Jump to content

Ҳалолзодагӣ

Аз wikishia

Ҳалолзодагӣ (форсӣ: حلال‌زادگی) ба таваллуд ёфтани инсон аз роҳи машруъ ва ҳалол гуфта мешавад. Ҳалолзода касест, ки аз роҳи издивоҷи шаръӣ, ё роҳе ки дар ҳукми издивоҷ аст, таваллуд шуда бошад. Дар фиқҳ, бо унвони «таҳорати мавлид» аз ҳалолзодагӣ сухан гуфта шудааст ва дар бархе умури динӣ, ба унвони шарт ба кор рафтааст. Барои мисол, ҳалолзодагӣ ва зинозода набудан аз шартҳои муҷтаҳиде аст, ки аз ӯ метавон тақлид кард ва низ шарти имоми ҷамоат, имоми ҷумъа, қозӣ ва шоҳид аст.

Дар ривоятҳое аз сарчашмаҳои шиа ва аҳли суннат, муҳаббати Аҳли Байт (а) ва Имом Алӣ (а) нишонаи ҳалолзодагӣ ва буғз ва душмании онҳо нишонаи ҳаромзодагӣ баён шудааст.

Таърифи ҳалолзода ва аҳамияти он дар фиқҳ

Ҳалолзода касест, ки аз тариқи издивоҷи шаръӣ таваллуд шудааст ва зинозода нест.[1] Аҳамияти ҳалолзодагӣ дар фиқҳ ба ҷиҳати имтиёзоте монанди бархӯрдории ҳалолзода аз мерос[2] ва имкони доштани мансабҳое чун қазоват[3] ва имоми ҷамоат шудан[4] аст, ки зинозода аз он бебаҳра аст.[5]

Аз ҳалолзодагӣ бо унвони «таҳорати мавлид»[6] дар абвоби мухталифи фиқҳӣ монанди иҷтиҳод ва тақлид, намози ҷамоат, никоҳ, қазоват ва шаҳодат сухан гуфта шудааст.[7]

Намунаҳои ҳалолзода

Бар асоси таълимоти фиқҳи шиа, илова бар касоне, ки аз роҳи издивоҷи шаръӣ ба дунё меоянд, шахсони зер низ ҳалолзода шумурда мешаванд:

  • Касе ки аз тариқи ватйи ба шубҳа ба дунё омада бошад, ба шарте ки ҳар ду тараф, яъне падар ва модар, дучори шубҳаи шаръӣ будани ҳамбистарии худ бошанд.[8] Бинобар ин, агар яке аз зан ё мард мавзуъро муштабаҳ надонад ва огоҳона ҳамбистарии ғайри шаръӣ анҷом диҳад, фарзанд нисбат ба ӯ валадуззино шумурда мешавад.[9]
  • Касе ки инъиқоди нутфааш дар замоне бошад, ки ҳамбистарии зану шавҳар дар он замон ҳаром бошад;[10] монанди ҳамбистарӣ дар замоне ки зан дар ҳайз аст ё ҳангоми рӯзаи воҷиби муайян ё дар ҳолати эҳром.[11]
  • Фарзанде ки бар асоси издивоҷи маъмул дар мазҳабҳои дигар, ҳатто мушрикон, ба дунё омада бошад.[12] Ба унвони намуна, фақеҳон фарзанди ҳосил аз издивоҷ бо маҳоримро, ки дар фарҳанги бархе мазҳабҳо машруъ аст, ҳалолзода медонанд.[13] Далели фақеҳон дар ин замина ривоятҳое аст, ки расми издивоҷи адёни дигар, ҳатто мушриконро ба расмият шинохтааст.[14] Бархе низ бо истинод ба қоидаи ҷабб ҳукм мекунанд, ки агарчи издивоҷи шахси ғайримусалмон бо модараш дар шариати Ислом ҳаром аст, аммо баъд аз мусалмон шудан, аъмоли собиқ нодида гирифта мешавад.[15]
  • Касе ки ҳалолзодагиаш машкук аст, вале падару модари мушаххас дорад. Ҳамчунин, бештари фақеҳон касеро ки падару модари мушаххас надорад, монанди кӯдаке ки ёфт шудааст, ҳалолзода медонанд.[16]

Ҳалолзодагӣ, шарти бархе маносиб ва аъмол

Бар асоси фатвои фақеҳон, ҳалолзодагӣ шарти бархе аз умур ба шарҳи зер аст:

  • Марҷаият: Ҳалолзодагӣ яке аз шартҳои муҷтаҳиде шумурда мешавад, ки аз ӯ метавон тақлид кард (марҷаи тақлид).[17] Шаҳиди Сонӣ шарти ҳалолзодагиро иҷмоъӣ донистааст.[18]
  • Имоми ҷамоат ва ҷумъа: Бар асоси иҷмоъи фақеҳони имомия,[19] ҳалолзодагӣ яке аз шартҳои имоми ҷамоат дар намоз шумурда мешавад ва имомати шахси валадуззино ҷоиз нест.[20] Албатта имомати ҷамоати касе ки дар ҳалолзодагии ӯ тардид аст ва зинозодагиаш собит нашуда, ба иттифоқи назар фақеҳон, саҳеҳ ва ҷоиз аст.[21] Ҳалолзодагӣ дар имомати ҷумъа низ шарт дониста мешавад.[22]
  • Қазоват: Ҳалолзодагӣ аз шартҳои қозӣ ва қазоват шумурда шудааст.[23] Бар асоси ин шарт, қазовати зинозода саҳеҳ нест.[24]
  • Шоҳид: Бар асоси фатвои фақеҳон, яке аз шартҳои дар додгоҳ шаҳодат додани шоҳид ин аст, ки ҳалолзода бошад. Бинобар ин, шаҳодати валадуззино пазируфта нест.[25]

Иллати маҳрумияти ҳаромзода аз қазоват ва шаҳодат

Бархе аз уламои шиа ва гурӯҳе аз пажӯҳишгарон омилҳое барои маҳрумияти ҳаромзода аз қазоват ва шаҳодат баён кардаанд. Барои мисол, Сайиди Муртазо (355436ҳ.қ.) аз уламои шиа мегӯяд иллаташ ин аст, ки Худованд медонад шахси таваллудшуда аз роҳи зино хайру салоҳро ихтиёр намекунад. Аз ҳамин рӯ, аз тасаддии умуре чун шаҳодат дар додгоҳ маҳрум аст.[26] Бархе пажӯҳишгарон «надоштани мақбулияти иҷтимоӣ»-ро[27] аз омилони он донистаанд. Касоне ҳам бар ин боваранд, ки ҳамон тавр ки вижагиҳои зоҳирии ашхос аз тариқи ген интиқол меёбад, вижагиҳои ботинӣ низ мунтақил мешавад ва дар фарзандони номашруъ, ғолибан заминаи иртикоби ҷурм бештар аст.[28]

Оё муҳаббати Имом Алӣ (а) нишонаи ҳалолзодагӣ аст?

Дар теъдоде аз ривоятҳо, ки ҳам дар манбаъҳои шиа[29] ва ҳам дар манбаъҳои ривоӣ аз аҳли суннат омадааст,[30] муҳаббати Аҳли Байт (а), ба вижа Имом Алӣ (а), нишонаи ҳалолзодагӣ ва буғзу душманӣ ба онҳо нишонаи ҳаромзодагӣ дониста шудааст. Ба унвони мисол, дар манбаъҳои аҳли суннат аз Ибодат ибни Сомит ва Абусаиди Худрӣ, ҳар ду аз саҳобаи Пайғамбар (с), нақл шудааст, ки мо фарзандонамонро бо муҳаббати Алӣ ибни Абитолиб меозмудем; агар онҳо ба ӯ муҳаббат надоштанд, медонистем ки онҳо аз мо нестанд ва ҳаромзодаанд.[31] Ибни Ҷазарӣ (751–833ҳ.қ.), муҳаддис ва фақеҳи шофеъимазҳаб, гуфтааст: аз қадим то замони ӯ машҳур буд, ки касе ғайр аз валадуззино нисбат ба Алӣ (а) душманӣ намекард.[32] Аллома Маҷлисӣ дар китоби Биҳор-ул-анвор дар бахше, 31 ҳадис гирд оварда[33] ва дар китоби Миръот-ул-уқул онҳоро мутавотир шумурдааст.[34]

Дар муқобили назари Аллома Маҷлисӣ мабнӣ бар тавотури аҳодиси ҳалолзода будани дӯстдорони имомон (а) ва ҳаромзода будани душманони онҳо, бархе аз пажӯҳишгарони динӣ санади теъдоде аз ин ривоятҳоро мухдуш донистаанд ва бар инанд, ки ровиёни он ё ношинохтаанд ё аз ғолиҳо шумурда мешаванд.[35]

Ҳамчунин дар бораи ин ривоятҳо гуфта шудааст, ки ҳаромзодагӣ боис намешавад ихтиёри инсон аз ӯ гирифта шавад. Бинобар ин, иллати томми иртикоби гуноҳ ва дурӣ аз муҳаббати Аҳли Байт (а) нест; яъне мумкин аст зинозода бо ихтиёри худ, монанди дигар шахсон, дӯстдори имомон (а) шавад. Ҳамин тавр, далеле вуҷуд надорад ки ҳар ҳалолзодае дӯстдори аимма (а) бошад. Бинобар ин, ривоятҳои душмании валадуззино бо Аҳли Байт (а), як ҳукми куллӣ ва ҳамешагиро баён намекунад; балки танҳо баёнгари ин аст, ки афроди ҳаромзода бештар аз афроди ҳалолзода дар маърази душманӣ бо аимма (а) қарор мегиранд, на ин ки ҳамеша чунин бошад.[36]

Эзоҳ

  1. Баҳронӣ, ал-Анвор-ул-лавомеъ, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-илмия, ҷ.14, саҳ.11
  2. Фиқҳ-ус-Содиқ (а), 1412ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.470; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.39, саҳ.274
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.40, саҳ.12; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ алайҳиссалом, 1412ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.21
  4. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.324; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ алайҳиссалом, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.287
  5. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.324 ва ҷ.40, саҳ.12–13; Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.797; Шукриёни Амирӣ, «Шарти ҳалолзодагӣ ё зинозода набудан дар шаҳодат ва қазоват», саҳ.120
  6. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.87 ва 114, ҷ.4, саҳ.59 ва 121; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.117 ва 118; Омилӣ, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия фи-р-расоил-ил-амалия, 1413ҳ.қ., саҳ.133
  7. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.366
  8. Баҳронӣ, ал-Анвор-ул-лавомеъ, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-илмия, ҷ.14, саҳ.11; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.324
  9. Баҳронӣ, ал-Анвор-ул-лавомеъ, ҷ.14, саҳ.11; Тоҳирӣ, Ҳуқуқи маданӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.350
  10. Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.367
  11. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.411
  12. Пурмуҳаммадӣ, «Қоидаи ли кулли қавмин никоҳ», саҳ.278
  13. Шерозӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, 1413ҳ.қ., саҳ.44; Буруҷердӣ, Ҷомеъ-ул-аҳодис-иш-шиа, 1386ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.380; Омилӣ, Васоил, 1409ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.199
  14. Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.387; Омилӣ, Васоили шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.200; Пурмуҳаммадӣ, «Қоидаи ли кулли қавмин никоҳ», саҳ.278
  15. Шерозӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, 1413ҳ.қ., саҳ.44; Мабони-л-фиқҳ-ил-фаъол фи-л-қавоид-ил-фиқҳият-ил-асосия, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.302
  16. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.367
  17. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзиҳ-ул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.13
  18. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.62
  19. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.324
  20. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.324
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.325
  22. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.87; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.296
  23. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.59; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.40, саҳ.12
  24. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.40, саҳ.13
  25. Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.121; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.117 ва 118
  26. Сайиди Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.502
  27. Кайхо, Футуҳӣ, «Таҳлил ва баррасии арзиши исботии шаҳодати валадуззино дар мазоҳиби исломӣ», саҳ.239
  28. Басирӣ, Гавҳарӣ, «Нақши виросат дар сарнавишти инсон аз манзари Қуръон ва ҳадис», саҳ.121
  29. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.316; Шайх Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.143; Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138–139; Шайх Садуқ, Илалу-ш-шароӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.141–145
  30. Барои намуна ниг.: Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.287; Ибни Ҷазарӣ, Асна-л-матолиб, Исфаҳон, саҳ.57–59; Ибни Мардавайҳи Исфаҳонӣ, Маноқиби Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.76–77; Шуштарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.265–266; ҷ.17, саҳ.250; ҷ.21, саҳ.363–369
  31. Барои намуна ниг.: Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.287; Ибни Ҷазарӣ, Асна-л-матолиб, Исфаҳон, саҳ.57–59; Ибни Мардавайҳи Исфаҳонӣ, Маноқиби Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.76–77
  32. Ибни Ҷазарӣ, Асна-л-матолиб, Исфаҳон, саҳ.57
  33. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.145–156
  34. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.420
  35. Қазвинӣ, «آیا شیعیان مخالفان خود را «حرام‌زاده» می‌دانند؟», дарҷшуда дар сайти Муассисаи таҳқиқотии Валии Аср
  36. «آیا دشمنان ائمه اطهار(ع)، حرام‌زاده هستند؟ اگر هستند، چگونه چنین چیزی توجیه‌پذیر است؟», вебгоҳи Ислом-Куэст

Сарчашма

  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзиҳ-ул-масоил (муҳашшо), Қум, Дафтари нашри исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Басирӣ, Ҳамидризо ва Марям Гавҳарӣ, «نقش وراثت در سرنوشت انسان از منظر قرآن و حدیث», давраи 4, №13, 1392ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Ҳусейн ибни Муҳаммад, ал-Анвор-ул-лавомеъ фи шарҳи Мафотиҳ-уш-шароеъ, Қум, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-илмия, чопи аввал.
  • Буруҷердӣ, Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-аҳодис-иш-шиа, Теҳрон, Нашриёти Фарҳанги Сабз, чопи аввал, 1386ҳ.ш.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таърихи Димишқ, таҳқиқи Амр ибни Ғурома ал-Амравӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ./1995 м.
  • Ибни Мардавайҳи Исфаҳонӣ, Абӯбакр Аҳмад ибни Мӯсо, Маноқиби Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи дуюм, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Ҷазарӣ, Шамсуддини Муҳаммад, Асна-л-матолиб фи маноқиби Имом Алӣ ибни Абитолиб, Исфаҳон, Мактабат-ул-Имом Амирилмуъминин (а) ал-омма, бе таърих.
  • Кайхо, Муҳаммадризо ва Футуҳӣ, Абдуллоҳ, «تحلیل و بررسی ارزش اثباتی شهادت ولد الزنا در مذاهب اسلامی», дуфаслномаи Мутолиоти фиқҳи исломӣ ва мабонии ҳуқуқ, №41, 1399ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), зери назари Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи дуюм, 1385ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Надҷмуддин Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, таҳқиқи Абдулҳусайн Муҳаммадалӣ Бақол, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи дуюм, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, Бейрут, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Муассисаи Олибайт (а), Қум, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Омилӣ, Ясин Исо, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия фи-р-расоил-ил-амалия, Бейрут, Дор-ул-балоға, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Пурмуҳаммадӣ, Алӣ ва Ризо Пурмуҳаммадӣ, «قاعده لکل قوم نکاح», дуфаслномаи илмии Фиқҳ ва ҳуқуқи хонавода, давраи 26, №74, 1400ҳ.ш.
  • Рӯҳонӣ, Сайид Муҳаммадсодиқ, Фиқҳ-ус-Содиқ алайҳиссалом, Қум, Мадрасаи Имом Содиқ алайҳиссалом, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, ал-Интисор фи инфиродот-ил-имомия, Қум, Ҷомеаи Мударрисин, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Тоҳирӣ, Ҳабибуллоҳ, Ҳуқуқи маданӣ, Қум, Дафтари нашри исломӣ, чопи дуюм, 1418ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, Ҷомеаи Мударрисин, Қум, чопи дуюм, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад, Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, Қум, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳ ва-л-фатово, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, чопи дуюм, 1400ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1412ҳ.қ.
  • Шукриёни Амирӣ, «شرطیت حلال زادگی یا زنازاده نبودن در شهادت و قضاوت», дуфаслномаи Фиқҳ ва иҷтиҳод, давраи 4, №8, 1396ҳ.ш.
  • Шуштарӣ, Қозии Нуруллоҳ, Иҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳи Марашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Қазвинӣ, Сайид Муҳаммад, «آیا شیعیان مخالفان خود را «حرام‌زاده» می‌دانند؟», мундарҷ дар сайти таҳқиқотии Валии Аср, санаи нашр: 24 озари 1388ҳ.ш., санаи боздид: 25 фарвардини 1403ҳ.ш.
  • «آیا دشمنان ائمه اطهار(ع)، حرام‌زاده هستند؟ اگر هستند، چگونه چنین چیزی توجیه‌پذیر است؟», вебгоҳи Ислом-Куэст, санаи нашр: 10 озари 1393ҳ.ш., санаи боздид: 11 тири 1403ҳ.ш.