Ғусли зиёрат
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
Ғусли зиёрат (форсӣ: غسل زیارت) ғусле аст, ки пеш аз рафтан ба зиёрати қабри маъсумин анҷом мешавад. Гурӯҳе аз фақеҳон ин ғуслро мустаҳаб медонанд ва гурӯҳе дигар мегӯянд, ки танҳо ба қасди раҷо ё савоб ҷоиз аст, ки анҷом дода шавад.
Таъриф
Ғусли зиёрат ғусле аст, ки ба ҳангоми зиёрати қабри маъсумин (а) анҷом мешавад.[1] Ба гуфтаи Кошифулғито, баъзе ғусли зиёратро шомили зиёрати қабри паёмбарон низ медонанд.[2] Ҳамчунин дар ривоёте аз Имом Содиқ (а) барои зиёрати Каъба низ тавсия ба ғусл шудааст.[3]
Дидгоҳи фиқҳӣ
Теъдоде аз фақеҳон ғусли зиёратро мустаҳаб медонанд.[4] Ибни Зуҳра бар истеҳбоби он иддаои иҷмоъ кардааст[5] ва Муҳаммадҳасани Наҷафӣ, дигар фақеҳи шиа, ҳам дар китоби Ҷавоҳир онро машҳур шумурдааст.[6] Дар ривоёт, барои зиёрати қабри баъзе аз маъсумин, мисли Паёмбар (с), Имом Ҳусайн (а) ва Имом Ризо (а), ба сурати хос тавсия ба ғусл шудааст. Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, аз мароҷеъи тақлид, бо истинод ба ин ки имомон аз нӯри воҳид ҳастанд, онро шомили ҳамаи маъсумин донистааст.[7] Баъзе эътиқод доранд, ки барои зиёрат аз роҳи дур низ метавон ғусл кард.[8]
Баъзе аз фақеҳон мисли Сайид Абулқосими Хӯӣ, Сайид Алии Систонӣ ва Носири Макорими Шерозӣ, истеҳбоби ғусли зиёратро напазируфта ва анҷоми онро танҳо ба қасди раҷо ва умеди савоб дуруст медонанд; яъне ба умеди он ки матлуб бошад.[9] Аз назари гурӯҳе аз фақеҳони шиа, ғусли зиёрат барои вуруд ба ҳарами маъсум ҳатто бе қасди зиёрат ҳам мустаҳаб аст.[10]
Оё метавон бо ғусли зиёрат намоз хонд?
Теъдоде аз фақеҳо фатво додаанд, ки бо ҳамаи ғусли воҷиб ва мустаҳаб ғайр аз ғусли истиҳозаи мутавассита метавон намоз хонд; агарчи эҳтиёти мустаҳаб он аст, ки дар ғайри ғусли ҷанобат, вузу ҳам гирифта шавад.[11]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.45; Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳора, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.67-64.
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.40; Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.104 ва 114; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.304.
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.45; Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳора, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.67-64.
- ↑ Ибни Зуҳра, Ғуният-ун-нузуъ ило илмай-ил-усул ва-л-фуруъ, 1417ҳ.қ., саҳ.62.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.46.
- ↑ Беҳбаҳонӣ, Масобиҳ-уз-залом, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.90-88.
- ↑ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.154.
- ↑ Рошидӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили 9 марҷаъ, 1385ҳ.ш., саҳ.368-367.
- ↑ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.462; Таботабоӣ Ҳаким, Мустамсак-ул-урват-ул-вусқо, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.281; Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, 1376ҳ.ш., ҷ.6.
- ↑ Рошидӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили 9 марҷаъ, 1385ҳ.ш., масъалаҳои 391 ва 646.
Сарчашма
- Беҳбаҳонӣ, Муҳаммадбоқир, Масобиҳ-уз-залом, Қум, Муассисаи Алломаи муҷаддид Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, 1424ҳ.қ./1382ҳ.ш.
- Ибни Зуҳра, Ҳамза ибни Алӣ, Ғуният-ун-нузуъ ило илмай-ил-усул ва-л-фуруъ, Қум, Имом Содиқ, 1417ҳ.қ.
- Кошифулғито, Ҷаъфар, Кашф-ул-ғито ан мубҳамот-иш-шариат-ил-ғарро, Қум, Интишороти Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1422ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1363ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳи Аббос Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Байрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Рошидӣ, Латиф, ва Саид Рошидӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили 9 марҷаъ, Қум, Интишороти Паёми адолат, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
- Таботабоӣ Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-урват-ул-вусқо, Қум, Дор-ут-тафсир, 1374ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқ: Сайид Ҳасани Хурсон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1364ҳ.ш.
- Ҳамадонӣ, Ризо, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, Қум, Муассисат-ул-ҷаъфария ли эҳё-ит-турос, 1376ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Ол-ил-Байт, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо, ат-Таҳора, Қум, Конгресси ҷаҳонии бузургдошти шайхи аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
- Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Нашри Довурӣ, 1414ҳ.қ.
Пайванд ба берун
- «غسل زیارت» («Ғусли зиёрат»)