Ҳодии Аббосӣ

Аз wikishia

Мусо ибни Маҳдӣ ибни Мансур (145 - 170ҳ.қ.), маъруф ба Ҳодии Аббосӣ - чаҳорумин халифаи аббосӣ аст, ки тақрибан 14 моҳ ҳукумат кард. Ҳодии Аббосӣ дар даврони ҳукумати худ, алавиҳоро таҳти назар гирифту маъоши ононро қатъ кард. Дар замони ҳукумати ӯ, қиёми Соҳиби Фах дар Мадина рух дод, ки аз сӯи халифа саркӯб шуд.

Ҳодии Аббосӣ, Имом Козим (а)-ро сабаби аслии таҳрик алавиҳо дар қиёми Фах медонист ва аз ин рӯ, тавре ки бархе манобеъ гуфтаанд, мехост имоми ҳафтуми шиаёнро бикушад, аммо пеш аз он, худ даргузашт. Ӯ сиёсати падараш - Маҳдии Аббосиро дар бархӯрд бо зиндиқҳо пеш гирифт ва бисёре аз онҳоро аз байн бурд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Ҳодӣ Аббосӣ ба ҷои Ҳорун, писари хурдсолаш - Ҷаъфарро валиаҳд таъин карданӣ шуд, аммо муваффақ нашуд ва бародараш - Ҳорун баъд аз ӯ халифа шуд.

Зиндагинома

Мусо ибни Маҳдӣ ибни Мансур, мулаққаб ба Ҳодӣ, баъд аз Саффоҳ, Мансури Давониқӣ ва Маҳдии Аббосӣ, чаҳорумин халифаи Аббосӣ буд.[1] Куняи ӯ Абуҷаъфар[2] ё Абумуҳаммад[3] буд. Падараш - Маҳдии Аббосӣ ва модари ӯ, канизе ба номи Хайзарон будааст.[4] Дар муҳаррами соли 169-и қамарӣ дар 25-солагӣ ба хилофат расид.[5] Ӯ дар ибтидои хилофат, камтарин синро нисбат ба хулафои пеш аз худ доштааст.[6]

Маҳдии Аббосӣ - падари Ҳодӣ, тавваҷуҳи бисёре ба ӯ дошт,[7] то онҷо ки дар 16-солагӣ валиаҳди аввал шуд ва ба фармондеҳии сипоҳ расид.[8] Маҳдӣ дар авохири умри худ дар пайи он буд, ки фарзанди дигараш- Ҳорунро ба ҷои Ҳодӣ валиаҳд кунад, аммо пеш аз муваффақият ба ин кор аз дунё рафт.[9]

Ҳодии Аббосӣ дар замони марги падараш - Маҳдии аббосӣ, дар Ҷурҷон[10] ҳузур дошт ва бо аҳли Табаристон дар ҷанг буд[11] ва бародараш - Ҳорун дар ҳамон рӯз бо ӯ байъат кард[12] ва аз бузургони хонадони Аббосӣ ва сарони сипоҳ барои вай байъат гирифт.[13]

Чаҳорумин халифаи аббосӣ - Ҳодӣ, дар пайи он буд, ки вилоятъаҳдиро аз бародараш - Ҳорун ба фарзанди 7- солааш -[14] Ҷаъфар, интиқол диҳад.[15] Ва дар ин роҳ талоши бисёре кард.[16] Ҳодӣ кушиш кард, ки Ҳорунро мутақоид кунад, ки худашро аз вилоятаҳдӣ халъ кунад, аммо Ҳорун барои вогузор накардани вилоятаҳдӣ гурехт ва то поёни умри бародараш ба пойтахт барнагашт.[17]

Ҳодӣ, аз назари ҷисмонӣ, неруманд будааст.[18] Вай гарчӣ дар шуҷоат ва маҳорат дар амри мамлакатдорӣ ва ҳамчунин бахшиш, машҳур аст, аммо дар айни ҳол, шахси хашин, ҷасур ва мутаассиб дониста шудааст.[19] Ҳодӣ ба иллати нақсе ки дар лабони худ дошт, машҳур ба «Мусои атбақ» буд.[20] Ӯ ба адабиёти араб ва таърих алоқаманд буда ва ба сурудхонӣ алоқаи вофир доштааст.[21]

Марг

Ҳодӣ ҳудуди 14 моҳ ҳукумат карда ва дар соли 170-и қамарӣ дар Бағдод[22] дар сини 25[23] ё 26 - солагӣ вафот кард.[24] Далели марги ӯ, ба бовари бархе беморӣ, ва ба назари бархеи дигар, кушта шудан дар хоб ба фармони модараш дониста шудааст.[25] Бародараш - Ҳорун бар ӯ намоз хонд ва дар минтақаи Исоободи Бағдод ба хок супорида шуд.[26]

Бархӯрд бо алавиён

Бино бар манобеи таърихӣ, Ҳодии Аббосӣ бар алавиён сахт мегирифт ва бо бераҳмӣ бо онон бархӯрд мекард ва тамоми маъошҳоеро ки дар замони Маҳдии Аббосӣ барои онон дар назар гирифта шуда буд, манъ кард.[27] Абулфараҷи Исфаҳонӣ ин иқдомотро ба далели тарс аз қиёми алавиён зикр кардааст.[28] Ҳодии Аббосӣ, ҳамчунин ба коргузорони худ дастур дод, то тамоми ҳаракатҳо ва ҷанбуҷушҳои алавиёнро зери назар гирифта ва ҷосусоне дар миёни онҳо дошта бошанд.[29] Дар давраи ӯ, тамоми алавиён маҷбур шуданд то ҳар шаб ба Дорул-иморат бираванд ва ҳузури худро сабт кунанд.[30]

Саркӯби қиёми Фах

Мақолаи аслӣ: Қиёми шаҳиди Фах

Сахтгирии Ҳодии Аббосӣ бар алавиён дар Ҳиҷоз, онҳоро дар тангно қарор дод; то онҷо ки барои халосӣ аз вазъияти нобасомони худ, ба яке аз бузургони алавиён бо номи Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳасан, маъруф ба Соҳиби Фах – яке аз набераҳои Имом Ҳасан (а) рӯй овараданд ва ӯро ба қиём ташвиқ карданд.[31] Бо ин ҳол, бархе муътақиданд, Ҳусайн ибни Алӣ, аз муддатҳо қабл дар пайи тасоҳуби ҳукумат буда ва онро ҳаққи алавиён медонистааст, ки зулму ситами Ҳодии Аббосӣ, фурсатро барои қиёми ӯ фароҳам сохт.[32]

Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳасан, баъд аз фароҳам шудани заминаи қиём, ҳаракати худро дар соли 169-и қамарӣ оғоз кард.[33] Вай ибтидо Мадинаро фатҳ карда, зиндониёнро озод намуд[34] ва коркунони ҳукумати Аббосиро ба зиндон андохт[35] ва Масҷид-ун-Набиро маркази фармондеҳии худ қарор дод. Сипас ба самти Макка ҳаракат кард ва дар даррае ба номи Фах дар шашкилометрии Макка пойгоҳ зад.[36]

Дар ҳамин ҳол, сипоҳи ҳукумати Аббосӣ, ба фармондеҳии Исо ибни Мусо ба минтақаи Фах расид[37] ва пас аз даргирӣ, Ҳусайн ва ёронаш шикасти хӯрда кушта шуданд.[38] Ин ҳодиса дар таърих ба воқеаи Фах машҳур шуд ва Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳасан, пас аз он, шаҳиди Фах ё соҳиби Фах хонда шуд.[39] Тибқи ривояте аз Имом Ҷавод (а), пас аз воқеаи Карбало, ин ҳодиса бузургтарин ибтилои Аҳли Байт (а) будааст.[40] Ва марсияҳои фаровоне дар сӯги ин ҳодиса суруда шудааст.[41]

Бархӯрд бо Имом Козим (а)

Ҳодии Аббосӣ баъд аз воқеаи Фах, Имом Козим (а)-ро муттаҳам ба таҳрики алавиён кард ва ӯро муқассири аслии қиём донист. Аз ин рӯ, ба гуфтаи бархе пажуҳишгарон, дар пайи он буд, ки имоми ҳафтуми шиаёнро ба қатл бирасонад, аммо пеш аз онки тасмими худро амалӣ кунад, аз дунё рафт.[42]

Идомаи сиёсати бархӯрд бо зиндиқҳо

Ҳодии Аббосӣ, ҳамчун падараш - Маҳдӣ, аз зиндиқҳо нафрат дошт ва онҳоро кофта, ёфта ҷазо медод.[43] Ӯ гуруҳе аз зиндиқҳоро аз байн бурд;[44] аз ҷумла: Яздон ибни Бозон[45] ва ҳамчунин гуруҳе аз ононро ки дар минтақаи Ҷазира қиём карда буданд, ба қатл расонд.[46]

Эзоҳ

  1. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.324 ва 501 - 502.
  2. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, саҳ.297.
  3. Ибни Асир, ал-Комил, 1965м., ҷ.6, саҳ.101; Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.371; Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.381; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.305.
  4. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.324.
  5. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.10, саҳ.157.
  6. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1380ҳ.ш., саҳ.91.
  7. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.10, саҳ.159.
  8. Хизрӣ, Таърихи хилофати Аббосӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.51.
  9. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1380ҳ.ш., саҳ.94.
  10. Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.386; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.10, саҳ.157; Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.371; Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.380.
  11. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.187; Ибни Асир, ал-Комил, 1965м., ҷ.6, саҳ.87; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.305; Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.268.
  12. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.305.
  13. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.404; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.324.
  14. Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.23.
  15. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.333; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.10, саҳ.158; Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.490.
  16. Ибни Асир, ал-Комил, 1965м., ҷ.6, саҳ.96.
  17. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1380ҳ.ш., саҳ.94.
  18. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, саҳ.297.
  19. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1380ҳ.ш., саҳ.91.
  20. Ибни ал-Имронӣ, ал-Инбоъ, 1421ҳ.қ., саҳ.73; Ибни Асир, ал-Комил, 1965м., ҷ.6, саҳ.101.
  21. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1380ҳ.ш., саҳ.92.
  22. Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.372.
  23. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, саҳ.297.
  24. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.406; Ибни Асир, ал-Комил, 1965м, ҷ.6, саҳ.101.
  25. Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.488; Ибни Имоди Ҳанбалӣ, Шазарот-ут-заҳаб, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.314.
  26. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.205; Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.406; Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.386.
  27. Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.5, саҳ.6.
  28. Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1994м., ҷ.5, саҳ.6.
  29. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1380ҳ.ш., саҳ.92.
  30. Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1383ҳ.ш., саҳ.67.
  31. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.404.
  32. Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, саҳ.372.
  33. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.10, саҳ.157.
  34. Ибни ат-Тақтақӣ, ал-Фахрӣ, 1418ҳ.қ., саҳ.189.
  35. Хизрӣ, Таърихи хилофати Аббосӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.52.
  36. Ибни ат-Тақтақӣ, ал-Фахрӣ, 1418ҳ.қ., саҳ.190.
  37. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бейрут, ҷ.6, саҳ.99.
  38. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.192 - 204; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.326 - 327; Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, саҳ.364 - 385.
  39. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1380ҳ.ш., саҳ.93.
  40. Бухорӣ, Сирр-ус-силсилат-ил-алавийя, 1963м., саҳ.14 - 15.
  41. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.337.
  42. Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1383ҳ.ш., саҳ.67.
  43. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.10, саҳ.157.
  44. Ибни Асир, ал-Комил, 1965м, ҷ.6, саҳ.89.
  45. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.190; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.33.
  46. Хизрӣ, Таърихи хилофати Аббосӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.52.

Сарчашма

  • Бухорӣ, Саҳл ибни Абдуллоҳ, Сирр-ус-силсилат-ил-алавийя, Наҷаф, ал-Матбаъатул-Ҳайдарийя, 1963м.
  • Динаварӣ, Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд, Ахбор-ут-тивол, таҳқиқи Абдулмунъим Омир, Қум, маншуроти ар-Разӣ, 1368ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдуссалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Ибни ал-Имронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Инбоъ фи таърих-ил-хулафо, таҳқиқи Қосим ас-Сомирроӣ, Қоҳира, Дорул-офоқи-арабия, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Иззуддин, ал-Комил, Бейрут, Дорусодир, 1965м.
  • Ибни ат-Тақтақӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Фахрӣ, таҳқиқи Абдулқодир Муҳаммади Мою, Бейрут, Дорул-қаламил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Ибни Аъсами ал-Куфӣ, Абумуҳаммад Аҳмад, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Имоди Ҳанбалӣ, Шаҳобиддин Абулфаллоҳ, Шазарот-ут-заҳаб фи ахбори ман заҳаб, таҳқиқи ал-Арнаъут, Бейрут, Дору Ибни Касир, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорулфикр, Бейрут, бе то.
  • Ибни Қутайба, Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқи Сарват Аккоша, Қоҳира, ал-Ҳайъатул-мисрийятил-омма лил-китоб, чопи дувум, 1992м.
  • Ибни Мискавайҳ, Абуалӣ Мискавайҳ ар-Розӣ, Таҷориб-ул-умам, таҳқиқи Абулқосим Имомӣ, Теҳрон, Сурӯш, 1379ҳ.ш.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, таҳқиқи Халил Шаҳода, Бейрут, Дорул-фикр, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1403ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абулфараҷ Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодири Ато ва Мустафо Абдулқодири Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1412ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Ағонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1994м.
  • Исфаҳонӣ, Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, таҳқиқи Сайид Аҳмад Сақр, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бейрут, Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
  • Масъудӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил ал-Совӣ, Қоҳира, Дорул-Совӣ, бе то.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Тақуш, Суҳайл, Давлати Аббосиён, тарҷумаи Ҳуҷҷатуллоҳ Ҷудакӣ, Қум, Пажуҳишкадаи ҳавза ва донишгоҳ, 1380ҳ.ш.
  • Хизрӣ, Сайид Аҳмад Ризо, Таърихи хилофати Аббосӣ, Теҳрон, Самт, 1383ҳ.ш.
  • Ҳусайн, Ҷосим, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, тарҷумаи Сайид Муҳаммадтақии Оятуллоҳӣ, Теҳрон, Амир Кабир, 1376ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.