Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фирор аз ҷанг

Аз wikishia


Фирор аз ҷанг (форсӣ: فرار از جنگ) аз гуноҳони кабира аст, ки дар фиқҳ[1] ва илми ахлоқ[2] бо унвони «ал-Фирор мин-аз-заҳф» (гурехтан аз набард бо душман) шинохта мешавад.[3] Далели қуръонӣ бар ҳаром будани[4] фирор аз ҷанг дар сурати рӯёрӯӣ бо душман, ояти 16 сураи Анфол аст.[5] Дар баъзе ривоёт омада, ки зиштии гуноҳи фирор аз ҷанг ҳатто бо пардохти каффора низ қобили ҷуброн нест.[6]

Ба назари фақиҳон, дар ду сурат шахс ҳаққи фирор надорад ва дар сурати фирор гуноҳкор ҳисобида мешавад:[7]

  • Замоне, ки имом (а) дастури ширкат дар ҷангро ба гурӯҳи хос диҳад[8]
  • Ҳангоме, ки дар баробари як ё ду душман қарор гирад (яъне теъдоди душманон камтар ё ба андозаи дубаробари мусалмонон бошад).[9]

Дар ин маворид, фирор ҳатто дар сурати эҳтимоли кушта шудан низ ҷоиз нест.[10] Бо ин ҳол, Аллома Ҳиллӣ бо истинод ба ояти 195 сураи Бақара, дар сурате, ки гумони қавӣ ба кушта шудан вуҷуд дошта бошад, фирорро ҷоиз донистааст.[11] Гуфта шудааст, ки ҳурмати фирор аз ҷанг, новобаста аз ҳолати ихтиёрӣ ва ё изтирор (монанди беморӣ) мебошад.[12]

Ба бовари Шайхи Тусӣ, пас аз оғози набард, падар, модар ё талабкори разманда ҳақ надоранд ӯро аз майдони ҷанг бозгардонанд;[13] аммо агар фирор бо ҳадафи тағйири ороиши ҷангӣ ё пайвастан ба қисми ҳарбии дигар барои ҳамлаи дубора бошад, ҷоиз шумурда мешавад.[14]

Бар асоси ояти 65 сураи Анфол, дар оғози Ислом, ҳар мусалмон ӯҳдадори муқовимат дар баробари даҳ мушрик буд, аммо ин ҳукм бо нузули ояти 66 сураи Анфол насх шуд ва вуҷуби муқовимат дар баробари ду нафар ҷойгузини он шуд.[15] Бар ҳамин асос, агар теъдоди нерӯҳои душман бештар аз ду баробари нерӯҳои мусалмон бошад, фирор ҷоиз аст.[16] Бо ин ҳол, Шайхи Тусӣ бар ин бовар аст, ки агар эҳтимоли солим мондан, ғолиб бошад, дифоъ мустаҳаб аст.[17] Дар муқобил, Сайид Абулқосим Хуӣ муътақид аст, дар сурате, ки мусалмонон итминон ба пирӯзӣ дошта бошанд, фирор ҷоиз нест.[18] Ҳамчунин Имом Хумайнӣ фирор аз ҷангро дар ҳеҷ шароите ҷоиз надонистааст.[19] Бар асоси мақолаи «Ҳукми фирорu низомиён аз ҷиҳод дар роҳбурди дифоии Ислом», бо таваҷҷуҳ ба рафтори Пайғамбари акрам (с) дар ҷанги Уҳуд, дар шароите, ки эҳтимоли кушта шудани сарбозон муҷиби таҳдиди киёни Ислом шавад, фирор воҷиб аст.[20]

Дар ривоёти исломӣ, паёмадҳое барои фирор аз ҷанг зикр шудаанд; аз ҷумла зиллат ва хории шахс, аз байн рафтани адолат, тақвияти душман, беэътиноӣ ба барномаҳои пешвоёни дин[21] ва ваҳни дин.[22]

Эзоҳ

  1. ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.21, саҳ.295.
  2. ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.277; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, ҷ.3, саҳ.562.
  3. ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зейли вожаи «زحف\заҳф».
  4. ↑ Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, ҷ.9, саҳ.9.
  5. ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.13, саҳ.312.
  6. ↑ Сайид Разӣ, ал-Маҷозот-ун-набавия, саҳ.365.
  7. ↑ Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, саҳ.294.
  8. ↑ Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, ҷ.9, саҳ.9.
  9. ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқия, саҳ.82.
  10. ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.21, саҳ.61.
  11. ↑ Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, ҷ.4, саҳ.390.
  12. ↑ Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, ҷ.7, саҳ.501.
  13. ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, ҷ.2, саҳ.6.
  14. ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.3, саҳ.23.
  15. ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, ҷ.2, саҳ.6.
  16. ↑ Ниг.: Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, ҷ.7, саҳ.501.
  17. ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, ҷ.2, саҳ.10.
  18. ↑ Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.1, саҳ.370.
  19. ↑ Имом Хумайнӣ, Истифтоот, ҷ.1, саҳ.516.
  20. ↑ Қосимӣ Муқаддам, «حکم فرار نظامیان از جهاد در راهبرد دفاعی اسلام», саҳ.48.
  21. ↑ Наҳҷ-ул-балоға, саҳ.69; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.15, саҳ.87.
  22. ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, ҷ.3, саҳ.565.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиа, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), 1414ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукрам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дор Содир, 1414ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Истифтоот, Қум, Интишороти исломӣ, 1372ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қосимӣ Муқаддам, Ҳасан ва дигарон, «حکم فرار نظامیان از جهاد در راهبرد دفاعی اسلام» (Ҳукми фарорu низомиён аз ҷиҳод дар роҳбурди дифоии Ислом), Дуфаслномаи илмӣ-тарвиҷии Фиқҳи ҳукуматӣ, №8, тирамоҳ ва зимистони 1398ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ул-ислом, таҳқиқ: Муҳаммад Қучонӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, ал-Маҷозот-ун-набавия, тасҳеҳ: Маҳдӣ Ҳушманд, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1422ҳ.қ.
  • Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳ: Субҳӣ Солеҳ, Қум, Муассисаи Дор-ул-ҳиҷра, 1414ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Алӣ, Риёз-ул-масоил фи баёни аҳком-иш-шаръ би-д-далоил, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, нашри Мадинат-ул-илм, 1410ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсил Васоил-уш-шиа ило таҳсили масоил-иш-шариа, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а) ли-эҳё-ит-турос, 1416ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи дуюм, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, Мактабат-ул-муртазавия, 1387ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқия фӣ фиқҳ-ил-имомия, Қум, Дор-ут-турос, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳи шароиъ-ул-ислом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, 1413ҳ.қ.