Дуои панҷоҳу чоруми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дуои 54-и Саҳифаи саҷҷодия)

Дуои панҷоҳу чоруми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای پنجاه و چهارم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) аст, ки барои раҳоӣ аз андӯҳу дилтангӣ онро мехонд. Дар ин дуо Худо беҳтарин гушояндаи ғамҳо муаррифӣ шуда ва аз ӯ беҳтарин сарнавишт дархост шудааст.

Дуои панҷоҳу чорум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои панҷоҳу чорум аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия аст, ки Имом Саҷҷод (а) дар он аз Худо мехоҳад ки андӯҳ, дилтангӣ ва нороҳатиҳои ӯро бартараф кунад. Ба гуфтаи Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ дар шарҳи ин дуо, андӯҳ дар умури дунявию ухравӣ ва низ моддию маънавӣ аз заруриёти зиндагии инсон аст ва дар чунин вазъияте инсони муъмин танҳо ба сӯи Худо рӯй меоварад.[1]

Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Худои меҳрубон танҳо гушояндаи дилтангиҳову ғуссаҳо;
  • Тавассул ба сифоте аз Худо баро гушоиш дар зиндагӣ;
  • Дархости беҳтарини қазову қадар аз Худо;
  • Дархост аз Худованд монанди касе ки ниёзаш шадиду нерӯяш коҳиш ёфта;
  • Дуо барои марге дар ҳоли ростӣ, амал ва ахлоқ;
  • Дархости бениёзӣ аз дунёву рағбат ба Худованд;
  • Паноҳ бар Худо аз бадтарин сарнавиште, ки муқарар шуда;
  • Дархости найл ба мақоми ҳаққ-ул-яқин;
  • Дархости иштиёқе ба Худо монанди иштиёқи ошиқони даргоҳи Ӯ;
  • Дархости тарсе аз Худо ҳамонанди тарси авлиёи Илоҳӣ;
  • Эътимоду умед доштан фақат ба Худованд дар тамоми корҳо;
  • Дархости хавфи ибодаткунандагону ибодати хошеъон ва яқини таваккулкунандагон ва таваккули муъминон;
  • Дархости беҳтарин парвандаи аъмол;
  • Зарурати касби мақоми хавфу раҷо;
  • Неъматҳои ухравӣ аз беҳтарин бахшишҳои Илоҳӣ;
  • Дуо барои офияту саломатии ҷисм;
  • Дархости наҷот аз фитнаҳои гумроҳкунанда;
  • Дуо барои устувор мондан бар анҷоми аҳкоми дин бидуни тарс аз дигарон;
  • Дуруди Худо бар фиристодаи баргузидаи Ӯ ва аҳли байташ.[2]

Шарҳҳо

Дуои панҷоҳу чорум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китобҳои Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои панҷоҳу чоруми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.380.
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.380 - 394; شرح فرازهای دعای پنجاه و چهارم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.631 - 640
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.377 - 394
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.577 - 583
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.413 - 446
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.661 - 667
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.731 - 738
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.636 - 646
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.103 - 105
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.299 - 301

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای پنجاه و چهارم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.