Рӯзаи сукут
Рӯзаи сукут (форсӣ: روزه سکوت) ё рӯзаи самт амале аст, ки дар он, инсон ба қасди тақарруб ба Худованд ва бо нияти рӯза, қисме аз рӯз ё тамоми онро сухан намегӯяд. Аз назари фақеҳони шиа ва аҳли суннат рӯзаи сукут ҳаром аст. Албатта, агар шахс бидуни нияти рӯза сукут ихтиёр кунад, ҳарчанд тамоми рӯзро фаро гирад, ҳаром нест. Мегӯянд рӯзаи сукут дар миёни Банӣ Исроил роиҷ будааст, аммо дар Ислом насх шудааст.
Мафҳум ва пешинаи рӯзаи сукут
Рӯзаи сукут амале номида мешавад, ки инсон бо қасди тақарруб ба Худо ва бо нияти рӯза, аз оғози субҳ то шаб ё қисме аз рӯзро сухан намегӯяд.[1] Фақиҳони шиа дар бораи ҳукми рӯзаи сукут ва низ сукути бидуни нияти рӯза дар тӯли рӯз баҳс кардаанд.[2] Мулломаҳдии Нароқӣ дар китоби Тазкират-ул-аҳбоб чаҳорумин навъи рӯзаи ҳаромро рӯзаи самт донистааст ва онро рӯзае шумурдааст, ки рӯзадор илова бар нияти рӯза, ният мекунад ки то шаб сухан нагӯяд. Ӯ гуфтааст, ки ба назари уламои машҳур ин амал ҳаром ва рӯза низ ботил аст. [3] Алома Маҷлисӣ аз муҳаддисони шиа (ваф.1110ҳ.қ.) бар ин назар аст, ки рӯзаи сукут дар Банӣ Исроил ҷоиз буд ва яке аз шартҳои риёзат миёни обидони Банӣ Исроил ба шумор мерафт; вале дар Ислом насх шудааст.[4] Баъзеҳо низ аз ояти 26 сураи Марям истифода кардаанд, ки рӯзаи сукут назди Банӣ Исроил машрӯъ будааст; аммо Ислом онро манъ кардааст.[5]
Дар баъзе ривоятҳо, аз рӯзаи сукут бо вожаи «замм» ёд шудааст.[6] «Замм» лаҷоме буд, ки барои ҳидояти шутур истифода мешуд ва обидони Банӣ Исроил чизе шабеҳи онро дар даҳон мегузоштанд, то дар тӯли рӯз сухан нагӯянд.[7]
Ҳаром будани рӯзаи сукут
Рӯзаи сукут ҳам дар фиқҳи шиа[8] ва ҳам дар фиқҳи аҳли суннат[9] ҳаром шумурда шудааст.
Дидгоҳи шиа
Фақеҳони шиа рӯзаи сукутро дар радифи рӯзаҳои ҳаром қарор додаанд.[10] Далели ҳаром будани рӯзаи сукутро ривоятҳои зиёде донистаанд, ки аз Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а) дар мазаммати ин амал ворид шудаанд.[11] Фозили Ланкаронӣ (ваф.1386ҳ.ш.) аз фақеҳони шиа, муътақид аст аъмоле, ки бар рӯзадор воҷиб ё ҳаром мебошанд, дар шариати исломӣ муайян шудаанд ва сукут аз ҷумлаи он аъмол нест. Пас анҷоми он бидъат ва ҳаром аст.[12]
Фақеҳон сукут бе нияти рӯза, ҳарчанд тамоми рӯзро фаро гирад, бемонеа медонанд.[13]
Дидгоҳи аҳли суннат
Фақеҳони аҳли суннат бо нақли ривоятҳо дар ин замина аз Пайғамбар (с), рӯзаи сукутро ҳаром донистаанд.[14] Барои намуна, Абуҳанифа (ваф.150ҳ.қ.), имоми ҳанафиёни аҳли суннат,[15] Замахшарӣ (ваф.538ҳ.қ.), аз муфассирони аҳли суннат,[16] ва Ибни Қудома (ваф.620ҳ.қ.)[17] аз ҷумлаи уламо ҳастанд, ки ба ҳаром будани рӯзаи сукут ишора кардаанд.
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.555
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.555
- ↑ Нароқӣ, Тазкират-ул-аҳбоб, 1383ҳ.ш., саҳ.103
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.68, саҳ.404
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маъорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), зери вожаи "рӯзаи сукут"
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.524
- ↑ Шайх Садуқ, Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.138
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.79
- ↑ Барои намуна ниг.: Исфаҳонӣ, Муснади Абуҳанифа, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.192
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1421ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.125
- ↑ Зеҳнӣ Теҳронӣ, ал-Мабоҳис-ул-фиқҳия, 1366ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.260
- ↑ Фозил Муваҳҳидии Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариъа, 1426ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.336
- ↑ Ниг.: Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.555
- ↑ Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.76
- ↑ Исфаҳонӣ, Муснади Абуҳанифа, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.192
- ↑ Замахшарӣ, Ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.16
- ↑ Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.76
Сарчашма
- Қуръон.
- Замахшарӣ, Маҳмуд, Ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғовомиз-ит-танзил ва уюн-ул-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
- Зеҳнӣ Теҳронӣ, Муҳаммадҷавод, ал-Мабоҳис-ул-фиқҳия фи шарҳи Равзат-ул-баҳия, Қум, Виҷдонӣ, 1366ҳ.ш.
- Ибни Қудома, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ал-Муғни фи фиқҳ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1405ҳ.қ.
- Исфаҳонӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Муснади Абуҳанифа, таҳқиқ: Назармуҳаммад Форёбӣ, Риёз, Мактабаи Кавсар, 1415ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, таҳқиқ: гурӯҳе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Муассисаи Доират-ул-маъорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи Доират-ул-маъорифи Фиқҳи Исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1382ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, таҳқиқ: Ҷаъфар Ҳаллӣ, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Фозил Муваҳҳидии Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариъа (Савм), Қум, Маркази фиқҳи аиммаи атҳор (а), 1426ҳ.қ.
- Хумайнӣ, Сайид Руҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ: Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Дафтари Нашри исломии вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Хисол, таҳқиқ: Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеаи Мударрисин, 1362ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад, Васоил-уш-шиа, таҳқиқ: Муассисаи Оли ал-Байт (а), Қум, Муассисаи Оли ал-Байт (а), 1409ҳ.қ.