Jump to content

Бақо бар ҷанобат

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Бақо бар ҷанобат (форсӣ: بقا بر جنابت) ба маънои ба таъхир андохтани ғусли ҷанобат то азони субҳ (тулӯи фаҷр) аст. Ба бовари фақиҳон, мукаллаф набояд дар шаби моҳи рамазон ё ҳар шаби дигаре, ки тасмим дорад фардои он, қазои рӯзаи моҳи рамазонро бигирад, то азони субҳ бар ҷанобат боқӣ бимонад.

Фақиҳон рӯзаи касеро ки дар моҳи рамазон ва қазои он (қасдан ё аз рӯйи фаромӯшӣ) то азони субҳ бар ҷанобат боқӣ бимонад, саҳеҳ намедонанд ва муътақиданд қазои он бояд ба ҷо оварда шавад.

Ҳамчунин мегӯянд бақо бар ҷанобат то азони субҳ дар рӯзаҳои мустаҳаббӣ ва дигар рӯзаҳои воҷиб ҳамчун рӯзаи каффора, мӯҷиби бутлони рӯза нест; аммо бино бар эҳтиёти воҷиб, набояд то азони субҳ қасдан ҷунуб монад.

Ба фатвои фақиҳон, касе ки дар шаби моҳи рамазон ҷунуб ё муҳталим аст ва медонад агар бихобад то субҳ бедор намешавад, набояд бидуни ғусл бихобад ва чунончи бихобад ва то субҳ бедор нашавад, рӯзааш ботил аст ва қазову каффора дорад; аммо агар ният карда ки баъд аз бедорӣ, то қабл аз азони субҳ ғусл кунад ва хоб монда, рӯзааш саҳеҳ аст.

Мафҳумшиносӣ

Бақо бар ҷанобат ба маънои ба таъхир андохтани ғусли ҷанобат дар шаби моҳи рамазон то баъд аз азони субҳ ё ҳар шаби дигаре аст, ки мукаллаф тасмим дорад фардои онро рӯза бигирад.[1]

Ҳукми фиқҳии бақо бар ҷанобат

Аксари фақиҳон дар хусуси рӯзаи моҳи рамазон ва қазои рӯзаи моҳи рамазон, бар ҷунуб воҷиб медонанд, ки то азони субҳ аз боқӣ мондан бар ҷанобат худдорӣ кунад[2] ва рӯзаи касе ки қасдан то азони субҳ бар ҷанобат боқӣ бимонад ботил аст.[3] Ҳамчунин агар вазифаи ӯ таяммум бошад ва накунад, рӯзааш ботил аст.[4]

Бархе фақиҳон ҳамчун Таботабоии Яздӣ ва Имом Хумайнӣ мегӯянд агар шахс аз рӯйи фаромӯшӣ ҳам то азони субҳ ҷунуб бимонад ва ғусл накунад, рӯзааш ботил аст;[5] аммо ба фатвои бархе дигар, аз ҷумла Макорими Шерозӣ, агар қасдан набошад, рӯзааш саҳеҳ аст.[6]

Ба гуфтаи фақиҳон, дар рӯзаҳои воҷиби дигар (ғайр аз моҳи рамазон ва қазои рӯзаи моҳи рамазон), далели қатъӣ бар вуҷуби ғусли ҷанобат то қабл аз азони субҳ, барои сиҳҳати рӯзаҳои воҷиб нақл нашудааст;[7] аммо гуфтаанд бинобар эҳтиёти воҷиб, то азони субҳ қасдан ҷунуб намонад.[8]

Тибқи дидгоҳи машҳур миёни фуқаҳо, дар рӯзаҳои мустаҳаббӣ, боқӣ мондан бар ҷанобат то азони субҳ мӯҷиби бутлони рӯза намешавад.[9]

Ҳукми хоби баъд аз ҷунуб шудан ё эҳтлом

Аҳкоме барои бақо бар ҷанобат ба иллати хоб мондани шахсе, ки дар шаби моҳи рамазон ҷунуб ё муҳталим аст, баён шудааст; аз ҷумла:

  • Рӯзаи касе ки ҷунуб шавад ва бидуни нияти ғусл, то субҳ бихобад дар ҳукми бақои қасдӣ бар ҷанобат аст (яъне рӯзааш ботил асту қазову каффора воҷиб мешавад);[10] аммо агар ният карда ки баъд аз бедорӣ (то қабл аз азони субҳ) ғусл кунад, рӯзааш саҳеҳ аст.[11]
  • Касе ки дар шаби моҳи рамазон ҷунуб аст ва медонад, ки агар бихобад, то субҳ бедор намешавад, набояд бихобад ва чунончи бихобад ва то субҳ бедор нашавад, рӯзааш ботил асту қазову каффора бар ӯ воҷиб аст.[12] Аз назари бархе аз мароҷеъи тақлид, рӯзаашро бояд тамом кунад, аммо қазову каффора ҳам бар ӯ воҷиб аст.[13]
  • Агар мукаллаф баъд аз ду бор хобу бедорӣ дар хоб бимонад, ҳарчанд нияти ғусл дошта бошад, рӯзаи ӯ ботил аст.[14] Шайх Тӯсӣ муътақид аст каффора низ бар ӯ воҷиб мешавад.[15]
  • Ба фатвои Имом Хумайнӣ агар шахсе дар шаб ҷунуб шавад, се мартаба бедор шавад ва бидуни анҷоми ғусл бихобад ва то азони субҳ бедор нашавад, танҳо қазои он рӯзро бояд бигирад ва каффорае бар гарданаш нест.[16]
  • Аз назари Имом Хумайнӣ мурод аз хоби аввал, хобе аст, ки муҳталим пас аз бедор шудан, дубора бихобад, аммо Систонӣ хоберо ки дар он эҳтилом сурат гирифта хоби аввал медонад.[17]

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.122
  2. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1498ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.141; Мӯсавии Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.17
  3. Барои намуна ниг.: Шайх Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.174; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.34; Хуӣ, ат-Танқиҳу фи шарҳ-ил-Урват-ул-вусқо, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.289; Ҳаким, Мустамсак-ул-Урват-ул-вусқо, 1388ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.38
  4. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1141
  5. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (ал-Муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.480; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.40
  6. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1141
  7. Хуӣ, ат-Танқиҳу фи шарҳ-ил-Урват-ул-вусқо, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.299; Ҳаким, Мустамсак-ул-Урват-ул-вусқо, 1388ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.41
  8. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.40
  9. Барои намуна ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (ал-Муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.480; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.40
  10. Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1498ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.141; Шайх Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222
  11. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1498ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.141
  12. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1145
  13. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1146
  14. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1498ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.141; Шайх Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222
  15. Шайх Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222
  16. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.346
  17. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1149

Сарчашма

  • Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъи мутобиқ бо фатоваии шонздаҳ нафар аз мароҷеъи тақлид, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1392ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Муслим Қулипури Гелонӣ, Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), 1392ҳ.ш.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи исломӣ, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Исломи фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ: Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Мӯсавии Омилӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Мадорик-ул-аҳкоми фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Қум, Муассисаи Олу-л-байт (а), 1411ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, таҳқиқ: Муҳаммади Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фимо таумму биҳи-л-балво (ал-Муҳашшо), тасҳеҳ: Аҳмади Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ат-Танқиҳу фи шарҳ-ил-Урват-ул-вусқо, таҳқиқ: Ризо Халхолӣ, Қум, 1418ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-Урват-ул-вусқо, Наҷаф, 1388ҳ.қ.