Ҳаққуннос

Аз wikishia

Ҳаққуннос ба арабӣ: حَق‌ُّالناس ё ҳуқуқи ибод ба арабӣ: حقوق عباد ба ҳуқуқи мардум бар уҳдаи инсон ишора дорад. Ҳаққуннос дар муқобили ҳаққуллоҳ аст, ки ба ҳуқуқи Худо бар зиммаи бандагон мепардозад. Ҳаққуннос ба ҳуқуқи молӣ ихтисос надорад ва ҷону обрӯи афродро низ дарбар мегирад. Ҳаққунносро ба ду қисми маҳз монанди ҷон ва моли мардум ва ғайримаҳз монанди сирқат ва қазф, ки ду ҷанбаи ҳаққуннос ва ҳаққуллоҳро ҳамзамон дорад, тақсим кардаанд.

Имом Саҷҷод (а) дар Рисолаи ҳуқуқ, беш аз панҷоҳ ҳақ ва таклиф, ки бар уҳдаи инсонро зикр кардааст. Дар аҳодис, будани ҳаққуннос бар зиммаи инсонро боиси мустаҷоб нашудани дуо донистаанд.

Ҳаққуннос бо тавба ва шаҳодат дар роҳи Худо бахшида намешавад, балки бояд ҷуброн шавад, ё соҳиби ҳақ онро бибахшад. Дар аҳкоми қазоии дини Ислом, байни ҳаққуннос ва ҳаққуллоҳ тафовутҳое вуҷуд дорад; маслан иҷрои ҳукм дар ҳаққуннос ба дархости соҳиби ҳақ ниёз дорад, вале дар ҳаққуллоҳ машрут ба мутолибаи касе нест ва инки ҳаққуннос мубтанӣ бар диққат ва эҳтиёт аст, вале ҳаққуллоҳ мубтанӣ бар осонгирӣ ва тахфиф.

Мафҳумшиносӣ

Дар дини Ислом ҳуқуқ ба ҳаққуннос ва ҳаққуллоҳ тақсим мешаванд.[1] Мурод аз ҳаққуннос, ҳуқуқи мардум бар зиммаи инсон аст, ки дар муқобил ҳуқуқи Худо бар зиммаи (ӯҳда)[Ёддошт 1] инсон қарор мегирад.[2] Ҳаққунносҳо ба навъе ҳаққуллоҳ маҳсуб мешаванд,[3] вале ҳангоме, ки ин истилоҳ дар баробари ҳаққуллоҳ ба кор меравад, манзур аз он танҳо дастае аз ҳуқуқ аст, ки ба ҳаққи мардум бар инсон ишора дорад.[4]

Дар манобеи ҳадисӣ ва фиқҳӣ, барои ишора ба ҳаққуннос аз ановине чун ҳаққи ибод,[5] ҳаққи одамӣ,[6] ҳаққи одамийин[7] ва ҳуқуқи муслимин[8] ном шудааст.

Масодиқ

Бархе фақеҳон, ҳаққунносро бар ду навъ донистаанд: 1- ҳаққунноси маҳз, монанди риояти ҷон ва моли мардум. 2- ҳаққунноси ғайримаҳз яъне ҳуқуқе, ки ҳар ду ҷанбаи ҳаққуллоҳ ва ҳаққунносро доранд; монанди сирқат,[9] таъзир[10] ва қазф.[11]

Ҳаққуннос ба ҳуқуқи молӣ ихтисос надорад, ҷон ва обрӯи афродро низ дарбар мегирад.[12] Аз ин рӯ ғайбат,[13] туҳмат, суханчинӣ ва нороҳат кардани бе ҷои мардумро ҳам ҳаққуннос шуморидаанд.[14] Дар ривояте аз Имом Саҷҷод (а) ки ба Рисолаи ҳуқуқ шинохта мешавад, беш аз панҷоҳ ҳақ ва вазифа нисбат ба дигарон зикр шудааст.[15]

Аҳамият дар аҳодиси исломӣ

Ҳаққуннос дар аҳодис аз авомили мустаҷоб нашудани дуо шуморида шудааст.[16] Имом Содиқ (а) ҳеҷ ибодатеро бартар аз адои ҳаққи мӯъмин надонистааст.[17] Дар ҳадиси маноҳӣ, аз Пайғамбари Ислом (с) омадааст, касе ки ҳаққи дигаре бар гарданаш аст ва тавони пардохти онро дорад, вале дар пардохти он имрӯзу фардо мекунад, ҳар рӯз дар парвандааш муодили гуноҳи Ашшор, сабт мешавад.[18] Ашшор ба касе мегуфтанд, ки ба дастури ҳокими ситамгар, як даҳуми амволи мардумро ба зӯрӣ аз дасташон мегирифт.[19]

Ҷойгоҳ дар фиқҳ ва ҳуқуқ

Дар манобеи фиқҳӣ аз ҳаққуннос дар бахши аҳкоми қазоӣ сухан мегӯянд.[20] Дар қавонини ҳуқуқии Ҷумҳурии исломии Эрон низ ба он тавваҷӯҳ шудааст.[21] Барои мисол дия, қисос ва бархе аз ҷароими таъзирие монанди тавҳин, аз боби ҳаққуннос будан, ҷурм дониста шудаанд.[22]

Тафовут бо ҳаққуллоҳ

Байни ҳаққуннос ва ҳаққуллоҳ тафовутҳое зикр кардаанд, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

  • Исботи ҳаққуннос назд қозӣ осонтар аз исботи ҳаққуллоҳ аст; зеро ҳаққуллоҳ бо як шоҳиди мард ва ду шоҳиди зан, ё як шоҳиди мард ҳамроҳ бо савганд, ё шаҳодати занон ба танҳоӣ, исбот намешавад, вале бархе аз ҳаққунносҳоро метавон бо ин шавоҳид исбот кард.[23]
  • Иҷрои ҳукм дар ҳаққуннос ба дархости соҳиби ҳақ ниёз дорад, вале ҳаққуллоҳ, бар мутолибаи касе мубтанӣ нест.[24] Дар модаи 159 қонуни таъзироти Эрон, таъқиб ва муҷозоти муҷрим дар ҳаққуннос, мутаваққиф бар он аст, ки соҳиби ҳақ ё қоим мақоми қонунии ӯ ҳаққашро мутолиба кунад.[25]
  • Дар ҳаққуннос, бархилофи ҳаққуллоҳ, қозӣ наметавонад муҷримро аз иқрор кардан мунсариф кунад.[26]
  • Бархе аз масодиқи ҳаққуннос, қобили бахшиш ё интиқоланд, аммо дар ҳаққуллоҳ ризояти фарде, ки ҷурм бар ӯ сурат гирифтааст, мӯҷиби суқути ҳақ намешавад.[27]
  • Ҳаққунносҳо бо тавба соқит намешаванд, аммо бархе аз ҳаққуллоҳҳо бо тавба соқит мешаванд.[28]
  • Ҳаққуннос мубтанӣ бар диққату эҳтиёт аст, вале ҳаққуллоҳ мубтанӣ бар осонгирӣ ва тахфиф аст.[29] Гуфта шудааст бархе фақеҳон, тафовутҳои ҳаққуллоҳ бо ҳаққуннос дар аҳкоми қазоиро ношӣ аз ҳамин медонанд.[30]
  • Ҳаққуннос бо шаҳодат дар роҳи Худо бахшида намешавад, ҳол онки ҳаққуллоҳ бо шаҳодат бахшида мешавад.[31] Аз ин рӯ, гуфта шудааст, ки Имом Ҳусайн (а) дар шаби Ошӯро аз ёрони худ хост касоне ки ҳаққи мардум ба гарданашон аст, дар лашкари ӯ намонанд.[32]

Ҷуброн

Дар ҳаққуннос, илова бар тавба, бояд ҳуқуқи мардум ҷуброн шавад, ё соҳиби ҳақ онро бибахшад.[33] Ба гуфтаи бархе фақеҳон ин масъала шомили ҳуқуқе, ки инсон қабл аз булуғ зоеъ карда, ҳам мешавад.[34]

Бар пояи ривояте аз Пайғамбари Акрам (с), дар қиёмат аз ҳасаноти касе ки ҳаққи мардум бар гардани ӯ бошад, ба соҳиби ҳақ медиҳанд ва агар ҳасаноташ тамом шуд, гуноҳони соҳиби ҳақро ба пойи ӯ менависанд, сипас ӯро вориди оташи дӯзах мекунанд.[35] Бар пояи ривояти дигар аз Имом Содиқ (а) дар китоби Лаолӣ-л-ахбор, бадтарин ҳоли инсон дар қиёмат, вақте аст, ки мустаҳаққони закоту хумс ҷилави инсонро бигиранд ва Худо аз ҳасаноти ӯ ба онҳо иваз бидиҳад.[36]

Китобшиносӣ

  • Нигоҳе ба ҳаққуннос ба қалами Маҳмуди Акбарӣ бо муқаддимаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ. Фаслҳои китоб ба ин шарҳ аст: аҳамияти ҳаққуннос, ҳаққуннос ва даромадҳои ҳаром, ҳаққуннос ва масоили молию ҳуқуқӣ, ҳаққуннос ва масоили ирзию обрӯӣ.[37]
  • Ҳаққуннос: ба қалами Аббоси Раҳимӣ, ки ба забони форсӣ навишта шудааст. Китоб шаш фасл дорад, ки обрӯи мусулмон ва ҳаққуннос дар қиёмат аз ҷумлаи сарфаслҳои он аст.[38]

Ҷусторҳои вобаста

Ҳаққуллоҳ

Радди мазолим

Рисолат-ул-ҳуқуқ

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба Ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.255.
  2. Нигоҳ кунед ба Омилӣ, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия, 1413ҳ.қ., саҳ.71.
  3. Нигоҳ кунед ба Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43; Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-қазоъ, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188.
  4. Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43; нигоҳ кунед ба Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-қазоъ, , 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188.
  5. Ал-Қавоъид ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.195.
  6. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.370.
  7. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.370.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.220.
  9. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.163.
  10. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.209.
  11. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.160.
  12. Нигоҳ кунед ба Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.160.
  13. Нигоҳ кунед ба Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.160.
  14. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.72, саҳ.150.
  15. Ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.255 - 272.
  16. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.90, саҳ.321.
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.170.
  18. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.16 - 17.
  19. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1416ҳ.қ., ҷ.3, 404.
  20. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.163.
  21. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ширӣ, Суқути муҷозот дар ҳуқуқи кайфарии ислом ва Эрон, 1372ҳ.ш., саҳ.112; Маҷмӯъаи ҷароим ва муҷозотҳо, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.605 - 606.
  22. Ширӣ, Суқути муҷозот дар ҳуқуқи кайфарии ислом ва Эрон, 1372ҳ.ш., саҳ.119 - 120
  23. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.248 - 249.
  24. Мунтазирӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.201.
  25. Ширӣ, Суқути муҷозот дар ҳуқуқи кайфарии ислом ва Эрон, 1372ҳ.ш., саҳ.112.
  26. Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.33.
  27. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43 - 44.
  28. Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, алмактабатулҷаъфария ли эҳёил осорил-Ҷаъфария, саҳ.308 - 309.
  29. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.163.
  30. Марқоӣ, «Ҳаққуллоҳ ва ҳаққуннос», ҷ.13.
  31. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.183; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.94.
  32. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.430.
  33. Нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.94.
  34. Нигоҳ кунед ба Мароғӣ, ал-Ановин-ул-фиқҳия, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.660.
  35. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.69, саҳ.6.
  36. Туйсерконӣ, Лаолӣ-л-ахбор, Аллома, ҷ.3, саҳ.214.
  37. Нурлиб, Шиносомаи китоби нигоҳе ба ҳаққуннос
  38. Шабакаи ҷомеъи китоби гесум


Ёддошт

  1. Зимма ба маънои таъаҳҳуд ба адои чизе ё анҷоми амале аст. Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Тавзеҳулмасоил, Қум: шафақ, 1380. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, ҷ.6, саҳ.66.

Сарчашма

  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеаи мударрисин, 1404ҳ.қ.
  • Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баён фи аҳком-ил-Қуръон, тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Теҳрон, алмактабатул-ҷаъфария ли эҳёил осорил-Ҷаъфария, бе то.
  • Охундӣ, Маҳмуд, Оини додрасии кайфарӣ, Теҳрон, 1368ҳ.ш.
  • Туйсерконӣ, Муҳаммаднабӣ ибни Аҳмад, Лаолӣ-л-ахбор, Қум, Аллома, бе то.
  • Шабакаи ҷомеъи китоби гесум
  • Шуштарӣ, Қозинурулло, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, муқаддима: Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, Қум, мактабат Оятуллоҳил Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, таҳқиқи Сайидабдулҳодӣ Ҳаким, Наҷаф, 1400ҳ.қ. (офсет, Қум, китобфурӯшии Муфид).
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, тасҳеҳи Сайидмуҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, алмактабатул-Муртазавия ли эҳёил осорил-Ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
  • Ширӣ, Аббос, Суқути муҷозот дар ҳуқуқи кайфарии Ислом ва Эрон, Теҳрон, маркази интишороти ҷиҳоди донишгоҳии шаҳиди Биҳиштӣ, 1372ҳ.ш.
  • Омилӣ, Ёсин Исо, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия фи-р-расоил-ил-илмия, Бейрут, Дорулбалоға, 1413ҳ.қ.
  • Алломаи Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, тасҳеҳ: Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Муртазавӣ, 1416ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маҷмӯаи ҷароим ва муҷозотҳо, Теҳрон, муовинати пажӯҳиши тадвин ва танқеҳи қавонин ва муқаррароти маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом, 1385ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Домод, Сайидмустафо, Қавоиди фиқҳ, Теҳрон, маркази нашри улуми исломӣ, 1406ҳ.қ.
  • Мароғӣ, Сайидмирабдулфаттоҳ, ал-Ановин-ул-фиқҳия, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Мерқоӣ, Сайидтоҳо, «Ҳаққуллоҳ ва ҳаққуннос» дар донишномаи ҷаҳони Ислом.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ ва фиқҳ-уд-давлат-ил-исломия, Қум, тафаккур, 1409ҳ.қ.
  • Мӯсавии Ардабилӣ, Сайидабдукарим, Фиқҳ-ул-қазоъ, Қум, 1423ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, тасҳеҳ: Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Нурлиб, Шиносномаи китоби нигоҳе ба ҳаққуннос.