Дуои сию сеюми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дуои 33 Саҳифаи саҷҷодия)

Дуои сию сеюми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سی و سوم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а), ки ҳангоми дархости хайр аз Худо, онро мехонд. Дар ин дуо шинохт, омили хушнӯдӣ дар баробари қазои Илоҳӣ муаррифӣ шудааст. Ҳамчунин мақоми таслиму яқин ва низ дурӣ аз гуноҳ ва ғафлат аз Худо дархост шудааст.

Дуои сию сеюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои сию сеюм, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия аст, ки Имом Саҷҷод (а) ҳангоми дархости хайр мехонд. Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ дар шарҳи ин дуо дар бораи истихора сухан гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ истихора аз роҳҳои дарёфти ҳидояти Илоҳӣ дониста шуда, ки бандагон замоне, ки наметавонанд вазифаи худро аз роҳи андешаву машварат ба даст оваранд, аз Худо ҳидоятро дархост мекунанд.[1] Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Дархости хайр ва беҳтарини ҳар чизе аз Худо;
  • Дархости мақоми таслим ва яқин аз даргоҳи Илоҳӣ;
  • Талаби дурӣ аз гуноҳ ва ғафлат;
  • Дархости ризоят ба қазову қадари Илоҳӣ ва таслим;
  • Дархости баҳрамандӣ аз яқини мухлисин;
  • Шинохти омили хушнӯдӣ дар баробари қазои Илоҳӣ;
  • Дархост барои дӯст доштани муқаддароти Илоҳӣ;
  • Дархост барои осон ёфтан қазои Илоҳӣ;
  • Дархости итоати маҳз дар баробари машият ва иродаи Илоҳӣ;
  • Худованд атокунандаи чизҳои неку ва бахшандаи неъматҳои бузург;
  • Дархости оқибатбахайрӣ.[2]

Шарҳҳо

Дуои сию сеюм дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои сию сеюми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.161
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.161 - 169; شرح فرازهای دعای سی و سوم از سایت عرفان, Сайти Ирфон
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.227 - 238
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.159 - 169
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.67 - 77
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.124 - 154
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.419 - 423
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.443 - 447
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.189 - 202
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.68 - 72
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.180 - 181

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای سی و سوم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.