Jump to content

Торикуссалот

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Тарки намоз)

Торикуссалот (форсӣ: تارک الصلاة) унвонест барои ишора ба мусалмоне, ки қасдан намоз намехонад ва бар асоси шариати Ислом, ба ин тартиб муртакиби гуноҳи кабира шудааст. Тарки намоз агар бо инкори воҷиб будани намоз ҳамроҳ бошад, боиси иртидод хоҳад шуд. Қуръон намозгузор набуданро аз монеаҳои шафоат дар қиёмат баршумурдааст.

Аз Пайғамбари Ислом нақл шудааст, ки агар шахсе намозашро бе узр тарк кунад, Худованд аъмоли неки ӯро аз байн мебарад. Бар асоси ривоятҳо, шаётин ба василаи тарки намоз, инсонҳоро ба гуноҳони бузург меандозанд ва Худо ҳақ дорад тарккунандагони намозро ҳамроҳи мунофиқон ба ҷаҳаннам бифиристад. Дар ривоятҳо аз шахсони торикуссалот бо таъбири кофир низ ёд шудааст.

Гуфта шудааст ки мусалмонон иҷмоъ доранд агар касе асли намозро инкор кунад ва воҷиб будани онро зери суол барад, кофир шуда ва муртад аст, магар он ки иддао кунад намоз нахонданаш аз рӯи шубҳае монанди навмусалмон шудан будааст.

Гурӯҳе аз фақеҳон муътақиданд агар шахсе аз рӯи танбалӣ намозашро тарк кунад, бидуни он ки воҷиб будани намозро инкор кунад, фосиқ аст, аммо агар касе бо вуҷуди эътиқод ба воҷиб будани намоз, бе узр намозро тарк кунад таъзир мешавад ва дастур дода мешавад ки намоз бихонад; агар шахс бар намоз нахондан боқӣ монад ва намози дигаре аз ӯ қазо шавад, дубора таъзир мешавад.

Никӯҳиши тарки намоз

Тарки намоз аз гуноҳони бисёр бузург аст,[1] ва тарккунандагони намоз дар ривоятҳо кофир хонда шудаанд.[1] Ҳақиқати тарки намоз аз рӯи қасд, ба манзилаи сабук шумурдани намоз дониста шудааст, ва кайфару ҷазои ин кор дар ривоятҳое аз Имом Содиқ (а) аз бархе гуноҳони кабира (монанди шаробнӯшӣ) бештар ва бузургтар унвон шудааст. Ҳурри Омилӣ, фақеҳи шиаи қарни ёздаҳуми ҳиҷрӣ, ҳаминро сабаби кофир шумурда шудани торикуссалот донистааст.[2]

Носир Макорими Шерозӣ, аз мараоҷеи тақлиди шиа, бар он аст ки вазъи торикуссалот аз афроде ки дар намоз саҳлангорӣ мекунанд ва Қуръон онҳоро шоистаи «вайл» (вайл ба маънои зиён ва дурӣ аз раҳмати Худо[3]) донистааст, бадтар аст.[4]

Аз Пайғамбари акрам (с) нақл шудааст ки агар шахсе намозашро бе узр тарк кунад, Худованд аъмоли ӯро нобуд мекунад.[5] Бар асоси ривоятҳо, шаётин ба василаи тарки намоз, инсонҳоро ба гуноҳони бузург меандозанд[6] ва Худованд ҳақ дорад тарккунандагони намозро ҳамроҳи мунофиқон ба ҷаҳаннам бифиристад.[7] Аз Имом Боқир (а) низ ривоят шудааст ки дар намоз сустӣ накунед, зеро Расули Худо дар вақти марг фармуд: «Аз ман нест касе ки намозро сабук шуморад[8]

Шаклҳои тарки намоз

Гуфта шудааст ки мусалмонон иҷмоъ доранд бар он ки агар касе асли намозро инкор кунад ва воҷиб будани онро рад кунад, кофир шуда, аз доираи Ислом хориҷ[9] ва муртад аст,[10] магар он ки иддао кунад намоз нахонданаш аз рӯи шубҳае монанди навмусалмон шудан будааст;[11] аммо агар касе ба воҷиб будани намоз эътиқод дошта бошад ва намозро бе узр тарк кунад, таъзир мешавад ва дастур дода мешавад ки намоз бихонад. Агар боз ҳам намоз нахонад ва намози дигаре аз ӯ қазо шавад, дубора таъзир мешавад.[12] Агар шахсе аз рӯи танбалӣ намозашро тарк кунад, бидуни он ки воҷиб будани намозро инкор кунад, ҳукм ба фосиқ будани ӯ дода шудааст.[13]

Кофир будани торикуссалот

Дар бархе ривоятҳо, ба кофир будани торикуссалот ишора шудааст: Пайғамбари Ислом касеро ки аз рӯи қасд намозро тарк кунад, кофир дониста,[14] Имом Козим (а) бар асоси ин сухани Пайғамбар (с) дар ривояте ки гуноҳони кабираро шумориш карда, тарки қасдани намоз ва ҳар он чи Худованд воҷиб кардааст, аз гуноҳони кабира донистааст.[15] [Ёддошт 1]

Ба гуфтаи Пайғамбар, миёни бандагии Худо ва куфр, тарки намоз фосила аст.[16] Имом Содиқ (а) низ дар гуфторе тарккунандаи намозро кофир хондааст.[17]

Ба гуфтаи Муҳаммадбоқир Маҷлисӣ, муҳаддиси шиаи қарни ёздаҳуми ҳиҷрӣ, имон танҳо имони қалбӣ нест, балки бояд бо анҷоми воҷиботи шаръӣ ва тарки муҳаррамот ҳамроҳ бошад. Аз диди ӯ, ба ҳамин ҷиҳат дар ривоятҳо ба торикуссалот кофир гуфта шудааст.[18] Аллома Ҳиллӣ, фақеҳи бузурги шиа дар қарни ҳафтум ва ҳаштум, иддаои иҷмоъ бар иртидод ва қатли ин афрод кардааст.[19]

Мусалмонон дар бораи касе ки бо вуҷуди эътиқод ба воҷиб будани намоз, онро тарк кунад, ихтилофи назар доранд.[9] Бархе афрод барои касе ки эътиқод ба воҷиб будани намоз дорад вале аз рӯи қасд намоз намехонад, дастур ба таъзир додаанд ва дар сурати такрор дар марҳилаи сеюм ё чорум[20] ба қатли ин фард фатво додаанд.[12] Бо ин ҳол, Сайид Алӣ Ҳусайнии Систонӣ аз мароҷеи тақлид, муътақид аст ки танҳо тарки намоз боиси куфр намешавад, гарчи тарки он аз гуноҳони бузург аст.[21] Мирзо Ҷаводи Табрезӣ аз мароҷеи тақлид, муътақид аст ки шахси тарккунандаи намоз наҷис нест.[22]

Тарки намоз ва дигар гуноҳон

Бар асоси ду ривоят ки дар китобҳои ал-Кофӣ ва Иршод-ул-қулуб зикр шудааст, гуноҳи тарки намоз метавонад аз оташ задани Қуръон ва зино болотар бошад ва торикуссалотро дар ҳадди куфр ба Худо ва Расулаш баршумурдаанд,[23] аммо Шайхи Садуқ дар китоби Илал-уш-шароеъ ва ҳамчунин муаллифи китоби Лаоли-ул-ахбор, бо такя бар ривоятҳо, бар онанд ки далели сангинии гуноҳи торикуссалот ин аст, ки шахс бе ҳеҷ далеле ва бе он ки ҳатто лаззати ҳароме бибарад, ин ибодатро хор мешуморад; ҳол он ки шахс дар гуноҳони дигар, ба далели ғалабаи шаҳват ё лаззати ҳароме, ба гуноҳ рӯ меоварад.[24]

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.168
  2. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Бейрут, ҷ.3, саҳ.28
  3. Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.273
  4. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.361
  5. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.79, саҳ.202
  6. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.79, саҳ.202
  7. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.31
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.269
  9. 9.0 9.1 «حکم تارک الصلاه», сайти Муфлиҳун
  10. Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.359
  11. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.144
  12. 12.0 12.1 Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.689
  13. Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.359
  14. Ибни Абиҷумҳур, Аволи-ул-лаолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.224
  15. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.287
  16. Шуайрӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, Наҷаф, саҳ.74
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.279
  18. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.66, саҳ.127
  19. Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.391
  20. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.144
  21. «پرسش و پاسخ. تارک الصلاة», пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Систонӣ
  22. Табрезӣ, Истифтооти ҷадид, бе таърих, ҷ.2, саҳ.115
  23. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.287; Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб ила-с-савоб, ҷ.1, саҳ.190
  24. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, ҷ.2, саҳ.339; «لئالی الاخبار، ص۱۲۹۷», Китобхонаи рақамии Маркази омӯзиши электронӣ Донишгоҳи Қуръон ва ҳадис

Ёддошт

  1. وَ تَرْكُ الصَّلَاةِ مُتَعَمِّداً أَوْ شَيْئاً مِمَّا فَرَضَ اللهُ لِأَنَّ رَسُولَ اللهِ ص قَالَ مَنْ تَرَكَ الصَّلَاةَ مُتَعَمِّداً فَقَدْ بَرِئَ مِنْ ذِمَّةِ اللهِ وَ ذِمَّةِ رَسُولِ اللهِ
    Ва тарки намоз ба қасд ё чизе аз он чи Худо воҷиб кардааст, зеро Расули Худо (с) фармуд: Ҳар касе намозро қасдан тарк кунад, аз зиммаи Худо ва зиммаи Расули Худо баромадааст.

Сарчашма

  • Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Иршод-ул-қулуб ила-с-савоб, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Абиҷумҳур, Муҳаммад ибни Зайнуддин, Аволи-ул-лаоли-л-азизия фи-л-аҳодис-ид-диния, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҷтабо Ироқӣ, Қум, Дори Сайид-уш-шуҳадо, 1405ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуюм, 1403ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Истифтооти ҷадид, Қум, Дафтари Оятуллоҳ Табрезӣ, чопи аввал, бе таърих.
  • Тайиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти Ислом, чопи дуюм, 1378ҳ.ш.
  • Толиқонӣ, Сайид Маҳмуд, Партаве аз Қуръон, Теҳрон, Ширкати саҳомии интишор, чопи чорум, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқ ва тасҳеҳи Маҳдӣ Лоҷвардӣ, Теҳрон, Нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алӣ Хуросонӣ, Сайид Ҷаводи Шаҳрастонӣ, Маҳдӣ Тоҳаи Наҷаф ва Муҷтабо Ироқӣ, Қум, Дафтари Интишороти исломӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръия фи фиқҳ-ил-имомия, Дафтари Интишороти исломӣ, Қум, чопи дуюм, 1417ҳ.қ.
  • Шуайрӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-ахбор, Наҷаф, Матбааи Ҳайдария, чопи аввал, бе таърих.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Олилбайт (а), чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа ила таҳсили масоил-иш-шаръия, таҳқиқи Абдурраҳим Раббонӣ Шерозӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе таърих.
  • «لئالی الاخبار، ص۱۲۹۷», Китобхонаи рақамии Маркази омӯзиши электронӣ Донишгоҳи Қуръон ва ҳадис, санаи боздид: 3 обони 1401ҳ.ш.
  • «حکم تارک الصلاه», сайти Муфлиҳун, санаи боздид: 2 меҳри 1401ҳ.ш.
  • «پرسش و پاسخ. تارک الصلاة», пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Систонӣ, санаи боздид: 2 меҳри 1401ҳ.ш.