Алӣ ибни Ҷаъфари Содиқ

Аз wikishia
Буқъаи Алӣ ибни Ҷаъфар (а) дар Қум

Алӣ ибни Ҷаъфари-с-Содиқ, машҳур ба Алии Урайзӣ писари хурдии Имом Содиқ (а) аст.

Ӯ аз бародараш - Имом Мусо ибни Ҷаъфар (а) ва Имом Ризо (а) ривоёте нақл кардааст. Аз вай китобе ба ҷой мондааст ба номи Масоилу Алӣ ибни Ҷаъфар, ки дар он, пурсишҳои худ ва посухҳои Имом Козим (а)-ро ривоят кардааст.

Насаби содоти Ҳусайниеро, ки дар ҷануби шарқи Осиё зиндагӣ мекунанд, ба Алӣ ибни Ҷаъфар мерасонанд.

Буқъаҳое дар Урайз, Қум ва Симнон ба вай мансуб аст.

Таваллуд

Алӣ ибни Ҷаъфар аз фарзандони Имом Содиқ (а) аст. Модари ӯ уммувалад буд.[1] Гуфтаанд, ӯ ҳангоми шаҳодати Имом Содиқ (а) (148ҳ.қ.) ду сол доштааст.[2] Ба гузориши Танқиҳ-ул-мақол, вай аз падараш ҳадис нақл кардааст.[3] Дар китоби Анвори пароканда, ки дар бораи имомзодагони мадфун дар Эрон навишта шудааст, бо такя бар нақли ривояти ӯ аз падараш, вилодаташ дар соли 134 ё 135ҳ.қ. тахмин зада шудааст.[4]

Куняи ӯ Абулҳасан аст.[5] Ӯ сокини Урайз [Ёддошт 1] буд[6] ва ба ҳамин далел, ӯро Урайзӣ[7] ва фарзандону наберагонашро Урайзиюн[8] мехонданд.

Имом Ҷаъфари Содиқ (а)

Паёмбари Акрам

Ҳазрати Фотима

Имом Алӣ

Имом Ҳусайн

Имом Саҷҷод

Имом Муҳаммади Боқир

Имоми Ҷаъфари Содиқ

Ҳамида

Соири ҳамсарон

Фотима

Имом Мусои Козим

Исҳоқ

Муҳаммад

Исмоил

Абдуллоҳ

Уммифарва

Имом Ризо

Алӣ

Аббос

Асмо

Фотима

Ҳамсар ва фарзандон

Шайх Аббоси Қумӣ, Фотимаи духтари Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Боҳирро ҳамсари ӯ муаррифӣ кардааст.[9] Сездаҳ писар ва ҳафт духтар барои Алӣ ибни Ҷаъфар сабт шудааст:[10]

Писарони ӯ Муҳаммад, Ҳасан, Аҳмади Шаъронӣ, Ҷаъфари Асғар, Ҳусайн, Ҷаъфари Акбар, Исо, Қосим, Алӣ, Абдуллоҳ, Муҳаммади Асғар, Аҳмади Асғар ва Муҳсин ном доштанд.[11] Кулсум, Алийя, Малика, Хадиҷа, Ҳамдуна, Зайнаб ва Фотима низ духтарони ӯ буданд.[12]

Ҷадди содоти Ҳусайнии ҷануби шарқи Осиё

Гуфта шудааст, содоти Ҳусайние, ки дар манотиқи ҷануби шарқи Осиё дар кишварҳои Индонезия, Малайзия, Сингапур ва ҷануби Тойланд парокандаанд, аз насли Аҳмад ибни Исо ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҷаъфар ҳастанд.[13] Инҳо дар густариши Ислом дар он манотиқ нақш доштаанд.[14] Ангезаи наберагони вай аз муҳоҷират ба ин минтақа, таблиғи Ислом ва тиҷорат зикр шудааст.[15] Муҳаддиси Қумӣ тадовуми насли ӯро аз чаҳор фарзандаш ба номҳои Муҳаммад, Аҳмади Шаъронӣ, Ҳасан ва Ҷаъфар донистааст.[16]

Ҳамроҳӣ бо имомон

Сухани Алӣ ибни Ҷаъфар ҳангоми марг

Падарам як сол қабл аз реҳлаташ, ҳангоме, ки аҳли байташ назди ӯ ҷамъ буданд, фармуд: «Худованди Мутаъол ба бандагонаш, ба чизе ба андозаи иқрор ба имомат таъкид нафармуд, вале бандагон нисбат ба ҳеҷ чиз, ба андозаи ин амр инкору такзиб раво надоштанд!».

Масоили Алӣ ибни Ҷаъфар ва мустадракотуҳо, саҳ.319.

Шайх Тусӣ, Алӣ ибни Ҷаъфарро аз асҳоби Имом Мусо ибни Ҷаъфар (а)[17] ва Имом Ризо (а)[18] зикр кардааст. Аз ӯ нақл шудааст, ки чаҳор бор ба ҳамроҳи Имом Козим (а) ба умра рафтааст.[19]

Ҳасан ибни Фазол ҳадисе нақл кардааст, ки дар он Имом Козим (а), имомати Имом Ризо (а)-ро ба Алӣ ибни Ҷаъфар баён медорад ва вай қабул мекунад.[20] Ҳамчунин дар ҳадисе, ки Закариё ибни Яҳё нақл кардааст, Алӣ ибни Ҷаъфар дар гуфтугӯе бо Ҳасан ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳусайн - набераи Имом Саҷҷод (а), ба баёни имомати Имом Ризо (а) пардохтааст.[21] Бино бар ривояте, ки дар ал-Кофӣ нақл шудааст, ӯ Имом Ҷавод (а)-ро дар ҳоле ки кӯдак буд, бисёр эҳтиром мекард ва ҳангоме, ки асҳобаш аз иллати он пурсиданд, дар посух ба имомати он ҳазрат ишора кард.[22]

Алӣ ибни Ҷаъфар Имом Ҳодӣ (а)-ро ҳам дарк карда ва дар замони он, аз дунё рафтааст.[23]

Ҷойгоҳи риҷолӣ

Ибни Довуд дар китоби риҷоли худ, ӯро дар шумори мамдуҳон зикр кардааст.[24] Шайх Муфид низ гуфтааст, ӯ аҳодиси зиёде аз Имом Козим (а) нақл карда ва як равиши устувор дошта ва дорои фазли бисёр ва тақвои зиёде будааст.[25] Шайх Тусӣ низ ӯро сиқа тавсиф кардааст.[26]

Алӣ ибни Ҷаъфар аз падараш -[27] Имом Козим (а)[28] ва Имом Ризо (а)[29] ҳадис нақл кардааст. Ҳамчунин ӯ аз Ҳусайни Зуддамъа ибни Зайд ибни Алӣ, Суфён ибни Уяйна, Муҳаммад ибни Муслим, Абдулмалик ибни Қудома ва Муътаб ғуломи Имом Содиқ (а) низ ривоят нақл кардааст.[30]

Ровиён

Дар нусхаи таҳқиқшудаи китоби Масоили Алӣ ибни Ҷаъфар, номи 43 ровӣ аз ӯ зикр шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо, Аҳмад ибни Абинасри Базантӣ, Абдулазим Ҳасанӣ, Ҳусайн ибни Мусо ибни Ҷаъфар (а) ва Юнус ибни Абдурраҳмон аст.[31]

Осор

Буқъаи Алӣ ибни Ҷаъфар дар Симнон
Масҷид ва буқъаи Алӣ ибни Ҷаъфар (а) дар Мадина, деқаи Урайз

Аҳмад ибни Алии Наҷошӣ барои Алӣ ибни Ҷаъфар китобе дар мавзӯи масоили ҳалолу ҳаром сабт кардааст.[32] Ҳамчунин Шайхи Тусӣ ду китоб бо номҳои «ал-Маносик» ва «Масоил ли ахиҳи Мусо-л-Козим» ба вай нисбат додааст.[33] Ӯ дар китоби Масоил, пурсишҳои худ ва посухҳои Имом Козим (а)-ро ривоят кардааст.[34] Муассисаи Олулбайт ин пурсишҳо ва дигар ривоёти Алӣ ибни Ҷаъфарро дар китоби «Масоилу Алӣ ибни Ҷаъфар ва мустадракотуҳо» гирд овардааст.[35]

Вафот

Дар бораи таърихи вафоти Алӣ ибни Ҷаъфар таърихҳои мухталифе зикр шудааст. Шамсиддини Заҳабӣ[36] ва Абдуллоҳ Ёфеъӣ[37] - таърихнигорони аҳли суннат дар қарни ҳаштуми қамарӣ, вафоти ӯро дар ҳаводиси 210-и қамарӣ зикр кардаанд, аммо дар китоби Анвори пароканда, бо такя бар ривояти ӯ аз Имом Ҷавод (а) (шаҳодат 220ҳ.қ.), вафоти ӯ дар соли 220-и қамарӣ ва дар 85 - солагӣ дониста шудааст.[38]

Буқъаҳои мансуб

Барои Алӣ ибни Ҷаъфар (а), се буқъа дар Урайз, Қум ва Симнон зикр шудааст:

  • Урайз: Муҳаддиси Нурӣ (1254 - 1320ҳ.қ.) дар хотимаи китоби Мустадрак-ул-васоил, марқади Алӣ ибни Ҷаъфарро дар Урайз, дар наздикии Мадина дониста гуфтааст, дорои буқъа будааст.[39] Дар соли 1381, ҳукумати Саудӣ ин буқъаро тахриб кард.[40] Сайидмуҳсини Амин - нависандаи китоби Аъён-уш-шиъа ва низ Аллома Ҳасанзода Омулӣ[41] қабри ӯро дар Урайзи Мадина донистаанд.
  • Қум: Муҳаммадтақии Маҷлисӣ (1003 - 1070ҳ.қ.) - олими шиа, вайро мадфун дар боғи биҳишти Қум донистааст. Ба гуфтаи ӯ, Алӣ ибни Ҷаъфар ба даъвати мардуми Қум ба ин шаҳр ҳиҷрат карда буд.[42] Муҳаддиси Қумӣ менависад: қабри Алӣ ибни Ҷаъфар муштабаҳ аст, ки дар Қум аст ё Урайз (як фарсахии Мадина), эҳтимол меравад қабре, ки дар Қум аст, набераи Алӣ ибни Ҷаъфар аз писари хурдиаш ба номи Ҷаъфар бошад.[43] Мударрисии Таботабоӣ ҳам ӯро мадфун дар Қум донистааст.[44] Муҳаддиси Нурӣ эҳтимол додааст, марқади мансуб ба ӯ дар Қум, қабри яке аз наберагонаш ё наберагони Ҷаъфари каззоб бошад.[45]
  • Дар шаҳри Симнони Эрон низ буқъа ва боргоҳе ба номи Алӣ ибни Ҷаъфар вуҷуд дорад.[46]

Бархе имомзодагони Эрон

Номи имомзода аз насли имоми шаҳр, устон

Ҳилол ибни алии имоми алӣ (а) Исфаҳон - Орону бидгул

Имомзодаи ҳошими имоми алӣ (а)

Имоми Ҳасан (а) Мозандарон - омул

Абдулаземи Ҳасанӣ ( ҳарами ҳазрати Абдулазем ) имоми Ҳасан (а) рай

Имомзодаи Довуди имоми Ҳасан (а) Теҳрон - кӯҳ ҳои кун

Ҳасан ибни Ҳусайн ибни исҳоқи имоми Ҳасан (а) Луристон - Алӣгӯдарз

Ҷалоли аддӣни ашрафи имоми Ҳасан (а) Гелон - остонаи ашрФиаҳ

Имомзодаи Муҳсин ( имомзодаи кӯҳ ) имоми Ҳасан (а) Ҳамадон

Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни зайд (а) ( имомзодаи мҳрўқ ) Имом Саҷҷод (а) хуросони разавӣ - Найшобӯр

Имомзодаи Абдуллоҳи Имом Саҷҷод (а) хузистон - шӯштар

Муҳаммад ибни зайд ибни Алӣ (а) Имом Саҷҷод (а) хузистон - шӯштар

Али ибни Муҳаммади Боқир (а) ( Машҳади Ардҳол ) имоми Боқир (а) Исфаҳон - Кошон

Алӣ ибни Ҷаъфари алсодқи Имом Содиқ (а) қм/и симнон

Алии зини алъобдин ( дарби имом ) Имом Содиқ (а) Исфаҳон

Ҷаъфар ибни Алӣ ( имомзодаи Ҷаъфар ) Имом Содиқ (а) язд

Ҳамза ибни Мӯсо (а) Имом Козим (а) Теҳрон - рай

Ҳусайн ибни Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) ( алоиддини Ҳусайн ) Имом Козим (а) Форс - Широз

Муҳаммад ибни Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) ( Сайиди мирмҳмд ) Имом Козим (а) Форс - Широз

Ҳакимаи духтари Имом Козими Имом Козим (а) Куҳкилӯяу буираҳмад - Гачсорон

Исҳоқ ибни Мӯсо (а) Имом Козим (а) марказӣ - сова

Имомзодаи шоҳрзои Имом Козим (а) Исфаҳон - шаризо

Имомзодаи Зайнабияи Имом Козим (а) Исфаҳон

Оқоълии аббоси Имом Козим (а) Исфаҳон - Кошон

Имомзодаи солеҳи Имом Козим (а) Теҳрон - таҷрӣш

Ҳусайн ибни Мӯсо ибни Ҷаъфари Имом Козим (а) хуросони ҷанӯбӣ - табас

Имомзодаи Муҳаммад ибни Мӯсои Имом Козим (а) хузистон - дизфӯл

Сайиди баҳоуддӣни Муҳаммади Имом Козим (а) чаҳормаҳоли вбхтёрӣ - шайхи шубон

Али ибни Ҳамзаи Имом Козим (а) Форс - Широз

Муҳаммад ибни Ҳасан ( оқомшҳид ) Имом Козим (а) Форс - Фрошбнд

Имомзодаи яҳёи Имом Козим (а) симнон

Убайдуллоҳ ибни Мӯсо ( кӯсаи ҳҷиҷ ) Имом Козим (а) Кирмоншоҳ - рӯстои ҳҷиҷ

Сайиди султони Муҳаммад ( пирчўгон ) Имом Козим (а) ҳурмузгон - рӯдон

Имомзодаи Абдуллоҳи Имом Козим (а) Ҳамадон

Имомзодаи Ҳусайни Имом Ризо (а) Қазвӣн

Имомзодаи Ҷаъфар ( шоҳи карам ) Имом Ризо (а) Исфаҳон

Мӯсо ибни Муҳаммад ( Мӯсои мбрқъ ) Имом Ҷавод (а) Қум

Аҳмад ибни Мӯсои мбрқъ ( мироҳмд ) Имом Ҷавод (а) Исфаҳон - Кошон

Имомзодаи Исмоили Имом Ҷавод (а) Форс - Фасо

Шоҳзодаи Ҳусайни Имом Ҳодӣ (а) Ҳамадон

Эзоҳ

  1. Ибни Таботабо, Мунтақилат-ут-толибийя, 1388ҳ.ш., саҳ.224.
  2. Қумӣ, Таърихи Қум, 1361ҳ.ш., саҳ.224.
  3. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, муассисаи Олулбайт, муқаддимаи 2, саҳ.638.
  4. Фақеҳ Баҳрулъулум, Анвори пароканда, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.238.
  5. Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, саҳ.251.
  6. Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, саҳ.251.
  7. Қумӣ, Таърихи Қум, 1361ҳ.ш., саҳ.224.
  8. Ибни Инабаҳ, Умдат-ут-толиб, 1380ҳ.қ., саҳ.242.
  9. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, ҷ.2, саҳ.59.
  10. Раҷоӣ, ал-Муъаққибун, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.409 - 410.
  11. Раҷоӣ, ал-Муъаққибун, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.409 - 410.
  12. Раҷоӣ, ал-Муъаққибун, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.410.
  13. Боронӣ, “Баррасии нақши ташайюъ дар вуруд ва густариши Ислом ба Осиёи ҷануби шарқӣ”, саҳ.254.
  14. Боронӣ, “Баррасии нақши ташайюъ дар вуруд ва густариши Ислом ба Осиёи ҷануби шарқӣ”, саҳ.254.
  15. Боронӣ, “Баррасии нақши ташайюъ дар вуруд ва густариши Ислом ба Осиёи ҷануби шарқӣ”, саҳ.257.
  16. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1331ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.110.
  17. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.339.
  18. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.359.
  19. Ҳимярӣ, Қурб-ул-аснод, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом ли эҳёил-турос, саҳ.486.
  20. Шайх Тусӣ, Китоб-ул-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.42.
  21. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.275.
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.322.
  23. Ибни Инабаҳ, Умдат-ут-толиб, 1380ҳ.ш., саҳ.241.
  24. Ибни Довуд, Китоб-ур-риҷол, 1392ҳ.қ., саҳ.136.
  25. Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.214.
  26. Тусӣ, Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.151.
  27. Барқӣ, Риҷол, Ҷомеъаи Теҳрон, саҳ.25; Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.339.
  28. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.339.
  29. Алӣ ибни Ҷаъфар, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза.
  30. Алӣ ибни Ҷаъфар, Масоилу Алӣ ибни Ҷаъфар ва мустадракотуҳо, ал-Муътамарул-оламӣ лил-Имомир-Ризо (а), саҳ.55 - 57.
  31. Алӣ ибни Ҷаъфар, Масоилу Алӣ ибни Ҷаъфар ва мустадракотуҳо, ал-Муътамарул-оламӣ лил-Имомир-Ризо (а), саҳ.58 - 65.
  32. Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, саҳ.252.
  33. Тусӣ, Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.151.
  34. Шайх Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.339.
  35. “Масоилу Алӣ ибни Ҷаъфар (а) ва мустадракотуҳо”, Ҳадиснет.
  36. Заҳабӣ, ал-Ибар фи хабар, Дорул-кутубил-илмийя, ҷ.1, саҳ.282.
  37. Ёфеъӣ, Миръот-ул-ҷинон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.37.
  38. Фақеҳ Баҳрулъулум, Анвори пароканда, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.238 - 239.
  39. Муҳаддиси Нурӣ, Хотимаи мустадрак-ул-васоил, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, ҷ.4, саҳ.487.
  40. “Урайз нузҳатгоҳи имомон алайҳимус-салом ва мақбараи Алӣ ибни Ҷаъфар алайҳис-салом”, саҳ.131.
  41. https://library.tebyan.net/fa/Viewer/Text/68405/6
  42. Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.191.
  43. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, Китобфурушии илмияи исломия, 1331ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.110.
  44. Мударрисии Таботабоӣ, Турбати покон, 1335ҳ.ш., саҳ.44.
  45. Муҳаддиси Нурӣ, Хотимаи мустадрак-ул-васоил, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, ҷ.4, саҳ.487.
  46. Муҳаддиси Нурӣ, Хотимаи мустадрак-ул-васоил, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, ҷ.4, саҳ.487.

Ёддошт


Сарчашма

  • Алӣ ибни Ҷаъфар, Масоилу Алӣ ибни Ҷаъфар ва мустадракотуҳо, таҳқиқ: муассисаи Олулбайт, Қум, ал-Муътамарул-оламӣ лил-Имомир-Ризо (а), бе то.
  • Алӣ ибни Ҷаъфар, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, таърихи интишор: 1400/9/17.
  • Барқӣ, Риҷол-ул-Барқӣ, маншуроти ҷомеъаи Теҳрон, бе то.
  • Боронӣ, Муҳаммадризо ва Муҳаммадалии Раббонӣ, “Баррасии нақши ташайюъ дар вуруд ва густариши Ислом ба Осиёи ҷануби шарқӣ”, фаслномаи Шиашиносӣ, № 50, 1394ҳ.ш.
  • Ёфеъӣ, Абдуллоҳ ибни Асъад, Миръот-ул-ҷинон ва ибрат-ул-яқзон фи маърифати мо иътабара мин ҳаводис-из-замон, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1417ҳ.қ./1977м.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин, ал-Ибар фи хабар ан ғабар, таҳқиқи Абуҳоҷар Муҳаммад ал-Саъид ибни Басюнӣ Зағлул, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, бе то.
  • Ибни Довуд, Ҳасан ибни Алӣ, Китоб-ур-риҷол, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, 1392ҳ.қ./1972м.
  • Ибни Инабаҳ, Аҳмад ибни Алӣ, Умдат-ут-толиб фи ансоби Оли Абитолиб, нашри Шариф Разӣ, 1380ҳ.қ.
  • Ибни Таботабо, Иброҳим ибни Носир ибни Таботабо, Мунтақилат-ут-толибийя, Наҷафи ашраф, маншуроти ал-Матбаъатул-Ҳайдарийя, 1388ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Таърихи Қум, тасҳеҳи Сайид Ҷалолиддини Теҳронӣ, Теҳрон, Тус, 1361ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳа-л-омол фи таворих-ин-Набӣ ва-л-Ол, таъриб: Сайидҳошими Милонӣ, Қум, Ҷамоъатул-мударрисин, бе то.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳа-л-омол, Теҳрон, Китобфурушии илмияи исломия, 1331ҳ.ш.
  • Масоилу Алӣ ибни Ҷаъфар (а) ва мустадракотуҳо”, Ҳадиснет, мушоҳида: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • Масоилу Алӣ ибни Ҷаъфар ва мустадракотуҳо, муассисаи Олулбайт, 1409ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақин фи шарҳи ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи Ҳусайн Мусавии Кирмонӣ ва Алипаноҳ Иштиҳордӣ, Қум, муассисаи фарҳангии исломии Қушонпур, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, таҳқиқи Муҳаммадризо Момақонӣ ва Муҳйиддини Момақонӣ, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, чопи Наҷаф, 1350ҳ.қ.
  • Мударрисии Таботабоӣ, Сайид Ҳусайн, Турбати покон, Қум, матбааи Меҳр, 1335ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, тасҳеҳи муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, Қум, конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Наҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, таҳқиқи Сайид Мусавӣ Шубайрии Занҷонӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, бе то.
  • Нурӣ Мирзоҳусайн, Хотимаи мустадрак-ул-васоил, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, бе то.
  • Раҷоӣ, Сайид Маҳдӣ, ал-Муъаққибун мин Оли Абитолиб, муассисаи Ошуро, Қум, 1385ҳ.ш.
  • Фақеҳ Баҳрулъулум, Муҳаммадмаҳдӣ, Анвори пароканда, Қум, интишороти масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, маркази нашри осори шиа, 1369ҳ.ш.
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-аснод, таҳқиқи муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом ли эҳёил-турос, Қум, бе то.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, тасҳеҳ: муассисаи Олулбайт, Қум, конгресси Шайх Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбату ли-л-ҳуҷҷат, тасҳеҳи Абдуллоҳ Теҳронӣ ва Алӣ Аҳмад Носеҳ, Қум, Дорул-маъорифил-исломийя, 1411ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Феҳрист, таҳқиқи Ҷавод Қайюмӣ, ал-Табъатул-уло, 1417ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1373ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found