Ифтор
- Ин мақола дар бораи урфу одат ва қоидаҳои ифтор аст. Барои ошноӣ бо расму оинҳо ва инчунин таомҳои ифторӣ, мадхали Ифториро бубинед.
Ифтор, рӯзакушоӣ, кушодан ва шикастани рӯза, бо хӯрдану ошомидан аст. Дар дини Ислом шикастани рӯзаи моҳи Рамазон ва рӯзаи назрие, ки рӯзи он муайян шуда бошад, пеш аз мағриби шаръӣ, ҳаром аст. Ҳамчунин, шахсе ки рӯза гирифтан барои ӯ зиёновар ё дорои машаққат бошад, воҷиб аст рӯзаашро бихӯрад.
Барои ифтору рӯзакушоӣ, одобе аз ҷумла дуо дар он ҳангом ва ҳамчунин тиловати сураи Қадр зикр шудааст. Илова бар ин, рӯзакушоӣ бо оби гарм ва шир, мустаҳаб аст. Дар ривоёт, барои ифторӣ додан фазилати бисёре зикр шудааст.
Мафҳумшиносӣ
Ифтор, ба маънои кушодан ва шикастани рӯза аст.[1] Ба ғизо хӯрдан пеш аз намози иди Фитр ҳам ифтор гуфта шуда ва мустаҳаб дониста шудааст.[2]
Ифтор дар баъзе вақтҳо воҷиб ва дар баъзе вақтҳои дигаре ҳаром аст; вақтҳои ҳаром иборатанд аз: шикастани рӯзаи моҳи Рамазон ва рӯзаи назрие, ки рӯзи он мушаххас шуда бошад, пеш аз азони шом, шикастани рӯзаи қазо баъд аз азони пешин, шикастани рӯза дар эътикоф ва ифтор дар сурате, ки рӯзадор баъд аз азони пешин сафари худро оғоз кунад.[3] Агар рӯза гирифтан барои шахсе зиёновар ё дорои машаққати бисёр бошад, бар ӯ воҷиб аст ифтор кунад.[4] Ҳамчунин ифтор кардани касе ки рӯзаи мустаҳабӣ гирифта ва меҳмони шахси муъмине аст, мустаҳаб аст ва ифтори рӯзаи мустаҳаб баъд аз азони пешин макруҳ аст.[5]
Бар пояи ривоёт, шахси рӯзадор мустаҷобуд-даъват аст,[6] ба хусус ҳангоми ифтор.[7]
Одоб
Фарозе аз хутбаи шаъбонияи Пайғамбар (с):
«Ҳар кас аз шумо, муъмини рӯзадореро дар моҳи Рамазон ифтор диҳад, барои ӯ назди Худо савоби озод кардани як бандаро дорад ва омурзиши гуноҳони гузаштааш хоҳад буд. Шахсе савол кард: ё Расулаллоҳ! Ҳамаи мо қудрат бар он надорем; фармуд: бо ифтор додан ба рӯзадор агарчӣ ба нисфи донаи хурмо ё ҷуръае об аз оташ бипарҳезед!».
Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.296.
Барои ифтору рӯзакушоӣ одобе зикр шудааст, аз ҷумла: хондани дуо, тиловати сураи Қадр ҳангоми ифтор, ва ифтор баъд аз хондани намози шом.[8] Нақл шудааст, Пайғамбари Ислом (с) ҳангоми ифтор ин дуоро мехонд: «аллоҳумма лака сумно ва ала ризқика афтарно, фатақаббалҳу минно; Худовандо! барои Ту рӯза гирифтем ва бо ризқи Ту ифтор мекунем. Пас рӯзаи моро қабул намо!».[9] Рӯзакушоӣ бо об, махсусан оби нимагарм, шир ва хӯрданиҳои ширин, ба хусус хурмо, мустаҳаб шуморида шудааст.[10]
Ифторӣ додан
Мақолаи аслӣ: Ифторӣ
Бино бар ривоёти нақлшуда аз маъсумон, ки ифторӣ додан ба рӯзадор бисёр фазилат дорад.[11] Аз ҷумла дар ривояте аз Имом Содиқ (а) аҷри касе ки ифторӣ медиҳад, монанди аҷри рӯзадор дониста шудааст.[12] Мусулмонон дар кишварҳои мухталиф бо одобу русуми мутафовите ба рӯзадорон ифторӣ медиҳанд. Дар баъзе маконҳои муқаддас монанди ҳарами Имом Ризо (а) ва ҳарами ҳазрати Маъсума (с) ва бархе масоҷид низ суфраи ифтории сода паҳн мешавад.[13]
Эзоҳ
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.384; муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.624.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.354; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.102.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.264 – 266 ва ҷ.29, саҳ.50.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.133 ва ҷ.16, саҳ.347, ҷ.17, саҳ.150 - 154.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.624.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.510; Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикмат, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.1686; Ровандӣ, ад-Даъавот, 1366ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.27.
- ↑ Ровандӣ, ад-Даъавот, 1366ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.27.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.149 - 151; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.384 ва 385.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.95.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.156 - 161.
- ↑ Ба унвони намуна нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.68 ва 69.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.68, ҳадиси 1.
- ↑ «Ифтории сода, фурсате барои ҳамдилии як шаҳр», хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
Сарчашма
- Имом Хумайнӣ, Руҳуллоҳ, Таҳрирул-васила (тарҷумаи форсӣ), Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1386ҳ.ш.
- Ифтории сода, фурсате барои ҳамдилии як шаҳр», хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 6 хурдоди 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 8 урдибиҳишти 1399ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мактаби Аҳли Байт алайҳимус-салом, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
- Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Мизон-ул-ҳикмат, Дорул-ҳадис, 1416ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Ровандӣ, Қутбиддин, ад-Даъавот, мадрасатул-Имомил-Маҳдӣ (аҷ), 1366ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, Нашри ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фимо таъумму биҳи-л-балво (Муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, нашри Мадинатул-илм, 1410ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Бейрут, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, 1414ҳ.қ.