Рӯзаи висол
Рӯзаи висол (форсӣ: روزه وِصال) рӯзаест ки ба муддати як шабонарӯз (аз азони субҳ то саҳари рӯзи баъдӣ) ё ду рӯзи пайдарпай (аз азони субҳ то ғуруби рӯзи баъдӣ) идома меёбад, бидуни он ки дар ин миён ифтор шавад.[1] Бар асоси фатвои фақиҳони шиа, рӯзаи висол аз навъҳои рӯзаи ҳаром шумурда мешавад.[2] Мустанди ин ҳукм, ояти 187 сураи Бақара дар бораи муддати рӯза гирифтан,[3] ривоятҳо ва иҷмоъи фақеҳон аст.[4]
| “ | Бихӯред ва биошомед то риштаи сафеди бомдод аз риштаи сиёҳи [шаб] бар шумо намудор шавад; сипас рӯзаро то [фаро расидани] шаб ба итмом расонед.[5] |
” |
Бар асоси фатвои бархе мароҷеъ, дар сурате ки шахсе ноогоҳона ду рӯзи пай дар пай рӯза бигирад, танҳо рӯзаи рӯзи аввалаш саҳеҳ хоҳад буд.[6] Ба гуфтаи мароҷеи тақлид, агар касе дар шаб ифтор накунад, вале қасди рӯза надошта бошад, рӯзаи висол нахоҳад буд.[7]
Шореҳони ҳадис аз аҳли суннат чун Маҳмуд Субкӣ тасреҳ кардаанд, ки аҳли суннат дар ин замина се назар ироа кардаанд: ҳароми мутлақ, ҳаром ба шарти душворӣ доштан ва макруҳ.[8]
Ба гуфтаи фақеҳоне чун Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва Шотибӣ аз фақеҳони мазҳаби моликӣ, ин навъи рӯза барои Пайғамбар (с) ҷоиз будааст ва аз хасоисуннабӣ шумурда мешавад.[9]
Танҳо рӯзае ки дар Таврот ба он ишора шудааст, рӯзаи рӯзи Кайпур аст, ки яҳудиён дар ин рӯз, аз ғуруби офтоб то ғуруби офтоби рӯзи баъдӣ ба муддати 25 соат рӯза мегиранд.[11]
Ҷустори вобаста
Эзоҳ
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.662
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.283
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариа, 1426ҳ.қ., саҳ.337
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.126
- ↑ Сураи Бақара, ояти 187
- ↑ «حکم روزه وصال», пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.304
- ↑ Субкӣ, ад-Дин-ул-холис, 1397ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.398; Басом, Тайсир-ул-аллом, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.337
- ↑ Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.215; Шотибӣ, ал-Иғтисом, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.333
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.521
- ↑ Обоӣ, «تعنیت یا روزه در آیین یهود», вебгоҳи Анҷумани Калимиёни Теҳрон
Сарчашма
- Басом, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон, Тайсир-ул-аллом шарҳу умдат-ул-аҳком, Миср, Мактабат-ут-тобеин, чопи даҳум, 1426ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи дуюм, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Обоӣ, Ораш, «تعنیت یا روزه در آیین یهود», вебгоҳи Анҷумани Калимиёни Теҳрон, санаи нашр: озари 1381ҳ.ш., санаи боздид: 29 дайи 1401ҳ.ш.
- Субкӣ, Маҳмуд Муҳаммад Хатоб, ад-Дин-ул-холис ав иршод-ил-халқ ило дин-ил-ҳақ, беҷо, Мактабат-ул-маҳмудият-ис-субкия, чопи чорум, 1397ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадказим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Дафтари нашри исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариа фи шарҳи Таҳрир-ул-васила ас-савм ва-л-эътикоф, Қум, Маркази фиқҳи аиммаи атҳор (а), чопи аввал, 1426ҳ.қ.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Наҷфи Ашраф, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи дуюм, 1390ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, таҳқиқи Беҳбудӣ, Муҳаммадбоқир, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия лиэҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
- Шотибӣ, Иброҳим ибни Мӯсо, ал-Иғтисом, Арабистони Саудӣ, Дор Ибн ал-Ҷавзӣ ли-н-нашр ва-т-тавзиъ, чопи аввал, 1429ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Бейрут, Муассисату Ол-ил-байт лиэҳё-ит-турос, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- «حکم روزه وصال», пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 26 дайи 1401ҳ.ш.