Үндана:Фирор аз ҷанг
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
Фирор аз ҷанг (форсӣ: فرار از جنگ) аз гуноҳони кабира аст, ки дар фиқҳ[1] ва илми ахлоқ[2] бо унвони «ал-Фирор мин-аз-заҳф» (гурехтан аз набард бо душман) шинохта мешавад.[3] Далели қуръонӣ бар ҳаром будани[4] фирор аз ҷанг дар сурати рӯёрӯӣ бо душман, ояти 16 сураи Анфол аст.[5] Дар баъзе ривоёт омада, ки зиштии гуноҳи фирор аз ҷанг ҳатто бо пардохти каффора низ қобили ҷуброн нест.[6]
Ба назари фақиҳон, дар ду сурат шахс ҳаққи фирор надорад ва дар сурати фирор гуноҳкор ҳисобида мешавад:[7]
- Замоне, ки имом (а) дастури ширкат дар ҷангро ба гурӯҳи хос диҳад[8]
- Ҳангоме, ки дар баробари як ё ду душман қарор гирад (яъне теъдоди душманон камтар ё баробар бо дубаробари мусалмонон бошад).[9]
Дар ин маворид, фирор ҳатто дар сурати эҳтимоли кушта шудан низ ҷоиз нест.[10] Бо ин ҳол, Алломаи Ҳиллӣ бо истинод ба ояти 195 сураи Бақара, дар сурате, ки гумони қавӣ ба кушта шудан вуҷуд дошта бошад, фирорро ҷоиз донистааст.[11] Гуфта шудааст, ки ҳурмати фирор аз ҷанг, новобаста аз ҳолати ихтиёрӣ ва ё изтирор (монанди беморӣ) мебошад.[12]
Ба бовари Шайхи Тусӣ, пас аз оғози набард, падар, модар ё талабкори разманда ҳақ надоранд ӯро аз майдони ҷанг бозгардонанд;[13] аммо агар фирор бо ҳадафи тағйири ороиши ҷангӣ ё пайвастан ба қисми ҳарбии дигар барои ҳамлаи дубора бошад, ҷоиз шумурда мешавад.[14]
Бар асоси ояти 65 сураи Анфол, дар оғози Ислом, ҳар мусалмон ӯҳдадори муқовимат дар баробари даҳ мушрик буд, аммо ин ҳукм бо нузули ояти 66 сураи Анфол насх шуд ва вуҷуби муқовимат дар баробари ду нафар ҷойгузини он шуд.[15] Бар ҳамин асос, агар теъдоди нерӯҳои душман бештар аз ду баробари нерӯҳои мусалмон бошад, фирор ҷоиз аст.[16] Бо ин ҳол, Шайхи Тусӣ бар ин бовар аст, ки агар эҳтимоли солим мондан, ғолиб бошад, дифоъ мустаҳаб аст.[17] Дар муқобил, Сайид Абулқосим Хуӣ муътақид аст, дар сурате, ки мусалмонон итминон ба пирӯзӣ дошта бошанд, фирор ҷоиз нест.[18] Ҳамчунин Имом Хумайнӣ фирор аз ҷангро дар ҳеҷ шароите ҷоиз надонистааст.[19] Бар асоси мақолаи «Ҳукми фирорu низомиён аз ҷиҳод дар роҳбурди дифоии Ислом», бо таваҷҷуҳ ба рафтори Паёмбари акрам (с) дар ҷанги Уҳуд, дар шароите, ки эҳтимоли кушта шудани сарбозон муҷиби таҳдиди киёни Ислом шавад, фирор воҷиб аст.[20]
Дар ривоёти исломӣ, паёмадҳое барои фирор аз ҷанг зикр шудаанд; аз ҷумла заллат ва хории шахс, аз байн рафтани адолат, тақвияти душман, беэътиноӣ ба барномаҳои пешвоёни дин[21] ва ваҳни дин.[22]
Эзоҳ
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.21, саҳ.295.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.277; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, ҷ.3, саҳ.562.
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зейли вожаи «заҳф».
- ↑ Алломаи Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, ҷ.9, саҳ.9.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.13, саҳ.312.
- ↑ Сайиди Радзӣ, ал-Маҷозот-ун-набавия, саҳ.365.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, саҳ.294.
- ↑ Барои намуна Ниг.: Алломаи Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, ҷ.9, саҳ.9.
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқия, саҳ.82.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.21, саҳ.61.
- ↑ Алломаи Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, ҷ.4, саҳ.390.
- ↑ Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, ҷ.7, саҳ.501.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, ҷ.2, саҳ.6.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.3, саҳ.23.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, ҷ.2, саҳ.6.
- ↑ Барои намуна Ниг.: Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, ҷ.7, саҳ.501.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, ҷ.2, саҳ.10.
- ↑ Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.1, саҳ.370.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Истифтоот, ҷ.1, саҳ.516.
- ↑ Қосимӣ Муқаддам, «Ҳукми фарорu низомиён аз ҷиҳод дар роҳбурди дифоии ислом», саҳ.48.
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 27, саҳ.69; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.15, саҳ.87.
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, ҷ.3, саҳ.565.
Сарчашма
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукрам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дор-и Содир, 1414ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Истифтоот, Қум, Интишороти исломӣ, 1372ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсил-у Васоил-уш-шиа ила таҳсили масоил-иш-шариа, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт(а) ли-иҳёи-т-турос, 1416ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, нашри Мадинату-л-илм, 1410ҳ.қ.
- Сайиди Радзӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, ал-Маҷозот-ун-набавия, тасҳеҳ: Маҳдӣ Ҳушманд, Қум, Дор-ул-Ҳадис, 1422ҳ.қ.
- Сайиди Радзӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳ: Субҳӣ Солеҳ, Қум, Муассисаи Дор-ул-Ҳиҷра, 1414ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқия фӣ фиқҳ-ил-имомия, Қум, Дор-ут-Турос, 1410ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ила танқиҳи шароиъ-ул-ислом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи дуюм, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фӣ фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, Мактабат-ул-Муртазавия, 1387ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Алӣ, Риёз-ул-масоил фӣ баёни аҳком-иш-шаръ би-д-далоил, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1415ҳ.қ.
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт(а), 1414ҳ.қ.
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиа, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Қосимӣ Муқаддам, Ҳасан ва дигарон, «Ҳукми фарорu низомиён аз ҷиҳод дар роҳбурди дифоии ислом», Ду фаслномаи илмӣ тарвиҷии фиқҳи ҳукуматӣ, №8, тирамоҳ ва зимистони 1398ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фӣ шарҳи шароиъ-ул-ислом, таҳқиқ: Муҳаммад Қӯчонӣ, Бейрут, Дор-и эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.