Ифторӣ
Ин мақола дар бораи оину русум ва низ хӯрокиҳои вақти ифтор аст. Барои ошноӣ бо одоб ва аҳкоми ифтор, мадхали ифторро бубинед.
Ифторӣ (форсӣ: افطاری) хӯрдание, ки рӯзадор бо он рӯзаашро ифтор мекунад. Бино бар ривоёти Аҳли Байт (а), савоби ифторӣ додан баробар бо савоби рӯзадорист ва ба он супориш шудааст. Ифторӣ додан, яке аз суннатҳои мусулмонон дар моҳи Рамазон аст. Онон дар кишварҳои мухталиф барои ифторӣ додан, одоб ва русуми хоссе доранд.
Фазилат
Фарозе аз хутбаи шаъбонияи Пайғамбар (с) дар бораи фазилати ифторӣ додан:
«Ҳар кас аз шумо, мӯъмини рӯзадореро дар моҳи Рамазон ифтор диҳад, барои ӯ назди Худо савоби озод кардани як бандаро дорад ва сабаби бахшида шудани гуноҳони гузаштааш хоҳад буд. Шахсе пурсид: Эй Расули Аллоҳ! Ҳамаи мо қудрат бар он надорем! фармуд: бо ифтор додан ба рӯзадор агарчӣ ба нисфи донаи хурмо ё ҷуръае об, аз оташ дурӣ ҷӯед!». Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.296.
Ифторӣ, хӯрокие аст, ки рӯзадор бо он рӯзаи худро ифтор мекунад. Бар пояи ривоёт, ифторӣ додан ба рӯзадор, фазилати зиёде дорад.[1] Аз ҷумла дар ривояте, ки аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, подоши касе ки ифторӣ медиҳад, монанди подоши рӯзадор аст.[2] Ҳамчунин Пайғамбари Ислом (с) дар ривояте, ки ба хутбаи шаъбония машҳур аст, савоби ифторӣ ба мӯъмини рӯзадорро баробар бо савоби озод кардани як барда ва бахшида шудани гуноҳон донистааст.[3]
Суфраҳои ифторӣ
Ифторӣ додан аз оинҳои мусулмонон аст, ки дар кишварҳои мухталиф бо одобу русуми мутафовите анҷом мешавад. Дар кишварҳои исломӣ, ҳокимон ва мардум суфраҳои ифторӣ паҳн мекарданд.[4] Дар давраи Фотимӣ (297 - 567ҳ.қ.) дар Миср, Дорулфитра маконе буд, ки дар онҷо, дар ҳангоми ифтор байни мардум ғизо ва ширинӣ тақсим мешуд.[5]
Дар давраи Олибӯя (322 - 448ҳ.қ.) дар шабҳои моҳи Рамазон дар Бағдод, меҳмониҳое барои ифторӣ барпо буд, ки беш аз 1000 нафар дар он ҳузур меёфтанд.[6] Ибни Батута, ҷаҳонгарди қарни ҳафтуми қамарӣ дар сафар ба Димишқ, аз умаро, қузот ва бузургоне ёд мекунад, ки гурӯҳи зиёд аз мардумро барои суфраҳои ифторӣ даъват мекарданд, чунонки ҳеҷкасе дар шабҳои моҳи Рамазон ба танҳоӣ ифтор намекард.[7] Ҳамчунин суннати ифторӣ додан дар давраи Сафавия[8] ва Қоҷор низ дар Эрон ривоҷ дошт. Ба гуфтаи Абдуллоҳи Мустувфӣ дар давраи Қоҷор бештари аъёну наҷибзодагон ифторӣ медонанд ва касоне ки тавоноии итъомро надоштанд, дар масҷиди байни рӯзадорон хурмо хайрот мекарданд.[9]
Ифтории сода
Дар давраи Ҷумҳурии Исломӣ дар Эрон дар маконҳои муқаддас монанди Ҳарами Имом Ризо (а), Ҳарами ҳазрати Маъсума ва бархе масоҷид, суфраи ифтории содае низ паҳн мешавад.[10] Ҳамчунин дар амокини мазҳабии кишварҳои дигар ҳамчун Ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва Ҳарами Имом Алӣ (а) дар Ироқ[11] ва Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ дар Арабистон[12] низ суфраи ифтории сода паҳн мешавад. Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба барпоси суфраҳои ифтории сода супориш кардааст.[13]
Хӯрокиҳои роиҷ
Бино бар ривоёт, ифторӣ бо хурмо ё оби ширгарм мустаҳаб аст[14] ва эътиқод бар он аст, ки ифтор кардан бо хурмо савоби фаровон дорад.[15]
Ғизоҳои ифторӣ гуногун аст. Бархе аз хӯрокиҳои роиҷи ифтор иборатанд аз: хурмо, намак, нон, шир, оби ҷӯш, наботи доғ, анвоъи ҳалво, анвоъи ширинӣ, шулазард, ош ва...[16]
Ҳамчунин дар Эрон ва кишварҳои арабӣ, ифторӣ бо бархе шириниҳо ҳамчун зулбиёву бомия, канофа ва қатифа низ роиҷ аст.[17]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ба унвони намуна нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.68 ва 69.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.68, ҳадиси 1.
- ↑ Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.296.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.291; Ибни Тувайр, Нузҳат-ул-муқаталлин, 1412ҳ.қ., саҳ.211; қлқшндӣ, субҳи алоъшӣ, 1910 - 1920м, ҷ.3, саҳ.523.
- ↑ Ибни Тувайр, Нузҳат-ул-муқаталлин, 1412ҳ.қ., саҳ.143 - 146; Қалқашандӣ, Субҳ-ул-ишоъ, 1910 - 1920м., ҷ.3, саҳ.524 - 525.
- ↑ Саъолибӣ, Ятимат-уд-даҳр, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.230.
- ↑ Ибни Батута, Раҳилату Ибни Батута, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.120 - 121.
- ↑ Афуштаӣ, Нақоват-ул-осор, 1373ҳ.ш., саҳ.565 - 566.
- ↑ Муставфӣ, Шарҳи зиндагонии ман, 1341ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.330.
- ↑ “Ифтории сода, фурсате барои ҳамдилии як шаҳр”, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
- ↑ “Ҳолу ҳавои ифтор дар ҳарами Имом Алӣ ва Имом Ҳусайн (а) + акс”, Машриқнюз.
- ↑ “Паҳн кардани суфраҳои ифтор дар Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ + филм”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон.
- ↑ “Ифтории содаи 1393”, дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.152 ва 153; Абудовуди Сеҷистонӣ, Сунани Абидовуд, 1401ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.764.
- ↑ Шаҳрибоф, Теҳрони қадим, 1381ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.291; Вакилиён, Рамазон дар фарҳанги мардум, 1370ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.79.
- ↑ Вакилиён, Рамазон дар фарҳанги мардум, 1370ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.79 - 80.
- ↑ Муайиди Муҳсинӣ, Фарҳанги омиёнаи Сирҷон, 1381ҳ.ш., саҳ.294; Ҷосим Ҳуҷҷия, Тасвирун ли-л-ҳаёт-ил-иҷтимоия, 1976м., саҳ.102; Ҳодӣ Таъма, Карбало фи-з-зокира, 1988м., саҳ.255; Абдулваҳҳоб, Рамазон, 1986м, саҳ.65 - 73.
Сарчашма
- Абудовуди Сиҷистонӣ, Сулаймон ибни Ашъас, Сунани Абидовуд, Истанбул, 1401ҳ.қ.
- Ибни Батута, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Раҳилату Ибни Батута, таҳқиқи Муҳаммад Абдулмунъим Урён, Бейрут, 1407ҳ.қ.
- Ибни Тувайр, Иза, Нузҳат-ул-муқаталлин фи ахбор-ид-давлатайн, таҳқиқи Эман Фуод Сайид, Бейрут, 1412ҳ.қ.
- “Ифтории сода, фурсате барои ҳамдилии як шаҳр”, хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ, дарҷи матлаб: 6 хурдоди 1398ҳ.ш., боздид: 8 урдибиҳишти 1399ҳ.ш.
- Афуштаӣ, Маҳмуд, Нақоват-ул-осор, ба кӯшиши Эҳсон Ишроқӣ, Теҳрон, 1373ҳ.ш.
- “Паҳн кардани суфраҳои ифтор дар Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ + филм”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, дарҷи матлаб: 14 фарвардини 1401ҳ.ш., мушоҳида: 4 фарвардини 1402ҳ.қ.
- Саъолибӣ, Абдулмалик, Ятимат-уд-даҳр, Бейрут, 1403ҳ.қ./1983м.
- Ҷосим Ҳуҷҷия, Иза, Тасвирун ли-л-ҳаёт-ил-иҷтимоъият ва-л-одот-ил-бағдодия хилол миата омин, Бағдод, 1976м.
- “Ҳолу ҳавои ифтор дар ҳарами Имом Алӣ ва Имом Ҳусайн (а) + акс”, Машриқнюз, дарҷи матлаб: 26 фарвардини 1401ҳ.ш., мушоҳида: 4 фарвардини 140ҳ.ш.
- Шаҳрибоф, Ҷаъфар, Теҳрони қадим, Теҳрон, 1381ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
- Абдулваҳҳоб, Ҳасан, Рамазон, Қоҳира, 1986м.
- Қалқашандӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Субҳ-ул-иъшоъ фи саноъат-ил-иншо, Қоҳира, 1910 - 1920м.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Муайид Муҳсинӣ, Меҳрӣ, Фарҳанги омиёнаи Сирҷон, Кирмон, 1381ҳ.ш.
- Муставфӣ, Абдуллоҳ, Шарҳи зиндагонии ман, Теҳрон, 1341ҳ.ш.
- Вакилиён, Аҳмад, Рамазон дар фарҳанги мардум, Теҳрон, 1370ҳ.ш.
- Ҳодӣ Таъма, Салмон, Карбало фи-з-зокира, Бағдод, 1988м.
- Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.