Jump to content

Рӯзахорӣ

Аз wikishia


Рӯзахорӣ (форсӣ: روزه‌خواری) ботил кардани қасдии рӯза дар моҳи рамазон, бидуни узри шаръӣ аст. Ин амал дар Ислом ҳаром дониста шуда ва аз гуноҳони кабира маҳсуб мешавад. Бар касе ки рӯзахорӣ мекунад, илова бар қазои рӯза, каффора ҳам воҷиб мешавад. Ба фатвои фақеҳон, ҷазои рӯзахорӣ барои бор аввал ва дуюм, 25 зарба шаллоқ аст. Тибқи фатвои бархе аз фақеҳон, агар шахсе ба ҷурми рӯзахорӣ ду бор ҷазо шавад ва бори сеюм ҳам рӯзахорӣ кунад, ҷазояш эъдом аст.

Фақеҳон рӯзахории ошкорро, ҳатто дар сурати доштани узри шаръӣ, ҳаром ва анҷомдиҳандаи онро сазовори ҷазо медонанд. Рӯзахории ошкор, дар бархе аз кишварҳои исломӣ, ҷурм маҳсуб мешавад ва ҷазоҳое монанди зиндон, шаллоқ ва ҷаримаи нақдӣ дорад.

Мафҳуми рӯзахорӣ ва моҳияти он

Рӯзахорӣ яъне ботил кардани қасдии рӯза дар моҳи рамазон, бидуни узри шаръӣ аст.[1] Рӯзахорӣ амали ҳаром ва гуноҳи кабира шумурда мешавад.[2] Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а) ки дар китоби ал-Кофӣ нақл шудааст, касе ки қасдан рӯзаи худро ботил кунад, аз дин хориҷ шудааст.[3]

Аз аҳкоми фиқҳии гуфташуда дар китобҳои фиқҳӣ дар бораи рӯзахорӣ ин аст, ки агар касе дар моҳи рамазон дониста ва қасдан рӯзахорӣ кунад ва онро ҳалол донад муртад шудааст; ҳатто агар рӯзахорӣ накунад, вале онро ҳалол бидонад, боз ҳам маҳкум ба иртидод аст.[4] Тибқи фатвои фақеҳон, бар рӯзахӯр илова бар қазои рӯза, каффораи он ҳам воҷиб мешавад.[5]

Ба гуфтаи фуқаҳо, агар шахсе рӯзахорӣ кунад, аммо онро ҳалол нашуморад, сазовори таъзир ё ҳадди шаръӣ аст. Ҷазои рӯзахорӣ барои бор аввал ва дуюм 25 зарба шаллоқ зикр шудааст.[6] Тибқи фатвои бархе аз фақеҳон агар пас аз ду бор ҷазо, фард боз ҳам муртакиби ин амал шавад, ҳадди шаръии ӯ эъдом аст; албатта бархе фуқаҳо бо ин назар мухолифанд.[7] Шахси рӯзахор илова бар таҳаммули ҷазо, вазифадори анҷоми қазои рӯза ва ҳамчунин каффора аст.[8]

Рӯзахории ошкор ва ҷурм донистани он

Фақеҳони шиа ва аҳли суннат, рӯзахории ошкорро ҳатто бо узри шаръӣ ҷоиз намедонанд ва касеро ки қасдан ва ошкоро рӯзахорӣ мекунад, шомили ҷазо медонанд.[9] Рӯзахории ошкор дар бархе аз кишварҳои исломӣ ҷурм аст[10] ва ҷазоҳое монанди зиндон, табъид, шаллоқ, ҷаримаи нақдӣ ва дар мавридҳое эъдом барои он дар назар гирифта шудааст.[11]

Шароити татбиқи ҷазои рӯзахорӣ

Барои татбиқи ҷазои рӯзахорӣ, ошкор будани он, шарт дониста шудааст.[12] Ҳамчунин гуфта шудааст агар касе муртакиби тазоҳур ба рӯзахорӣ шавад, бояд ба маҳокими қазоӣ таҳвил дода шавад.[13]

Эзоҳ

  1. Солеҳӣ, معارف اسلامی, ҷ.27, саҳ.15
  2. Дастғайб, Гуноҳони кабира, ҷ.1, саҳ.27; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, ҷ.1, саҳ.258–259
  3. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.278
  4. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.145–146; Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.494 ва 495
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.226; Хӯӣ, Мавсуату ал-Имом ал-Хӯӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.305
  6. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.521–522
  7. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.522
  8. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.926; Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.169
  9. Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, ҷ.9, саҳ.174–175; Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1414ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.32–33
  10. Закӣ Зако ва Салмонпур, «Бозхонии фиқҳӣ ва ҳуқуқии ҷурм донистани тазоҳур ба рӯзахорӣ дар Қонуни Ҷазои исломии Эрон ва Кодекси Ҷазоии Афғонистон», саҳ.60
  11. «مجازات روزه خواری در ایران و سایر کشورهای اسلامی», сайти хабарӣ ва таҳлилии Шарқ
  12. Мусавии Озода ва ҳамкорон, «Тааммуле бар рӯзахорӣ дар равияи қазоӣ, феъли муҷримона ё феъли ҳаром?», саҳ.544
  13. Мусавии Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.215

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-л-матлаб фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, Машҳад, Маҷмаъ-ул-бӯҳус-ил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Дастғайб, Сайид Абдулҳусайн, Гуноҳони Кабира, Қум, Дафтари Интишороти исломӣ.
  • Закӣ Зако, Аҳмад ва Аббос Салмонпур, «بازخوانی فقهی و حقوقی جرم انگاری تظاهر به روزه خواری در قانون مجازات اسلامی ایران و کد جزای افغانستان», Фаслномаи Мутолиоти татбиқии ҳуқуқи кишварҳои исломӣ, №3, 1402ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшо), ба кӯшиши Муҳаммадҳасан Баниҳошимии Хумайнӣ, Қум, Интишороти исломӣ, бетаърих
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, бетаърих
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Мусавии Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1409ҳ.қ.
  • Мусавии Озода, Сайид Ризо ва Имон Исфандёр ва Сайид Ҳомид Разавӣ, «تاملی بر روزه خواری در رویه قضایی؛ فعل مجرمانه یا فعل حرام؟», Фаслномаи Тамаддуни ҳуқуқӣ, №11, 1401ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳ: Аббос Қучонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Мабсут, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1414ҳ.қ.
  • Солеҳӣ, Нодъалӣ, Маорифи Исломӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум.
  • Таботабоӣ Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1420ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуату ал-Имом ал-Хӯӣ, Қум, Муассисаи эҳёи осори Имом Хӯӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • «مجازات روزه خواری در ایران و سایر کشورهای اسلامی», сайти хабарӣ ва таҳлилии Шарқ, санаи дарҷ: 31 урдибиҳишти 1398ҳ.ш., санаи боздид: 3 исфанди 1403ҳ.ш.