Ҷузхонӣ

Аз wikishia
Маҷлиси ҷузхонии Қуръони Карим, Хуррамшаҳр, Эрон

Ҷузъхонӣ, тиловати Қуръон ба сурати ҷузъ ба ҷузъ аст, ки маъмулан ба сурати гурӯҳӣ анҷом мешавад. Ҷузхонӣ дар моҳи Рамазон, ҷаласоти хатми Қуръон ва низ маросимҳои фотиҳа ва ёдбуди даргузаштагон марсум аст. Тақсими Қуръон ба 30 ҷузъ дар авохири қарни аввал ё қарни дувуми қамарӣ анҷом шудааст.

Суннати ҷузхонӣ

Дар маҷолиси ҷузхонии Қуръон, қорӣ, як ё чанд ҷузъро мехонад ва бақияи ҳозирон, гӯш дода ва ё ба оромӣ, ҳамхонӣ ё замзама мекунанд.[1] Ин равиш дар моҳи Рамазон[2] ва ҷаласоти хатми Қуръони хонагӣ роиҷ аст. Ҳамчунин дар маросими фотиҳа ва ёдбуди даргузаштагон, Қуръонҳои сӣ пора тақсим мешавад то ҳаряк аз ҳозирон як пора ё бахше аз онро қироат кунанд ва дар маҷмӯъ як ё чанд хатми Қуръон анҷом шавад.[3]

Ҷузхонӣ ба сурати маҷозӣ низ анҷом мешавад.[4]

Маросими ҷузхонии Қуръон дар ҳарами Имом Ҳусайн (Рамазони 1443ҳ.қ.[5]

Хатми Қуръон

Яке аз шаклҳои роиҷи хатми Қуръон, ҷузхонӣ аст. Дар бархе маҷолис, ки дар хона ё масҷид баргузор мешавад, ҳар нафар, як ё чанд ҷузъро мехонад. Ҳамчунин бо хондани як ҷузъ дар ҳар рӯзи моҳи Рамазон то поёни ин моҳ, Қуръон як бор хатм мешавад.[6] Ба ин равиш, дар ҷануби Эрон муқобила ё муқобилахонӣ гуфта мешавад.[7] Маросими ҷузхонии Қуръон дар моҳи Рамазон дар кишварҳои мухталиф баргузор мешавад. Ин маросим аз амокини мазҳабие ҳамчун ҳарами Имом Ризо (а) ва ҳарами ҳазрати Маъсума (с) аз садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон пахш мешавад.[8]

Тақсими Қуръон ба ҷузъ

Тақсими Қуръон ба сӣ ҷузъ дар қарни аввал ё дувуми қамарӣ, бо ангезаҳои осонӣ дар хондан, азёд кардан, тадрис ва ҳамли Қуръон сурат гирифтааст.[9] Тақсими Қуръон ба сӣ ҷузъро ба Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ[10] ва Маъмуни аббосӣ[11] нисбат додаанд. Заркашӣ аз муфассирони қарни ҳаштум, ривоҷи тақсими Қуръон ба 30 ҷузъро аз мадориси динӣ медонист.[12] Дар бархе кишварҳои исломӣ, ҷузъҳои Қуръон ба сурати мустақил низ чоп ва таксир мешаванд.

Эзоҳ

  1. “Беҳтарини шеваи қироати Қуръони Карим дар моҳи Рамазон”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон.
  2. Муайянӣ, “Ҷузъ”, саҳ.836.
  3. Нигоҳ кунед ба Мӯсавии Омулӣ, “Шинохти Қуръон; Қуръон дар маросими хатм”. Пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  4. “Хатми Қуръон”, маҷаллаи Насими ваҳй, 1386ҳ.ш., шумораи 7.
  5. “Тасовир/ маросими ҷузхонии Қуръони Карим дар ҳарами Имом Ҳусайн (а)”, хабаргузории Ҳавза.
  6. “Хатми Қуръон”, маҷаллаи Насими ваҳй, 1386ҳ.ш., шумораи 7.
  7. “Муқобила, оини суннатии Қуръонхонии мардуми Бушаҳр дар моҳи мубораки Рамазон”, хабаргузории Шабистон.
  8. “Замони пахши тартили ҷузхонии Қуръони Карими шабакаҳои симо”
  9. Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.482 - 481.
  10. Файзи Кошонӣ, Муҳаҷҷат-ул-байзо, 1428ҳ.қ., саҳ.224.
  11. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.364.
  12. Заркашӣ, ал-Бурҳон, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.250.

Сарчашма

  • “Беҳтарини шеваи қироати Қуръони Карим дар моҳи Рамазон”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, дарҷи матлаб: 7 урдибиҳишти 1399ҳ.ш., мушоҳида 10 фарвардини 1402ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, «Фарҳангномаи улуми қуръонӣ», Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, ҷ.1, 1394ҳ.ш.
  • “Хатми Қуръон”, маҷаллаи Насими ваҳй, Қум, ҷомеъатул-Қуръонил-Карим, шумораи 7, шаҳривари 1386ҳ.ш.
  • Заркашӣ, Бадруддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, «ал-Бурҳон фи улум-ил-Қуръон», Бейрут, интишороти Дорулҷил, 1408ҳ.қ.
  • “Замони пахши тартили ҷузхонии Қуръони Карими шабакаҳои симо”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, дарҷи матлаб: 7 фарвардини 1402ҳ.ш., мушоҳида 10 фарвардини 1402ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳсин, «ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо», Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1428ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳамадҳодӣ, «ат-Тамҳид», Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Муайянӣ, Муҳсин, мадхали “Ҷузъ”, донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон, нашри дӯстон ва нашри Ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • “Муқобила, оини суннатии Қуръонхонии мардуми Бушаҳр дар моҳи мубораки Рамазон”, хабаргузории Шабистон, дарҷи матлаб: 30 хурдоди 1395ҳ.ш., мушоҳида 10 фарвардини 1402ҳ.ш.
  • Мӯсавии Омулӣ, Сайидмуҳсин, “Шинохти Қуръон; Қуръон дар маросими хатм”, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, мушоҳида 10 фарвардин, 1402ҳ.ш.