаррифӣ шудаанд.[4] Ин нишонаҳо иборатанд аз:

Қоъидагӣ ё ҳайз

Фақеҳони шиа, бо истинод ба ривоятҳо, зуҳури қоъидагӣ ё ҳайзро яке аз нишонаҳои булуғи духтарон шумурдаанд.[5] Гурӯҳе бар ин боваранд, ки қоъидагӣ дар нӯҳсолагӣ иттифоқ меафтад[6] ва бинобар ин, хуне ки пеш аз ин синн дида мешавад, ҳатто агар авсофи хуни ҳайзро дошта бошад, хуни ҳайз шумурда намешавад ва танҳо он чи баъд аз нӯҳсолагӣ дида мешавад хуни ҳайз аст ва аҳкоми онро дорад. Инҳо хуни ҳайзро танҳо дар мавриде ки синну сол маълум набошад, нишонаи булуғ медонанд.[7]

Бордорӣ

Бархе фақеҳон бордориро аз он ҷиҳат ки нишонаи хуруҷи манӣ ва хуни ҳайз аст, аз нишонаҳои булуғи духтарон шумурдаанд.[8] Ба гуфтаи Шайх Тӯсӣ, зан ба таври табиӣ, пеш аз он ки ҳайз бубинад, ҳомила намешавад. Аз сӯи дигар, бордорӣ аз омехтани мании зан ва мард ҳосил мешавад. Бинобар ин, бордорӣ аз он ҷиҳат ки лозимаи ҳайз ва хуруҷи манӣ аст, аз нишонаҳои булуғ шумурда мешавад.[9]

Эҳтилом ва рӯйидани мӯи зибр

Эҳтилом ё хуруҷи манӣ аз нишонаҳои муштараки булуғи духтарон ва писарон аст.[10] Албатта бархе бар ин боваранд, ки занон монанди мардон муҳталим намешаванд ва бинобар ин, эҳтилом ва хуруҷи манӣ махсуси мардон аст.[11] Дар муқобили ин дидгоҳ, фақеҳоне чун Соҳиби Урва бар инанд, ки занон низ муҳталим мешаванд ва дидгоҳеро ки муҳталим шудани занонро қабул надорад заиф медонанд.[12] Рӯйидани мӯи зибр дар зери шикам низ аз нишонаҳои муштараки булуғ миёни духтарон ва писарон аст.[13]

синни булуғи духтарон

Бархе аз фақеҳон синну солро аз нишонаҳои аслии булуғ донистаанд;[14] аммо дар ин ки духтарон дар чӣ син ба булуғ мерасанд, дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад:

Нӯҳсолагӣ

Бар асоси назари машҳури фақеҳони шиа, синни булуғи духтарон поёни нӯҳ соли қамарӣ (муодили тақрибан ҳашт солу ҳашт моҳу бист рӯзи шамсӣ) аст.[15] Мадраки ин дидгоҳ ривоятҳои мустафиз дониста шудааст[16] ки аз имомони маъсум (а) нақл шудааст.[17] Юсуф ибни Аҳмади Баҳронӣ (1107–1186ҳ.қ.), маъруф ба Соҳиби Ҳадоиқ, теъдоди ривоятҳое ки ба булуғи духтарон дар нӯҳсолагӣ ишора доранд, фаровон донистааст[18] ва Сайид Аҳмади Хонсорӣ ин масъаларо ба сабаби ривоятҳои фаровоне ки дар бораи он ворид шудааст, бидуни эроду хадша донистааст.[19]

Бо ин ҳол, бархе муҳаққиқон ин ривоятҳоро марбут ба шароити хоссе медонанд, ки бар асоси он духтарон дар нӯҳсолагӣ болиғ мешудаанд.[20] Ба унвони намуна, Ҷаннотӣ бар ин аст, ки дар ривоятҳо, синни хоссе ба унвони амри куллӣ ва умумӣ матраҳ нашуда ва синну солҳои мухталифе ки дар ривоятҳо омадааст, ношӣ аз ихтилофи муҳит, омилҳои генетикӣ ва физикӣ ва навъи ғизо будааст.[21]

Юсуфи Сонеӣ низ гуфтааст, ки ин ривоятҳо, бар хилофи қоидаи суҳулат (осонӣ) дар дин аст ва бори сангини таклифҳо ва аҳкому иҷрои ҳудуди комилро бар дӯши духтарони нӯҳсола қарор медиҳад; дар ҳоле ки духтарони ин мақтаъи синнӣ заифу нотавонанд ва рушди баданӣ ва қобилияти издивоҷро надоранд.[22]

Даҳсолагӣ

Фақеҳоне мисли Шайх Тӯсӣ дар китоби Мабсут,[23] ва Ибни Ҳамза, фақеҳи қарни шашум дар китоби ал-Васила, даҳсолагиро синни булуғи духтарон муаррифӣ кардаанд.[24] Мадраки ин дидгоҳ ривоятҳои шоззе дониста шудааст,[25] ки ба синни даҳсолагӣ ишора доранд.[26]

Ба гузориши Соҳиби Ҷавоҳир, Шайх Тӯсӣ ва Ибни Ҳамза дар китобҳои дигари худ, аз ин назар адул карда ва мувофиқи машҳур фатво додаанд.[27] Бархе фақеҳон низ ин ривоятҳоро таъвил карда ва гуфтаанд, ки манзур аз даҳсолагӣ ҳамон поёни нӯҳсолагӣ аст ва бинобар ин, бо назари машҳур мухолифате надоранд.[28]

Сенздаҳсолагӣ

Муҳаммадисҳоқи Фиёз[29] ва Юсуфи Сонеӣ[30] аз фақеҳони шиа дар қарни чордаҳуми шамсӣ, синни таклифи духтаронро сенздаҳсолагӣ медонанд. Муҳимтарин мадраки ин фақеҳон ривояти Аммори Соботӣ аз Имом Содиқ (а) аст.[31] Дар ин ривоят, синни таклиф барои писарон ва духтарон, ҳар ду, сенздаҳ сол зикр шудааст.[32]

Ҷудо кардан миёни таклифҳои мухталиф

Ба гуфтаи Сайид Муҷтабо Нурмуфидӣ, муҳаққиқ ва мударриси Ҳавзаи илмияи Қум, бархе дигар аз фақеҳон, барои ҷамъбандии миёни ривоятҳои мухталиф, миёни таклифҳои гуногун ба ҷудоӣ қоил шудаанд.[33] Барои мисол, Файзи Кошонӣ (ваф.1091ҳ.қ.) синни таклифи духтаронро дар умури шахсӣ монанди намоз ва рӯза сенздаҳ сол, дар иҷрои ҳудуд нӯҳ сол ва дар умуре монанди итқ ва васият даҳ сол дар назар гирифтааст.[34]

Содиқии Теҳронӣ, фақеҳ ва муфассири шиа бар ин аст, ки синни булуғ дар умуре монанди намоз ва дигар таклифҳои ақлонӣ, барои духтар ва писар, даҳ сол ва барои рӯза, ки меъёри он тавоноии ҷисмӣ аст, сенздаҳ сол аст.[35]

Китобшиносӣ

Дар бораи масъалаи булуғ, ба вижа булуғи духтарон, осоре дар қолаби китоб ва мақола ба риштаи таҳрир даромадааст. Бархе аз ин осор иборатанд аз:

  • Китоби «Булуғи духтарон», навиштаи Юсуфи Сонеӣ: нависандаи ин китоб дидгоҳи машҳур дар бораи булуғи духтарон, яъне нӯҳсолагиро баррасӣ ва нақд кардааст[36] ва кӯшидааст дидгоҳи худро, ки ҳамон сенздаҳсолагии булуғи духтарон аст, исбот кунад.[37]
  • Китоби «Баррасии фиқҳии булуғи духтарон», навиштаи Сайид Муҷтабо Нурмуфидӣ: ин китоб шомили чор бахш аст ва дар он, ба сурати тафсилӣ, нишонаҳои булуғ бар асоси ривоятҳо ва дидгоҳҳои фақеҳон баррасӣ шудааст.[38]
  • Мақолаҳои «Булуғ аз дидгоҳи фиқҳи иҷтиҳодӣ», навиштаи Муҳаммадиброҳими Ҷаннотӣ ва «Булуғи духтарон», навиштаи Муҳаммадҳодӣ Маърифат: нависандагони ин мақолаҳо дидгоҳи машҳур дар бораи синни булуғи духтарон ва далелҳои онро матраҳ ва баррасӣ кардаанд.[39]

Эзоҳ

  1. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.135
  2. Нурмуфидӣ, Баррасии фиқҳии булуғи духтарон, 1395ҳ.ш., саҳ.20
  3. Барои намуна ниг.: Маҳризӣ, Булуғи духтарон, 1376ҳ.ш., саҳ.10–18
  4. Раҷоӣ, ал-Масоил-ул-фиқҳия, 1421ҳ.қ., саҳ.149–158 ва 175–182; Субҳонӣ, ал-Булуғ: ҳақиқатуҳ, аломотуҳ ва аҳкомуҳ, 1439ҳ.қ., саҳ.15–18 ва 72–78
  5. Барои намуна ниг.: Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.282; Муҳаққиқи Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.9, саҳ.191
  6. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.198; Раҷоӣ, ал-Масоил-ул-фиқҳия, 1421ҳ.қ., саҳ.163
  7. Барои намуна ниг.: Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.57 ва ҷ.4, саҳ.146; Раҷоӣ, ал-Масоил-ул-фиқҳия, 1421ҳ.қ., саҳ.175
  8. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.45
  9. Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283
  10. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.144; Муҳаққиқи Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.9, саҳ.185; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, ҷ.2, саҳ.14
  11. Раҷоӣ, ал-Масоил-ул-фиқҳия, 1421ҳ.қ., саҳ.154
  12. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.505
  13. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.144; Муҳаққиқи Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, ҷ.9, саҳ.185; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.14
  14. Муассисату Доирату маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 2011 м., ҷ.21, саҳ.210
  15. Барои намуна ниг.: Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.348
  16. Раҷоӣ, ал-Масоил-ул-фиқҳия, 1421ҳ.қ., саҳ.159
  17. Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.101
  18. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, ҷ.13, саҳ.182
  19. Хонсорӣ, Ҷомеъ-ул-мадорик, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.365
  20. Барои намуна ниг.: Ҷаннотӣ, «Булуғ аз дидгоҳи фиқҳи иҷтиҳодӣ», саҳ.42; Маърифат, «Булуғи духтарон», саҳ.172–173
  21. Ҷаннотӣ, «Булуғ аз дидгоҳи фиқҳи иҷтиҳодӣ», саҳ.42
  22. Сонеӣ, Булуғи духтарон, 1386ҳ.ш., саҳ.35
  23. Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.266
  24. Ибни Ҳамзаи Тӯсӣ, ал-Васила ило найл-ил-фазила, 1408ҳ.қ., саҳ.137
  25. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.182
  26. Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.101–102
  27. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.38
  28. Шуштарӣ, ан-Нуҷъа фи шарҳ-ил-лумъа, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.411; Субҳонӣ, ал-Булуғ: ҳақиқатуҳ, аломотуҳ ва аҳкомуҳ, 1439ҳ.қ., саҳ.39
  29. «تغییر فتوای یکی از مراجع تقلید درباره سن تکلیف دختران», Хабаргузории Ҳавза
  30. Сонеӣ, Булуғи духтарон, 1386ҳ.ш., саҳ.35–36
  31. Раҷоӣ, ал-Масоил-ул-фиқҳия, 1421ҳ.қ., саҳ.168
  32. Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиа, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353
  33. Нурмуфидӣ, Баррасии фиқҳии булуғи духтарон, 1395ҳ.ш., саҳ.252–253
  34. Файзи Кошонӣ, Мафотеҳ-уш-шароеъ, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, ҷ.1, саҳ.14
  35. Содиқии Теҳронӣ, Рисолаи Тавзиҳ-ул-масоили навин, 1384ҳ.ш., саҳ.36
  36. Сонеӣ, Булуғи духтарон, 1386ҳ.ш., саҳ.9
  37. Сонеӣ, Булуғи духтарон, 1386ҳ.ш., саҳ.33
  38. Нурмуфидӣ, Баррасии фиқҳии булуғи духтарон, 1395ҳ.ш., саҳ.5–17
  39. Ҷаннотӣ, «Булуғ аз дидгоҳи фиқҳи иҷтиҳодӣ», саҳ.35; Маърифат, «Булуғи духтарон», саҳ.170

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Олибайт, 1414ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1363ҳ.ш.
  • Буруҷердӣ, Сайид Ҳусайн, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиа, Қум, Нашри Маҳр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҳамзаи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Васила ило найл-ил-фазила, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Ҳасун, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1408ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, бе таърих.
  • Кошифулғито, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғито ан мубҳамоти шариат-ил-ғарро, Қум, Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмии Қум, ҷ.1, 1380ҳ.ш./1422ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, «Булуғи духтарон», маҷаллаи Китоби нақд, №12, 1378ҳ.ш.
  • Маҳризӣ, Маҳдӣ, Булуғи духтарон, Қум, Дафтари таблиғоти Ҳавзаи илмии Қум, 1376ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бе таърих.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, Қум, Нашриёти Исмоилиён, чопи дуюм, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ил-Ислом, таҳқиқ ва тасҳеҳи Аббос Қучонӣ, Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Нурмуфидӣ, Сайид Муҷтабо, Баррасии фиқҳии булуғи духтарон, Қум, Маркази фиқҳии аиммаи атҳор (а), 1395ҳ.ш.
  • Раҷоӣ, Сайид Муҳаммад, ал-Масоил-ул-фиқҳия, Қум, Нашриёти илмия, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, Рисолаи Тавзиҳ-ул-масоили навин, Теҳрон, Умеди фардо, 1384ҳ.ш.
  • Сонӣ, Юсуф, Булуғи духтарон, Қум, Майсами Таммор, 1386ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Булуғ: ҳақиқатуҳ, аломотуҳ ва аҳкомуҳ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи дуюм, 1439ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, Мафотеҳ-уш-шароеъ, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, бе таърих.
  • Хонсорӣ, Сайид Аҳмад, Ҷомеъ-ул-мадорик, Теҳрон, Мактабат-ус-Садуқ, чопи дуюм, 1405ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия лиэҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, Бунёди маорифи исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, тасҳеҳ ва таълиқаи Сайид Муҳаммад Калонтар, Қум, Нашриёти Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, ан-Нуҷъа фи шарҳ-ил-лумъа, Теҳрон, Китобфурӯшии Садуқ, 1406ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, тасҳеҳи Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнӣ Ҷалолӣ, Муассисаи Олибайт, 1416ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, Доиратулмаорифи фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш.
  • Ҷаннотӣ, Муҳаммадиброҳим, «Булуғ аз дидгоҳи фиқҳи иҷтиҳодӣ», маҷаллаи Кайҳони андеша, №61, мурдод ва шаҳривари 1374ҳ.ш.
  • «تغییر فتوای یکی از مراجع تقلید درباره سن تکلیف دختران», Хабаргузории Ҳавза, санаи нашр: 30 урдибиҳишти 1400ҳ.ш., санаи боздид: 27 исфанди 1403ҳ.ш.