Jump to content

Валадани Абубакр марратайн

Аз wikishia
Валадани Абубакр марратайн
Номҳои дигар●Авладани Абубакр марратайн
● Қад валадани Абубакр марратайн
МавзуъНисбати хешии Имом Содиқ (а) аз сӯи бобо ва бибии модарӣ ба Абубакр
Содиршуда азИмом Содиқ (а)
Эътибори санадМурсал
Сарчашмаи шиаКашф-ул-ғумма, Умдат-ут-толиб
Сарчашмаи суннӣТаърих мадинату Димишқ, Таҳзиб-ул-камол, Сияр аълом-ин-нубало


Валадани Абубакр марратайн (арабӣ: وَلَدَنی أبوبکر مَرَّتَیْن) ба маънои «Абубакр ду бор маро ба дунё овардааст» ибораест мансуб ба Имом Содиқ (а), ки ба нисбати хешии Имом Содиқ (а) аз тариқи бобо ва бибии модарӣ ба Абубакр ишора дорад.

Ин ривоят дар манобеи аслӣ ва қадимии шиа вуҷуд надорад ва қадимтарин манбаи шиаи нақлкунандаи он, китоби Кашф-ул-ғумма аст ки ба сурати мурсал аз манобеи аҳли суннат нақл шудааст. Бархе уламоии шиа санади онро бар асоси нақди риҷолии аҳли суннат рад кардаанд ва муҳтавои онро танҳо баёнгари як робитаи нисбӣ ё натиҷаи тақия донистаанд.

Дар муқобил, бархе уламоии аҳли суннат аз ин ривоят ҳамчун далеле бар фазилати Абубакр, муҳаббати имомони шиа ба ӯ ва радди иддаои шиа дар бораи душмании аимма бо халифаҳои сегона истифода кардаанд. Ин ривоят дар манобеи аҳли суннат ҳам ба сурати муснад ва ҳам бе санад нақл шудааст.

Ҷойгоҳ ва вижагиҳо

Ибораи «Валадани Абубакр марратайн», ба маънои «Абубакр ду бор маро ба дунё овардааст», ба Имом Содиқ (а) нисбат дода шудааст.[1] Аҳли суннат аз ин ибора ҳамчун далеле бар фазилати Абубакр,[2] муҳаббати имомони шиа ба ӯ ва радди иддаои шиа дар бораи душмании имомон (а) бо се халифа,[3] истифода кардаанд. Бархе низ онро нишонаи норизоии Имом Содиқ (а) аз шиаён ба сабаби беэҳтиромӣ ба Абубакр донистаанд.[4]

Дар муқобил, уламоии шиа, монанди Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ, бо истинод ба манобеи риҷолии аҳли суннат, санади ин ривоятро мавриди нақд қарор дода ва содир шудани онро аз Имом Содиқ (а) рад кардаанд.[5]

Бархе муҳаққиқони шиа низ дар далолати ин ривоят бар иддаои аҳли суннат шак карда, ду эҳтимоли дигарро матраҳ намудаанд:

  • Танҳо баёнгари робитаи насабии Имом Содиқ (а) бо Абубакр аст, бидуни ҳар гуна ситоиш ё накӯҳиш.[6]
  • Ин ибора дар шароити тақия[7] ва барои дафъи иттиҳом[8] ё пешгирӣ аз зулм ба шиаён[9] баён шудааст.

Ин ибора ба нисбати Имом Содиқ (а) аз тариқи модараш (Уммифарва) ба Абубакр ишора дорад.[10] Уммифарва, духтари Қосим ибни Муҳаммад ибни Абубакр буд;[11] модари Уммифарва Асмо духтари Абдурраҳмон ибни Абубакр буд.[12]

Ба гуфтаи Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ ва Муҳаммадҳусайни Музаффар дар радияҳои худ бар китоби Ибтол наҳҷ-ил-ботил, Фазл ибни Рӯзбеҳони Ханҷӣ, нависандаи ин китоб, лафзи «Сиддиқ»–ро ҳамчун ҷузъе аз ривоят қаламдод карда ва бар асоси он истидлол кардааст.[13]

Манобеъ

Муҳаққиқон, сарчашмаи ривояти «Валадани Абубакр марратайн»–ро манобеи аҳли суннат донистаанд ва муътақиданд, ки ин ривоят аз он манобеъ ба манобеи мутааххири шиа роҳ ёфтааст.[14]

Манобеи аҳли суннат

Ҳадиси «Валадани Абубакр марратайн» ба сурати муснад дар Таъриху мадинати Димишқ асари Ибни Асокир (ваф.571ҳ.қ.)[15] ва Таҳзиб-ул-камол асари Маззӣ (ваф.743ҳ.қ.)[16] омадааст. Муҳаддисоне аз аҳли суннат, монанди Шамсуддин Заҳабӣ[17] ва Ҷалолуддин Суютӣ,[18] онро бе санад дар осори худ овардаанд. Дар бархе аз манобеи аҳли суннат, ин ибора танҳо омадааст;[19] аммо дар манобеи дигар, ҳамчун бахше аз як ривояти тӯлонитар аст, ки Имом Содиқ (а) дар он умед ба шафоати Абубакрро бештар аз умед ба шафоати Имом Алӣ (а) донистааст.[20]

Манобеи шиа

Ба гуфтаи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, таърихпажӯҳи шиа, қадимтарин манбаи шиае ки ин ибораро нақл кардааст, Кашф-ул-ғумма аст.[21] Ирбилӣ (ваф.692ҳ.қ.) онро аз Абдулазиз Ҷанобазии суннимазҳаб[22] (ваф.611ҳ.қ.) ривоят кардааст.[23] Муҳаққиқони шиа ин нақлро мурсал донистаанд.[24] Ҳамчунин Ибни Анба, насабшиноси шиа, дар Умдат-ут-толиб ин ибораро овардааст,[25] ки он ҳам бе санад аст.[26]

Бархе уламоии шиа монанди Зомин ибни Шадғам,[27] Оқо Муҳаммадалии Беҳбаҳонӣ,[28] Абдуллоҳ Момиқонӣ,[29] Муҳаммадалии Мударриси Табрезӣ[30] ва Муртазо Мутаҳҳарӣ[31] ин ибораро бе нақд нақл кардаанд. Ҳамчунин дар бархе сарчашмаҳои фиқҳии шиа низ ба ин иборат ҳамчун ривояте аз Имом Содиқ (а) истинод шудааст.[32]

Эзоҳ

  1. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.374
  2. Мусавӣ, аш-Шиа ва-т-тасҳиҳ, бе таърих, саҳ.159–160
  3. Заҳабӣ, Сияр аълом-ин-нубало, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.255
  4. Заҳабӣ, Сияр аълом-ин-нубало, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.255
  5. Омилӣ, Мизон-ул-ҳақ, ҷ.1, 1431ҳ.қ., саҳ.344–345; Мусавии Софӣ, Уммаҳот-ул-аиммат-ил-маъсумин (а), 1436ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.68–69
  6. Шуштарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.67
  7. Омилӣ, Мизон-ул-ҳақ, ҷ.1, 1431ҳ.қ., саҳ.343–345; Шуштарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68
  8. Шуштарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68
  9. Омилӣ, Мизон-ул-ҳақ, ҷ.1, 1431ҳ.қ., саҳ.345
  10. Мусавии Софӣ, Уммаҳот-ул-аиммат-ил-маъсумин (а), 1436ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.67
  11. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.180
  12. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.472
  13. Шуштарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.67; Музаффар, Муҳаммадҳусайн, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.35
  14. Юсуфии Ғаравӣ, Мавсуъат-ут-таърих-ил-исломӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.497
  15. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.454
  16. Маззӣ, Таҳзиб-ул-камол, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.82
  17. Заҳабӣ, Сияр аълом-ин-нубало, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.255
  18. Суютӣ, Заҳабӣ, Табақот-ул-ҳуффоз, 1403ҳ.қ., саҳ.79
  19. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 2003м., ҷ.3, саҳ.828
  20. Маззӣ, Таҳзиб-ул-камол, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.82
  21. Юсуфии Ғаравӣ, Мавсуъат-ут-таърих-ил-исломӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.497
  22. Мусавии Софӣ, Уммаҳот-ул-аиммат-ил-маъсумин (а), 1436ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.69
  23. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.374
  24. Юсуфии Ғаравӣ, Мавсуъат-ут-таърих-ил-исломӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.497
  25. Ибни Анба, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.176
  26. Ҳусайнӣ, ал-Аҷвибат-ул-ҳодия, 1429ҳ.қ., саҳ.106
  27. Ҳусайнӣ Маданӣ, Туҳфат-ул-азҳор, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.43
  28. Беҳбаҳонӣ, Мақомеъ-ул-фазл, ҷ.2, 1421ҳ.қ., саҳ.88
  29. Момиқонӣ, Танқеҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.292
  30. Мударриси Табрезӣ, Райҳонат-ул-адаб, 1369ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.318
  31. Мутаҳҳарӣ, Бист гуфтор, 1374ҳ.ш., саҳ.165
  32. Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.180; Ҷавоҳирӣ, ал-Возеҳ, бе таърих, ҷ.6, саҳ.340; Буруҷердӣ, ал-Мустанд, бе таърих, ҷ.3, саҳ.317

Сарчашма

  • Буруҷердӣ, Муртазо, ал-Мустанд фи шарҳ-ил-Урват-ил-вусқо (тақрири баҳси Абулқосим Мусавии Хӯӣ), Қум, Муассисаи эҳёи осори Имом Хӯӣ, бе таърих.
  • Заҳабӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияр аълом-ин-нубало, таҳқиқи гурӯҳе аз муҳаққиқон таҳти назари Шайх Шуайб Арнаут, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1405ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмад, Тазкират-ул-ҳуффоз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1419ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳир ва-л-аълом, таҳқиқи Башшор Аввод Маъруф, Бейрут, Дор-ул-ғарб-ил-исломӣ, 2003м.
  • Заҳабӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Кошиф фи маърифати ман лаҳу ривоя фи-л-кутуб-ис-ситта, таҳқиқи Муҳаммад Авома ва Аҳмад Муҳаммад Нимр ал-Хатиб, Ҷидда, Дор-ул-қибла ли-с-сақофат-ил-исломия, Муассисату улум-ил-Қуръон, 1413ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1405ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маззӣ, Юсуф ибни Абдурраҳмон, Таҳзиб-ул-камол фи асмо-ир-риҷол, таҳқиқи Башшор Аввод Маъруф, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1400ҳ.қ.
  • Момиқонӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммадҳасан, Танқеҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, таҳқиқ ва таълиқ ва истидроки Муҳйиддин Момиқонӣ ва Муҳаммадризо Момиқонӣ, Қум, Муассисату Ол-ил-байт (а) лиэҳё-ит-турос, 1431ҳ.қ.
  • Мударриси Табрезӣ, Муҳаммадалӣ, Райҳонат-ул-адаб фи тароҷим-ил-маъруфин би-л-куня ав-ил-лақаб, Теҳрон, Китобфурӯшии Хайём, 1369ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадҳусайн, Далоил-ус-сидқ ли наҳҷ-ил-ҳақ, Қум, Муассисату Ол-ил-байт (а) лиэҳё-ит-турос, 1422ҳ.қ.
  • Мусавии Софӣ, Сайид Ҳусайн, Уммаҳот-ул-аиммат-ил-маъсумин (а), Карбало, Шуъбаи умури фикрӣ ва фарҳангӣ дар остони муқаддаси Ҳусайнӣ, 1436ҳ.қ.
  • Мусавӣ, Мусо, аш-Шиа ва-т-тасҳиҳ (ас-Сироъ байн-аш-шиати ва-т-ташайюъ), тасҳеҳи Саъд ибни Абдурраҳмон Ҳусайн, бе ҷой, бе ном, бе таърих.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Бист гуфтор, Теҳрон, Интишороти Садро, 1374ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, таҳқиқи Муассисату Ол-ил-байт (а) лиэҳё-ит-турос, Қум, Конфронси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайид Ҷаъфар Муртазо, Мизон-ул-ҳақ: шубаҳот ва рудуд, Бейрут, ал-Марказ-ул-исломӣ ли-д-диросот, 1431ҳ.қ.
  • Омулӣ, Муҳаммадтақӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо фи шарҳ-ил-Урват-ил-вусқо, Теҳрон, бе ном, 1380ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолуддин Абдурраҳмон ибни Абубакр, Табақот-ул-ҳуффоз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1403ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ ибни Шарифуддин Ҳусайнӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, таҳқиқи Сайид Шаҳобуддин Мараъшии Наҷафӣ, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳ Мараъшии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Юсуфии Ғаравӣ, Муҳаммадҳодӣ, Мавсуъат-ут-таърих-ил-исломӣ, Қум, Маҷмаъи фикри исломӣ, 1378ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ Маданӣ, Зомин ибни Шадғам, Туҳфат-ул-азҳор ва зулол-ул-анҳор фи насаби абно-ил-аиммат-ил-атҳор алайҳим салавот-ул-малик-ил-ғаффор, таҳқиқи Комил Салмон ал-Ҷабурӣ, Китобхонаи тахассусии таърихи Ислом ва Эрон, 1378ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Абдуллоҳ, ал-Аҷвибат-ул-ҳодия ило саво-ис-сабил, Теҳрон, Нашри машъар, 1429ҳ.қ.
  • Ҷавоҳирӣ, Муҳаммад, ал-Возеҳ фи шарҳ-ил-Урват-ил-вусқо, бе ҷой, ал-Ориф ли-л-матбуъот, бе таърих.