Ғадирия
Ғадирия (форсӣ: غدیریه) ба ашъоре мегӯянд, ки дар бораи вақеаи Ғадир суруда шудааст. Нахустин ғадирияро сурудаи Ҳассон ибни Собит дар рӯзи Ғадир донистаанд. Аз назари мазмун, илова бар воқеаи Ғадир ва фазилатҳои Имом Алӣ (а) барои ҷонишинии Пайғамбар (с) мавридҳои дигаре чун ҳадиси ухувват, ҳадиси манзалат ва моҷарои лайлат-ул-мабит низ мазмуни ғадирияҳоро шакл додаанд.
Аллома Аминӣ (ваф.1390ҳ.қ.), зиндагинома ва асари беш аз сад нафар аз ғадириясароёни арабро дар китоби ал-Ғадир гирд овардааст. Сарояндагони ғадирияҳои форсӣ низ аз қарни чорум то қарни чордаҳуми ҳиҷрӣ дар китоби ғадирияҳои форсӣ муаррифӣ шудаанд.
Таърифи ғадирия
Ғадирия ба ашъоре мегӯянд, ки дар бораи вақеаи Ғадир ва фазилатҳои Имом Алӣ (а) ва имомати ӯ, ба хусус бо зикри номи Ғадир ва Ғадири Хум суруда мешавад.[1] Ин ашъор ғолибан дар қолаби қасида суруда мешавад.[2] Бархе бар ин боваранд, ки ғадирия бояд бо меҳварияти воқеаи Ғадир ва ҷоншинии Имом Алӣ (а) суруда шуда бошад ва ба ашъоре, ки дар баёни фазоил ва маноқиби Имом (а) суруда шуда ва дар зимни онҳо ба воқеаи Ғадир ҳам ишора шудааст, ғадирия гуфта намешавад.[3]
Аз назари Ҷаводи Муҳаддисӣ, рӯҳонии шоир ва нависандаи шиа, чорчӯби китоби ал-Ғадир, таълифи Аллома Аминӣ, бар ғадирияҳое устувор аст, ки шоирон аз асри Пайғамбар (с) то замони муаллиф сурудаанд.[4]
Ба назари бархе, ғадирия фақат як воқеаро тасвир намекунад; балки тасвири як ҳақиқат ва маърифатест, ки сарчашмаи тамоми маорифи дигар ва тарсимгари фарҳанги пӯё ва асил аст.[5]
Сарояндагони ғадирияҳои арабӣ
Тарҷумаи равони тоҷикӣ:
- Пайғамбари Худо (с) ононро дар рӯзи Ғадир нидо дод, чи нидои арзишмандест. Ӯ фармуд: Мавло ва сарпарасти шумо кист? Онон бидуни таъхир гуфтанд: Худои ту мавлои мост ва ту сарпараст ва валии амри моӣ. Мо ҳаргиз аз фармони ту сарпечӣ нахоҳем кард. Дар он ҳангом, Пайғамбар (с) ба Алӣ фармуд: Бархез. Ман туро интихоб кардам то баъд аз ман имом ва раҳбар бошӣ. Баъд фармуд: Ҳар касе, ки ман мавло ва раҳбари ӯям, ин мард мавло ва раҳбари ӯ хоҳад буд. Пас шумо ҳамагӣ, аз рӯи сидқ, аз ӯ пайравӣ кунед. Парвардигоро, дӯсташро дӯст бидор ва душманашро душман бидор.[6]
Ҳассон ибни Собит, нахустин ғадириясарои таърих аст, ки бо иҷозаи Пайғамбар (с) ва дар рӯзи Ғадир, ин воқеаро ба шеъру сухан даровардааст.[7]
Аз он пас, шоирони дигаре дар фазилати Ғадир шеър гуфта ва иродати худро ба Имом Алӣ (а) изҳор кардаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Кумайт ибни Зайди Асадӣ (ваф.126ҳ.қ.), Сайид Исмоил Ҳимярӣ (ваф.173ҳ.қ.), ал-Абдӣ, Абутамом Ҳабиб ибни Авси Тоӣ (ваф.231ҳ.қ.) ва Деъбил ибни Алии Хузоӣ (ваф.246ҳ.қ.) мебошанд. Аллома Аминӣ номҳо ва зиндагиномаи беш аз сад тан аз эшонро аз қарни аввали ҳиҷрии қамарӣ то қарни ёздаҳум дар миёни матолиби ҷилдҳои дуюм то ҳафтум ва ҳамчунин ҷилди ёздаҳуми китоби ал-Ғадир овардааст.[8] Дар ин китоб, номи бархе аз душманони Имом Алӣ (а) низ ба унвони ғадириясаро омадааст; назири Амр ибни Ос (ваф.43ҳ.қ.) ки қасидаи Ҷулҷулияи ӯ дар ин хусус шӯҳрат ёфтааст.[9]
Тарҷумаи равони тоҷикӣ:
- Муҳаммад, Пайғамбар, бародари ман ва хеши ман аст ва Ҳамза, сарвари шаҳидон, амаки ман аст ва Ҷаъфар, ки субҳу шом бо фариштагон парвоз мекунад, бародари ман аст.
- Ва духтари Пайғамбар Фотима (с) мояи оромиши ман ва ҳамсари ман аст, ки гӯшти ӯ ба хуну гӯшти ман вобаста аст.
- Ҳасан ва Ҳусайн ду набераи Пайғамбар фарзандони ман аз Фотима ҳастанд. Пас кадоми шумо фазоиле чун ман доред, ки ман аз ҳамаи шумо дар фазоил сабқат гирифтаам. Пайғамбар вилояти маро бар шумо дар рӯзи Ғадир воҷиб кард.
- Пас вой бар ҳол, пас вой бар ҳол, пас вой бар ҳоли касе, ки фардои қиёмат Худоро дар ҳолате, ки ба ман ситам кардааст, мулоқот кунад.[10]
Зуҳра Фатҳуллоҳи Нурӣ, пажӯҳишгари шиа, ҳашт нафар аз барҷастатарин ғадириясароёни қарнҳои чордаҳум ва понздаҳуми қамарӣ назири Пулус Салом, Саид Ақл, Ҷурҷ Шакур ва Виктор Илкекро баррасӣ карда ва гуфтааст он чи дар ғадирияҳои арабӣ таваҷҷуҳи инсонро ба худ ҷалб мекунад, вуҷуди ғадирияҳои «Ҷузеф Аун» ва «Ҷурҷ Закӣ ал-Ҳоҷ» аз шоирони муосир ва масеҳии лубнонӣ аст, ки ба лаҳҷаҳои оми лубнонӣ суруда шудаанд.[11]
Мазмуни ғадирияҳо
Кубро Солеҳӣ, дар рисолаи худ бо унвони «Нигоҳе сабкшиносона ба ғадирияҳои асри аввали Аббосӣ», ғадирияҳоро шомили ин мазмунҳо медонад:[12]
- Фазилатҳои Имом Алӣ (а) ва он чи ӯро шоистаи хилофат менамуд;
- Шуҷоат ва далерии Имом Алӣ (а) дар майдони набард;
- Ҳадиси манзилат;
- Нисбати Имом Алӣ (а) бо Пайғамбар (с);
- Ҳадиси васоят, бародарӣ ва мерос;
- Ҳадиси радди шамс;
- Лайлат-ул-мабит ва ҷонфидоии Имом Алӣ (а);
- Ҳадиси хосифу-н-наъл.
Сарояндагони ғадирияҳои форсӣ

Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, рӯҳонии шиа, дар китоби «Ғадирияҳои форсӣ аз қарни чорум то қарни чордаҳум» бо иқтибос аз китоби ал-Ғадир ва ба ҳамон сабк, феҳристи 179-нафар аз сарояндагони ғадирияи форсиро гирд овардааст.[13]
Бархе аз ғадирияҳои форсӣ марбут ба қарни ҳафтум ва ҳаштуми ҳиҷрии қамарӣ ба шарҳи зерин аст:
Афзал чу зи илму фазл огоҳ Алист,
Дар маснади ирфони азал, шоҳ Алист.
Зи баъди Набӣ Имоми халқи ду ҷаҳон,
Биллоҳ Алист, сумма биллоҳ Алист.
Марқии Кошонӣ, Рубоиёт, 1363ҳ.ш., саҳ.51
З-ин сабаб Пайғамбари бо иҷтиҳод,
Номи худу в-он Алӣ мавло ниҳод.
Гуфт: ҳар к-ӯро манам мавлову дӯст,
Ибни амми ман, Алӣ, мавлои ӯст.
Мавлавӣ, Куллиёти девони Шамси Табрезӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.980
...Қалъагири кишвари дин Ҳайдари дарранда ҳай,
Дастабанди лолаи исмат васийи Мустафо.
Кошифи сирри хилофат роздори лав кушиф,
Қозии дини Набӣ, маснаднишини ҳал ато.
Молики мулки салунӣ, боби шаҳристони илм,
Солики атвори лам аъбуд, шаҳи тахти ризо.
Сарви бӯстони имомат, дурри дарёи ҳудо,
Шамъи айвони вилоят, нури чашми авлиё.
Маънии дарси Илоҳӣ, хотами дасти карам,
Гавҳари ҷоми футувват, рӯҳи шахси ло фато...
Хоҷӯи Кирмонӣ, Девони ашъор, 1369ҳ.ш., саҳ.134
Ба баёни бархе, сахтгирии ҳокимони аҳли суннат нисбат ба ақоиди шиа боис шуд, ки тафовути маънодоре миёни фаровонии ғадирияҳо пеш аз асри Сафавӣ ва пас аз он ба вуҷуд ояд. Ба унвони намуна, Фирдавсӣ аз даргоҳи Ғазнавӣ ронда шуд ва Амир Муиззӣ бо ҳамаи эътибори худ, дар дарбори Маликшоҳ ва Султон Санҷар ҳар гоҳ калимаи «васӣ»-ро дар байте ба кор мебурд, фавран дар байти баъдӣ узри ин тақсирро мехост, то мабодо ба ғазаби султон ва бархе аз уламои аҳли суннат гирифтор шавад; чаро ки ин вожа аз сӯи шиаён барои Имом Алӣ (а) ба кор меравад.[14]
Китобшиносӣ
- ал-Ғадир, асари Аллома Аминӣ ва тарҷумаи Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, нашри Китобхонаи Бузурги Исломӣ.
- Ғадир дар шеъри форсӣ, асари Мустафо Мусавии Гармарудӣ, 1384ҳ.ш., Қум, нашри Далил.[15]
- Ғадирияҳои форсӣ (аз қарни чорум то чордаҳум), асари Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, нашри Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ.
- Гулбонги Ғадир, асари Муҳаммадмаҳдӣ Беҳдорванд, Теҳрон, нашри Пайёми Озодӣ.
- Дар соҳили Ғадир, асари Аҳмад Аҳмадии Бирҷандӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остани Қудси Разавӣ.
- Халвате бо Ғадир, асари Муҳаммадмаҳдӣ Беҳдорванд, Теҳрон, нашри Ҳурр.
Эзоҳ
- ↑ Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ғадир, 1384ҳ.ш., саҳ.444
- ↑ نقش شیعیان در گسترش غدیریهها
- ↑ نقش شیعیان در گسترش غدیریهها
- ↑ Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ғадир, 1384ҳ.ш., саҳ.336
- ↑ Намакии Оронӣ, «مدحت کن و بستای کسی را...», саҳ.109
- ↑ Сайид Разӣ, Хасоис-ул-аимма, 1406ҳ.қ., саҳ.42
- ↑ Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ғадир, 1384ҳ.ш., саҳ.336; Ҳилолӣ, Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.828–829
- ↑ Ниг.: Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.2–7; ҷ.11
- ↑ Аминӣ, ал-Ғадир, 1368ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.213
- ↑ Табрасӣ, ал-Иҳтиҷоҷ ало аҳл-ил-лиҷоҷ, ҷ.1, саҳ.180
- ↑ Фатҳуллоҳ Нурӣ, Ғадириясароёни муосири араб ва муаррифии ғадирияи онҳо, 1391ҳ.ш., саҳ.28
- ↑ Ниг.: Солеҳӣ, Нигоҳе сабкшиносона ба ғадирияҳои асри аввал Аббосӣ, 1394 ҳ.ш
- ↑ Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, Ғадирияҳои форсӣ (аз қарни чорум то чордаҳум), 1379 ҳ.ш
- ↑ Ниг.: نقش شیعیان در گسترش غدیریهها, сайти Оини раҳмат
- ↑ غدیر در شعر فارسی, Хонаи китоб ва адабиёти Эрон
Сарчашма
- Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоб ва-с-сунна ва-л-адаб, Қум, Марказ-ул-Ғадир ли-д-диросот-ил-исломия, чопи аввал, 1416ҳ.қ./1995 м.
- Аминӣ, Абдулҳусейн, Тарҷумаи ал-Ғадир, тарҷумаи Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, Теҳрон, Китобхонаи бузурги исломӣ, 1368ҳ.ш.
- Мавлавӣ, Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ, Куллиёти Девони Шамси Табрезӣ, Теҳрон, Нигоҳ, 1377ҳ.ш.
- Марқии Кошонӣ, Бобоафзал, Рубоиёт, Теҳрон, нашри Форобӣ, 1363ҳ.ш.
- Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ғадир, Қум, Маъруф, 1384ҳ.ш.
- Намакии Оронӣ, Майсам, «مدحت کن و بستای کسی را...», маҷаллаи моҳонаи Кайҳони фарҳангӣ, №170, 1379ҳ.ш.
- Сайид Ризӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Хосоис-ул-аимма, Машҳад, Остани Муқаддаси Разавӣ, Маҷмаи пажӯҳишҳои исломӣ, 1406ҳ.қ.
- Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, Муҳаммад, Ғадирияҳои форсӣ (аз қарни чорум то чордаҳум), Теҳрон, нашри Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1379ҳ.ш.
- Солеҳӣ, Кубро, Нигоҳи сабкшиносона ба ғадирияҳои асри аввал Аббосӣ, рисолаи магистрӣ, Донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исломӣ, Аҳвоз, Донишгоҳи Шаҳид Чамрон, 1394ҳ.ш.
- Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Иҳтиҷоҷ ало аҳл-ил-лиҷоҷ, Машҳад, нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
- Фатҳуллоҳ Нурӣ, Зуҳра, Ғадириясароёни муосири араб ва муаррифии ғадирияи онҳо, рисолаи магистрӣ, адабиёт ва улуми инсонӣ, Теҳрон, Донишгоҳи Озоди исломии воҳиди марказии Теҳрон, 1391ҳ.ш.
- Хоҷӯи Кирмонӣ, Маҳмуд ибни Алӣ, Дивони ашъор, тасҳеҳи Аҳмад Суҳайлӣ Хонсарӣ, Теҳрон, Пожанг, 1369ҳ.ш.
- Ҳилолӣ, Сулайм ибни Қайс, Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, Қум, чопи Муҳаммадбоқир Ансории Занҷонӣ, 1384ҳ.ш.
- Ҷувайнии Хуросонӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, Фароид-ус-симтайн фи фазоил-ил-Муртазо ва-л-Батул ва-с-Сибтайн, таҳқиқи Муҳаммадбоқир ал-Маҳмудӣ, Бейрут, Муассисаи ал-Маҳмудӣ, 1978 м.
- نقش شیعیان در گسترش غدیریهها, сайти Оини раҳмат, санаи боздид: 3 исфанди 1403ҳ.ш.