Набши қабр
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
Набши қабр (форсӣ: نبش قبر) ба маънои шикофтан ё вайрон кардани қабр ба гунае аст, ки боиси ошкор шудани ҷасади инсон шавад. Бар асоси фатвои фақеҳони шиа ва суннӣ, набши қабри мусулмонон, пеш аз нобуд шудани бадани мурда, ҳаром аст ва танҳо дар сурате ҷоиз шумурда мешавад, ки зарурати шаръӣ вуҷуд дошта бошад; монанди мавридҳое, ки майит дар маконе дафн шудааст, ки ба ӯ беэҳтиромӣ мешавад ё дар маърази осеб қарор дорад. Ҳамчунин, дар мавридҳое, ки ҳаққуннос матраҳ бошад, монанди дафни бадани майит дар замини ғасбӣ, ки дар ин маворид набши қабр ҷоиз шумурда шудааст.
Таъриф
Набши қабр ба маънои шикофтани қабр аст, ба гунае ки ҷасади майит ошкор шавад.[1] Вожаи «набш» миёни ду маънои муштарак аст: яке ошкор кардани амри пӯшида ва дигаре ба маънои берун овардани чизе.[2] Аммо фақеҳон таъкид мекунанд, ки истилоҳи фиқҳии «набши қабр», сирфан ба маънои ошкор кардани ҷасади майит аст. Бинобар ин, ҳамин ки рӯи қабрро боз кунанд, ба шакле ки ҷасад ошкор шавад, дар фиқҳ, набши қабр шумурда мешавад; ҳарчанд ҷасадро аз он хориҷ накунанд.[3]
Ҳукми фиқҳӣ

Аз назари фақеҳони шиа, набши қабри мусалмон ҳаром аст; вале набши қабри мусалмоне, ки баданаш дар гузари замон аз байн рафта ва устухонҳояш ба хок табдил шудаанд, чун боиси ҳатки ҳурмат нашавад, ҷоиз аст. Албатта набши қабри имомзодаҳо ва шаҳидон ва уламо, ҳатто пас аз гузашти солҳо, ҳаром аст.[4]
Фақеҳон аз ривоятҳое ки муҳтарам будани ҷасади муъминро ҳамсанги инсони зинда баршумурдааст, чунин бардошт кардаанд, ки ҳатки ҳурмат далели ҳаром будани набши қабр аст.[5] Дар ин миён, Аллома Ҳиллӣ набши қабрро аз ин ҷиҳат ҳаром медонад, ки боиси мусла шудан мешавад[6] Албатта Шаҳиди Аввал ва Муҳаққиқ Каракӣ сухани ӯро напазируфтаанд.[7]
Фақеҳони аҳли суннат низ набши қабрро ҳаром медонанд, магар он ки зарурати шаръӣ барои набши қабр вуҷуд дошта бошад;[8] монанди ҷое ки масъалаи ҳаққуннос дар миён бошад; масалан, моле ки мутааллиқ ба дигарон аст, ҳамроҳ бо майит дафн шуда бошад.[9]
Мавридҳои ҷоиз будани набши қабр
Фақеҳони шиа дар шароити хосе набши қабрро ҷоиз медонанд, аз ҷумла:
- Майит дар ҷое дафн шуда бошад, ки ба ӯ беэҳтиромӣ шавад ё дар маърази осеб бошад[10] ё ин ки қисмате аз бадани майит бо ӯ дафн нашуда бошад ва бихоҳанд онро дафн кунанд.[11]
- Маҳалли дафн, ғасбӣ бошад ё ашёи ғасбӣ бо майит дафн шуда бошад ё амволе ки ба ворисонаш мутааллиқ аст, бо ӯ дафн шуда бошад.[12]
- Барои собит кардани ҳаққе, лозим бошад бадани майитро бубинанд ё бихоҳанд коре анҷом диҳанд, ки аҳамияти шаръии он аз шикофтани қабр бештар аст;[13] мисли ин ки бихоҳанд кӯдаки зиндаро аз шиками зани ҳомила берун оваранд.[14]
- Аз назари бархе аз мароҷеъ, агар майит васият карда бошад, ки ҷасади ӯро дар ҳарами имомон дафн кунанд, вале ӯро дар ҷои дигар дафн карда бошанд, воҷиб аст қабри ӯро набш кунанд ва баданашро интиқол диҳанд; албатта ба шарте ки боиси ҳатки ҳурматаш нашавад ва фасоди дигаре надошта бошад.[15]
Шоистаи зикр аст, ки назари фақеҳони шиа дар бораи шароити хоссе ки марбут ба мавридҳои ҷоиз будани набши қабр аст, тафовутҳои ҷузъӣ доранд.[16]
Бархе мавридҳои таърихии набши қабр
Дар манобеи таърихӣ, мавридҳое аз набши қабр зикр шудааст, ки гоҳе ба қасди ҳатки ҳурмат ва гоҳ барои интиқоли ҷасад ба маконҳои динӣ будааст. Ҳамчунин гоҳе барои ҷилавгирӣ аз набши қабр ва беҳурматӣ, қабрро махфӣ нигаҳ медоштанд. Барои мисол, махфӣ кардани қабри имом Алӣ (а)-ро ба далели ҷилавгирӣ аз набши қабр ва беҳурматӣ тавассути Бани Умайя ва Хавориҷ донистаанд.[17] Аз мавридҳои иқдом ба набши қабри бузургони шиа, набши қабри Зайд ибни Алӣ дар сол 122 ҳиҷрӣ, [18] ва талоши номуваффақи Иброҳим Дизаҷ барои набши қабри имом Ҳусайн (а) ба дастури Мутаваккили Аббосӣ дар соли 236 ҳиҷрӣ[19] ва шикофтани қабри имом Мӯсои Козим (а) дар соли 433 ҳиҷрӣ[20] аст.
Ба гуфтаи муаррихон, Абдуллоҳ ибни Алӣ Аббосӣ ҳокими Димишқ низ дар соли 132 ҳиҷрӣ дастури набши қабри Муовия ибни Абусуфён, Язид ибни Муовия, Абдулмалик ибни Марвон ва Ҳишом ибни Абдулмаликро содир кард ва боқимондаҳои ҷасади онҳоро ба оташ кашид.[21]
Дар садаи чордаҳум шамсӣ, қабри Ҳуҷр ибни Адӣ ба дасти гурӯҳе аз ваҳҳобиҳо ба номи Ҷабҳат-ун-нусра набш шуд.[22] Интиқоли ҷанозаи Мирзо Тақихон Амири Кабир аз Кошон ба Карбало аз мавридҳои набши қабр барои интиқоли ҷасад ба ҳарами имомон ё имомзодаҳо аст.[23] Масъалаи амонатгузории бадани майит барои он ки баъдан дар ҷои дигар дафн шавад низ марбут ба набши қабр аст. Барои мисол, ҷанозаи Сайид Ҳодӣ Хусравшоҳӣ, ки ба сурати амонат дар қабристони Биҳишти Маъсумаи шаҳри Қум дафн шуда буд, пас аз гузашти се сол, ба китобхонаи ӯ дар минтақаи Пардисони Қум интиқол дода шуд.[24] Ҳамчунин ҷасади Алии Шариатӣ дар қабристоне дар Сурия ба амонат дафн шудааст, то баъдан ба Эрон мунтақил шавад.[25]
Эзоҳ
- ↑ Хумайнӣ, Тарҷумаи Таҳрир-ул-васила, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.105
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зери вожаи «набш»
- ↑ Манофӣ, «Набши қабр», саҳ.130–131
- ↑ Систонӣ, احکام دفن, масалаи 630 ва 631; Нурӣ Ҳамадонӣ, احکام نبش قبر, масалаи 642 ва 643; Шубайрӣ Занҷонӣ, احکام نبش قبر, масалаи 733 ва 734
- ↑ Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.102, нақл аз: Манофӣ, «Набши қабр», саҳ.137
- ↑ Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.102, нақл аз: Манофӣ, «Набши қабр», саҳ.133
- ↑ ал-Баён, саҳ.80, нақл аз: Манофӣ, «Набши қабр», саҳ.135
- ↑ «حکم نبش قبر از دیدگاه مذاهب اربعه اهل سنت», Хабаргузории Расо
- ↑ «بررسی حرمت نبش قبر در نگاه فقهای بزرگ مذاهب اسلامی», Пойгоҳи тахассусии ваҳҳобиятпажӯҳӣ
- ↑ Мунтазирӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, масалаи 676
- ↑ Систонӣ, رساله توضیحالمسائل، نبش قبر, масалаи 853
- ↑ Мунтазирӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, масалаи 676
- ↑ Мунтазирӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, масалаи 676
- ↑ Макорими Шерозӣ, رساله توضیحالمسائل، احکام نبش قبر, масалаи 599
- ↑ Систонӣ, توضیحالمسائل، نبش قبر, масалаи 853
- ↑ Ниг.: Макорими Шерозӣ, رساله توضیحالمسائل، احکام نبش قبر, масалаи 599; Систонӣ, رساله توضیحالمسائل، نبش قبر, масалаи 853; Ваҳиди Хуросонӣ, رساله توضیحالمسائل، موارد نبش قبر, масалаи 649; Нурӣ Ҳамадонӣ, رساله توضیحالمسائل، احکام نبش قبر, масалаи 642 ва 643; Шубайрӣ Занҷонӣ, رساله توضیحالمسائل، احکام نبش قبر, масалаи 733 ва 734
- ↑ Мақдисӣ, Бозпажӯҳии таърихи вилодат ва шаҳодати маъсумон (а), 1391ҳ.ш., саҳ.239
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м, ҷ.7, саҳ.187
- ↑ Тӯсӣ, Амолӣ, 1414қ, саҳ.326
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил фи-т-таърих, 1965м, ҷ.9, саҳ.577
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил фи-т-таърих, 1965м, ҷ.5, саҳ.430; Абулфидо, Таърихи Абулфидо, 1997м, ҷ.1, саҳ.294
- ↑ «نبش قبر صحابی امیرالمومنین توسط تروریستها درسوریه», сайти Ҳамшаҳрӣ; «نبش قبر «حجر بن عدی» در سوریه», сайти Тобнок
- ↑ Хурмуҷӣ, Ҳақоиқ-ул-ахбори носирӣ, 1344ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.105
- ↑ پیکر آیتالله خسروشاهی پس از سه سال به محل وصیت منتقل شد, Хабаргузории ИКНА
- ↑ «احسان شریعتی: پیکر پدرم، مومیایی و برای زمان موقت در سوریه دفن شد», сайти Хабаронлайн
Сарчашма
- Абулфидо, Исмоил ибни Алӣ, Таърихи Абулфидо, ҷ.1, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1997м / 1417ҳ.қ.
- Ваҳиди Хуросонӣ, Ҳусайн, رساله توضیحالمسائل، موارد نبش قبر, сайти дафтари Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ, санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-таърих, ҷ.5, Бейрут, Дор-ус-содир, 1385ҳ.қ. / 1965м.
- Ибни Манзур, Муҳаммад Ҷамолуддин, Лисон-ул-араб, ҷ.6, Бейрут, Дор-ус-содир, чопи сеюм, 1994м.
- Макорими Шерозӣ, Носир, رساله توضیحالمسائل، احکام نبش قبر, сайти дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- Манофӣ, Сайид Ҳусайн, «Набши қабр», Пажӯҳаҳои фиқҳӣ то иҷтиҳод, №10, баҳори 1393ҳ.ш.
- Мақдисӣ, Ядуллоҳ, Бозпажӯҳии таърихи вилодат ва шаҳодати маъсумон (а), Қум, Пажӯҳишгоҳи улуми фарҳанги исломӣ, 1391ҳ.ш.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Теҳрон, Интишороти Сароӣ, 1381ҳ.ш.
- Нурӣ Ҳамадонӣ, Ҳусейн, رساله توضیحالمسائل، احکام نبش قبر, сайти дафтари Оятуллоҳ Нурӣ Ҳамадонӣ, санаи дарҷ: 30 мурдоди 1398ҳ.ш., санаи боздид: 19 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- Систонӣ, Сайид Алӣ, رساله توضیحالمسائل، احکام نبش قبر, сайти дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, ҷ.7, Бейрут, Равоеъ-ут-турос-ил-арабӣ, 1387ҳ.қ. / 1967м.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, 1414ҳ.қ.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тарҷумаи Таҳрир-ул-васила, бо тарҷумаи Муассисаи Танзим ва Нашри Осори Имом Хумайнӣ (р), чопи аввал, 1385ҳ.ш.
- Хурмуҷӣ, Муҳаммадҷаъфар, Ҳақоиқ-ул-ахбори носирӣ, Теҳрон, Интишороти Китоби Заввор, 1344ҳ.ш.
- Шубайрӣ Занҷонӣ, Сайид Мӯсо, رساله توضیحالمسائل آیتالله شبیری زنجانی, сайти дафтари Оятуллоҳ Шубайрӣ Занҷонӣ, санаи боздид: 19 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Олилбайт, 1414ҳ.қ.
- پیکر آیتالله خسروشاهی پس از سه سال به محل وصیت منتقل شد, Хабаргузории ИКНА, санаи нашр: 9 исфанди 1401ҳ.ш.
- «حکم نبش قبر از دیدگاه مذاهب اربعه اهل سنت», Хабаргузории Расо. санаи дарҷ: 15 шаҳривари 1396ҳ.ш., санаи боздид: 17 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «بررسی حرمت نبش قبر در نگاه فقهای بزرگ مذاهب اسلامی», Пойгоҳи тахассусии ваҳҳобиятпажӯҳӣ. санаи дарҷ: 1 шаҳривари 1393ҳ.ш., санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «نبش قبر صحابی امیرالمومنین توسط تروریستها درسوریه», сайти Ҳамшаҳрӣ, санаи дарҷ: 12 урдибиҳишти 1392ҳ.ш., санаи боздид: 19 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «احسان شریعتی: پیکر پدرم، مومیایی و برای زمان موقت در سوریه دفن شد», сайти Хабаронлайн, санаи дарҷ: 30 хурдоди 1397ҳ.ш., санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «نبش قبر «حجر بن عدی» در سوریه», сайти Тобнок, санаи дарҷ: 12 урдибиҳишти 1392ҳ.ш., санаи боздид: 19 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.