Дуои панҷоҳу сеюми Саҳифаи саҷҷодия
Дуои панҷоҳу сеюми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای پنجاه و سوم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) аст, ки ҳангоми хоксорӣ назди Худо онро мехонд. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо ба паёмадҳои гуноҳ дар дунё ва қиёмат ишора дорад ва бар зарурати бедорӣ аз хоби ғафлат қабл аз марг таъкид мекунад. Дар ин дуо аз Худо омурзиши гуноҳон ва оромиш дар рӯзи қиёмат дархост шудааст.
Дуои панҷоҳу сеюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.
Омӯзаҳо
Дуои панҷоҳу сеюм, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия аст, ки Имом Зайнулъобидин ҳангоми хоксорӣ ва зиллат ба даргоҳи Илоҳӣ онро мехонд. Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ дар шарҳи ин дуо, изҳори зиллат дар пешгоҳи Илоҳӣ бо забон ва дигар аъзои бадан, боиси рӯҳбаландии инсон ва тақарруб ба Худо мешавад.[1] Ҳамчунин Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ шаъни бандаро дар муқобили шаъни Худо ки иззат, азамат ва бениёзе мутлақ аст, изҳори хоксорӣ донистааст. Аз ин рӯи имом маъсум (а) ки ба болотарин дараҷоти маърифат расида бештар аз дигарон дар муқобили Худо изҳор зиллат мекунад.[2]
Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:
- Осори гуноҳ дар қиёмат: нотавонӣ аз сухан гуфтан, ҳайрату афсӯс, шармандагӣ ва саршикастагӣ;
- Инсон дар гарави аъмолу асири нафаси худ;
- Зиллату хорӣ аз осори гуноҳ;
- Сабук шумурдани ваъдаҳои азоби Худо бо гуноҳ кардан;
- Ҷуръату ҷасорат нисбат ба Худо бо анҷоми гуноҳ;
- Эътироф ба хатоҳо ба даргоҳи Илоҳӣ;
- Эъломи омодагӣ барои қисос шудан дар пешгоҳи Илоҳӣ ба сабаби гуноҳон;
- Зарурати бедорӣ аз хоби ғафлат қабл аз расидани марг;
- Дуо барои дарёфти раҳмати Илоҳӣ баъд аз марг;
- Дархости тараҳҳум барои шароите, ки баданҳо мепӯсанд;
- Дархости амнияту оромиш дар ҷавори раҳмати Илоҳӣ;
- Дархости будан бо авлиёи Илоҳӣ дар рӯзи маҳшар;
- Дархости гузашт аз гуноҳон бо бурдборӣ.[3]
Шарҳҳо
Дуои панҷоҳу сеюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китобҳои Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.
Дуои панҷоҳу сеюми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[11] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.626 - 627
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.365
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.365 - 376; شرح فرازهای دعای پنجاه و سوم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон
- ↑ Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.623 - 629
- ↑ Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.363 - 376
- ↑ Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.571 - 572
- ↑ Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.395 - 412
- ↑ Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.657 - 660
- ↑ Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.725 - 730
- ↑ Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.630 - 635
- ↑ Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.103
- ↑ Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.296 - 298
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
- Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
- Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
- Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
- ترجمه و شرح دعای پنجاه و سوم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.