Дуои панҷоҳуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дуои 50 Саҳифаи саҷҷодия)

Дуои панҷоҳуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای پنجاهم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) аст, ки ҳангоми тарсу хашят аз Худо ба хотири гуноҳон хонда мешавад. Дар ин дуо Худо холиқ, парваришдиҳанда ва рӯзидиҳандаи инсон муаррифӣ шуда ва мағфирати Ӯ омили эҷоди умед барои инсон дониста шудааст. Ҳамчунин ба огоҳии Худо аз зоти инсон ва тавбапазир будани Худо ишора шудааст.

Дуои панҷоҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои панҷоҳум, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия аст, ки ҳангоми тарс аз Худо хонда мешавад. Ба гуфтаи Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ - аз шореҳони саҳифа, гуноҳон мӯҷиби ҳароси муъмин мешавад. Аз ин рӯ дар ин дуо бозгашт ба сӯи Худо, ягона паноҳгоҳи муъмин ба шумор меояд.[1] Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Худо холиқи инсон, парваришдиҳанда ва рӯзидиҳандаи ӯ;
  • Тарс аз расвоӣ ба хотири гуноҳони сабтшуда дар парвандаи аъмол;
  • Гуноҳ омили ҳадар рафтани истеъдодҳои инсонӣ ва эҷоди гирифторӣ;
  • Наҷот аз ноумедӣ бо муждаи мағфират аз сӯи Худо;
  • Умед ба афви Илоҳӣ омили умед ба зиндагӣ;
  • Бефоида будани гурез аз қаламрави Худованд;
  • Эътироф ба сазовори азоб дар баробари гуноҳон;
  • Азоби Парвардигор айни адолат аст;
  • Ниёз надоштани Худо ба азоби бандагон;
  • Пӯшида набудани асрори осмону замин аз Худо;
  • Оташи ҷаҳаннам болотар аз тоқату тавони инсон;
  • Дархости тараҳҳуму мағфират аз сӯи Худо;
  • Эътироф ба бузургии салтанати Худованд ва пойдории он;
  • Бетаъсир будани итоату маъсият дар давоми мулки Илоҳӣ ва манқасати он;
  • Огоҳии маъсумон (а) ба асмои пинҳони Худо;
  • Огоҳии Худо ба зоти инсонҳо;
  • Худо бисёр тавбапазир ва меҳрбон аст;
  • Ҷовидона будани фармонравоии Худо бар олами хилқат.[2]

Шарҳҳо

Дуои панҷоҳум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китобҳои Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои панҷоҳуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.296
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.296 - 305; شرح فرازهای دعای پنجاهم از سایت عرفان, Сайти Ирфон
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.587 - 599
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.293 - 305
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.535 - 539
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.297 - 330
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.637 - 640
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.699 - 705
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.592 - 600
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.101 -102
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.285 - 287

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای پنجاهم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.