Закоти фитра

Аз wikishia
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёрӣ барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Ин мақола дар бораи мафҳуми закоти фитра аст. Барои ошноӣ бо закоти мол, мадхали закотро бибинед.

Закоти фитра ё фитрия аз воҷиботи молии Ислом аст, ки дар рӯзи иди Фитр пардохт мешавад. Миқдори закоти фитра барои ҳар нафар, ҳудуди се килограм аз хӯроки маъмули мардум, монанди гандум, биринҷ, хурмо ва кишмиш аст, ки муодили пулии онҳоро ҳам мешавад пардохт кард.

Тибқи фатвои фақеҳон, ин закот бар касе воҷиб аст, ки дар шаби иди Фитр фақир набуда ва оқил, болиғ ва ҳушёр бошад. Чунин шахсе бояд закоти худ ва нонхурҳояшро пардохт намояд.

Ба фатвои фақеҳон, мавориди масрафи закоти фитра, ҳамон мавориди ҳаштгонаи масрафи закот аст, аммо бархе фуқаҳо мӯътақиданд бино бар эҳтиёти воҷиб, фитрияро фақат бояд ба фақири шиа дод.

Маънои закоти фитра ва аҳамияти он

Закоти фитра моле аст, ки воҷиб аст дар рӯзи иди Фитр ба фақирон пардохт шавад, ё сарфи умури дигаре шавад.[1] Дар ривоёти исломӣ, бар аҳамияти закоти фитра таъкид шудааст. Бар пояи ин ривоёт, закоти фитра боиси комил шудани рӯза аст. Абубасир ва Зурора аз Имом Содиқ (а) нақл кардаанд, ки ҳамон гуна ки ҳар кас намоз бихонад ва амдан салавот бар Пайғамбар (с) нафаристад, намозаш ботил аст; ҳар кас рӯза бигираду амдан закоти фитра надиҳад, рӯзааш қабул нест.[2] Ва пардохт накардани он мумкин аст мӯҷиби марг шавад.[3]

Аз закоти фитра бо унвони фитрия[4] ва фитра[5] низ ёд мешавад.

Шароити вуҷуби закоти фитра, ҷинс ва миқдори он

Ба фатвои фақеҳон, закоти фитра бар касе воҷиб мешавад, ки болиғ, оқил ва ҳушёр бошад ва фақир ё барда набошад.[6] Сайидмуҳаммадкозими Яздӣ, аз фақеҳони шиа ва нависандаи ал-Урват-ул-вусқо гуфтааст, уламои мусулмон бар ин масъала иҷмоъ доранд.[7]

Чунин шахсе бояд барои худаш ва касоне ки нонхури ӯ маҳсуб мешаванд, нафаре як «соъ» (ҳудуди се кило) гандум, ҷав, хурмо, кишмиш, биринҷ, зуррат ва монанди инҳо ё нархашонро ба мустаҳаққ пардохт кунад.[8]

Дар хусуси ин ки кадом як аз ҷинсҳои фавқ бояд пардохт шавад, байни фақеҳон, ихтилофи назар аст; бархе меъёрро хӯроки маъмули фард ва бархе хӯроки маъмули маҳалли сукунати ӯ донистаанд.[9] Ба гузориши китоби Фарҳанги фиқҳ, фатвои машҳури фақеҳон, хӯроки мутадовили мардуми маҳалли сукунат милок аст.[10] Аз байни мароҷеи тақлид, Оятуллоҳ Систонӣ ва Софии Ғулпойгонӣ ҳамин назарро доранд, аммо Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, Нурии Ҳамадонӣ ва Хоманаӣ мегӯянд, метавон ҳаряк аз ҷинсҳои фавқро закот дод.[11]

Замони пардохти фитрия

Ба фатвои мароҷеъи тақлид, вақти пардохти закоти фитра дар рӯзи иди Фитр то пешин аст;[12] аз ин миён, Оятуллоҳ Шубайрии Занҷонӣ кулли рӯзро замони пардохти закоти фитрия донистааст.[13] Албатта агар касе намози иди Фитр мехонад, бояд закоташро пеш аз намоз пардохт кунад, ё ба фатвои бархе, онро аз амволаш ҷудо кунад.[14]

Ҳамчунин ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир бино ба назари машҳури фақеҳон, замони воҷиб шудани закоти фитра, ғуруби рӯзи охири моҳи Рамазон аст,[15] бархе фуқаҳои вуҷуби онро ҳангоми тулӯъи фаҷри рӯзи иди Фитр донистаанд.[16] Ба гуфта соҳиби Ҷавоҳир эҳтимол дорад манзури ин афрод замони ҷудосозии фитра бошад, на замони вуҷуби он.[17] Фақеҳон мегӯянд закоти фитраро наметавон пеш аз моҳи Рамазон пардохт кард. Бархе аз онҳо ҳамчун имом Хумайнӣ ва Макорими Шерозӣ мегӯянд ба эҳтиёти воҷиб, дар моҳи Рамазон ҳам набояд пардохт шавад, аммо бархе ҳам, аз ҷумла Оятуллоҳ Систонӣ, Хуӣ, Табрезӣ ва Шубайрии Занҷонӣ мӯътақиданд ҷоиз аст, вале беҳтар аст дар тӯли моҳи Рамазон пардохт нашавад.[18]

Мавориди масраф

Бархе аз мароҷеъи тақлид аз ҷумла имом Хумайнӣ, Баҳҷат ва Шубайрии Занҷонӣ мавориди масрафи закоти фитраро ҳамон ҳашт мавриди закоти мол донистаанд.[19]

Онҳо иборатанд аз: 1. Фақир, 2. Мискин, 3. Маъмури ҷамъоварии закот, 4. Кофире, ки агар закот ба ӯ диҳанд, ба дини Ислом медарояд, ё дар ҷанг, ба мусулмонон кумак мекунад, 5. Харид ва озод кардани барда, 6. Қарздоре, ки наметавонад қарзашро бидиҳад, 7. Корҳои оммулманфиъати динӣ, мисли сохтани масҷиду купрук, 8. Мусофире, ки дар сафар дармонда шудааст.[20]

Аммо гурӯҳи дигаре монанди Оятуллоҳ Систонӣ, Гулпойгонӣ, Софии Гулпойгонӣ ва Макорими Шерозӣ эҳтиёти воҷибро дар он донистаанд, ки фақат ба фуқарои шиа пардохт шавад.[21] Албатта гурӯҳи нахуст ҳам эҳтиёти мустаҳабро дар ҳамин донистаанд.[22]

Закоти фитраи меҳмон

Ба фатвои фақеҳон, закоти фитраи меҳмоне, ки пеш аз ғуруби шаби иди Фитр, ба хонаи мизбон ворид шудааст ва нонхури ӯ ба ҳисоб меояд, бар уҳдаи мизбон аст.[23] Албатта дар инки чӣ касе нонхур ба ҳисоб меояд, ихтилофи назар аст:

Бархе ҳамчун Оятуллоҳ Систонӣ ва Баҳҷат, меҳмони якшабаро ҳам нонхур маҳсуб кардаанд ва пардохти закоташонро бар уҳдаи мизбон медонанд,[24] аммо Оятуллоҳ Шубайрии Занҷонӣ, Фозили Ланкаронӣ ва Макорими Шерозӣ мегӯянд сирфи як шаб, мӯҷиб намешавад касе нонхури касе шавад, балки бояд тасмим дошта бошад муддате назди соҳибхона бимонад.[25]

Баъзеи дигар аз аҳком

Баъза аз аҳокми дигари закоти фитра, бар асоси китобҳои Тавзеҳулмасоил, ба шарҳи зер аст:

  • Касе ки дигарӣ бояд фитраи ӯро бидиҳад, воҷиб нест фитраи худро бидиҳад.
  • Агар фитраи инсон бар касе воҷиб бошад ва ӯ фитраро надиҳад, бар худи инсон воҷиб намешавад. Албатта бархе аз мароҷеъи тақлид гуфтаанд бино ба эҳтиёти воҷиб, худаш бояд пардохт кунад.
  • Агар касе ки фитраи ӯ бар дигарӣ воҷиб аст худаш фитраро бидиҳад, пардохти закот, аз ӯҳдаи касе ки фитра бар ӯ воҷиб шудааст, соқит намешавад. Бо ин ҳама, бархе гуфтаанд, агар пардохти закот бо иҷозати ӯ бошад, кифоят мекунад.
  • Касе ки сайид (эшонзода) нест, наметавонад ба сайид фитра бидиҳад.
  • Агар касе, замоне, ки пардохти закоти фитра воҷиб аст, онро пардохт накунад ва канори ҳам нагузорад, эҳтиёти воҷиб он аст, ки баъдан, бидуни ин ки нияти адо ё қазо кунад, фитраро бидиҳад.
  • Агар Фитраро канор бигузорад, наметавонад онро барои худаш бардорад ва моли дигарро барои фитра бигузорад.[26]

Ҷусторҳои вобаста

Закот

Истилоҳоти фиқҳӣ

Эзоҳ

  1. Мураввиҷ, Истилоҳоти фиқҳӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.257.
  2. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.183.
  3. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.668.
  4. Нигоҳ кунед ба муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.259; Ҷаъфарпешафард, Даромаде бар фиқҳи муқоран, 1388ҳ.ш., саҳ.443.
  5. Маръо, ал-Қомус-ул-фиқҳӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.159; Сурур, ал-Муъҷам-уш-шомил ли-л-мусталаҳот-ил-илмияти ва-д-диния, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.206; Шубайрии Занҷонӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1388ҳ.ш., саҳ.414; Систонӣ, Тавзеҳулмасоил, 1393ҳ.қ., саҳ.369.
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158; Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.353 - 354.
  7. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.353.
  8. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.2, саҳ.169.
  9. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.218.
  10. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи Исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.689.
  11. Вебгоҳи ҳавзанет, «Иди Фитр ва аҳкоми фитрия».
  12. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.2, саҳ.180.
  13. Шубайрии Занҷонӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1388ҳ.ш., саҳ.418.
  14. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.2, саҳ.180.
  15. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.527.
  16. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.527.
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.527.
  18. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.2, саҳ.180.
  19. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.2, саҳ.176 - 177.
  20. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.2, саҳ.140.
  21. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.2, саҳ.177.
  22. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.176 - 177.
  23. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.2, саҳ.171.
  24. Систонӣ, Тавзеҳулмасоил, 1393ҳ.қ., саҳ.369; Баҳҷат, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1386ҳ.ш., саҳ.305.
  25. Шубайрии Занҷонӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1388ҳ.ш., саҳ.413; Фозили Ланкаронӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1426ҳ.қ., саҳ.331; Макорими Шерозӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1384ҳ.ш., саҳ.314.
  26. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.2, саҳ.174 – 183.

Сарчашма

  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайидмуҳаммадҳасан, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1381ҳ.ш.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум, Дафтари Оятуллоҳилъузмо Муҳаммадтақии Баҳҷат, 1386ҳ.ш.
  • Ҷаъфарпешафард, Мустафо, Даромаде бар фиқҳи муқоран, Теҳрон, Беъсаи мақоми муаззами раҳбарӣ, 1388ҳ.ш.
  • Сарвар, Иброҳим Ҳусайн, ал-Муъҷам-уш-шомил ли-л-мусталаҳот-ил-илмияти ва-д-диния, Бейрут, Дорулҳодӣ, 1429ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Тавзеҳулмасоил, Қум, бе но, 1393ҳ.қ.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Мусо, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум, Салсабил, 1388ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • «Иди Фитр ва аҳкоми фитрия», вебгоҳи ҳавзанет, таърихи дарҷи матлаб: 14 хурдоди 1398, таърихи боздид: 25 дейи 1401ҳ.ш.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум, Амирулъилм, 1426ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ‏.
  • Маръо, Ҳусайн, ал-Қомус-ул-фиқҳӣ, Бейрут, Дорул-Муҷтабо, 1413ҳ.қ.
  • Мураввиҷ, Ҳусайн, Истилоҳоти фиқҳӣ, Қум, Бахшоиш, 1379ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1384ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаъорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқ бо мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан ибни Боқир, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.