Исмоил писари Имом Содиқ (а)

Аз wikishia

Барои дигар корбурдҳо Исмоил (ибҳомзудоӣ)-ро бубинед.

Исмоил ибни Ҷаъфар (арабӣ: إسماعيل بن جعفر) (ваф.143 ё 145ҳ.қ.), фарзанди калонии Имом Содиқ (а) аст, ки исмоилиён ӯ ё фарзандаш Муҳаммадро имоми баъд аз Имом Содиқ (а) медонанд. Аммо аз назари имомия ва низ бар асоси аҳодиси расида аз Пайғамбар (с), Мусо ибни Ҷаъфар (а) имоми баъд аз Имом Содиқ (а) аст. Эътиқод ба имомати Исмоил сароғози ҷудоии исмоилиён аз имомия ва шаклгирии фирқаи исмоилия шуд.

Дар бораи шахсияти Исмоил ихтилофи назар вуҷуд дорад. Баъзе бо истинод ба ривоёт бар ин боваранд, ки ӯ бо ғолиён иртибот доштааст. Аммо Оятуллоҳ Хуӣ бо тавҷеҳи ин ривоёт ва истинод ба ривоёти дигар ӯро шахсе ҷалил ва мавриди утуфати падар донистааст.

Исмоил дар замони ҳаёти Имом Содиқ (а) аз дунё рафт ва дар Бақиъ дафн шуд. Имом Содиқ (а) ташйиъ ва тадфини ӯро ошкоро баргузор кард ва афродеро бар маргаш шоҳид гирифт, то шубҳаи имомат ва мавъуд будани ӯ аз байн биравад. Ҳамчунин бинобар ривоёт, дар бораи замони марги Исмоил "бадо" рух додааст, чароки бархе аз шиаён ӯро имом мепиндоштанд ва бо маргаш ошкор шуд, ки ӯ имом набудааст.

Зиндагӣ ва хонавода

Исмоили фарзанди Имом Содиқ (а) ва Фотима - набераи Имом Саҷҷод (а), аст.[1] Таърихи таваллудаш дар манобеи таърихӣ зикр нашудааст. Бо ин ҳол, бо истинод ба таваллуди Имом Козим (а) дар соли 127ҳ.қ.,[2] ё 128ҳ.қ.,[3] ва ихтилофи 25 сол байни Имом Козим (а) ва Исмоил,[4] таваллуди ӯ дар солҳои аввалияи қарни дувум тахмин зада шудааст.[5]

Алӣ ибни Муҳаммад Алавии Умарӣ соли фавти Исмоилро 138ҳ.қ., гузориш додааст,[6] дар ҳоле ки Табарӣ, нависандаи Таърихи Табарӣ, аз зинда будани ӯ дар 140ҳ.қ., хабар додааст.[7] Солҳои 143[8] ва 145ҳ.қ.,[9] ба унвони солҳои марги Исмоил омадааст.

Насли Исмоил аз тариқи фарзандонаш Муҳаммад ва Алӣ идома ёфт.[10] Муҳаммад ду фарзанд ба номҳои Исмоили Сонӣ ва Ҷаъфари Акбар дошт[11] ва насли Алӣ ибни Исмоил низ аз фарзанде ба номи Муҳаммад боқӣ монд.[12]

Набераҳои Исмоил дар сарзаминҳое чун Хуросон, Нишобур, Сомирро,[13] Димишқ,[14] Миср,[15] Аҳвоз, Кӯфа, Бағдод,[16] Яман,[17] Сур,[18] Ҳалаб[19] ва Қум[20] мезистанд.

Эътибор ва шахсият

Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хуӣ, риҷолшиноси шиа (1278 - 1371ҳ.ш.), дар бораи эътибори шахсияти Исмоил ду даста ривоёт вуҷуд дорад. Аз бархе аз ривоёт мадҳи ӯ ва аз бархеи дигар мазамматаш бардошт мешавад.[21] Бар асоси ривоёте, ки аз онҳо мазаммати Исмоил бардошт шудааст, ӯ бо ғолиён, ҳамчун Муфаззал ибни Умар ва Бассоми Сайрафӣ иртибот дошт ва Имом Содиқ (а) аз ин равобит нохушнуд буд.[22]

Ҳамчунин ӯ ба маҳофиле рафту омад дошт, ки боис мешуд дар салоҳиятҳои ахлоқии ӯ тардид шавад.[23] Оятуллоҳ Хуӣ ривоёти мазамматро дорои заъфи санадӣ ва далолӣ дониста, ривоёти мадҳро тарҷеҳ додааст, аз ин рӯ, Исмоилро як шахси ҷалил ва мавриди утуфати падараш муаррифӣ кардааст.[24]

Бархе ба иртиботи Исмоил бо хаттобия ва нақши онҳо дар шаклгирии фирқаи исмоилия ишора кардаанд. Ба гуфтаи инҳо Абулхаттоб ва Исмоил дар замони ҳаёти Имом Содиқ (а), ба кумаки якдигар, ақоидеро поягузорӣ карданд, ки асоси исмоилия шуд.[25] Гуфта шудааст, далеле бар ин иддао вуҷуд надорад.[26]

Мосиниюн - исломшиноси фаронсавӣ, низ Абулхаттобро падари маънавии Исмоил медонад.[27] Албатта Қозӣ Нуъмони Мағрибӣ, фақеҳи исмоилия (283 - 363ҳ.қ.) нақше барои Абулхаттоб дар шаклгирии исмоилия қоил нест ва ӯро бидъатгузор ва мавриди лаъни Имом Содиқ (а) медонад.[28]

Иртибот бо Мансури Аббосӣ

Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, таърихнигор қарни сеюми қамарӣ, нақл кардааст, ки дар 140ҳ.қ., Мансури Аббосӣ барои ҳаҷ ба Макка рафта буд, теъдоде аз алавиён, монанди Муҳаммад Нафси Закия ва Иброҳим, фарзандони Абдуллоҳи Маҳз ва ҷамъе аз хуросониёни ҳаводораш низ дар Макка иҷтимоъ карданд. Баъзе аз онон тасмим гирифтанд Мансурро террор кунанд, вале Муҳаммад мухолифат кард. Ин тасмимро Исмоил ба итилои Мансур расонд ва ӯ Абдуллоҳро боздошт кард ва фарзандонашро аз ӯ хост, вале Абдуллоҳ худдорӣ кард ва ба зиндон афтоду амволаш фурухта шуд. [29]

Иддаои имомати Исмоил

Дидгоҳи имомия

Уламои имомия мункири вуҷуди нас бар имомати Исмоил будаанд ва ривоётеро нақл кардаанд, ки имомати Исмоилро рад кардааст.[30] Аз ҷумла ривоёти ҳадиси Лавҳ[31] ва ҳадиси Ҷобир[32] аст, ки бар асоси онҳо Пайғамбар (с), номҳои имомони дувоздаҳгонаро баён кардааст ва дар онҳо имоми баъд аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад, фарзандаш Мусо муаррифӣ шудааст на Исмоил.

Ҳамчунин Имом Содиқ (а) дар мавориди мутааддиде имомати Мусо ибни Ҷаъфарро ба асҳоби наздики худ эълом карда буд. Дар ҳар як аз китобҳои ал-Кофӣ,[33] Иршод,[34] Эълом-ул-варо[35] ва Биҳор-ул-анвор,[36] бобе дар бораи нассҳои имомати Мусо ибни Ҷаъфар (а) вуҷуд дорад, ки ба тартиб 16, 46, 12 ва 14 ривоятро дар ин бора нақл кардаанд.[37]

Ошкорсозии марг

Бар пояи ривояте аз Зурора ибни Аъян, баъд аз марги Исмоил ва пеш аз дафни ӯ, Имом Содиқ (а) ҳудуди сӣ тан аз ёрони наздики худро дар бораи марги фарзандаш шоҳид гирифт.[38] Ҳамчунин ғусл, кафан, ташйиъи ҷаноза ва дафни ӯро ошкоро баргузор кард[39] ва дастур дод ба ниёбати ӯ ҳаҷ ба ҷо оварда шавад.[40] Ҳадафи Имом аз ин кор, зудудани эътиқод ба имомати ӯ буд; чароки ба гумони бархе, ӯ имоми баъд аз Имом Содиқ буд.[41] Бо ин ҳол ба эътиқоди бархе аз исмоилия, Исмоил намурда буд ва зоҳирсозии марги ӯ барои фиреби мардум ва ҳифзи ҷони ӯ ва атрофиёнаш будааст.[42]

Дидгоҳи исмоилия

Мақолаи аслӣ: Исмоилия

Исмоилия, номи фирқаҳое аст, ки баъд аз Имом Содиқ (а) ба имомати фарзандаш Исмоил ё наберааш Муҳаммад ибни Исмоил эътиқод доранд.[43] Ба эътиқоди муборакия ва қаромита аз фирқаҳои исмоилия, имоми баъд аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Муҳаммад ибни Исмоил аст; чароки Исмоил ҷонишини Имом Содиқ (а) буда ва чун ӯ дар замони ҳаёти падараш фавт карда буд, Имом Содиқ (а) имоматро ба Муҳаммад фарзанди ӯ супоридааст. Ба эътиқоди онон, баъд аз имомати Ҳасанайн (а) ҷоиз нест, ки имомат аз бародар ба бародар мунтақил шавад.[44]

Саъд ибни Абдуллоҳи Ашъарӣ ин эътиқодро ба исмоилияи холиса ё хаттобия низ нисбат додааст.[45] Бархе аз исмоилия низ муътақиданд, Исмоил ибни Ҷаъфар аз дунё нарафтааст, балки ӯ Маҳдии Мавъуд аст.[46] Бо ин ҳол, дар манобеи исмоилӣ ва осори Қозӣ Нуъмон, насси ривояти қатъӣ дар бораи имомати Исмоил наёмадааст,[47] ҳарчанд ки Ҷаъфар ибни Мансур ал-Яман, даъватгари исмоилӣ, авохири қарни сеюм ва авоили қарни чорум ҳадисҳоеро бе зикри силсилаи ровиён, дар бора имомати Исмоил гирд овардааст.[48]

Ҳамчунин дар бархе манобеъ омадааст, ки хулафои фотимӣ, аввал ба ҷои Исмоил, бародараш Абдуллоҳи Афтаҳро имом муаррифӣ мекардаанд, сипас аз ин амр удул карда, имомати Исмоилро матраҳ сохтанд.[49]

Бадо дар бораи Исмоил

Қабри Исмоил баъд аз интиқол ба Бақиъ дар нақшаи қабристони Бақиъ

Бар асоси бархе аз ривоёт дар бораи замони марги Исмоил бадо рух додааст, то мардум бидонанд, ки ӯ баъд аз падараш имом нест;[50] чароки гурӯҳе аз шиаён, Исмоилро имоми баъд аз Имом Содиқ (а) мепиндоштанд ва бо марги вай дар замони ҳаёти падар ошкор шуд, ки ӯ имом набуда ва имоми баъдӣ, Мусо ибни Ҷаъфар (а) аст.[51] Албатта манобеи исмоилӣ ривоёти бадоро бо имомати Исмоил муртабит кардаанд.[52]

Мадфан

Исмоил дар минтақае ба номи Урайз дар наздикии Мадина аз дунё рафт ва дар Бақиъ дафн шуд.[53] Дар давраи хилофати фотимиён (297 - 567ҳ.қ.), бар қабри ӯ оромгоҳе сохта шуд.[54] Марқади ӯ дар берун аз қабристони Бақиъ ба фосилаи 15 метрии девори Бақиъ, дар ҷиҳати ғарб ва рӯбарӯи қабрҳои аиммаи Бақиъ қарор дошт.[55] Қабри Исмоил аз сӯи шиаён ва ба вижа исмоилия зиёрат мешуд.[56] Ҳаҷгузорони эронӣ дар сафар ба Мадина, ғолибан ҳангоми зиёрати Бақиъ, ин имомзодаро низ зиёрат мекарданд ва дар сафарномаҳои онон тавсифе аз боргоҳи ӯ сабт шудааст.[57]

Ба гуфтаи Муҳаммадсодиқи Наҷмӣ (1315 - 1390ҳ.ш.) дар соли 1394ҳ.қ., ҳангоми зерсозии хиёбони ғарбии Бақиъ, муҳавватаи перомуни қабри Исмоил тахриб шуд ва чунин овоза шуд, ки ҷанозаи ӯ баъд аз қарнҳо ба сурати солим ошкор шудааст, ҷасади Исмоил ба даруни Бақиъ мунтақил шуд ва макони он дар самти шарқии шаҳидони Ҳарра ва дар 10 метрии қабри Ҳалимаи Саъдия қарор дорад.[58]

Эзоҳ

  1. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.209.
  2. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1403ҳ.қ., саҳ.303.
  3. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.6.
  4. Абуҳотами Розӣ, аз-Зинат, саҳ.288 ба нақл аз Ҳабибии Мазоҳирӣ, «Исмоил ибни Ҷаъфар», саҳ.648.
  5. Ҳабибии Мазоҳирӣ, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.8, саҳ.648.
  6. Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100.
  7. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.524.
  8. Зириклӣ, ал-Аълом, 1980м., ҷ.1, саҳ.311.
  9. Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, ҷ.7, саҳ.296.
  10. Фахри Розӣ, аш-Шаҷарат-ул-муборака, 1409ҳ.қ., саҳ.101.
  11. Фахри Розӣ, аш-Шаҷарат-ул-муборака, саҳ.101.
  12. Фахри Розӣ, аш-Шаҷарат-ул-муборака, 1409ҳ.қ., саҳ.103.
  13. Бухорӣ, Сирр-ус-силсилат-ил-алавийя, 1413ҳ.қ., саҳ.36.
  14. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.2, саҳ.469.
  15. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.142.
  16. Алавӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.103.
  17. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1410ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.37.
  18. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1410ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.309.
  19. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1410ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.40.
  20. Ниг.: Нурӣ, Хотимат-ул-мустадрак, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.485.
  21. Ниг.: Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.124 - 127.
  22. Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.245; Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.125.
  23. Барои намуна Ниг.: Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.70.
  24. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.127.
  25. Луис, The Origins of Isma'ilism, саҳ.42 ба нақл аз Ҳабибии Мазоҳирӣ, “Исмоил ибни Ҷаъфар”, ҷ.9, саҳ.650.
  26. Ҳабибии Мазоҳирӣ, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.9, 650.
  27. Ниг.: Бадавӣ, Шахсийёт қалиқа, саҳ.19 ба нақл аз Ҳабибии Мазоҳирӣ, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, саҳ.649.
  28. Қозӣ Нуъмон, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.49 - 50.
  29. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.524.
  30. Барои намуна Ниг.: Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.70 - 71.
  31. Барои намуна Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.527 - 528.
  32. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.182.
  33. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307 - 311.
  34. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.216 - 222.
  35. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.7 - 16.
  36. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.48, саҳ.12 - 29.
  37. Ҷамъе аз нависандагон, маҷмӯаи мақолоти сира ва замонаи Имом Козим, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.79, 81.
  38. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.328.
  39. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.328.
  40. Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.266.
  41. Ниг.: Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.546; Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.266.
  42. Ниг.: Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.226; Ҷувайнӣ, Таърихи ҷаҳонгушоӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.146.
  43. Ниг.: Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.306.
  44. Ниг.: Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.306.
  45. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.81.
  46. Ниг.: Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.79.
  47. Ҳабибии Мазоҳирӣ, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.9, 650.
  48. Ҷаъфар ибни Мансур ал-Яман, Сароир ва асрор-ун-нутақо, 1404ҳ.қ., саҳ.256.
  49. Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.59.
  50. Садуқ, Китоб-ут-Тавҳид, ал-Нашрул-исломӣ, саҳ.336.
  51. Субҳонӣ, ал-Бадо ала завъ-ил-китоби ва-с-суннат, 1392ҳ.ш., саҳ.131.
  52. Ҷаъфар Мансур ал-Яман, Сароир ва асрор-ун-нутақо, 1404ҳ.қ., саҳ.246 - 247.
  53. Алавӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.99 - 100.
  54. Матарӣ, ат-Таъриф бимо онасат-ил-ҳиҷрат, 1426ҳ.қ., саҳ.121.
  55. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ, 1380ҳ.ш., саҳ.290 - 289.
  56. Айёшӣ, ал-Мадинат-ул-мунаввара фи раҳилат-ил-Айёшӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.175.
  57. Барои намуна Ниг.: Сафарномаи ҳаҷҷи Фарҳод Мирзо Муътамидуддавла, саҳ.158.
  58. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ, 1380ҳ.ш., саҳ.300 - 302.

Сарчашма

  • Айёшӣ, ал-Мадинат-ул-мунаввара фи раҳилат-ил-Айёшӣ, ба кӯшиши Муҳаммад Маҳзун, Кувайт, Дорул-Арқам, 1406ҳ.қ.
  • Алавӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибин, ба кӯшиши ал-Маҳдавӣ, Қум, Мактабатун-Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Ашъарӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, чопи дуюм, 1360ҳ.ш.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ҷумал мин ансоб-ил-ашроф, таҳқиқ: Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Дорул-фикр Бейрут, 1417ҳ.қ./1996м.
  • Бухорӣ, Саҳл ибни Абдуллоҳ, Сирр-ус-силсилат-ил-алавийя, интишороти аш-Шариф ар-Разӣ, 1371ҳ.ш./1413ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳир: ба кӯшиши Умар Абдусалом, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Анбаҳ, Аҳмад, Умдат-ут-толиб, ба кӯшиши Муҳаммадҳасан Оли Толиқонӣ, Наҷаф, 1380ҳ.қ./1961м.
  • Ибни Ҳазм, Алӣ, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, Бейрут, 1403ҳ.қ. /1983м.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад, ал-Маноқиб, Қум, нашри Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷол-ул-Кашшӣ - Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, талхиси Муҳаммад ибни Тусӣ, тасҳеҳи Ҳасан Мустафавӣ, Машҳад, муассисаи нашри донишгоҳи Машҳад, 1409ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қозӣ Нуъмони Мағрибӣ, Муҳаммад, Даъоим-ул-Ислом, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, Қум, 1385ҳ.қ.
  • Матарӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ат-Таъриф бимо онасат-ил-ҳиҷрату мин маъолими дор-ил-ҳиҷрат, таҳқиқи Сулаймон Раҳилӣ, Риёз, Дорул-малик Абдулазиз, 1426ҳ.қ./2005м.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоди фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, тасҳеҳи Алӣ Миршарифӣ, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи дуюм, 1404ҳ.қ.
  • Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ, Қум, Машъар, 1380ҳ.ш.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Хотимат-ул-мустадрак, Қум, Олулбайт, 1415ҳ.қ.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, ба кӯшиши Ҳошим Ҳусайнии Теҳронӣ, Теҳрон, 1398ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Бадо ала завъ-ил-китоби ва-с-суннат, Қум, муассисатул-Имом ас-Содиқ, 1392ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дорул-турос, чопи дуюм, 1387ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, Олулбайт, 1417ҳ.қ.
  • Фарҳод Мирзо, Сафарномаи Фарҳод Мирзо, тасҳеҳи Ғуломризо Маҷд Таботабоӣ, Муассисаи матбуотии илмӣ, Теҳрон, 1366ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, аш-Шаҷарат-ул-муборака фи-н-нисоб-ит-толибийя, маншуроти Мактабат Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, Қум, 1409ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Маркази нашри осори шиа, Қум, 1410ҳ.қ./1369ҳ.ш.
  • Ҳабибии Мазоҳирӣ, Масъуд, “Исмоил ибни Ҷаъфар” дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ (ҷ.8), Теҳрон.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, 1995м.
  • Ҷамъе аз нависандагон, маҷмӯаи мақолоти ҳамоиши сира ва замонаи Имом Козим алайҳис-салом, Қум, Маркази мудирияти ҳавзаҳои илмия, 1392ҳ.ш.
  • Ҷаъфар ибни Мансур ал-Яман, Сароир ва асрор-ун-нутақо, ба кӯшиши Мустафо Ғолиб, Бейрут, 1404ҳ.қ./1984м.
  • Ҷувайнӣ, Атомулк ибни Муҳаммад, Таърихи ҷаҳонгушоӣ, тасҳеҳи Муҳаммади Қазвинӣ, Теҳрон, Дунёи китоб, 1385ҳ.ш.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, таҳқиқи Муҳаммад Бадрон, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, чопи сеюм, 1364ҳ.ш.