Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Тоғут

Аз wikishia

Тоғут (форсӣ: طاغوت) ба ҳар мавҷуд ва қудрати саркаше гуфта мешавад, ки ба ҷои Худо мавриди парастиш, итоат ё пайравӣ қарор гирад.[1] Ин вожа ҳашт бор дар Қуръон ба кор рафтааст.[2]

Дар ояти 51 сураи Нисо, тоғут ба нишонаҳои ширк ва гумроҳӣ, аз ҷумла бутҳо, шайтонҳо ва инсонҳое, ки ба ҷои Худо аз онон пайравӣ мешавад, тафсир шудааст.[3] Дар ояти 257 сураи Бақара, тоғут рамзи ҷабҳае муаррифӣ шудааст, ки инсонро аз нури ҳидояти Илоҳӣ ба сӯи гумроҳӣ мекашонад.[4] Дар ояти 60 сураи Нисо, тоғут барои довароне ба кор рафтааст, ки бе машруияти Илоҳӣ ҳукм мекунанд.[5] Ҳамчунин муфассирон тоғутро дар оёти 60 сураи Моида[6] ва 36 сураи Наҳл[7] ба нишонаи ширк, пешвоёни гумроҳӣ ва омилҳои дуркунандаи инсон аз роҳи Худо тафсир кардаанд. Дар ояти 76 сураи Нисо низ роҳи тоғут рамзи фард, қудрат ё низоме дониста шудааст, ки дар баробари роҳи Худо қарор мегирад.[8]

Дар ривоёти шиа, тоғут бештар дар иртибот бо ҳокимони ситамгор ба кор рафтааст.[9] Ривоёт, шиаёнро ба бароат аз тоғутҳо ва парҳез аз фитнаи онон фарохонда[10] ва вуҷуди тоғутҳоро аз омилҳои ғайбати Имом Маҳдӣ (аҷ) донистаанд.[11] Ҳамчунин, ривоёте дар бораи накӯҳиши муроҷеа ба ҳокимони ситамгор нақл шудааст.[12] Фақеҳони шиа бо истинод ба ин ривоёт, муроҷеа ба тоғут ва доварӣ хостан аз ӯро, ҳатто барои истифои ҳақ, ҷоиз надонастаанд; ҳарчанд дар шароити изтирор ва набудани роҳи дигар барои дастёбӣ ба ҳақ, истисноро матраҳ кардаанд.[13]

Дар баъзе ривоёт ва зиёратномаҳои шиа, вожаҳои «ҷибту тоғут» дар иртибот бо душманони Аҳли Байт (а)[14] ё рамзҳои ширк ва ботил ба кор рафтааст.[15] Ҳамчунин дар баъзе ривоёти марбут ба давраи ғайбат, ҳар парчаме, ки пеш аз қиёми Имом Маҳдӣ (аҷ) бо даъват ба хештан барафрошта шавад, тоғут шумурда шудааст;[16] шуморе аз уламои шиа ин ривоётро нозир ба ҳаракатҳои худмеҳвар дониста ва миёни онҳо ва қиёмҳое, ки бо ҳадафи иҷрои адолат ва дифоъ аз ҳақ анҷом мешаванд, тафовут гузоштаанд.[17]

Эзоҳ

  1. Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот, саҳ.521.
  2. Қурашӣ, Қомӯси Қуръон, ҷ.4, саҳ.224.
  3. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.8, саҳ.465.
  4. Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.2, саҳ.312; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.2, саҳ.631.
  5. Тайиб, Атиб-ул-баён, ҷ.4, саҳ.118 - 119.
  6. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, ҷ.1, саҳ.653.
  7. Тайиб, Атиб-ул-баён, ҷ.8, саҳ.118.
  8. Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.3, саҳ.260.
  9. нигаред ба СаффорҚумӣ, Басоир-уд-дараҷот, саҳ.144-145; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.261 - 262 ва 319, 477.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.8, саҳ.15.
  11. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, саҳ.47.
  12. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.7, саҳ.411 - 412.
  13. Ниг.: Фозили Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, ҷ.10, саҳ.7 - 8; Ансорӣ, ал-Қазо ва-ш-шаҳодот, саҳ.61 - 64; Оштиёнӣ, Китоб-ул-қазо, саҳ.20 - 22.
  14. Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.30, саҳ.187 - 188 ва ҷ.31, саҳ.600 - 601.
  15. Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.96, саҳ.190 - 193 ва ҷ.97, саҳ.206, 295.
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.8, саҳ.295; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.52, саҳ.143.
  17. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, ҷ.10, саҳ.78 - 84; Ҷаводии Омулӣ, Имом Маҳдӣ; мавҷуди мавъуд, саҳ.152 - 159.

Сарчашма

  • Ансорӣ, Муртазо, ал-Қазо ва-ш-шаҳодот, Қум, Конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайхи Аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоъиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ил-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қурашӣ, Сайид Алиакбар, Қомӯси Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи шашум, 1412ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Қум, интишороти мактаби Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ул-ҷомеъа ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муъмин, Муҷон, «Тоғут», дар ҷилди севуми Доират-ул-маорифи ҷаҳони навини Ислом, тарҷума: Ҳусайни Сӯзанчӣ, Теҳрон, нашри Китоби марҷеъ ва нашри Конгресс, 1391ҳ.ш.
  • Осифӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Фиқҳ-ул-муқовима, дироса фиқҳия муқорана, Теҳрон, Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, Муовинати фарҳангӣ, 1430ҳ.қ.
  • Оштиёнӣ, Муҳаммадҳасан, Китоб-ул-қазо, Қум, маншуроти Дор-ул-ҳиҷра, 1404ҳ.қ.
  • Саффори Қумӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоилу Оли Муҳаммад, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳ: Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1408ҳ.қ.
  • Тайиб, Сайид Абдулҳусайн, Атиб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, нашри Ислом, 1378ҳ.ш.
  • Фозили Ҳиндӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Кашф-ул-лисом ан қавоид-ил-аҳком, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Имом Маҳдӣ; мавҷуди мавъуд, Қум, Маркази нашри Исро, 1395ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъма, Қум, Ҷамоат-ул-мударрисин фи-л-ҳавзат-ил-илмия, 1416ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Қасир Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.