Үндана:Урват-ул-вусқо
Урват-ул-вусқо (арабӣ: عُروَةُ الوُثقیٰ) таъбири қуръонӣ ба маънои такягоҳи устувор ва мутмаин аст.[1] Ин таъбир ба сурати истиорӣ барои пойбандӣ ба андешаи дуруст ва дини устувор ба кор рафтааст.[2] Баъзе муфассирон низ онро тасвири ҳиссӣ аз як ҳақиқати маънавӣ донистаанд.[3] Урват-ул-вусқо ҳамчунин марзе миёни куфр ва Ислом[4] ва воситае барои ҳаракати инсон дар масири ҳидояти Илоҳӣ дониста шудааст.[5] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а), чанг задан ба он сабаби наҷот муаррифӣ шудааст.[6]
Таъбири Урват-ул-вусқо ду бор дар Қуръон омадааст.[7] Як бор дар ояти 22 сураи Луқмон, ки таслим дар баробари Худованд ҳамроҳ бо некӯкориро чанг задан ба Урват-ул-вусқо муаррифӣ мекунад,[8] ва бори дигар дар ояти 256 сураи Бақара, ки рӯйгардонӣ аз тоғут ва имон ба Худоро тамассук ба Урват-ул-вусқо медонад ва онро дастовези гусастанинопазир муаррифӣ мекунад.[9] Ин ду оятро ташбеҳ барои муъмине донистаанд, ки ба устувортарин такягоҳ ва муҳкамтарин паноҳгоҳ даст ёфтааст.[10]
Дар бораи мисдоқи Урват-ул-вусқо дидгоҳҳои гуногун пешниҳод шудааст, ки онҳоро нозир ба имон ва пойбандӣ ба роҳи Илоҳӣ донистаанд.[11] Ислом,[12] имон,[13] Қуръон,[14] ло илоҳа иллаллоҳ[15] ва таслим дар баробари Худованд[16] аз ҷумлаи мисдоқҳое ҳастанд, ки барои он зикр шудаанд.
Дар ривоёти шиа, Урват-ул-вусқо ба Аҳли Байт (а) ва вилояти онҳо низ татбиқ дода шудааст.[17] Аз ҷумла дар ривояте аз Пайғамбар (с) ки аз тариқи Имом Ризо (а) нақл шудааст, вилояти Имом Алӣ (а) ва пайравӣ аз имомони ҳидоятгар, роҳи чанг задан ба Урват-ул-вусқо ва расидан ба наҷот муаррифӣ шудааст.[18] Ҳамчунин дар ривоёте аз Пайғамбар (с)[19] ва Имом Боқир (а),[20] муҳаббати Аҳли Байт (а) аз намунаҳои чанг задан ба Урват-ул-вусқо дониста шудааст.
Баъзе осор ва марказҳои динӣ, бо илҳом аз ин таъбири қуръонӣ, ба Урват-ул-вусқо номгузорӣ шудаанд. Аз ҷумла китоби ал-Урват-ул-вусқо асари Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ, аз китобҳои машҳури фиқҳӣ дар ҳавзаҳои илмии шиа аст.[21] Ҳамчунин маҷаллаҳо[22] ва пажӯҳишкадаҳое бо ин унвон фаъолият доштаанд.[23]
Эзоҳ
- ↑ Олусӣ, Руҳ-ул-маонӣ, ҷ.2, саҳ.15.
- ↑ Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-Софӣ, ҷ.1, саҳ.284.
- ↑ Сайиди Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.292.
- ↑ Фавзон, Силсилат-у шарҳ-ир-расоил, саҳ.131.
- ↑ Сайиди Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.292.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.372.
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Муқаддимоти бунёдини илми тафсир, саҳ.490.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.17, саҳ.67
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.2, саҳ.280
- ↑ Дуҳайшӣ, Асмо-ул-Қуръон ва авсофаҳу фи-л-Қуръон-ил-карим, саҳ.394.
- ↑ Дуҳайшӣ, Асмо-ул-Қуръон ва авсофаҳу фи-л-Қуръон-ил-карим, саҳ.394.
- ↑ Дуҳайшӣ, Асмо-ул-Қуръон ва авсофаҳу фи-л-Қуръон-ил-карим, саҳ.394.
- ↑ Кошонӣ, Тафсир-ул-муъин, ҷ.1, саҳ.128.
- ↑ Ашрафзода, Фарҳанги тафсирии Қуръони маҷид бар асоси нусхаи Донишгоҳи Кембриҷ, саҳ.209; Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, ҷ.23, саҳ.83.
- ↑ Фавзон, Силсилат-у шарҳ-ир-расоил, саҳ.131.
- ↑ Барқӣ, ал-Маҳосин, ҷ.1, саҳ.272.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Бурҳон, ҷ.4, саҳ.379; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.1, саҳ.84.
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.19.
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюн ахбор-ир-Ризо, ҷ.2, саҳ.58.
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, ҷ.4, саҳ.3.
- ↑ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, муқаддимаи таҳқиқ, ҷ.1, саҳ.3 - 4.
- ↑ Барои намуна ниг.: «العروه الوثقی», Сайти Маркази баррасиҳои исломӣ; «عروةالوثقی [مجله]» Сомонаи нашрияҳои Эрон.
- ↑ پژوهشکده بینالمللی عروة الوثقی, Сайти Пажӯҳишкадаи байналмилалии Урват-ул-вусқо.
Сарчашма
- Ашрафзода, Ризо, Фарҳанги тафсирии Қуръони маҷид бар асоси нусхаи Донишгоҳи Кембриҷ, Машҳад, Сухани густар, 1392ҳ.ш.
- Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Маҳосин, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ҷалолуддини Муҳаддис, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дувум, 1371ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Сайид Ҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди беъсат, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
- Дуҳайшӣ, Умар ибни Абдулазиз, Асмо-ул-Қуръон ва авсофаҳу фи-л-Қуръон-ил-карим, Даммом — Арабистон, Дор Ибн-ил-Ҷавзӣ, 1430ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб алайҳимуссалом, Қум, интишороти Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
- Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Тафсир-ул-муъин, таҳқиқ: Даргоҳӣ, Ҳусайн, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ Наҷафӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Сайид Таййиби Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Олусӣ, Сайид Маҳмуд, Руҳ-ул-маонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим, таҳқиқ: Алӣ Абдулборӣ Атийя, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Сайиди Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут, Қоҳира, Дор-уш-шуруқ, чопи ҳабдаҳум, 1412ҳ.қ.
- Фавзон, Солеҳ, Силсилату шарҳ-ир-расоил, ар-Риёз, Мактабат-ул-Имом аз-Заҳабӣ, ат-Табъат-ул-уло, 2019м.
- Файзи Кошонӣ, Муллоҳасан, Тафсир-ус-Софӣ, таҳқиқ: Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон, интишороти ас-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Муқаддимоти бунёдини илми тафсир, Теҳрон, Бунёди Қуръон, 1381ҳ.ш.
- Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, Акбар, Фарҳанги Қуръон, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1379ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Уюн ахбор-ир-Ризо (а), муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
- Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1419ҳ.қ
- پژوهشکده بینالمللی عروة الوثقی (Пажӯҳишкадаи байналмилалии Урват-ул-вусқо), Сайти Пажӯҳишкадаи байналмилалии Урват-ул-вусқо, санаи боздид: 16 сентябри 2026.
- «عروةالوثقی [مجله]» (Урват-ул-вусқо [маҷалла]), Сомонаи нашрияҳои Эрон, санаи боздид: 16 сентябри 2026.
- «العروه الوثقی» (ал-Урват-ул-вусқо), Сайти Маркази баррасиҳои исломӣ, санаи боздид: 16 сентябри 2026.