Тааббуд

Аз wikishia

Тааббуд (форсӣ: تَعَبُّد) истилоҳии динӣ ба маънои таслими маҳз будани муъминон дар баробари фармон Худост, бидуни он ки маслиҳати воқеии он дастурро бидонанд. Ибодатҳое ки аз рӯи тааббуд анҷом шавад, навъе озмоиши Илоҳӣ барои шинохтани муъминони воқеӣ аз ғайривоқеъӣ ба шумор омадааст.

Тааббуд дар аҳкоми шаръӣ дар ҳамаи мазҳабҳо амре пазируфташуда аст ва наметавон динро бидуни он дар назар гирифт. Бо ин ҳол, олимони мусулмон муътақиданд равшан набудани иллати аҳком ба маъноӣ беиллат будан аҳком нест. Шайхи Садуқ дар китоби Илал-уш-шароеъ талош карда фалсафаи аҳкомро тавзеҳ диҳад. Дар истинбототи фиқҳӣ, масаълаи тааббуд аҳамият дорад ва яке аз усули ҳокими он талаққӣ шудааст.

Робитаи таъаққул ва тааббуд аз мабоҳиси муҳим дар баҳси робитаи илм ва дин аст. Ба гуфта муҳаққиқони исломӣ, тааббуд наметавонад ба маънои таътил кардани ақлоният бошад; чун масоили аслии дин бар пояи истидлол ва таъаққул фаҳмида мешавад.

Ба бовари бархе равшанфикрон, тааббуд дар марҳалаи фикр, бо ақлоният ва дар марҳалаи амал, бо озодӣ дар тазод аст. Бархе муҳаққиқон мегӯянд ин сухан мутаноқиз аст; чароки аз тарафе пайванди дин ва тааббудро инкор намекунад ва аз тарафи дигар талош мекунад тафсирҳое ки аз мафоҳими динӣ ироа медиҳад тааббудӣ набошад. Ҳамчунин гуфтаанд пазириши тааббудии суханони паёмбарон, ҳамонанди муроҷиаи ҷоҳилон ба олимон аст, ки аз назари ақлӣ ишколе надорад.

«Тааббуд ва ақлоният» китобе ба қалами Муҳаммади Ҷаъфарӣ аст, ки дар мавзуи тааббуд навишта шудааст.

Аҳамияти тааббуд дар мабоҳиси исломӣ

Тааббуд истилоҳе фиқҳӣ ва ахлоқӣ ба маънои таслими маҳз будани муъминон дар баробари фармони Худост.[1] Бар асоси ин истилоҳ, муъминон ҳатто агар иллату маслиҳати воқеии дастуроти Худоро надонанд, ба он амал мекунанд.[2] Гуфта шуда шариат ва пояҳои асосии динро наметавон бидуни тааббуд дар назар гирифт.[3] Аз ин рӯи тааббуд ва тавҳид ҷудоинопазиранд.[4] Рӯҳи Ислом ва асоси диндорӣ тааббуд ва таслим будан дар баробари Худо[5] ва дини холӣ аз тааббудро дини бидуни ҳақиқат донистаанд.[6]

Дар ҳамаи мазоҳиби исломӣ, тааббуд дар аҳкоми шаръӣ амре пазируфташуда аст.[7] Шикаста шудани марзи тааббуд, нобудии динро дар пай дорад.[8] Тааббуд бар ду асли биниш (имон доштан ба ҳикмати дастуроти Илоҳӣ) ва алоқа (ишқ ба маъбуд) устувор аст.[9] Ҳар мутафаккири муваҳҳиде ногузир аз тааббуд асту ақли куллии Илоҳиро бар фикри худ муқаддам месозад.[10]

Фалсафаи тааббуд

Равшан набудани иллати аҳком ба маъноӣ беиллат будани аҳком нест.[11] Бар асоси ривояте ки аз Имом Ризо (а) нақл шуда, Худованд аз бандагон хоста дар анҷоми корҳо тааббуд дошта бошанд; зеро дар паси амр ва наҳйи Илоҳӣ маслиҳат ва мафсадае қарор дорад ки анҷом ё тарки онҳо ба салоҳи бандагон асту ҳаёти онон ба тааббуд нисбат ба ин дастурот вобастагӣ дорад.[12] Бо ин ҳол, Ислом, ҳамонанди дигар адёни осмонӣ, аҳкоме дорад ки фалсафаи онҳо барои инсонҳо равшан нест.[13] Муъминон аҳкомеро ки фалсафаи онҳо равшан нест, аз рӯй тааббуд ба Худо мепазиранд ва ба он амал мекунанд.[14] Ибодатҳое ки бидуни огоҳӣ аз фалсафаи аҳком сурат мепазирад, навъе озмоиши Илоҳӣ барои шинохтани муъминони воқеӣ аз ғайривоқеъӣ аст.[15]

Шайхи Садуқ дар китоби Илал-уш-шароеъ талош карда фалсафаи аҳкомро табйин кунад.[16] Ба гуфтаи Аббосалӣ Амиди Занҷонӣ муаллифи китоби Фиқҳи сиёсӣ, эҳтимолани Шайхи Садуқ (ваф.381ҳ.қ.), танҳо муҳаддис ва фақиҳӣ аст ки ба ҷамъоварӣ фалсафаи аҳком пардохтааст.[17] Амиди Занҷонӣ муътақид аст фуқаҳои шиа ба далели тарс аз анҷоми қиёс дар мабоҳиси фиқҳӣ ва низ ба далели заъиф нашудани рӯҳияи тааббуд, ба аҳодиси Илал-уш-шароеъ тавваҷуҳ кофӣ накардаанд.[18] Вале Амиди Занҷонӣ ин рӯйкардро мухолифи равиши Қуръон медонад; чароки дар Қуръон низ фалсафа ва фоидаву зарарҳои бархе аҳком баён шудааст.[19]

Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ файласуф ва мутакаллими шиа, низ муътақид аст аҳкоми ибодӣ фалсафаи мутқан доранд ва аҳкоми ғайриибодӣ низ бо ақли салим қобили фаҳманд.[20] Бо ин ҳол бархе бар ин боваранд, ки бисёре аз омӯзаҳои исломиро танҳо бояд бо тааббуд пазируфт ва наметавон ҳикмату фалсафаи онҳоро ба даст оварад.[21]

Тааббуду ақлоният

Ба гуфтаи олимони мусулмон, тааббуде ки дар дин вуҷуд дорад, бар пояи таъаққул устувор аст; чунон ки тақлид дар аҳком бар асоси таҳқиқ ва таъаққул аст.[22] Бинобар ин тааббуд ба маънои таътил кардан ақлоният нест; чароки масоили аслии дин (эътиқодот) бар пояи истидлолу таъаққул бино шудааст.[23] Ба гуфтаи Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ файласуф ва муфассири Қуръон, пайравони бархе адён масоили ғайриақлиро дар дини худ матраҳ ва талош кардаанд бо ин истидлол ки бархе аз масоили тааббудӣ, аз назари ақлӣ маҳол аст, онҳоро тавҷеҳ кунанд.[24] Таботабоӣ бо мутаноқиз донистани ин рафтор мегӯяд чӣ гуна мумкин аст аз тарафе, ҳаққонияти дин бо ақл собит шавад; аммо аз тарафи дигар, ҳамон дин масоиле дошта бошад, ки ақл онро напазирад?![25]

Мавзуи таъаққул ва тааббуд аз мабоҳиси муҳимме аст, ки дар баҳси робитаи ақлу ваҳй ё робитаи илму дин матраҳ мешавад.[26] Ба гуфтаи муҳаққиқон, дар мақоми фаҳм бояд таъаққул ва дар мақоми амал бояд тааббуд дошт.[27] Аз ин рӯ гуфта шудаи усули эътиқодот бояд аз роҳи таъаққул пазируфта шаванд ва набояд онҳоро бо тааббуд пазируфт.[28] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, муҳимтарин муаллифа дар пайдоиш ва фарқи мазоҳиби чоргонаи аҳли суннат навъи нигариши онҳо дар ақлгароӣ ё тааббудгароӣ будааст.[29]

Тааббуд ва истинботи аҳкоми шаръӣ

Тааббуд, дар баробари таъаққул, яке аз усули ҳоким дар истинботот фиқҳӣ аст.[30] Таъини ҳадду марзи таъаққул ва тааббудро яке аз мабоҳиси муҳим дар аҳкоми шаръӣ донистаанд.[31] Ба бовари бархе аз фақиҳон, доираи тааббуд дар дин ибодотро дар бар мегирад ва шомили муомилот намешавад.[32] Аз ин рӯ фақиҳон, дар боби муомилот, бояд милоки аҳкомро аз ривоёт истинбот кунанд.[33] Ба гуфтаи Амиди Занҷонӣ, дар фиқҳи шиа, тазоди байни тааббуду таъаққул масаълае ҳалшуда аст; чароки фуқаҳои шиа ҳавзаи тааббудро махсуси аҳкоми мансус медонанд; яъне аҳкоме ки далели қуръонӣ ё равоӣ доранд, ва ҳавзаи таъаққулро махсуси аҳкоми ғиримансус ва аҳкоми ҳукуматӣ донистаанд.[34]

Дидгоҳи равшанфикрон

Муҳимтарин дағдағаи равшанфикрон нисбат ба динро тақобули ақлоният бо тааббуд дар дин донистаанд.[35] Гуфта шуда тааббудгурезӣ муҳимтарин дастоварди модернита будааст.[36] Мустафо Маликиён муътақид аст тааббуд дар марҳалаи фикрӣ, бо ақлоният ва дар марҳалаи амалӣ, бо озодӣ мунофот дорад.[37] Бо ин ҳол Маликиён тааббудеро ки пуштвонаи ақлӣ дошта бошад, беишкол донистааст.[38]

Абдукарими Супӯш муътақид аст бахши ибодот дар фиқҳ розолӯд аст ва бояд онро бо тааббуд пазируфт; аммо ӯ бахши муомилоти фиқҳро бидуни розолўдгӣ медонад.[39] Муҳаммади Муҷтаҳиди Шабистарӣ илова бар бахши муомилот, бахши ибодоти фиқҳро низ бидуни розолўдгӣ муаррифӣ мекунад.[40] Ба гуфтаи Шабистарӣ, бештари фатвои фақиҳон дар боби сиёсат тавҷеҳи уқалоӣ надорад ва боиси аз байн рафтани маслиҳати мусулмонон мешавад.[41]

Нақди дидгоҳи равшанфикрон

Китоби тааббуд ва ақлоният ба қалами Ҷаъфарӣ

Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, равшанфикрон байни дин ва модернита дар тардиданд ва ин тардид онҳоро гирифтори таноқузгӯӣ кардааст; зеро онон аз тарафе, пайванди дин ва тааббудро инкор намекунанд ва аз тарафе дигар, пайваста дар талошанд аз мафоҳими динӣ, тафсирҳое ироа диҳанд, ки тааббудӣ набошад.[42] Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ муътақид аст равшанфикрон ба ин далел ки тааббудро дар муқобили ақлоният қарор додаанд, дин ва ақлониятро мутазод донистаанд.[43]

Ба гуфтаи муҳаққиқон, тааббудпазирӣ ва розбоварӣ дар дин бар пояи ақлоният устувор аст; зеро аз тарафе дин бо олами ғайб ва роз пайванд дорад ва пайғамбарон паёми ҷаҳони ғайбро барои растгории инсонҳо бозгӯ мекунанд. Аз тарафи дигар, пазириши суханони пайғамбарон барои растагорӣ, аз аҳкоми ақлонии руҷуи ҷоҳил ба олим аст.[44] Бархе пажӯҳишгарон ифрот дар ироаи тафсирҳои тааббудгурезро носаҳеҳ дониста ва гуфтаанд равшанфикрон дар мувоҷеҳа бо омӯзаҳои динӣ дучори пешдоварӣ ҳастанд; чароки мутуни диниро бидуни розу тааббуд тафсир мекунанд.[45] Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ муътақид аст равшанфикрӣ дар масоили тааббудӣ, оғози инҳироф дар баъзе аз гурӯҳҳои сиёсӣ буда ки иддаои Ислом доранд.[46]

Такнигориҳо

Осори зер аз ҷумла китобҳое аст, ки дар мавзуи тааббуд навишта шудааст:

  • «Тааббуд ва таъаққул дар фиқҳи исломӣ» навиштаи Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ: ин китоб дар соли 1373ҳ.ш., аз сӯи Конгресси бузургдошти Шайхи Ансорӣ дар Қум мунташир шудааст.[47]
  • «Тааббуд ва ақлоният» таълифи Муҳаммади Ҷаъфарӣ: ин китобро интишороти Конуни андешаи ҷавон дар соли 1402ҳ.ш. дар 168 сафҳа мунташир кардааст.[48] Чистии тааббуд, абъоди мухталифи он ва нисбати тааббуд ва ақлоният аз мабоҳиси ин китоб аст.[49]

Эзоҳ

  1. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1370ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.66
  2. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1370ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.66
  3. Амиди Занҷонӣ, Донишномаи фиқҳи сиёсӣ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.201
  4. Амиди Занҷонӣ, Донишномаи фиқҳи сиёсӣ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.201
  5. Мисбоҳи Яздӣ, Бар даргоҳи дӯст, 1382ҳ.ш., саҳ.85
  6. Имомӣ, «Равшанфикрони динӣ ва модернизосиюни фиқҳ», саҳ.219
  7. Қонит, «Тааббуд ва таъаққул дар аҳкоми шаръӣ аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ», саҳ.42
  8. Мисбоҳи Яздӣ, Бар даргоҳи дӯст, 1382ҳ.ш., саҳ.94
  9. Акбарӣ, Аҳкоми омӯзишии духтарон, 1387ҳ.ш., саҳ.22 - 23
  10. Амиди Занҷонӣ, Донишномаи фиқҳи сиёсӣ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.201
  11. Ҷаъфарӣ, «Ҷойгоҳи таъаққул ва тааббуд дар маорифи исломӣ», саҳ.81 - 82
  12. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.592
  13. Мисбоҳи Яздӣ, Бар даргоҳи дӯст, 1382ҳ.ш., саҳ.85
  14. Ризоии Исфаҳонӣ, Мабоҳиси эътиқодӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.98
  15. Ризоии Исфаҳонӣ, Мабоҳиси эътиқодӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.99
  16. Ҷаъфарӣ, «Ҷойгоҳи таъаққул ва тааббуд дар маорифи исломӣ», саҳ.81 - 82
  17. Амиди Занҷонӣ, Қавоиди фиқҳ, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.357
  18. Амиди Занҷонӣ, Қавоиди фиқҳ, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.357
  19. Амиди Занҷонӣ, Қавоиди фиқҳ, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.357
  20. Ҷаъфарӣ, «Ҷойгоҳи таъаққул ва тааббуд дар маорифи исломӣ», саҳ.81 - 82
  21. Ҷаъфарӣ, «Ҷойгоҳи таъаққул ва тааббуд дар маорифи исломӣ», саҳ.69
  22. Ғаравиён, «Мизигирди ҷойгоҳи ақл дар дин», саҳ.14
  23. Ҷаъфарӣ, «Масаълаи тааббуд ва чолишҳои ақлонии фарорӯ», саҳ.106
  24. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.323 - 324
  25. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.323 - 324
  26. Лутфӣ, «Таъаққул ва тааббуд дар аҳкоми шаръӣ», саҳ.328
  27. Лутфӣ, «Таъаққул ва тааббуд дар аҳкоми шаръӣ», саҳ.340
  28. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.59
  29. Имомӣ, «Ҷидоли тааббуд ва таъаққул дар фаҳми шариат (1)», саҳ.190
  30. Амиди Занҷонӣ, Донишномаи фиқҳи сиёсӣ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.201
  31. Лутфӣ, «Таъаққул ва тааббуд дар аҳкоми шаръӣ», саҳ.325
  32. Маърифат, «Иқтироҳ», саҳ.26; Қонит, «Тааббуд ва таъаққул дар аҳкоми шаръӣ аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ», саҳ.42
  33. Маърифат, «Иқтироҳ», саҳ.27
  34. Амиди Занҷонӣ, Донишномаи фиқҳи сиёсӣ, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.571
  35. Имомӣ, «Равшанфикрони динӣ ва модернизосиюни фиқҳ», саҳ.233
  36. Имомӣ, «Равшанфикрони динӣ ва модернизосиюни фиқҳ», саҳ.213
  37. Маликиён, «Иқтироҳ; суннату таҷаддуд дар назархоҳӣ аз фарҳихтаи муосир», саҳ.15
  38. Маликиён, «Иқтироҳ; суннату таҷаддуд дар назархоҳӣ аз фарҳихтаи муосир», саҳ.16
  39. Ниг.: Сурӯш, Сиёсатнома, 1379ҳ.ш., саҳ.252 - 256
  40. Ниг.: Муҷтаҳиди Шабистарӣ, нақдӣ бар қироати расмӣ аз дайн, 1379ҳ.ш., саҳ.164 - 175
  41. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Нақде бар қироати расмӣ аз дин, 1379ҳ.ш., саҳ.168 - 169
  42. Имомӣ, «Равшанфикрони динӣ ва модернизосиюни фиқҳ», саҳ.215
  43. Ҷаъфарӣ, «Масаълаи тааббуд ва чолишҳои ақлонии фарорӯ», саҳ.102
  44. Имомӣ, «Равшанфикрони динӣ ва модернизосиюни фиқҳ», саҳ.214
  45. Имомӣ, «Равшанфикрони динӣ ва модернизосиюни фиқҳ», саҳ.233
  46. Мисбоҳи Яздӣ, Бар даргоҳи дӯст, 1382ҳ.ш., саҳ.85
  47. Ҷаъфарӣ, Тааббуд ва таъаққул дар фиқҳи исломӣ, шиносномаи китоб
  48. Ҷаъфарӣ, Тааббуд ва ақлоният, шиносномаи китоб
  49. Ҷаъфарӣ, Тааббуд ва ақлоният, феҳристи китоб

Сарчашма

  • Акбарӣ, Маҳмуд, Аҳкоми омӯзишии духтарон, Қум, Фитён, 1387ҳ.ш.
  • Амиди Занҷонӣ, Аббосалӣ, Донишномаи фиқҳи сиёсӣ, Теҳрон, Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1389ҳ.ш.
  • Амиди Занҷонӣ, Аббосалӣ, Қавоиди фиқҳ, Теҳрон, СМТ, 1388ҳ.ш.
  • Имомӣ, Масъуд, «Равшанфикрони динӣ ва модернизосиюни фиқҳ», дар маҷаллаи Фиқҳи Аҳли Байт (а), №39 ва 40, зимистони 1383ҳ.ш.
  • Имомӣ, Масъуд, «Ҷидоли тааббуд ва таъаққул дар фаҳми шариат (1)», дар маҷаллаи Фиқҳи Аҳли Байт (а), №46, тобистони 1385ҳ.ш.
  • Лутфӣ, Асадуллоҳ, «Таъаққул ва тааббуд дар аҳкоми шаръӣ», дар маҷаллаи Фиқҳ, №7 ва 8, баҳору тобистони 1375ҳ.ш.
  • Маликиён, Мустафо, «Иқтироҳ; суннат ва таҷаддуд дар назархоҳӣ аз фарҳехтаи муосир», дар маҷаллаи Нақду назар, №19, тобистону пойизи 1378ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, «Иқтироҳ», дар маҷаллаи Нақду назар, №5, зимистони 1374ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Бар даргоҳи дӯст, Қум, Интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, 1382ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1370ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, Садро, 1389ҳ.ш.
  • Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Нақде бар қироати расмӣ аз дин, Теҳрон, Тарҳи нав, 1379ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Маҳмадалӣ, Мабоҳиси эътиқодӣ, Қум, Насими ҳаёт, 1391ҳ.ш.
  • Сурӯш, Абдукарим, Сиёсатнома, Теҳрон, Сирот, 1379ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.қ.
  • Ғаравиён, Муҳсин, «Мизигирди ҷойгоҳи ақл дар дин», дар маҷаллаи Маърифат, №61, даймоҳи 1381ҳ.ш.
  • Қонит, Абдолбосит, «Тааббуд ва таъаққул дар аҳкоми шаръӣ аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ», дар маҷаллаи Мутолиоти тақрибии мазоҳиби исломӣ, №51, баҳору тобистони 1398ҳ.ш.
  • Ҳоҷии Содиқӣ, Абдуллоҳ, «Тақобулҳои дурӯғин ва сохтагӣ, таъаққул ё тааббуд», дар маҷаллаи Мураббиёон, №30, зимистони 1387ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Муҳаммад, «Масаълаи тааббуд ва чолишҳои ақлонии фарорӯ», дар маҷаллаи Қабасот, №100, тобистони 1400ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Муҳаммад, Тааббуд ва ақлоният, Теҳрон, Конуни андешаи ҷавон, 1402ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Муҳаммадтақӣ, «Ҷойгоҳи таъаққул ва тааббуд дар маорифи исломӣ», дар маҷаллаи Ҳавза, №49, фарвардин ва урдибиҳишти 1371ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Муҳаммадтақӣ, Тааббуд ва таъаққул дар фиқҳи исломӣ, Қум, Конгресси бузургдошти Шайхи Ансорӣ, 1373ҳ.ш.