Маваддати Аҳли Байт(а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Маваддати Аҳли Байт (а))

Ин мақола дар бораи маваддати Аҳли Байт (а) аст. Барои ошноӣ бо ояте бо ҳамин ном Ояти Маваддатро бибинед.

Ояи Маваддат бар зариҳи Имом Ҳусайн (а)

Маваддати Аҳли Байт (а), ба маънои дӯст доштани Аҳли Байти Пайғамбар, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аст, ки бар асоси ояти 23 сураи Шӯро аҷри рисолати Пайғамбар (с) қарор дода шудааст. Бар асоси ривояте, ки шиаён ва аҳли суннат аз Пайғамбар (с) нақл кардаанд, муҳаббати Аҳли Байти асоси Ислом аст. Ба гуфтаи Сайид Муҳаммади Тиҷонӣ мусулмонҳо бар фарз будани маваддати Аҳли Байт иттифоқи назар доранд; аз ин рӯ, онро як сабаби муносибе барои ваҳдати мусулмонҳо муаррифӣ кардаанд. Бархе муҳаққиқон мӯътақиданд, фалсафаи фарз шудани маваддати Аҳли Байт, итоат аз онҳо будааст.

Дар ривоёт барои муҳаббати Аҳли Байт (а) осори дунявӣ ва ухравии зиёде зикр шудааст. Дастёбӣ ба шафоати Аҳли Байт, қабулии аъмол, суботқадамӣ бар пули сирот аз осори ухравӣ ва тавбаи пеш аз марг, тамаъ надоштан ба моли мардум ва ҷорӣ шудани ҳикмат бар забон аз осори дунёии маваддати он дониста шудааст. Бар асоси бархе аҳодис дӯст доштани Аҳли Байт нишонаи ҳалолзодагӣ ва дӯстӣ бо душманони онҳо, нишонаи надоштани муҳаббати воқеӣ ба Аҳли Байт муаррифӣ шудааст.

Муҳаммад Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, азодорӣ барои Аҳли Байтро яке аз роҳҳои изҳори муҳаббат ба Аҳли Байт донистааст; чунон ки зиёрати қубури аимма (а), шодӣ дар маросими сурури онҳо ва номгузории фарзандон ба номи Аҳли Байтро аз роҳҳои дигари ибрози муҳаббат муаррифӣ кардаанд. Бархе аз муҳаққиқон роҳкорҳоеро барои эҷоди муҳаббати Аҳли Байт зикр кардаанд, ки зикр кардани фазоил ва фарҳанги Аҳли Байт ва баргузории ҳайъатҳои мазҳабӣ аз ҷумлаи онҳост.

Бархе афрод бо истинод ба ривоятҳое муҳаббат доштан ба Аҳли Байтро барои расидан ба саодати ухравӣ кофӣ дониста, мӯътақиданд, бо доштани чунин муҳаббате, анҷоми гуноҳон ба охирати онҳо зараре намерасонад. Аммо уламои шиа чунин ибоҳагариро нақд карда, барои ин аҳодис маънои дигаре баён кардаанд; масалан гуфтаанд ин ҳадисҳо марбут ба гуноҳоне аст, ки аз рӯи ғафлат анҷом шудааст ва ба гуноҳоне, ки амдан анҷом шудааст, иртиботе надорад.

Дар мавзӯи муҳаббати Аҳли Байт, китобҳои мухталифе навишта шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба «Ҳуббу Аҳл-ил-Байт фи-л-китоби ва-с-суннат» ба қалами Муҳаммадтақӣ Ассайид Юсуф Алҳаким ва «Қуръон ва муҳаббати Аҳли Байт (а)» навиштаи Алиризо Азимифар ишора кард.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Маваддати Аҳли Байт истилоҳе, баргирифта аз ояти 23 сураи Шӯро, ба маънои дӯст доштани Аҳли Байти Пайғамбар (с) аст, ки бар асоси ин оят, маваддати Аҳли Байт ба унвони аҷри рисолати Пайғамбар муаррифӣ шудааст.[1] Маваддатро муҳаббат[2] ва тавалло[3] ё мартабаи болотаре аз муҳаббат[4] ва шохае аз муҳаббат ба Худо донистаанд.[5] дар зиёрати Ҷомеъаи кабира дӯст доштани Аҳли Байт, ҳамон дӯст доштани Худо[6] ва дар аҳодисе, ки шиаву суннӣ аз Пайғамбар нақл кардаанд, муҳаббати Аҳли Байт, асоси Ислом дониста шудааст.[7] Дар ривояте аз Имом Боқир, ҳубби Аҳли Байт, ҳамон имон ва душманӣ бо онҳо, куфр дониста шудааст.[8] Ба гуфтаи Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ аз олимони қарни 14 ҳиҷрии шамсӣ, муҳаббати Аҳли Байт ба далели робитаи хешовандии онон бо Пайғамбар лозим нашудааст, балки муҳаббати онҳо ба ин далел лозим аст, ки онҳо дар авҷи бандагии Худо қарор доранд.[9]

Аз Шофеӣ, аз фуқаҳои чаҳоргонаи аҳли суннат, нақл шудааст:

إنْ كانَ رَفْضاً حُبُّ آلِ مُحَمَّد

فَلْيَشْهَد الثََقلان أنّى رافِضی[10]

Агар ҳубби Оли Муҳаммад, рафз аст, пас ҷину инс шаҳодат диҳанд, ки ман ҳам рофизӣ ҳастам.

Таъзими шаъоир

Муҳаммад Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, ҳадиспажӯҳи шиа, азодорӣ барои Аҳли Байтро аз роҳҳои изҳори муҳаббат ба онон ва аз муҳимтарин мисдоқҳои таъзими шаъоъир донистааст.[11] Ҳамчунин зиёрати қубури аимма (а)[12] шодӣ дар маросими сурури онҳо[13], зикри фазоили Аҳли Байт[14] ва номгузории фарзандон ба номи Аҳли Байт аз роҳҳои изҳори муҳаббат ба онон дониста шудааст.[15]

Фарз будани маваддати Аҳли Байт

Бархе муҳаққиқон маваддатро аз ҳуқуқи Аҳли Байт бар мусулмонон[16], аз ақоиди муштараки мусулмонон[17] ва омили муносибе барои ваҳдати мусулмонҳо баён кардаанд.[18]

Ба гуфтаи Сайид Муҳаммади Тиҷонӣ, исломпажӯҳ ва мустабсири аҳли Тунис, мусулмонҳо бар воҷиб будани маваддати Аҳли Байт иттифоқи назар доранд.[19]

Шамсиддини Заҳабӣ аз олимони аҳли суннат низ ҳар гуна шакку шубҳаеро дар фарз будан ин маваддат мардуд донистааст.[20]

Фахри Розӣ аз муффасирони аҳли суннат бо ин истидлол, ки Пайғамбар (с), Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайнро дӯст медошт ва пайравӣ кардан аз Пайғамбар бар ҳамаи уммати исломӣ фарз аст, муҳаббати Аҳли Байтро фарз медонад.[21]

Аллома Ҳиллӣ фақеҳ ва мутакаллими шиа дар қарни ҳаштум, бо ин истидлол, ки «мухолифат кардан бо Имом Алӣ (а), бо маваддати доштан ба ӯ мунофот дорад, дар ҳоле ки маваддати Имом Алӣ (а) фарз ва маваддати халифаҳои дигар фарз набудааст», бар имомати Имом Алӣ (а) ва ҳаққонияти мазҳаби шиа истидлол кардааст.[22]

Аз Шофеӣ нақл шудааст:

(یا أهلَ بیتِ رسولِ الله حُبُّکُم)

(فَرضٌ مِنَ الله فِی القرآنِ أنزَلَهُ)[23]

Эй хонадони Расули Аллоҳ, муҳаббати шумо, аз тарафи Худованд фарз ва дар Қуръон нозил шудааст.

Фалсафаи фарз будан

Аллома Таботабоӣ нависандаи тафсири ал-Мизон мӯътақид аст, фалсафаи фарз шудани маваддати Аҳли Байт, марҷаъияти илмии онон будааст, то мусулмонҳо ба хотири муҳаббаташон ба Аҳли Байт, дар масоили илмӣ ба онҳо муроҷиа кунанд; ба ҳамин далел ӯ маваддати Аҳли Байтро зомини бақои дин муаррифӣ мекунад.[24]

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин маваддатро пуштивонае барои итоат аз Аҳли Байт дониста, мӯътақид аст бо ибрози маваддат, эътиқоди афрод ба вилояти Аҳли Байт ҳифз мешавад.[25]

Ҳамчунин Алӣ Раббонии Гулпойгонӣ, аз устодони илми калом дар ҳавзаи илмияи Қум бар ин бовар аст, ки фалсафаи фарз шудани ин маваддат, итоат аз Аҳли Байт аст ва маваддати ҳақиқӣ танҳо бо пайравӣ аз онон ҳосил мешавад.[26] Ба гуфтаи Ҷавод Муҳаддисӣ аз нависандагони ҳавзаи илмияи Қум, ба ҳар андозае ки муҳаббат бештар бошад, пайравӣ аз онҳо ҳам бештар хоҳад шуд.[27]

Осор

Пажӯҳишгарон, маваддати Аҳли Байтро сабабе барои ҳаракат ба сӯи камоли мутлақ,[28] омиле барои пайванди қалбии муҳибони Аҳли Байт (а) ба якдигар[29] ва мояи низому якпорчагии дин донистаанд.[30] Тибқи ҳадисе аз Имом Алӣ (а) ки Абунаими Исфаҳонӣ ва Убайдуллоҳи Ҳасконӣ (аз олимони аҳли суннат дар қарни 5 ҳиҷрӣ) нақл кардаанд, ки танҳо мӯъминон маваддати Аҳли Байтро муроот мекунанд.[31]

Осори ухравӣ

Бар асоси ривояте аз Пайғамбар (с) фоидаи дӯст доштани ӯ ва Аҳли Байт дар ҳафт ҷо ошкор мешавад: 1. Ҳангоми марг 2. Дар қабр 3. Вақти қиёмат 4. Ҳангоми гирифтани номаи аъмол 5. Вақти муҳосибаи аъмол 6. Канори мизон 7. Дар гузаштан аз пули сирот.[32]

Бар асоси ривояти дигаре, ки аҳли суннат нақл кардаанд, касе ки бо дӯстии Аҳли Байти бимирад, ҳамонанди шаҳид, бахшида шуда ва бо имони комил мемирад ва дар ҳангоми марг, биҳишт ба ӯ башорат дода шуда, дар қабраш ду дар ба сӯи биҳишт боз мешавад ва Худованд, фариштагонро зоирони қабри ӯ қарор медиҳад.[33]

Осори дигаре, ки барои дӯст доштани Аҳли Байт зикр шуда, чунин аст:

  • Дастёбӣ ба шафоат; дар ҳадиси набавӣ омадааст, ҳар касе ки маваддати Аҳли Байтро дошта бошад, бо шафоати онҳо вориди биҳишт мешавад.[34]
  • Маҳшур шудан бо Аҳли Байт; бар асоси ривояте аз Пайғамбар, муҳиббони Аҳли Байт, дар қиёмат ҳамроҳи онон маҳшур мешаванд.[35]
  • Қабулии аъмол; дар ривояте, ки Абуҳамзаи Сумолӣ аз Имом Алӣ (а) нақл карда, инсонҳо дар қиёмат бо доштани муҳаббати Аҳли Байт, аъмоли дигарашон ҳам қабул мешавад, аммо дар сурати надоштани ин муҳаббат, аъмоли дигар пазируфта намешавад.[36]
  • Боқиёти солеҳот; дар ривояте аз Имом Содиқ (а) маваддати Аҳли Байт аз боқиёти солеҳот муаррифӣ шудааст.[37]
  • Суботи қадам бар пули сирот; бар асоси ривояте аз китоби Ҷаъфариёт, ҳар касе ки муҳаббати бештаре ба Аҳли Байт (а) дошта бошад, бар пули сирот собитқадамтар аст.[38]
  • Бахшида шудани гуноҳон; бар асоси ривояте аз Пайғамбар бо муҳаббати Аҳли Байт, гуноҳон бахшида мешавад.[39] Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ аз олимони аҳли суннат дар қарни даҳум, бо нақли ҳадиси Бобуҳитта мӯътақид аст, ҳамон тавр, ки Худованд дохил шудани Банӣ Исроил аз боби ҳиттаро сабаби бахшида шудани онон қарор дод, дар уммати исломӣ ҳам маваддати Аҳли Байтро сабаби бахшида шудани онон қарор додааст.[40]

Осори дунявӣ

Дар ривояте аз Пайғамбар (с) мавориди зер аз осори дунёии муҳаббати Аҳли Байт муаррифӣ шудааст: зуҳд, шавқ ба амал, порсоӣ дар дин, иштиёқ ба ибодат, тавбаи пеш аз марг, нашот дар шабзиндадорӣ, тамаъ надоштан ба моли мардум, бахшандагӣ, мувозибат бар амр ва наҳйи Худо ва дӯст надоштани дунё.[41] Бар асоси ривояте аз Имом Боқир (а) Худованд, қалби дӯстдорони Аҳли Байтро пок мекунад.[42] Дар ҳадисе аз Имом Содиқ омадааст, касе ки муҳаббати Аҳли Байтро дар қалби худ собит кунад, ҳикмат бар забонаш ҷорӣ мешавад.[43]

Нишонаҳо

Мутобиқи ривояте аз Имом Боқир (а) муҳаббати Аҳли Байт бо муҳаббати душманони онҳо қобили ҷамъ нест ва агар шахсе душмани Аҳли Байтро дӯст бидорад, нишонаи надоштани муҳаббати воқеии ӯ ба Аҳли Байт аст.[44] Ҳамчунин бар асоси ривояте аз Имом Алӣ (а) агар касе дӯстдорони Аҳли Байтро дӯст надошта бошад, аз муҳиббони воқеии Аҳли Байт ба шумор намеояд.[45] Тибқи ҳадиси дигаре мардони беғайрат, зинозодагон, афроде ки худро ба занон монанд мекунанд ва касоне ки модарашон дар даврони ҳайз онҳоро бордор шудааст, Аҳли Байтро дӯст намедоранд.[46] Дар ривояте низ муҳаббат доштан ба Аҳли Байт нишонаи покии вилодат дониста шудааст.[47] Итоати амалӣ аз Аҳли Байтро аз масодиқи муҳим ва нишонаи ростии шахс дар изҳори муҳаббаташ ба Аҳли Байт донистаанд.[48]

Ибоҳагарӣ бо такя бар муҳаббати Аҳли Байт

Гурӯҳе аз диндорон бар ин боваранд, ки ҳар гуноҳе бо муҳаббати Аҳли Байт аз байн меравад ва гуноҳ кардани дӯстдорони Аҳли Байт, ба саодати ухравии онон осебе намезанад.[49] Ба гуфтаи Алии Насирӣ аз муҳаққиқони ҳавзаи илмия, бештари ибоҳагарҳо пуштвонаи амиқи илмӣ надоранд ва ба аҳодисе монанди «муҳаббати Алӣ, ҳасанае аст, ки ҳеҷ гуноҳе ба он зарба намезанад ва буғзи Алӣ, гуноҳе аст, ки бо будани он, ҳеҷ ҳасанае фоидае надорад[50]» истинод кардаанд.[51] Муҳаққиқи Баҳронӣ (1075 - 1121ҳ.қ.) ин ҳадисро мустафиза донистааст,[52] аммо бархе олимони шиа барои ин ҳадис маънои дигаре зикр кардаанд, ки бо тафаккури ибоҳагарӣ ҳамхонӣ надорад;[53] масалан ба гуфтаи Шайхи Муфид аз мутакаллимони шиа ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки гуноҳкоре, ки ба Аҳли Байт (а) маърифат доранд, танҳо дар барзах азоб шаванд, то дар рӯзи қиёмат аз гуноҳони худ пок шуда, аз оташи ҷаҳаннам наҷот ёбанд.[54] Ба назари бархе аз муҳаққиқон низ танҳо гуноҳоне, ки аз рӯи ғафлат анҷом шуда бошад, бо муҳаббати Аҳли Байт (а) бахшида мешавад, на гуноҳоне, ки амдӣ анҷом шуда бошанд.[55]

Ба гуфтаи Алии Насирӣ чунин тафаккуре дар адёни дигар ва низ дар дини Ислом собиқа дошта ва бархе фирқаҳо монанди мурҷиа ва каромия аз аҳли суннат ва ғолиёни шиа эътиқоди мушобеҳеро доранд.[56] Вай мӯътақид аст ақидаи ибоҳагарӣ байни бархе мардум ба далели тавваҷӯҳ накардани онҳо ба дидгоҳ ва фатвои олимони динӣ, шакл гирифтааст.[57] Ҷаводи Муҳаддисӣ иддаои муҳаббати доштан ба Аҳли Байт ҳамроҳ бо анҷом додани корҳои гуноҳро навъе таноқуз дониста, мӯътақид аст, муҳаббате содиқона аст, ки ба пайравии онҳо бианҷомад.[58] Дар Фиқҳур-Ризо (а) (китоби мансуб ба Имом Ризо) робитаи амали солеҳ ва муҳаббати Аҳли Байт, як робитаи ду тарафа дониста шудааст, ба ин тартиб, ки ҳеҷ кадом аз он ду бидуни дигарӣ пазируфта намешавад.[59] Бар асоси ривояте аз Имом Боқир, ҳар касеки аз Худо итоат кунад, дӯстдори Аҳли Байт ва ҳар касеки аз дастуроти Худо сарпечӣ кунад, душмани Аҳли Байт аст.[60]

Такнигориҳо

Бархе аз китобҳое, ки дар мавзӯи муҳаббати Аҳли Байт навишта шудааст иборатанд аз:

  • “Ҳуббу Аҳл-ил-Байт фи-л-китоби ва-с-сунна” ба қалами Муҳаммадтақӣ Ассайид Юсуф Алҳаким; мабоҳиси ин китоб, ки дар панҷ фасли аслӣ ва дар 278 саҳифа танзим шуда, ба кӯшиши интишороти муассисаи ал-Фикрул-исломӣ дар 1424ҳ.қ., чоп шудааст.[61]
  • “Қуръон ва муҳаббати Аҳли Байт (а)” навиштаи Алиризо Азимифар; нависанда дар ин китоб ба баррасии муҳаббати Аҳли Байт дар Қуръон пардохта ва дар бахши поёнии он ба шубаҳоти аҳли тасаннун дар ояти Маваддат посух додааст.[62] Ин китобро донишкадаи усули дин дар соли 1394ҳ.ш., дар 360 саҳифа мунташир кардааст.[63]
  • “Мабонии назарӣ ва амалии ҳубби Аҳли Байт (а)”, таълифи Асғари Тоҳирзода; ин китобро ки дар воқеъ матни пиёдашудаи суханрониҳои нависанда аст, интишороти луббулмизон дар соли 1388ҳ.ш. дар 333 саҳифа мунташир кардааст.[64]
  • “Муҳаббати наҷотбахш” ба қалами Абдурризо Ҷамолӣ; нависанда дар ин асар осори муҳаббати Аҳли Байт (а)-ро дар дунё, барзах ва қиёмат баррасӣ мекунад.[65] Ин китоб дар соли 1393 шамсӣ ба кӯшиши интишороти Замзами ҳидоят чоп шудааст.[66]

Ҷусторҳои вобаста

Бартарии Аҳли Байт (а)

Эзоҳ

  1. Башовӣ, Ҳуқуқи Аҳли Байт (а) дар тафосири аҳли суннат, 1434ҳ.қ., саҳ.103.
  2. Фахлаъӣ, Ошноӣ бо пешина, мабоонӣ ва дидгоҳҳои мазҳаби шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.118.
  3. Фахлаъӣ, Ошноӣ бо пешина, мабоонӣ ва дидгоҳҳои мазҳаби шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.123.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.166; Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1389ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.50 - 51.
  5. Аминӣ ва дигарон, “Ҳамсанҷии арзиши ахлоқии иттиҳоду улфат бо маваддати зилқурбо ва таъсири он дар рушди маънавии инсон аз дидгоҳи Қуръон ва ҳадис”, саҳ.11.
  6. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.613.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.364; Ибни Асокир, Таъриху Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.241.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.188.
  9. Мисбоҳи Яздӣ, Пандҳои Имом Содиқ (а) ба раҳҷӯёни содиқ, 1391ҳ.ш., саҳ.309.
  10. Шофеӣ, Девон-ул-имом-иш-Шофеъӣ, Қоҳира, саҳ.89.
  11. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Фарҳангномаи марсиясароӣ ва азодории Сайидушшуҳадо, 1387ҳ.ш., саҳ.11 - 12.
  12. Акбариён, “Муҳаббати Аҳли Байт (а) дар Қуръон”, саҳ.42.
  13. Акбариён, “Муҳаббати Аҳли Байт (а) дар Қуръон”, саҳ.44.
  14. Ходимӣ, “Муҳаббат ба Пайғамбар ва Аҳли Байт аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт”, саҳ.25.
  15. Ходимӣ, “Муҳаббат ба Пайғамбар ва Аҳли Байт аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт”, саҳ.26.
  16. Башовӣ, Ҳуқуқи Аҳли Байт (а) дар тафосири аҳли суннат, 1434ҳ.қ., саҳ.103.
  17. Фахлаъӣ, Ошноӣ бо пешина, мабонӣ ва дидгоҳҳои мазҳаби шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.119.
  18. Тасхирӣ, Ваҳдати исломӣ бар пояи марҷаияти илмии Аҳли Байт (а), 1388ҳ.ш., саҳ.92.
  19. Тиҷонӣ, Фасъалу аҳлаззикр, 1427ҳ.қ., саҳ.237.
  20. Заҳабӣ, ал-Мунтақо мин минҳоҷ-ил-эътидол, 1413ҳ.қ., саҳ.451 - 452.
  21. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.595.
  22. Аллома Ҳиллӣ, Минҳоҷ-ул-карома, 1379ҳ.ш., саҳ.122.
  23. Шофеӣ, Девон-ул-имом-иш-Шофеъӣ, Қоҳира, саҳ.121.
  24. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.46 - 47.
  25. Хоманаӣ, “Баёнот дар дидор бо ҷамъе аз туллоб ва рӯҳониюн”, дар сайти дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ.
  26. Раббонии Гулпойгонӣ, “Дарси имомат”, дар сайти мадрасаи фақоҳат.
  27. Муҳаддисӣ, “Роҳҳои эҷоди муҳаббати Аҳли Байт дар навҷавонону ҷавонон”, саҳ.11.
  28. Ҳошимӣ ва дигарон, “Коркардҳои тарбиятии маваддати Аҳли Байт (а)”, саҳ.22.
  29. Ҳошимӣ, “Коркардҳои тарбиятии маваддати Аҳли Байт (а)”, саҳ.23.
  30. Аминӣ ва дигарон, “Ҳамсанҷии арзиши ахлоқии иттиҳоду улфат бо маваддати зилқурбо ва таъсири он дар рушди маънавии инсон аз дидгоҳи Қуръон ва ҳадис”, саҳ.20.
  31. Исбаҳонӣ, Таърихи Исбаҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.134; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.205.
  32. Шайхи Садуқ, Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.360.
  33. Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.314.
  34. Барқӣ, ал-Муҳосин, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.61.
  35. Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.300.
  36. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.364.
  37. Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.86.
  38. Ибни Ашъас, Ашъасиёт, мактабат ан-Найнаво, саҳ.182.
  39. Шайхи Тӯсӣ, Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.164.
  40. Ҳайтамӣ, ас-Савоъиқ-ул-муҳриқа, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.447.
  41. Шайхи Садуқ, Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.515.
  42. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.372.
  43. Барқӣ, Маҳосин, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.61.
  44. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.172.
  45. Шайхи Муфид, Амолӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.334.
  46. Қутбиддини Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.178.
  47. Барқӣ, Маҳосин, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.138.
  48. Ходимӣ, “Муҳаббат ба Пайғамбар ва Аҳли Байт аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт”, саҳ.24.
  49. Насирӣ, “Ибоҳагарӣ, офати диндорӣ”, саҳ.12.
  50. Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.335; Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.197.
  51. Насирӣ, “Ибоҳагарӣ, офати диндорӣ”, саҳ.12.
  52. Муҳаққиқи Баҳронӣ, ал-Арбаъун, 1417ҳ.қ., саҳ.105.
  53. Насирӣ, “Ибоҳагарӣ, офати диндорӣ”, саҳ.12.
  54. Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.75 - 76
  55. Туркошванд, “Муҳаббати Аҳли Байт ва растагорӣ”, саҳ.24.
  56. Насирӣ, “Ибоҳагарӣ, офати диндорӣ”, саҳ.8 - 10.
  57. Насирӣ, “Ибоҳагарӣ, офати диндорӣ”, саҳ.14.
  58. Муҳаддисӣ, “Роҳҳои эҷоди муҳаббати Аҳли Байт дар навҷавонону ҷавонон”, саҳ.15.
  59. Мансуб ба Имом Ризо (а), Фиқҳ-ур-Ризо, 1406ҳ.қ., саҳ.339.
  60. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.75.
  61. Алҳким, Ҳуббу Аҳл-ил-Байт фи-л-китоби ва-с-сунна, 1424ҳ.қ.
  62. Азимифар, Қуръон ва муҳаббати Аҳли Байт (а), 1394ҳ.ш.
  63. Азимифар, Қуръон ва муҳаббати Аҳли Байт (а), 1394ҳ.ш.
  64. Тоҳирзода, Мабонии назарӣ ва амалии ҳубби Аҳли Байт (а), 1390ҳ.ш., саҳ.4.
  65. Ҷамолӣ, Муҳаббати наҷотбахш, 1393ҳ.ш.
  66. Ҷамолӣ, Муҳаббати наҷотбахш, 1393ҳ.ш.

Сарчашма

  • Ибни Ашъас, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ашъасиёт, Теҳрон, мактабат ан-Найнаво, бе то.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Маноқиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни-л-Ҳасан, Таъриху Димишқ, бе ҷо, Дорулфикр, 1415ҳ.қ.
  • Исбаҳонӣ, Абунаим, Таърихи Исбаҳон, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1410ҳ.қ.
  • Акбариён, Сайид Муҳаммад, “Муҳаббати Аҳли Байт (а) дар Қуръон”, дар маҷаллаи Раҳтӯша, шумораи 115, баҳор ва тобистони 1398ҳ.ш.
  • Алҳким, Муҳаммадтақии Ассайид Юсуф, Ҳуббу Аҳл-ил-Байт фи-л-китоби ва-с-сунна, Ҳоланд, муассисатулфикрил исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Аминӣ, Сидиқа ва дигарон, “Ҳамсанҷии арзиши ахлоқии иттиҳоду улфат бо маваддати зилқурбо ва таъсири он дар рушди маънавии инсон аз дидгоҳи Қуръон ва ҳадис”, дар маҷаллаи Мутолиоти фарҳангӣ ва иҷтимоии ҳавза, шумораи 11, баҳор ва тобистони 1401ҳ.ш.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Муҳосин, Қум, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Башовӣ, Муҳаммадяъқуб, Ҳуқуқи Аҳли Байт (а) дар тафосири аҳли суннат, Қум, маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, 1434ҳ.қ.
  • Туркошванд, Ҳасан, “Муҳаббати Аҳли Байт ва растагорӣ”, дар маҷаллаи фарҳанги Зиёрат, шумораи 26, фарвардини 1395ҳ.ш.
  • Тасхирӣ, Муҳаммадалӣ, Ваҳдати исломӣ бар пояи марҷаияти илмии Аҳли Байт (а), тарҷумаи Ҷалоли Мироқоӣ, Теҳрон, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, 1388ҳ.ш.
  • Тиҷонӣ, Муҳаммад, Фасъалу аҳлаззикр, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1427ҳ.қ.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Иброҳим, ал-Кашфу ва-л-баён ан тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Ҷамолӣ, Абдурризо, Муҳаббати наҷотбахш, Қум, Замзами ҳидоят, 1393ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Исро, 1389ҳ.қ.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Аҳмад, Шавоҳид-ут-танзил, Теҳрон, созмони чоп ва интишороти вазорати иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ходимӣ, Айнуллоҳ, “Муҳаббат ба Пайғамбар ва Аҳли Байт аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт”, дар маҷаллаи рушди омӯзиши Қуръон, шумораи 5, 1383ҳ.ш.
  • Хоманаӣ, Сайид Алӣ, “Баёнот дар дидор бо ҷамъе аз туллоб ва рӯҳониюн”, дар сайти дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ, таърихи дарҷ: 22 озари 1388ҳ.ш., таърихи боздид: 6 исфанди 1401ҳ.ш.
  • Хаззози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноашар, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин, ал-Мунтақо мин минҳоҷ-ил-эътидол, Риёз, арриосатулъомма лиидоротилбуҳусилъилмия вал-ифто ваддаъвати вал-иршод, 1413ҳ.қ.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, “Дарси имомат”, дар сайти мадрасаи Фақоҳат, таърихи дарҷ: 2 урдибиҳишти 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 6 исфанди 1401ҳ.ш.
  • Шофеӣ, Муҳаммад ибни Идрис, Девон-ул-имом-иш-Шофеъӣ, Қоҳира, мактабату Ибни Сино бе то.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дорулсақофа, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Амолӣ, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Ихтисос, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, Авоил-ул-мақолот фи-л-мазоҳиби ва-л-мухторот, Бейрут, Дорулмуфид, 1413ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (а), Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Тоҳирзода, Алиасғар, Мабонии назарӣ ва амалии ҳубби Аҳли Байт (а), Исфаҳон, луббулмизон, 1390ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фии тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Азимифар, Алиризо, Қуръон ва муҳаббати Аҳли Байт (а), Қум, донишкадаи усули дин, 1394ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Минҳоҷ-ул-каромат, Машҳад, Тосуъо, 1379ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Фахлаъӣ, Муҳаммадтақӣ, Ошноӣ бо пешина, мабонӣ ва дидгоҳҳои мазҳаби шиа, Теҳрон, нашри Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, муассисаи Имом МАҳдӣ (аҷ), 1409ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дорулкитоб, 1404ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, “Роҳҳои эҷоди муҳаббати Аҳли Байт дар навҷавонону ҷавонон”, дар маҷаллаи фарҳанги Кавсар, шумораи 29, мурдоди 1378ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Баҳронӣ, Сулаймон ал-Моҳузӣ, ал-Арбаъуна ҳадисан фи исботи имомати Амирилмуъмнин, Қум, Алмуҳаққиқ, 1417ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Фарҳангномаи марсиясароӣ ва азодории Сайидушшуҳадо, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Пандҳои Имом Содиқ (а) ба раҳҷӯёни содиқ, Қум, муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ (раҳ), 1391ҳ.ш.
  • Мансуб ба Имом Ризо, Алӣ ибни Мусо (а), Фиқҳ-ур-Ризо (а), Машҳад, муассисаи Олулбайт (а), 1406ҳ.қ.
  • Насирӣ, “Ибоҳагарӣ, офати диндорӣ”, дар маҷаллаи Китоби нақд, шумораи 40, 1385ҳ.ш.
  • Ҳошимии Фотима, ва дигарон, “Коркардҳои тарбиятии маваддати Аҳли Байт (а)”, дар маҷаллаи Тарбияти исломӣ, шумораи 37, поизи 1400ҳ.ш.
  • Ҳайтамӣ, Ибни Ҳаҷар, ас-Савоъиқ-ул-муҳриқа ала аҳл-ир-рафзи ва-з-залоли ва-з-зиндиқа, Бейрут, муассисат аррисола, 1417ҳ.қ.