Ояти 16 сураи Анфол
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Анфол |
| Шумораи оят | 16 |
| Ҷузъ | 9 |
| Макони нузул | Мадина |
| Мавзуъ | гурехтани размовари мусулмон аз майдони ҷанг |
| Оёти муртабит | Ояти 15 сураи Анфол |
Ояти 16 сураи Анфол (форсӣ: آیه ۱۶ سوره انفال) ба сарнавишти гурезаҳо аз майдони набард бо кофирон ва мавориди истиснои он ишора мекунад. Дар ривоятҳои шиа, гурехтан аз майдони ҷанг дар шумори гуноҳони кабира омадааст. Албатта гуфта шуда, дар сурате, ки теъдоди душманон чанд баробари мусулмонон бошанд, ин ҳукм ҷорӣ намешавад.
Сайид Алӣ Хоманаӣ, фақеҳ ва дуюмин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, бо истинод ба ин оят, ақибнишинии ғайритактикӣ дар баробари таҷовузоти низомӣ, таблиғотӣ ва иқтисодии душманро низ муҷиби хашм ва ғазаби Илоҳӣ донистааст. Гурӯҳе аз муфассирон ҳукми зикршуда дар ин оятро шомили ҳамаи ҷангҳо медонанд; дар муқобил гурӯҳе дигар эътиқод доранд, ки ин оят махсуси ҷанги Бадр аст.
Шайхи Тӯсӣ, фақеҳи шиа, бо истинод ба ин оят эътиқод дорад, ки шахси талабкор ва ҳамчунин падару модари шахси ҳозир дар майдони набард, раво нест аз ӯ талаби бозгашт кунанд ё нисбат ба вуҷуди ӯ дар ҷанг изҳори норозигӣ намоянд.
Сарнавишти гурехтан аз майдони ҷиҳод
Бано бар ояти 16 сураи Анфол, гурехтан аз ҷанг бо кофирон муҷиби хашми Худо ва азоби ҷаҳаннам мешавад;[1] чунон ки дар ояти пешин низ мусулмонон аз гурехтан аз ҷиҳод бо кофирон манъ шудаанд[2] ва дар ривоятҳои шиа гурехтан аз майдони ҷанг аз гуноҳони кабира маърифӣ шудааст.[3]
Қутби Ровандӣ, фақеҳ ва муфассири шиа дар қарни шашум, гурехтани як размовар дар баробари як ё ду тан аз душманонро гуноҳ ва ҳаром дониста ва гурехтан дар даргирӣ бо беш аз ду нафарро ҷоиз шумурдааст.[4] Шайхи Тӯсӣ низ шахси гурехта аз ҷангро ҷуз дар ду мавриди истиснои ин оят, фосиқ ва муртакиби гуноҳи кабира маърифӣ намудааст.[5] Сайид Алӣ Хоманаӣ, фақеҳ ва дуюмин Раҳбари низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, бо истинод ба ин оят ақибнишинии ғайритактикӣ дар баробари таҷовузи низомӣ, таблиғотӣ ва иқтисодии душманро низ муҷиби хашми Илоҳӣ донистааст.[6]
| “ | Ва ҳар ки дар он ҳангом ба онон пушт кунад, магар он ки [ҳадафаш] каноргирӣ барои набарде [дубора] ё пайвастан ба ҷамъе [дигар аз ҳамразмононаш] бошад, ҳатман ба хашми Худо гирифтор хоҳад шуд ва ҷойгоҳаш ҷаҳаннам аст ва чи бад саранҷомест. |
” |
Мавориди истисно
Ояти 16 Анфол ду мавриди ақибнишинии тактикӣ дар қолаби ҳилаи ҷангӣ ва гурехтан барои пайвастан ба гурӯҳи худигар ё таҳияи абзори ҷангро аз ҳукми гурехтан истисно кардааст.[7] Фозили Миқдод дар гурехтан барои пайвастан ба гурӯҳ, тавоноии гурӯҳ барои кӯмакрасониро ҳам шарт кардааст.[8] Дар муқобили ин назар, баъзе бо истинод ба умумияти оят, ин шартро напазируфтаанд.[9]
Дар Тафсири Қумӣ иборати «مُتَحَیِّزاً إِلی فِئَةٍ (Мутаҳаййизан ило фиатин)» ба шахси муҷоҳиде тафсир шуда, ки аз майдони набард ба сӯи соҳиби ихтиёраш яъне Пайғамбар ё имом баргардад. Ҳамчунин гуфта, ҳар кас ба душман пушт карда ва гурехта бошад куфр варзидааст.[10]
Намунаҳои ақибнишинии тактикӣ
Ба гуфтаи Соҳиби Ҷавоҳир, фақеҳи қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ, гурӯҳе аз муфассирон ва фақеҳони шиа ба баёни намунаҳое аз ақибнишинии тактикӣ дар майдони низомӣ пардохтаанд. Аз ҷумлаи ин маворид иборатанд аз: гурехтан барои танзими зиреҳ, бартараф кардани ташнагӣ ва гуруснагӣ, тағйири мавқеият ба хотир дар амон мондан аз тобиши нури офтоб ё вазиши бод, ҷобаҷоӣ аз замини танг ба васеъ ё баръакс ва ҳаракат барои тасаллут бар душман аз ҷойгоҳи баланд. Вай таъбири пушт кардан ба душманро низ киноя аз гурехтан донистааст.[11]
Оё ҳукми гурехтан махсуси ҷанги Бадр аст?
Ба гузориши Шайхи Тӯсӣ, аҳодисе аз Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) бар ин нукта ишора доранд, ки ваъид ба ҷаҳаннам дар оят шомили ҳамаи ҷангҳо ва ҳар размоварест, ки дар набард бо лашкари душманон гурехта бошад.[12] Аллома Таботабоӣ[13], Ҷуббоӣ, муфассири муътазилӣ ва дигарон[14] низ ҳамин дидгоҳро пазируфтаанд. Дар муқобили ин дидгоҳ, ба гуфтаи Табарсӣ, баъзе муфассирон оятро танҳо махсуси гурезагони ҷанги Бадр донистаанд.[15]
Истиноди фиқҳӣ
Аз назари Шайхи Тӯсӣ, пас аз оғози ҷанги мусулмонон бо душманон, шахси талабкор ва низ падару модари шахси размовари мусулмон ҳақ надоранд бозгашти ӯро аз майдони ҷанг талаб кунанд ё нисбат ба ҳузури ӯ дар ҷанг изҳори норозигӣ намоянд. Вай барои ин ҳукм ба умумияти наҳй аз гурехтан ва пушт кардан ба душман дар ояти 16 Анфол истинод кардааст.[16]
Эзоҳ
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1401ҳ.ш., ҷ.32, саҳ.192-193; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.813-814; Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.28.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.111.
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.276-278 ва 280.
- ↑ Қутби Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.340.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.10.
- ↑ Хоманаӣ, «بیانات در دیدار دستاندرکاران کنگره ملی شهدای استان کهگیلویه و بویر احمد», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1401ҳ.ш., ҷ.32, саҳ.192-193; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.813-814; Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.28.
- ↑ Ҳиллӣ, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.357.
- ↑ Фозили Козимӣ, Масалик-ул-афҳом, бетаърих, ҷ.2, саҳ.333.
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.270.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.58-59.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.5, саҳ.92.
- ↑ Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1352ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.37.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.814.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.814.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.6-7.
Сарчашма
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1363ҳ.ш./1404ҳ.қ.
- Қутби Ровандӣ, Саъид ибни Ҳибатуллоҳ, Фиқҳ-ул-Қуръон, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи дувум, 1405ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Мударрисӣ, Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳибби-л-Ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ./1999м.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шароеъ-ил-ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1367ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъломии ли-л-матбуъот, 1352ҳ.ш.
- Фозили Козимӣ, Муҳаммад, Масалик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, муқаддимаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, Теҳрон, Муртазавӣ, бетаърих.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار دستاندرکاران کنگره ملی شهدای استان کهگیلویه و بویر احمد» («Баёнот дар дидори дастдаркорони конгресси миллии шаҳидони устони Куҳгилуя ва Буйир Аҳмад»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи интишор: 14 августи 2024, санаи боздид: 21 сентябри 2025.
- Ҳиллӣ, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, интишороти Муртазавӣ, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири тасним, Қум, Маркази нашри Исро, 1401ҳ.ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, таҳқиқ: Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-Муртазавия, чопи севум, 1387ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.