Jump to content

Худкушӣ

Аз wikishia

Худкушӣ (форсӣ: خودکُشی) ё интиҳор (арабӣ: الانتحار) огоҳона ба ҳаёти худ поён додан мебошад. Ин амал ҳам дар адёни Илоҳӣ ва ҳам дар бештари мактабҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ амали нописанд ҳисобида мешавад.

Фуқаҳои мусалмон, худкуширо гуноҳи кабира ва ҳаром медонанд. Албатта, дар баъзе манбаъҳои фиқҳӣ омадааст, ки худкушӣ ба сабаби изтирор ё вуҷуди маслиҳати муҳимтар, мисли ҳифзи ҷони мусулмонон ҷоиз аст. Ҳамчунин, ба фатвои баъзе фуқаҳо, амалиёти истишҳодӣ барои зарба задан ба душманони Ислом ё дифоъ аз мусалмонон ҷоиз аст.

Таъйини ҷазо барои иштирок дар худкушӣ ва рад кардани васияти мунтаҳир (худкушикунанда) аз ҷумлаи аҳкоми марбут ба худкушӣ мебошанд.

Аҳамияти масъалаи худкушӣ

Падидаи худкушӣ таваҷҷуҳи бисёре аз шариатҳо ва адёни осмонӣ, инчунин мактабҳои ҳуқуқиро ҷалб кардааст ва кӯшиш шудааст бо он мубориза бурда шавад.[1] Аз ҷониби дигар, бархе аз соҳибназарон бо истинод ба ҳуқуқи озодӣ ва ирода ва ихтиёри инсон, ҳуқуқи худкуширо ба расмият шинохтаанд; вале дар бештари адёни Илоҳӣ ва мактабҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ, ин кор амали нописанд шумурда шуда, иқдом ба худкушӣ ҷиноят ва гуноҳ дониста шудааст.[2]

Худкушӣ аз падидаҳои шум ва мусибатҳои бузурги иҷтимоӣ ҳисобида мешавад, ки ҷомеаҳои гуногуни башариро гирифтори худ кардааст.[3] Бар асоси оморҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (WHO), худкушӣ яке аз даҳ иллати асосии марг дар бештари кишварҳои ҷаҳон[4] ва сеюмин иллати марг дар миёни наврасон аст.[5]

Равнақи худкуширо ба омилҳое аз ҷумла ихтилолоти равонӣ ва эҳсосӣ,[6] ҳифзи обру ва фишори баромада аз низомҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ,[7] омилҳои хонаводагӣ мисли талоқ ва фурӯпошии оила,[8] осебҳои иҷтимоӣ[9] ва заъфи эътиқодоти мазҳабӣ ва рӯйгардонӣ аз маънавият[10] нисбат додаанд.

Мафҳумшиносӣ

Худкушӣ (ба забони арабӣ «Интиҳор» ва ба англисӣ «Suicide») дар урф, ба маънои поён додани ҳаёти худ бо огоҳӣ ва ихтиёр аст.[11] Бар асоси таърифҳои фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ, худкушӣ амали ихтиёрие ҳисобида мешавад, ки шахси оқил барои аз худ гирифтани ҳаёт анҷом медиҳад ва дар он, бар хилофи қатл, унвони ҷинояткор ва ҷабрдида дар як шахс ҷамъ мешаванд.[12]

Навъҳо

Худкушӣ метавонад бо ду шева сурат гирад: 1) иҷобӣ, монанди задан ба худ бо шамшер, корд ва силоҳи гарм ё истеъмоли заҳр; 2) салбӣ, монанди худдорӣ аз хӯрдани обу хӯрок ва тарки табобату муолиҷа.[13] Худкуширо ҳамчунин монанди қатл, аз нигоҳи қасди амалӣ ё ғайриамалӣ ба ду навъ ҷудо кардаанд; худкушии амдӣ, ки бо қасд ва иродаи ҷиддии шахс сурат мегирад, ва худкушии хатоӣ, ки фард дар ҳолати анҷом додани коре бе қасди ҷиддӣ сабаби салби ҳаёт аз худ мегардад.[14]

Ҳаром будани худкушӣ дар Ислом ва адёни дигар

Олимони мусалмон худкуширо аз гуноҳони кабира медонанд ва шахсеро, ки худкушӣ мекунад фосиқ мешуморанд.[15] Фуқаҳои шиа бар ҳаром будани он иҷмоъ доранд.[16] Ҳамчунин бар асоси ҳукми ақл ва сираи уқало[17] онро танқид кардаанд.

Ба назари бархе муфассирон, дар Қуръон, худкушӣ манъ шудааст.[18] Аз ҷумлаи ин оятҳо, ояти 29 сураи Нисо аст, ки дар бахше аз он омадааст: «وَ لَا تَقْتُلُواْ أَنفُسَکمْ» — «Худро макушед». Муҳаққиқ Ардабилӣ[19] ва Носир Макорими Шерозӣ[20] ин ибораро ба худкушӣ тафсир кардаанд. Ҳамчунин ибораи «وَ لَا تُلْقُواْ بِأَيْدِيكُمْ إِلىَ التهَّْلُكَة» — «Худро ба дасти худ ба ҳалокат наандозед» дар ояти 195 сураи Бақара манъ аз ҳама рафторҳое дониста шудааст, ки ҷони инсонро ба хатар меандозад.[21] Оятҳои дигар, монанди аҳди Худо бо Бани Исроил оид ба нарехтани хуни худ дар ояти 84 сураи Бақара ва инчунин манъи куштани нафси муҳтарам дар ояти 32 сураи Моида низ аз далелҳои манъи худкушӣ дар Қуръон шумурда шудаанд.[22]

Дар ривоёт низ аз ин амал ва азоби шахсе, ки худкушӣ мекунад, ёд шудааст. Бар асоси ривояте аз Паёмбари Ислом (с) касе, ки худро мекушад, дар рӯзи қиёмат бо ҳамон абзоре, ки худро кушта, азоб мекашад ва ҳамеша дар ҷаҳаннам сокин хоҳад буд.[23] Ҳамчунин дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) омадааст, ки худкушии қасдӣ боиси гирифторӣ ба оташи дӯзах мегардад.[24]

Адён ва мактабҳои дигар

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ дар тафсири Ал-Мизон, бар асоси таълимоти ҳамаи адён ва шариатҳои Илоҳӣ, худкушӣ ҳаром аст.[25] Дар оини яҳудӣ, ин амал нописанд шумурда шуда, дафни касоне, ки худкушӣ мекунанд, дар канори дигар яҳудиён мамнуъ аст.[26] Дар китоби муқаддаси масеҳиён низ худкушикунандагон танқид шудаанд.[27] Дар масеҳият, худкушӣ дар ҳукми қатл шуморида мешавад ва шахсеро, ки худкушӣ мекунад, тибқи маросими расмӣ дафн намекунанд.[28] Дар Юнони Қадим низ худкушӣ амали ношоиста ҳисоб мешуд.[29]

Аҳкоми фиқҳӣ

Аҳкоми марбут ба худкушӣ дар манбаъҳои фиқҳӣ бештар дар бобҳои қатли амд ва васият матраҳ шудааст.

Ширкат дар худкушӣ

Дар бораи ширкат дар худкушӣ ду назар пешниҳод шудааст: Бархе фуқаҳо ба собит шудани қасос барои ширкаткунанда, албатта бо пардохти нисфи дия аз ҷониби хонадони мақтул, бовар доранд.[30] Бархеи дигар мегӯянд бо таваҷҷуҳ ба он ки мақтул дар қатли худ ширкат кардааст, шарики ӯ мавриди қасос қарор намегирад ва танҳо, пардохти дия бар ӯ воҷиб мегардад.[31]

Эвтаназия ва худкушӣ

Ба фатвои фақеҳон, агар бемор барои хотима додан ба ҳаёти худ дору истеъмол кунад, ин амали худкушӣ ҳисобида мешавад ва ҳаром аст.[32] Яке аз навъҳои эвтаназия[Ёддошт 1] ин аст, ки доруҳоро ба бемор дастрас мегузоранд то худаш бо истеъмоли онҳо ба ҳаёти худ поён диҳад.[33]

Воҷиб набудани амал ба васияти худкуш

Ба фатвои фақеҳон, агар шахс пеш аз анҷоми худкушӣ васия кунад, бояд ба васияти ӯ амал шавад; аммо агар пас аз ворид кардани ҷароҳате, ки боиси марг мешавад васият кунад, амал ба он лозим нест.[34]

Ҳолатҳои ҷоиз будани худкушӣ

Дар бархе аз манобеи фиқҳӣ, худкушӣ бинобар изтирор ё вуҷуди маслиҳати муҳимтар — мисли ҳифзи ҷони мусулмонон — ҷоиз дониста шудааст.[35] Масалан, бархе аз фақеҳон монанди Макорими Шерозӣ ва Ҳусайналии Мунтазирӣ худкушии мусулмонеро ки дар дасти душман асир аст ва тобу тоқати шиканҷа ва ҳифзи асрори мусалмононро надорад, бо мақсади пешгирӣ аз зарбаи шадид ба мусалмонон ҷоиз донистаанд.[36]

Ҳамчунин бархе фуқаҳо анҷом додани амалиёти истишҳодиро, ҳатто агар навъе аз худкушӣ шумурда шавад, дар сурате ки барои воҷиби муҳимтар — мисли зарба задан ба душманони Ислом ё дифоъ аз мусалмонон — бошад, ҷоиз ва мусодиқи ҷиҳоди дифоӣ медонанд.[37]

Фуқаҳо дар ин замина ба масоиле монанди маъзур набудани фард барои худкушӣ ҳатто дар ҳолати икроҳ[38] ва суқути дия[39] низ пардохтаанд.

Эзоҳ

  1. Шаҳидӣ, «Интиҳор» саҳ.33
  2. Дурким, Худкушӣ, 1378ҳ.ш., саҳ.149–159; Муҳсинӣ, Ҷомеашиносии инҳирофоти иҷтимоӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.202–209; Гулоббахш ва Козимӣ, «Худкушӣ» саҳ.403
  3. Киниё, Мабонии ҷурмшиносӣ, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.429–454
  4. Ризоиён, «Пешгирии худкушӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд», саҳ.441
  5. Кернелсон, Дармони масоили ҷавонон ва навҷавонон, 1376ҳ.ш., саҳ.246
  6. Шариатӣ Рӯдсарӣ, «Худкушӣ ва илал ва ...(2)», саҳ.45; Аҳмадзода, «Худкушӣ ва илали он», саҳ.43
  7. Аҳмадзода, «Худкушӣ ва илали он», саҳ.43
  8. Шариатӣ Рӯдсарӣ, «Худкушӣ ва илали ва ...(3)», саҳ.18–19
  9. Шариатӣ Рӯдсарӣ, «Худкушӣ (1)», саҳ.44
  10. Шариатӣ Рӯдсарӣ, «Худкушӣ, иллатҳо ва ... (3)», саҳ.21–22; Ризоиён, Эпидемиологияи худкушӣ, саҳ.1978
  11. Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, зери вожа; Амид, Фарҳанги форсии Амид, зери вожа
  12. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.91; Оқоиниё, Ҳуқуқи кайфарии ихтисосӣ: Ҷароим алайҳи ашхос, 1389ҳ.ш., саҳ.26–28; Нурӣ, «Худкушӣ», саҳ.82–83; Гулоббахш ва Козимӣ, «Худкушӣ», саҳ.402–403
  13. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.91
  14. Муҳаққиқи Домод, Фиқҳи пизишкӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.197–198
  15. Мишкинӣ, Муслиҳоти фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.91
  16. Нуҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.370; Субҳонӣ, ар-Расаил-ул-арбаъ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.167
  17. Субҳонӣ, ар-Расаил-ул-арбаъ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.198
  18. Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.320; Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, Мактабат-ул-муртазавия, саҳ.428
  19. Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, Мактабат-ул-муртазавия, саҳ.428
  20. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.356
  21. Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.64; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.36
  22. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.591; Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.315; Мирзозода, «Худкушӣ», саҳ.314
  23. Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, Дори Содир, ҷ.2, саҳ.478; Дорамӣ, Сунани Дорамӣ, нашри Дор-ул-эҳё-ис-сунан-ин-набавӣ, саҳ.192
  24. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.572
  25. Аллома Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.372
  26. Гулоббахш ва Козимӣ, «Худкушӣ», саҳ.403
  27. Инҷили Матто, Боби 27
  28. Муҳаққиқи Домод, Фиқҳи пизишкӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.183; Шаҳидӣ, «Интиҳор», саҳ.34
  29. Муҳаққиқи Домод, Фиқҳи пизишкӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.183
  30. Аллома Ҳилӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.437
  31. Тусӣ, Ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.22–23
  32. Ниг.: Мунтазирӣ, Аҳкоми пизишкӣ, саҳ.123; Қосимӣ, Донишномаи фиқҳи пизишкӣ, ҷ. 3, саҳ.303
  33. Қосимӣ, Донишномаи фиқҳи пизишкӣ, 1395 ҳ.ш., ҷ. 3, саҳ.323
  34. Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ. 9, саҳ.207; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳам, 1413ҳ.қ., ҷ. 6, саҳ.142; Нуҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ. 28, саҳ.275; Имом Хумайнӣ, Наҷот-ул-ибод, 1409ҳ.қ., саҳ.311–312
  35. Исломитабор ва Илоҳиманиш, Масоили ахлоқӣ дар қатли тараҳҳумомез, саҳ.207–209
  36. Мунтазирӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ.583–584; Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ.531–532
  37. Мунтазирӣ, Муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, 1429ҳ.қ., саҳ.92; Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ. 3, саҳ.353; Фирҳӣ, «Дифои машрӯъ, террор ва амалиёти шаҳодатталабона дар мазҳаби шиа», саҳ.113–115; 123–124; Вараъӣ, «Мабонии фиқҳии амалиёти шаҳодатталабона», саҳ.319–321; 329–332
  38. Тусӣ, Ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ. 7, саҳ.43; Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ. 4, саҳ.186; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳам, 1413ҳ.қ., ҷ. 15, саҳ.89
  39. Тусӣ, Ал-Мабсут, 1378ҳ.қ., ҷ. 7, саҳ.178–179 ва 195; Ибн Идрис, Ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ. 3, саҳ.400; Табрасӣ, Ал-Муъталиф, 1410ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ.358

Ёддошт

  1. Эвтаназия яъне куштани шахси дигар аз рӯи раҳму дилсӯзӣ, бинобар мавҷуд будани бемории дармоннопазир ва ранҷовари он шахс. (Яздонифар, Эвтаназия аз назари фиқҳ ва ҳуқуқ, 1393ҳ.ш., саҳ.28.)

Сарчашма

  • Китоби Муқаддас Инҷили Матӣ
  • Ибни Адрис, Муҳаммад ибни Мансур, Ас-Сарор, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснади Аҳмад, Бейрут, Дор-ус-содор, би-то.
  • Ибни Қудома, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, Ал-Мұғнӣ, Бейрут, чопи афст, би-то.
  • Аҳмадзода, Валӣ ва Навид, Аҳад, «Худкушӣ ва илали он», дар маҷаллаи Донишгоҳи Инқилоб, №51, 1366ҳ.ш.
  • Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баён, Теҳрон, Ал-Мактабат-ул-муртазавия, бе-то.
  • Исломитобор, Шаҳриёр ва Илоҳиманш, Муҳаммадризо, «Масъалаҳои ахлоқӣ дар қатли тараҳҳумомез, Теҳрон, Нашири Маҷд, 1386ҳ.ш.
  • Исломинасб, Алӣ, Бӯҳрони худкушӣ (Мабонии равоншиносӣ ва рафти худ-тахрибӣ ва таҳоҷумӣ), Теҳрон, Нашири Фирдавс, 1371ҳ.ш.
  • Оқоиниё, Ҳусайн, Ҳуқуқи кайфарии ихтисосӣ: ҷароим алайҳи ашхос (ҷиноёт), Теҳрон, Интишороти Мизон, 1389ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Наҷот-ул-ибод, Теҳрон, Муассисаи Нашри Осори Имом Хумайнӣ, 1409ҳ.қ..
  • Анварӣ, Ҳасан, Фарҳанги бузурги сухан, Теҳрон, Нашири Сухан, 1381ҳ.ш.
  • Под, Иброҳим, Ҳуқуқи кайфарии ихтисосӣ: ҷиноятҳо бар зидди ашхос (зарарҳои ҷисмонӣ ва зарарҳои маънавӣ), Теҳрон, Нашри Раҳом, 1381ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ Лангрӯдӣ, Муҳаммадҷаъфар, Мубсут дар терминологияи ҳуқуқ, Теҳрон, Ганҷи Дониш, 1378ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Нури малакути Қуръон, ҷ.1, Қум, Интишороти Аллома Таботабоӣ, 1379ҳ.ш.
  • Дорамӣ, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон, Сунани Дорамӣ, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ис-сунан-ин-набавӣ, бе-то.
  • Дуркҳим, Эмил, Худкушӣ, тарҷумаи Нодир Солорзода, Теҳрон, Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, 1378ҳ.ш.
  • Рабиӣ, Носир, «Худкушӣ», дар маҷаллаи Ислоҳ ва тарбият, №15, 1375ҳ.ш.
  • Ризоиён, Муҳсин, «Пешгирӣ аз худкушӣ дар кишварҳои рушдёбанда: мавзуе дар аввалият», дар маҷаллаи Таҳқиқоти низоми саломатӣ, Соли нуҳум, №5, 1392ҳ.ш.
  • Ризоиён, Муҳсин, Эпидемиологияи худкушӣ, (дар китоби Ҷомеи беҳдошти умумӣ), Теҳрон, Интишороти Арҷманд, 1385ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Ар-Расоил-ул-арбаъ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ алайҳиссалом, 1415ҳ.қ..
  • Сутуда, Ҳидоятуллоҳ, Осебшиносии иҷтимоъӣ (ҷамъиятшиносии инҳирофот), Теҳрон, Овози нур, 1378ҳ.ш.
  • Шариатӣ Рӯдсарӣ, Мустафо, Худкушӣ (1), дар маҷаллаи Тарбият, №91, 1373ҳ.ш.
  • Шариатӣ Рӯдсарӣ, Мустафо, Худкушӣ, илал ва... (2), дар маҷаллаи Тарбият, №92, 1373ҳ.ш.
  • Шариъатӣ Рӯдсарӣ, Мустафо, Худкушӣ, илал ва... (3), дар маҷаллаи Тарбият, №93, 1373ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зинуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, Муассисати Ал-Маъориф-ул-исломӣ, 1413ҳ.қ..
  • Шаҳидӣ, Ҷавод, «Интиҳор», дар нашрияи Кануни вукало, №40, 1333ҳ.ш.
  • Содуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло йаҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1413ҳ.қ..
  • Содуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол, Қум, Дори-ш-шарифу-р-зӣ, 1409ҳ.қ..
  • Таботобоӣ, Муҳаммадҳусайн, Ал-Мӣзон фӣ тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламий ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ..
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Ал-Муталиф, Машҳад, Марказ-ул-буҳус-ил-исломия, 1410ҳ.қ..
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзибу-л-аҳком, Теҳрон, Дору-л-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ..
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ал-Мубсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, Ал-Мактабат-ул-муртазавия, 1387ҳ.қ..
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ала-л-мазҳаб-ил-имомия, Қум, Муассисаи Имом Содиқ, 1420ҳ.қ..
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳо-л-матлаб фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, Машҳад, Марказ-ул-буҳус-ил-исломия, 1412ҳ.қ..
  • Амид, Ҳасан, Фарҳанги форсӣ Амид, Теҳрон, Интишороти Огоҳ, 1390ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дори эҳё-ит-турас-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ..
  • Фираҳӣ, Довуд, «Дафъи машруъ, террор ва амалиётҳои шаҳодатталабона дар мазҳаби шиа», дар маҷаллаи тахассусии Шиашиносӣ, Соли дувум, №6, 1383ҳ.ш.
  • Корнилсон, Ламберт, Дармони масъалаҳои ҷавонон ва навҷавонон, Тарҷумаи Муҷтабо Ҷаводиён, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1376ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Ал-Кофӣ, Теҳрон, Дору-л-кутуби-л-исломия, 1407ҳ.қ..
  • Киниё, Маҳдӣ, Мабонии ҷурмшиносӣ, Теҳрон, Нашри Донишгоҳи Теҳрон, 1376ҳ.ш.
  • Гулоббахш, Марям ва Козими Афшор, Ҳоҷар, «Интиҳор» дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, 1390ҳ.ш.
  • Муҳсинӣ, Манучеҳр, Ҷомеашиносии инҳирофоти иҷтимоӣ, Теҳрон, Интишороти Туҳурӣ, 1386ҳ.ш.
  • Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Наҷмуддин Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1408ҳ.қ..
  • Муҳаққиқи Домод, Мустафо, Фиқҳи пизишкӣ, Теҳрон, Нашри ҳуқуқӣ, 1391ҳ.ш.
  • Машкинӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Нашри-л-ҳодӣ, 1419ҳ.қ..
  • Мутиъӣ, Муҳаммаднаҷиб, Ат-Такмилат-ус-сония, Бейрут, Дору-л-фикр, би-то.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтоъот ҷадид, Қум, Интишороти мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1427ҳ.қ..
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дору-л-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ ва фиқҳ-ид-давлат-ил-исломия, Қум, Нашри тафаккур, 1409ҳ.қ..
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, Қум, Арғувони дониш, 1429ҳ.қ..
  • Мирзозода, Атоуллоҳ, «Худкушӣ», дар Доират-ул-маорифи Қуръони карим, 1393ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ..
  • Нурӣ, Ризо, «Худкушӣ», дар нашрияи Маҳномаи қазоӣ, №148, 1357ҳ.ш.
  • Варъӣ, Ҷавод, «Мабонии фиқҳии амалиётҳои шаҳодатталабона», дар маҷаллаи Ҳукумати исломӣ, Соли ҳаштум, №1, 1382ҳ.ш.