Дуои панҷоҳу дувуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ниёиши 52 Саҳифа)

Дуои панҷоҳу дувуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای پنجاه و دوم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар пофишорӣ ба даргоҳи Худо барои бароварда шудани ҳоҷот аст. Дар ин дуо ба нуфузи қудрати Худо ва илми ӯ бар тамом ҳастӣ ишора шудааст. Ҳамчунин бозгашти ҳамаи мавҷудот ба сӯи Худо дониста шудааст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо зимни ишора ба костиҳои инсон, борҳо аз Худо дархост карда ки ҳоҷоташро бароварда кунад. Вижагиҳои фирефтагони дунё ва безорӣ аз мушрикон аз дигари мазмунҳои ин дуо аст.

Дуои панҷоҳу дувум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои панҷоҳу дувум, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия аст, ки дар он ба исрору пофишории ҳазрати Саҷҷод (а) ба дархост аз Худо мепардозад. Ба гуфтаи Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ дар шарҳи ин дуо, ба ҳамон андоза ки исрор бар дархост назди офаридагон накӯҳида аст, пофишорӣ дар дуо назди Худо некӯ аст.[1]

Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Ҳокимияти илми Илоҳӣ бар тамом ҳастӣ (махфӣ набудани чизе аз Худо дар замину осмон);
  • Мумкин набудани берун рафтан аз қаламрави Худованд бо ниёз ба ризқи Ӯ;
  • Хошеътарини бандагон, омилтарини онҳо ба дастӯроти Илоҳиянд;
  • Парастандаи ғайрихудо ва рӯзихӯр аз неъматҳои Ӯ, хортарин банда дар пешгоҳи Илоҳӣ;
  • Инкори Худо зоидаи тасаввури нодуруст аз Ӯ;
  • Такзиби паёмбарон бо ширк ба Худо;
  • Нуфузи қудрати Худо бар густараи ҳастӣ;
  • Инсони нохурсанд аз лақои Илоҳӣ оҷиз аз умри ҷовидон;
  • Қатъӣ будани фармони марг бар ҳамаи муъминону кофарон;
  • Безорӣ аз касе, ки ғайрихудоро бипарастад;
  • Иқрор бар кӯтоҳию камии амал ва бузургии хатову гуноҳ назди Худо;
  • Вижагии фирефтагони дунё: пучгароӣ, ғафлат, дунёгароӣ ва фирефта шудани дил ба сабаби зиёдии неъматҳо;
  • Ҳавои нафас монеи рушди инсон;
  • Дархост аз Худо бо вуҷуди чирагии орўзҳо бар инсон;
  • Дархост аз Худо бо вуҷуди тасаллути дунё бар инсон;
  • Дархост аз Худо бо вуҷуди фаровонии гуноҳон;
  • Дархост аз Худое, ки Парвардигоре ҷуз Ӯ нест;
  • Бениёз шудани инсон аз ҳама чиз бо бандагии Худо;
  • Дархости нобудии муҳаббати дунё бо тарс аз Худо;
  • Гурехтан ба сӯи Худо ҳамзамон бо тарс аз Ӯ;
  • Зарурати таваккул бар Худо ва такя бар саховату бузургвории Ӯ;
  • Бандагии маҳз ва тавваҷуҳи том ба Худо, бузургтарин орзӯи инсони комил.[2]

Шарҳҳо

Дуои панҷоҳу дувум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китобҳои Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои панҷоҳу дувуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.341
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.341 - 362; شرح فرازهای دعای پنجاه و دوم از سایت عرفان, Сайти Ирфон
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.611 - 622
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.337 - 362
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.559 - 565
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.365 - 394
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.655 - 647
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.717 - 724
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.614 - 629
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.102 - 103
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.293 - 295

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای پنجاه و دوم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.