Дуои сию ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дуои 38 Саҳифаи саҷҷодия)

Дуои сию ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سی و هشتم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки барои пӯзиш аз кӯтоҳӣ дар адои ҳуқуқи мардум ва озодӣ аз оташи ҷаҳаннам онро мехонд. Дар ин дуо бобати сипосгузорӣ накардан дар баробари эҳсони дигарон, дифоъ накардан аз бандае, ки дар ҳузури инсон ба ӯ ситам шуда, бартарӣ надодани ниёзмандоне, ки дархости кумак доштанд бар худ, напӯшондан айбҳои бандагон, напазируфтани узрхоҳии дигарон ва низ адо накардани ҳуқуқи мардум узрхоҳӣ шудааст.

Дуои сию ҳаштум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Имом Саҷҷод (а) дар дуои сию ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия, аз Худо ба далели кӯтоҳӣ дар адои ҳаққуннос пӯзиш хоста ва дархости омурзиш дорад ва ба бархе нукот дар бораи равобити иҷтимои солим ишора мекунад.[1]

Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Зарурати дифоъ аз ситамдида;
  • Зарурати сипосгузорӣ аз некикунандагон;
  • Аҳамияти пазириши узрхоҳии дигарон;
  • Ҳаром будани ифшои асрори бародарони динӣ;
  • Зарурати наҳй аз мункар дар маҷлиси гуноҳ;
  • Кӯтооҳӣ накардан дар адои ҳаққи дигарон;
  • Узрхоҳии воқеӣ аз гуноҳ панд гирифтан аз он ва такрор накардан аст;
  • Зарурати бароварда кардани дархости дигарон;
  • Дархости пушаймонӣ аз гуноҳон ва лағзишҳо;
  • Дархости тасмими ҷаддӣ бар тарки гуноҳон;
  • Дархости тавбае, ки мояи маҳбубият дар пешгоҳи Илоҳӣ шавад;
  • Дархости эҷоди ҳолати танаффур аз гуноҳ пас аз тавба;
  • Худованд дӯстдори тавбакунандагон аст;
  • Тавба пушаймонӣ аз гуноҳони гузашта ва муқобила бо гуноҳони пеши рӯ аст.[2]

Шарҳҳо

Дуои сию ҳаштум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[3] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[4] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои сию ҳаштуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[5] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[6] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[7] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[8] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[9] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[10] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.251
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.251; شرح فرازهای دعای سی و هشتم, Сайти Ирфон
  3. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.249 - 258
  4. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.119 - 126
  5. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.273 - 298
  6. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.445 - 448
  7. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.475 - 478
  8. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.253 - 272
  9. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.74 - 75
  10. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.193 - 194

Сарчашма

  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای سی و هشتم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.