Мустабсир
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бора як мафҳум фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Мустабсир (форсӣ: مستبصر) касе аст, ки аз мазҳаб ё дини дигаре, ба мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ гаравидааст.
Дар китобҳои ҳадисӣ ва бахшҳои мухталифи китобҳои фиқҳӣ аз масъалаи мустабсир бисёр сухан омада ва аҳкоме барои он баён шудааст; аз ҷумла, тибқи фатвои фақеҳони шиа, ибодатҳоеро, ки мустабсир, тибқи мазҳаби қаблиаш анҷом додааст, лозим нест баъд аз шиа шудан такрор кунад; ба ғайри закоти мол ва закоти Фитра, ки агар онҳоро ба ғайришиа додааст, бояд дубора пардохт кунад.
Бархе аз мустабсирони шинохташуда иборатанд аз: Алӣ ибни Маҳзиёри Аҳвозӣ, Муҳаммад ибни Масъуди Айёшӣ (нависандаи Тафсири Айёшӣ), Муҳаммади Худобанда - ҳокими Илхонӣ, Сайид Муҳаммади Тиҷонӣ ва Иброҳим Закзакӣ - раҳбари шиаёни Нигерия.
Таърифи мустабсир ва корбурди он дар китобҳои фиқҳӣ ва ҳадисӣ
Мустабсир, дар фарҳанги шиа ба касе мегӯянд, ки бо таҳқиқу далел, дин ё мазҳабаш аз яке аз фирқаҳои исломӣ[1] ё адёни Илоҳӣ[2] ба мазҳаби шиаи исноъашарӣ тағйир диҳад. Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ - муфассири шиа, дар Маҷмаъ-ул-баён, мустабсирро касе медонад, ки оқил бошад ва тавоноии ташхиси ҳақ аз ботилро бо истидлол ва андеша дошта бошад.[3] Истибсор ба маънои огоҳ ва басир шудани дар дин аст.[4]
Дар бобҳои мухталифи фиқҳ монанди намоз,[5] рӯза,[6] закот,[7] ҳаҷ,[8] мерос[9] ва қисос,[10] аз аҳкоми мустабсир баҳс шудааст. Баҳс аз аҳкоми мустабсир дар фатовои Ибни Абиақил Уммонӣ (ваф. 329ҳ.қ.) ки асри ғайбати суғроро дарк кардааст[11] ва Ибни Ҷунайд - фақеҳи қарни чаҳоруми қамарӣ[12] зикр шудааст. Дар кутуби арбаъа аҳодиси муртабит бо мустабсир, дар бобҳое монанди закот ва ҳаҷ омадааст.[13] Ва ҳамчунин дар бисёре аз манобеи фиқҳӣ, аз ба ҷо наовардани қазои ибодатҳое, ки мустабсир анҷом додааст, баҳс шудааст.[14]
Ба фатвои Соҳибҷавоҳир, аҳкоми истибсор шомили тамоми фирқаҳои мусулмон, ҳатто фирқаҳое, ки маҳкум ба куфр ҳастанд, монанди носибиҳо ва ғолиён мешавад,[15] аммо Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ дар Урват-ул-вусқо аҳкоми истибсорро шомили ғулот намедонад.[16]
Ҳукми ибодатҳои қаблии мустабсир
Бархе аз фатвоҳои фақеҳони шиа дар бораи ибодатҳои қаблии мустабсир ба шарҳи зер аст:
- Намоз ва рӯзаҳои қабл аз истибсор: ба фатвои фақеҳони шиа, мустабсир лозим нест ба ғайри закот, ибодатеро ки пеш аз истибсор анҷом додааст қазо кунад, ба шарте, ки ибодоти анҷомшуда, тибқи мазҳаби қаблии мустабсир, саҳеҳ буда бошад.[17]
- Намозҳо ва рӯзаҳои анҷомнашуда: ба фатвои бештари фақеҳони шиа, бар мустабсир воҷиб аст намозҳо ва рӯзаҳоеро ки қабл аз истибсор анҷом надодааст ё бар хилофи мазҳабаш анҷом додааст қазо кунад.[18] Ҳусайн Оли Усфур (ваф.1216ҳ.қ.) – фақеҳ ва муҳаддис, қоил ба адами вуҷуби қазои онҳо шудааст.[19]
- Ҳаҷ: бар мустабсир лозим нест ҳаҷҷеро, ки тибқи мазҳаби худ анҷом додааст қазо кунад.[20] Албатта бархе аз фуқаҳои монанди Соҳибҷавоҳир,[21] Шайхи Тусӣ[22] ва Аллома Ҳиллӣ,[23] шарт кардаанд, ки дар ҳаҷҷи ӯ ба рукне аз аркони ҳаҷ тибқи мазҳаби шиа[24] ихлол нашуда бошад.
- Закоти мол ва закоти Фитра: мустабсир агар қабл аз истибсор, закоти молашро ба ҳаммазҳабони худ дода бошад, қазои он воҷиб аст,[25] аммо агар онро ба шиаён дода бошад, қазо надорад.[26] Албатта Муҳаммадтақии Омулӣ дар ин сурат ҳам қоил ба лузуми қазои закот шудааст.[27] Ба фатвои Шаҳиди Аввал дар китоби ал-Баён, агар закоташро ба ғайришиа дода ва баъд, мустабсир шуда ва айни закоташ боқӣ аст, метавонад онро пас бигирад.[28] Ҳукми закоти Фитра ҳам монанди закоти мол аст.[29]
Ҳукми феълҳои ғайри ибодии мустабсир
Ҳукми шаръии феълҳои ғайриибодии мустабсир, тибқи дидгоҳи фақеҳони шиа ба шарҳи зер аст:
- Издивоҷи ҷадиди мустабсир баъд аз истибсор (бо тавваҷуҳ ба адами анҷоми тавофи нисо) монеъе надорад ва саҳеҳ аст.[30]
- Ҳукми талоқи мустабсир: агар мустабсир қабл аз истибсор ҳамсарашро тибқи мазҳаби худ талоқ диҳад, дар сурате, ки ин талоқ аз назари шиа саҳеҳ набошад, ба фатвои Сайид Муҳсини Ҳаким (ваф.1390ҳ.қ.) талоқаш саҳеҳ нест ва метавонад пас аз истибсор, бидуни ақди ҷадид, ба он зан руҷуъ кунад,[31] аммо ба ақидаи Шайхи Тусӣ талоқаш саҳеҳ аст ва ҷудоӣ ҳосил мешавад.[32]
- Ҳукми назр, аҳд, қасам, вақф: агар назр, аҳд ва вақфе, ки мустабсир қабл аз истибсор анҷом додааст, тибқи мазҳаби имомия саҳеҳ набошад, амал ба он лозим нест, аммо агар тибқи мазҳаби имомия саҳеҳ бошад, лозим аст, ҳатто агар тибқи мазҳаби худаш ботил буда бошад.[33]
- Таъсири истибсор бар покӣ ё наҷосат: ба фатвои Соҳибҷавоҳир, агар мустабсир қабл аз истибсор чизи наҷасеро тибқи мазҳаби шиа шуста бошад, баъд аз истибсор, ниёз ба шустани дубора нест, вале агар мутобиқи мазҳаби худ ва мухолифи мазҳаби шиа шуста аст, «бино бар ақво» шустани дубораи он воҷиб аст.[34]
Мустабсирони машҳур
- Алӣ ибни Маҳзиёри Аҳвозӣ: аз ёрони наздики Имом Ҷавод (а) ва Имом Ҳодӣ (а) аст, ки дар ибтидо масеҳӣ буд ва сипас ба мазҳаби ташайюъ даромад.[35]
- Муҳаммад ибни Масъуди Айёшӣ: аз муфассирони шиъӣ дар қарни чаҳоруми қамарӣ ва нависандаи Тафсири Айёшӣ аст. Вай дар оғоз суннимазҳаб буд.[36]
- Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Саъди Давонӣ, маъруф ба Муҳаққиқи Давонӣ: ӯ файласуф ва мутакаллими қарни нуҳуми ҳиҷрӣ аст, ки дар ибтидо аз пайравони аҳли суннат буд ва баъд, шиа шуд. Ӯ дар китоби Нур-ул-ҳидоя ба ташайюъи худ тасреҳ кардааст.[37]
- Рафоъа ибни Мусо Наххос Асадии Куфӣ: аз асҳоб ва ровиёни Имом Содиқ (а) ва Имом Козим (а) буд. Ба ақидаи Шайхи Тусӣ, ӯ воқифимазҳаб буд[38] ва сипас шиа шуд.[39]
- Аҳмад ибни Довуд ибни Саиди Фазорӣ: Шайхи Тусӣ дар китоби риҷолии худ, ӯро дар шумори ёрони Имом Ҳодӣ (а) зикр кардааст.[40] Ӯ аз бузургони ҳадиси аҳли суннат буд ва сипас шиа шуд.[41]
- Ғиёсиддин Муҳаммади Худобанда, машҳур ба Улҷойту (ваф. 716ҳ.қ.): ӯ аз фармонравоёни силсилаи илхонони Эрон[42] ва нахустин касе буд, ки дар даврони ҳукуматаш ба мазҳаби шиа дар Эрон расмият дод.[43] Вай ибтидо масеҳӣ буд[44] ва сипас ба дини Будо даромад.[45] Каме баъд мазҳаби ҳанафӣ[46] ва сипас мазҳаби шофеӣро[47] ихтиёр кард. Саранҷом таҳти таъсири донишмандони шиа қарор гирифт ва мазҳаби шиаро баргузид.[48] Ба гуфтаи Шубайрии Занҷонӣ (тав.1306ҳ.ш.) - марҷаъи тақлиди шиа, ӯ то охири умр, бар мазҳаби имомия боқӣ монд.[49]
- Муҳаммад Маръо ал-Амин ал-Интокӣ (ваф. 1383ҳ.қ.): олими суннимазҳаби мисрӣ ва донишомӯхтаи ал-Азҳар ва дорои мақоми қозиюлқузот буд, ки мазҳаби шиаро интихоб кард.[50] Ӯ нависандаи китоби аш-Шиъа ва ҳуҷаҷуҳум фи-т-ташайюъ аст.[51]
- Сайид Муҳаммад Тиҷонии Самовӣ (тав.1936м.): ӯ олими тунисӣ ва нависандаи китоби Сумма иҳтадайту (Онгоҳ ҳидоят шудам) аст ва ибтидо моликимазҳаб буд[52] ва сипас мазҳаби шиаро баргузид.[53]
- Иброҳим Закзокӣ (тав.1332ҳ.ш.): раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия ибтидо моликимазҳаб буд ва пас аз дидор бо Имом Хумайнӣ шиа шуд.[54]
- Ҳасан Шаҳота (ваф. 1392ҳ.ш.): аз олимони ҳанафимазҳаби аҳли Миср буд, ки дар соли 1996 шиа шуд.[55]
- Эдуардо Ониелӣ (ваф.2000): аҳли Италия ва фарзанди яке аз сармоядорони маъруфи Италия буд. Ӯ таҳти таъсири Қуръон аз масеҳият ба мазҳаби шиа гаравид.[56]
Такнигорӣ
- Мавсуъатун мин ҳаёт-ил-мустабсирин, аз осори Марказ-ул-абҳос-ил-ақоидия аст, ки дар чордаҳ ҷилд ба муаррифии теъдоде аз мустабсирон аз кишварҳои мухталиф пардохтааст.[57]
- Баррасии илали гароиши мустабсирин ба ташайюъ дар панҷоҳ соли ахир, навиштаи Мирмуҳсини Нурмуҳаммадӣ, Қум, Дор-ул-кутуб-ит-таърихияти ноширун, чопи аввал, 1394ҳ.ш.
Эзоҳ
- ↑ Маръӣ, ал-Қомус-ул-фиқҳӣ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.191; Ғадирӣ, ал-Қомус-ул-ҷомеъ ли-л-мусталаҳот-ил-фиқҳийя, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.534; муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.411.
- ↑ «مصطلح المستبصر ومن هم المستبصرون ؟», вебгоҳи Мунтадаёту шиъатил-Ҳусайн ал-оламийя.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.444.
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.9.
- ↑ Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.460.
- ↑ Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.56.
- ↑ Барои намуна ниг.: Марказул-муъҷамил-фиқҳӣ, Ҳаёту Ибни Абиақил ва фиқҳуҳ, 1413ҳ.қ., саҳ.398. Рада
- ↑ Барои намуна ниг.: Иштиҳордӣ, Маҷмуъаи фатовои Ибни Ҷунайд, 1416ҳ.қ., саҳ.122.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.17, саҳ.475.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.19, саҳ.205.
- ↑ Марказул-муъҷамил-фиқҳӣ, Ҳаёту Ибни Абиақил ва фиқҳуҳ, 1413ҳ.қ., саҳ.398.
- ↑ Иштиҳордӣ, Маҷмуъаи фатовои Ибни Ҷунайд, 1416ҳ.қ., саҳ.122.
- ↑ Ниг.: Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.54; Шайхи Тусӣ, ал-Истибсор, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.145; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.429; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.139.
- ↑ Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.56; Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.460; Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.97; Шаҳиди Аввал, ал-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.243.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.307.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.450.
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.460; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.6 - 9; имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.314; Ваҳиди Хуросонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222.
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.56; Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.460; Қумӣ, ал-Ғоят-ул-қусво, ал-Мактабатул-Муртазавийя, ҷ.1, саҳ.377; имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.314.
- ↑ Оли Усфур, Садод-ул-ибод ва рашод-ул-уббод, 1421ҳ.қ., саҳ.200.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.404.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.305.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.303.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, маншуроти ал-Мактабатул-Муртазавийя, ҷ.1, саҳ.400.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1497ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.765; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.247; Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.129; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.127.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.127.
- ↑ Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.257.
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Баён, 1412ҳ.қ., саҳ.315.
- ↑ Мирзои Қумӣ, Ғаноим-ул-айём, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.162; Кошифулғито, Кашф-ул-ғитоъ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.508.
- ↑ Баҳронӣ, ар-Расоил-ул-Аҳмадийя, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.307.
- ↑ Ҳаким, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, 1416ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.524.
- ↑ Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.57.
- ↑ Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, ар-Расоил-ул-ашр, 1409ҳ.қ., саҳ.410; Кошифулғито, Кашф-ул-ғитоъ,1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.513.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.9.
- ↑ Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.825.
- ↑ Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, 1427ҳ.қ., саҳ.350.
- ↑ Қумӣ, ал-Куно ва-л-алқоб, 1368ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.230.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Ғайбат, 1425ҳ.қ., саҳ.71.
- ↑ Шабистарӣ, ал-Фоиқ фи рувот ва асҳоб-ил-Имом-ис-Содиқ (а), 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.567.
- ↑ Шайхи Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.426
- ↑ Ҳиллӣ, Китоб-ур-риҷол, 1383ҳ.ш., саҳ.27.
- ↑ Кошонӣ, Таърихи Улҷойту, 1348ҳ.ш., саҳ.28 - 29.
- ↑ Кошонӣ, Таърихи Улҷойту, 1348ҳ.ш., саҳ.99 - 101.
- ↑ Эшпилер, Таърихи муғул дар Эрон, 1351ҳ.ш., саҳ.195.
- ↑ Эшпилер, Таърихи муғул дар Эрон, 1351ҳ.ш., саҳ.195.
- ↑ Кошонӣ, Таърихи Улҷойту, 1348ҳ.ш., саҳ.96.
- ↑ Кошонӣ, Таърихи Улҷойту, 1348ҳ.ш., саҳ.96 - 99.
- ↑ Кошонӣ, Таърихи Улҷойту, 1348ҳ.ш., саҳ.99 - 101.
- ↑ Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.303.
- ↑ «علامه شیخ محمد و احمد امین انطاکی», вебгоҳи Раҳёфтаҳо.
- ↑ «علامه شیخ محمد و احمد امین انطاکی», вебгоҳи Раҳёфтаҳо.
- ↑ Тиҷонӣ, Сумма иҳтадайту, маншуроти Мадинатул-илм, саҳ.28 - 29.
- ↑ «مجموعه کتابهای دکتر محمد تیجانی», вебгоҳи Тибён.
- ↑ «گفتوگوی منتشر نشده با شیخ ابراهیم زکزاکی...», вебгоҳи Шамси Тус.
- ↑ «شیخ حسن شحاته», вебгоҳи Муассисаи таҳқиқот ва маорифи Аҳли Байт.
- ↑ Замонӣ, Ошноӣ бо истишроқ ва Исломшиносии ғарбиён, 1394ҳ.ш., саҳ.175; Зуҳрабандиён, زهره بندیان، «داستان زندگی شهید ادواردو آنیلی(۱)», вебгоҳи Раҳёфтаҳо.
- ↑ «موسوعة من حياة المستبصرين (ج 01) / الصفحات: ١ - ٢٠», вебгоҳи Марказул-абҳосил-ақоидийя.
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-л-матлаб фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, Машҳад, Остонаи ар-Разавийятул-муқаддаса, 1412ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Теҳрон, ал-Мактабатул-Муртазавийя, бе то.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя, Қум, муассисатул-Имомис-Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
- Аллома Шайх Муҳаммад ва Аҳмадамини Интокӣ”, вебгоҳи Раҳёфтаҳо, таърихи дарҷи матлаб: 17 шаҳривари 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 11 тири 1402ҳ.ш.
- Баҳронӣ, Аҳмад ибни Солеҳ, ар-Расоил-ул-Аҳмадийя, Қум, Дорул-Муустафо ли эҳёил-турос, 1419ҳ.қ.
- Баҳтавӣ, Мансур, ар-Равз-ул-мураббаъ шарҳу зод-ил-мустақниъ, Бейрут, нашри Дорул-муайяд, бе то.
- Ваҳиди Хуросонӣ, Ҳусайн, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, мадрасатул-Имом Боқирулъулум (а), 1428ҳ.қ.
- Ғадирӣ, Абдуллоҳ Исо Иброҳим, ал-Қомус-ул-ҷомеъ ли-л-мусталаҳот-ил-фиқҳийя, Бейрут, марказул-Инмоил-ҳазорӣ, 1418ҳ.қ.
- "Гуфтугӯи мунташирнашуда бо Шайх Иброҳим Закзокӣ - раҳбаре ки бо пайравӣ аз ӯ милионҳо африқоӣ шиа шуданд!", вебгоҳи Шамси Тус, таърихи дарҷи матлаб: 24 озари 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 11 тири 1402ҳ.ш.
- Замонӣ, Муҳаммадҳасан, Ошноӣ бо истишроқ ва Исломшиносии ғарбиён, Қум, нашри ал-Мустафо (с), 1394ҳ.ш.
- Зуҳрабандиён, Маҳшид, «Достони зиндагии шаҳид Эдуардо Ониелӣ (2) », вебгоҳи Раҳёфтаҳо, таърихи дарҷи матлаб: 26 баҳмани 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 12 тири 1402ҳ.ш.
- Ибни Идрис, Муҳаммад ибни Аҳмад, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатово, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ар-Расоил-ул-ашр, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ (раҳ), 1409ҳ.қ.
- Ибни Ҳамза, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Василаи ило найл-ил-фазилат, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ (раҳ), 1408ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрирул-васила, Теҳрон, муассисаи Танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1434ҳ.қ.
- Иштиҳордӣ, Алипаноҳ, Маҷмуъаи фатовои Ибни Ҷунайд, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1416ҳ.қ.
- Кашӣ, Муҳаммад ибни Умар, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол ал-маъруф би риҷол-ил-Кашшӣ, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1363ҳ.ш.
- Кошифулғито, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғитоъ ан мубҳамот-иш-шариъат-ил-ғарроъ, Қум, интишороти Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1422ҳ.қ.
- Кошонӣ, Абдуллоҳ ибни Алӣ, Таърихи Улҷойту, ба кӯшиши Маҳин Ҳанбалӣ, Теҳрон, 1348ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дорул-ҳадис, 1429ҳ.қ.
- Қумӣ, Шайх Аббос, ал-Куно ва-л-алқоб, Теҳрон, Мактабатул-Садр, 1368ҳ.ш.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Ғоят-ул-қусво фи тарҷимат ал-Урват-ил-вусқо, Теҳрон, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, бе то.
- "Мавсуъатун мин ҳаёт-ил-мустабсирин (ҷ.1) / ал-сафаҳот: 1 - 20”, вебгоҳи Марказул-абҳосил-ақоидийя, дидашуда дар 18 тири 1402ҳ.ш.
- Маркази мӯъҷами фиқҳӣ, Ҳаёту Ибни Абиақил ал-Уммонӣ ва фиқҳуҳ, Қум, Марказул-муъҷамил-фиқҳӣ лисамоҳат Оятуллоҳ ас-Сайид Муҳаммадризо ал-Мусавӣ ал-Гулпойгонӣ, 1413ҳ.қ.
- Маръӣ, Ҳусайн Абдуллоҳ, ал-Қомус-ул-фиқҳӣ, Бейрут, Дорул-Муҷтабо, 1413ҳ.қ.
- "Маҷмӯаи китобҳои доктор Муҳаммади Тиҷонӣ”, вебгоҳи Тибён, таърихи дарҷи матлаб: 6 обони 1389ҳ.ш., дидашуда дар 11 тири 1402ҳ.ш.
- Мирзои Қумӣ, Абулқосим ибни Муҳаммадҳасан, Ғаноим-ул-айём фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, интишороти Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1385ҳ.ш.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, Қум, муассисаи Сайидушшуҳадо (а), 1407ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, таҳқиқи Иброҳим Султонинасаб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Наҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1427ҳ.қ.
- Оли Усфур, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Садод-ул-ибод ва рашод-ул-уббод, Қум, китобфурушии Маҳаллотӣ, 1421ҳ.қ.
- Омулӣ, Муҳаммадтақӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо фи шарҳи-л-урват-ил-вусқо, Теҳрон, бено, 1380ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1408ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, мактабатул-Доварӣ, 1414ҳ.қ.
- Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи Дорул-тафсир, 1416ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Алӣ ибни Довуд, Китоб-ур-риҷол, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, 1383ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
- Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-Ислом тибқан лимазҳаби Аҳли-л-Байт (а), Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1423ҳ.қ.
- Шабистарӣ, Абдулҳусайн, ал-Фоиқ фи рувот ва асҳоб-ил-Имом-ис-Содиқ (а), Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1418ҳ.қ.
- "Шайх Ҳасан Шаҳота”, вебгоҳи муассисаи таҳқиқот ва маорифи Аҳли Байт, таърихи дарҷи матлаб: 2 тири 1394, таърихи боздид: 11 тири 1402ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат, тасҳеҳи Алӣ Аҳмад Носеҳ, Қум, муассисаи ал-Маъорифул-исломийя, 1425ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Истибсор фимо ухтулифа мин-ал-ахбор, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1363ҳ.ш.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомийя, Теҳрон, мактабатул-Муртазавийя, 1387ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Наҷаф, бено, 1381ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Баён, Қум, нашри Муҳаммад ал-Ҳасун, 1412ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Дурус-уш-шаръийя фи фиқҳ-ил-имомийя, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Шубайрии Занҷонӣ, Сайидмусо, Ҷуръае аз дарё, Қум, муассисаи Китобшиносӣ, 1389ҳ.ш.
- Эшпулер, Бертулд, Таърихи муғул дар Эрон, ба кӯшиши Маҳмуд Мирофтоб, Теҳрон, 1351ҳ.ш.