Мудди таом

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои эъмол динӣ бошад. Барои эъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Мудди таом, ба арабӣ: مُدِّ طَعام ҳудуди 750 грам маводи ғизоӣ аз орд, гандум, биринҷ ва хурмо аст, ки шохиси андозагирии миқдори фидяи рӯза ва каффорот дар фиқҳ ба шумор меояд.

Ба фатвои фақеҳони шиа, афроде ки ба хотири пирӣ ё беморӣ наметавонанд моҳи Рамазонро рӯза бигиранд ва ё зани бордору ширдеҳе, ки тарс дорад, ки рӯза гирифтан бар ҷони худ ё фарзандаш зарар дошта бошад, ва узри онҳо то моҳи Рамазони соли баъд идома дорад, бояд ба ивази ҳар рӯз, як муд таом ба унвони фидя ба фақир бипардозанд. Ҳамчунин касе ки рӯзаҳои моҳи Рамазонро ба хотири узри шаръие ҳамчун мусофират ва ғ. нагирифтааст агар пас аз бартараф шудани узр, қазои онҳоро то моҳи Рамазони соли баъд анҷом надиҳад, бояд ба ивази ҳар рӯза як муд таом ба унвони каффораи таъхир бипардозад.

Каффораи иртикоби бархе аз муҳаррамоти эҳром низ пардохти як муд таом аст.

Чистӣ ва аҳамият

Машҳури фақеҳон миқдор ҳар мудро ҳудуди 750 грам ва манзур аз таомро гандум, биринҷ, хурмо, орд ва ғ. намедонанд.[1] Бархе низ гуфтаанд, миқдори ҳар муд, яксаду панҷоҳу севу ним мисқол муодили 719 грам аст[2] ва бархеи дигари миқдори онро ҳудуди 900 грам медонанд.[3]

Муди таом дар фиқҳ ба унвони шохисе барои андозагирии миқдори каффорот ба кор меравад ва аз он дар китобҳои фиқҳӣ дар аҳкоми рӯза,[4] зиҳор, ҳаҷ (муҳаррамоти эҳром),[5] ва каффорот сухан ба миён омадааст.

Шохиси андозагирии фидя

Фидя ё каффораи таъхир, ҷойгузине аст, ки дар ивази нагирифтани рӯза пардохт мешавад.[6] Мавориде, ки бояд як ё ду муд таом ба унвони фидяи рӯза ба фақир пардохт шавад[7] иборатанд аз:

  • Таъхири қазои рӯзаи моҳи Рамазон то моҳи Рамазони соли баъд; касе ки қазои рӯзаи моҳи Рамазонро бидуни узри шаръӣ то моҳи Рамазони соли баъд ба таъхир биандозад, ба ивази ҳар рӯза бояд як муд таом ба фақир бидиҳад.[8]
  • Зани бордор ва зане, ки шир медиҳад ба хотири тарс аз зарар барои худ ё ҷанинаш рӯза намегирад.[9]
  • Касе ки мубтало ба марази аташу ташнагӣ аст ва наметавонад рӯза бигирад.[10]
  • Солмандоне, ки наметавонанд рӯза бигиранд, ё рӯза гирифтан барои онҳо машаққат дорад.[11]

Аҳком

Дар бораи инки дар ин мавориди пардохт, як муд таом воҷиб аст, ё ду муд, ихтилофи назар вуҷуд дорад,[12] ҳарчанд ки ду муд мувофиқи эҳтиёт аст,[13] бо ин ҳол мароҷеъи тақлид пардохти як мудро кофӣ медонанд.[14] Ҳамчунин ба фатвои мароҷеъи тақлид, пардохти қимати як муд таом ба фақир кофӣ нест, балки бояд асли таомро ба фақир дод, магар дар сурате, ки яқин дошта бошад, ки фақир бо баҳои он, маводи хӯрокӣ мехарад.[15]

Шохиси андозагирии каффорот

Пардохти як муд таом, каффораи анҷоми бархе аз муҳаррамоти эҳром ҳам дар назар гирифта шудааст, монанди:

  • Куштани гунҷишк дар ҳоли эҳром[16]
  • Ба изои кӯтоҳ кардани ҳар нохун дар сурате, ки маҷмӯъ камтар аз даҳ нохун бошад, дар ҳоли эҳром[17]
  • Нотавонӣ аз пардохти каффораи вафо накардан ба аҳд ва назр[18]

Ҳамчунин гуфтаанд, касе ки қазои нофилаҳои рӯзона барояш мушкил аст, барои баҳрамандӣ аз савоби онҳо як муд таом ба фақир бидиҳад.[19]

Эзоҳ

  1. Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоили мароҷеъ, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, ҷ.1, саҳ.928.
  2. Шаъронӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.103.
  3. Нигоҳ кунед ба Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоили мароҷеъ, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, ҷ.1, саҳ.928.
  4. Аллома Маҷлисӣ, Бисту панҷ рисолаи форсӣ, 1412ҳ.қ., саҳ.393.
  5. Аллома Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.319.
  6. Садр, Моваро-ул-фиқҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.120.
  7. Садр, Моваро-ул-фиқҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.120.
  8. Ҳаким, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.496.
  9. Ҳаким, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.449.
  10. Нароқӣ, Тазкират-ул-аҳбоб, 1425ҳ.қ., саҳ.147.
  11. Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил, 1415ҳ.қ., саҳ.434; Нароқӣ, Тазкират-ул-аҳбоб, 1425ҳ.қ., саҳ.146.
  12. Барои намуна нигоҳ кунед ба Аллома Маҷлисӣ, Бисту панҷ рисолаи форсӣ, 1412ҳ.қ., саҳ.393.
  13. Ҳаким, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.447 ва 451.
  14. Нигоҳ кунед ба Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоили мароҷеъ, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, ҷ.1, саҳ.948.
  15. “Каффораи рӯза ва миқдори он”, Дафтари ҳифз ва нашри осор.
  16. Аллома Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.319.
  17. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.271.
  18. Макорим, ал-Фатово-л-ҷадида, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.326.
  19. Нароқӣ, Туҳфаи Разавия, 1426ҳ.қ., саҳ.460.

Сарчашма

  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Рисолаи тавзеҳулмасоили (мароҷеъ), Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, Дафтари нашри исломӣ.
  • Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, Қум, Дорултафсир, 1416ҳ.қ.
  • Шаъронӣ, Абулҳасан, Табсират-ул-мутаъаллимин фи аҳком-ид-дин, тарҷума ва шарҳи (фиқҳи форсӣ), Теҳрон, маншуроти исломия, 1419ҳ.қ.
  • Садр, Сайидмуҳаммад, Моваро-ул-фиқҳ, тасҳеҳи Ҷаъфар Ҳодии Дуҷайлӣ, Бейрут, Дорулазвоъ, литтабоъати ваннашри ваттавзиъ, 1420ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Иршод-ул-азҳон ило аҳком-ил-имон, таҳқиқ: Форис Ҳассун, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1410ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Бисту панҷ рисолаи форсӣ, тасҳеҳ: Сайидмаҳдии Раҷоӣ, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, 1412ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалӣ Баққол, муассисаи Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, ал-Фатово-л-ҷадида, тасҳеҳ: Абулқосим Алиённажодӣ ва Козим Хоқонӣ, Қум, интишороти мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом, 1427ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Маҷмаъ-ур-расоил (Муҳашшо) ҳамроҳ бо ҳавошии теъдоде аз фуқаҳои бузург, Машҳад, муассисаи Соҳибаззамон алайҳиссалом, 1415ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Тазкират-ул-аҳбоб, тасҳеҳ: пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанг, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1425ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Туҳфаи Разавия, тасҳеҳ: пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанг, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1426ҳ.қ.