Дуои чилу якуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дуои 41 саҳифаи саҷҷодия)

Дуои чилу якуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای چهل و یکم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар талаби пардапӯшӣ ва нигаҳдорӣ аз гуноҳон аст. Имом дар ин дуо дархости раҳмати Илоҳӣ ва наафтодан дар арсаи интиқому уқубати Илоҳиро дорад.

Дуои чилу якум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои чилу якум, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия дар талаби пардапӯшӣ ва нигаҳдорӣ аз гуноҳ аст.[1] Ба гуфтаи Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ошкор шудани бадиҳои инсон дар дунё ва охират аз ранҷовартарин дардҳо барои инсон аст; аз ин рӯ Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо аз Худо дархост мекунад, ки гуноҳони бандагонро бипӯшонад ва ҳаргиз ӯро назди дигарон расво накунад.[2]

Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Дархости каромату раҳмати Илоҳӣ ва ронда нашудан аз даргоҳи Худо;
  • Дуо барои наафтодан дар арсаи интиқому уқубати Илоҳӣ ба хотири гуноҳон;
  • Талаби пинҳон доштани гуноҳон ва расво нашудан;
  • Дархости фуруд омадан дар миёнаҳои биҳишт;
  • Фарҷоми пардадарӣ ва ифшои асрори мардум;
  • Комил шудани ҳурмату эътибори инсон бо ризвону омурзиши Илоҳӣ;
  • Дархости расидан ба мақоми ободсозии маҳфилҳои солеҳон;
  • Дуо барои қарор гирифтан дар сафи асҳоби ямин.[3]

Шарҳҳо

Дуои чилу якум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои чилу якуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.365
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.297
  3. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.297 - 308; شرح فرازهای دعای چهل و یکم از سایت عرفان, Сайти Ирфон
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.295 - 308
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.157 - 160
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.363 - 382
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.465 - 466
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.493 - 496
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.305 - 312
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.77
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.202 - 203

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای چهلم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.