Қимор
Қимор (арабӣ: القمار) ё қиморбозӣ як намуди бозие аст, ки дар он аз ҷониби мағлуб ба ғолиб пул ё мол дода мешавад. Ҳамаи фақеҳон ба ҳаром будани қимор фатво додаанд; албатта, шартбандӣ дар мусобиқоти аспдавонӣ, тирандозӣ ва шамшербозӣ қимор ҳисобида намешавад. Тибқи фатвои фақеҳон, бозӣ кардан бо олатҳои қимор (дастгоҳҳои қиморбозӣ) чӣ дар шакли шартгузорӣ ва чӣ бе он ҳаром аст.
Фақеҳон барои ҳаром эълон кардани қиморбозӣ, ба далелҳое истинод карданаанд, монанди ояти 90 сураи Моида, ки дар он қиморбозӣ ҳамчун амали палид, бад ва кори шайтонӣ муаррифӣ шудааст. Фақеҳон хӯрдани таомеро, ки аз қимор ба даст омадааст, ҳаром медонанд ва бар ин боваранд, ки шаҳодат додани қиморбоз қабул намешавад. Ба ақидаи фақеҳон пуле, ки аз қимор ба даст меояд, бояд ба соҳибаш баргардонида шавад.
Мафҳумшиносӣ
Дар китобҳои фиқҳӣ таърифҳои гуногуне аз қимор матраҳ шудааст. Ба гуфтаи Шайх Ансорӣ, қимор иборат аст аз бозӣ бо абзорҳои хоссе ки дар он чизе гарав гузошта мешавад [то ба баранда пардохт шавад].[1]
Бархеи дигар аз фақеҳон ҳаргуна бозӣ бо олоти қиморро чи ба сурати шартбандӣ бошад ва чи набошад, қимор медонанд.[2] Алии Мишкинӣ ҳам дар китоби «Мусталаҳот-ул-фиқҳ», қиморро бозие таъриф кардааст, ки дар он шарт мешавад бозанда, чизе ба баранда пардохт кунад.[3]
Албатта фақеҳон ҳар шартбандиеро қимор намедонанд. Ба фатвои онон шартбандӣ дар мусобиқоти аспсаворӣ, тирандозӣ ва шамшербозӣ қимор ба шумор намеравад. Аз ин бозиҳо дар фиқҳ бо номи “сабқ/ سَبْق” (мусобиқаи саворкорӣ) ва “римоя/ رِمایَه” (мусобиқаи тирандозӣ) ёд мешавад.[4]
Ҳукми фиқҳӣ
Ба гуфтаи Шайх Муртазо Ансорӣ ва соҳиби Ҷавоҳир, фақеҳон бар ҳаром будани қимор иҷмоъ доранд ва Қуръон ва ривоёти мутавотир бар ҳаром будани он далолат мекунанд.[5]
Ояте ки дар ин замина ба он истинод мешавад, ояти 90 сураи Моида аст, ки дар он «майсир/مَیْسِر» як амри палид ва амали шайтон муаррифӣ шудааст:[6]
“ | "Шаробу қимору бутҳо ва тирҳои қуръа, палид ва аз амали шайтонанд." |
” |
Бар пояи ривоёт, мурод аз ин калима қимор аст. Барои намуна дар ривояте аз Имом Боқир (а) ки дар китоби Кофӣ омадааст, замоне, ки ин оят нозил шуд, аз Пайғамбар (с) пурсиданд: мурод аз майсир чист? Пайғамбар (с) посух дод: ҳар чизе ки ба василаи он қиморбозӣ мешавад.[7] Ҳамчунин Кулайнӣ дар ҳамин китоб, аз Имом Ризо (а) нақл кардааст, ки майсир ҳамон қимор аст.[8]
Олоти қимор
- Мақолаи аслӣ: Олоти қимор
Олоти қимор ба абзорҳое мегӯянд, ки ғолибан ба манзури қиморбозӣ истифода мешаванд.[9] Дар китобҳои фиқҳӣ аз мавориде чун шатранҷ,[10] тахтаи нард,[11] посур ва билярд бо унвони олоти қимор баҳс мекунанд.[12]
Ба фатвои бештари фақеҳон, бозӣ бо олоти қимор, чи ба сурати шартбандӣ ва чи бидуни он, ҳаром аст.[13] Ҳамчунин фуқаҳо сохтани олоти қимор ва хариду фурӯш ва иҷораи онҳоро ҳаром медонанд.[14]
Фарқи қимор бо шартбандӣ
Фақеҳон, ҳукми фиқҳии қиморро шомили шартбандӣ дар мусобиқоти саворкорие монанди аспдавонию шутурдавонӣ ва ҳамчунин тирандозӣ ва шамшербозӣ намедонанд.[15] Онҳо бо истинод ба ривоёте, ин маворидро бо он ки шартбандӣ ҳастанд, қимор ба шумор намеоваранд.[16]
Аҳкоми қиморбозӣ
Бар пояи он чи дар китобҳои фиқҳӣ омадааст, бархе аз аҳкоми қиморбозӣ ба шарҳи зер аст:
- Хӯрдани таъоме, ки аз роҳи қимор ба даст омадааст, ҳаром мебошад.[17]
- Шаҳодати қиморбоз қабул намешавад.[18]
- Ёдгирии қиморбозӣ ҳаром аст.[19]
- Моле, ки аз роҳи қимор ба даст омадааст, машруъ нест ва бояд ба соҳибаш бозгардонда шавад.[20]
Фалсафаи ҳаром будани қимор
Худованд дар Қуръони Карим, қиморро абзоре дар дасти шайтон муаррифӣ мекунад, ки ба воситаи он байни муъминин, душманӣ ва кина эҷод ва онҳоро аз ёди Худованд ғофил кунад.
«Ҳамоно шайтон мехоҳад бо шаробу қимор, байни шумо душманӣ ва кина эҷод кунад, ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боздорад. Пас оё шумо даст мебардоред?»[21]
Эзоҳ
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1415ҳ.қ., саҳ.371.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1415ҳ.қ., саҳ.371.
- ↑ Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1381ҳ.ш., саҳ.430.
- ↑ Барои намуна ниг.: Таботабоии Ҳоирӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.233.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.371; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.109.
- ↑ Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.109.
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.122 ва 123.
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.124.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.152.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.372.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.372.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.238.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.153.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.153.
- ↑ Таботабоии Ҳоирӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.233 то 235; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.56.
- ↑ Таботабоии Ҳоирӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.233 то 235.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.109.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.726; Ҳиллӣ, ал-Ҷомеъу ли-ш-шароиъ, 1405ҳ.қ., саҳ.539; Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.325.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ус-салом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.4
- ↑ Таботабоӣ, Ҳоирӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.170.
- ↑ Моида, 91
Сарчашма
- Қуръон
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтоъоти ҷадид, Қум, интишороти мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
- Мишкинӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Алҳодӣ, чопи сеюм, 1381ҳ.ш.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи мутобиқ бо мазҳаби Аҳли Байти алайҳимуссалом, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1385ҳ.ш.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фӣ масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фӣ шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Таботабоии Ҳоирӣ, Сайидалӣ, Риёз-ул-масоил фӣ таҳқиқ-ил-аҳкоми би-д-далоил, Қум, Олулбайт, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъат-ул-имом Хуӣ, Қум, муассисаи эҳёу осорил-имом Хуӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Яҳй ибни Саид, ал-Ҷомеъ ли-ш-шароиъ, Қум, муассисаи Сайидушшуҳадо алъилмия, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо, китоби ал-Макосиб-ул-муҳаррама ва ал-байъ ва-л-хиёрот, Қум, конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайх Аъзам Ансорӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.