Истинҷо
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Истинҷо (форсӣ: استنجا) ба маънои шустан ё пок кардани маҳалли хуруҷи пешоб ва ахлот пас аз қазои ҳоҷат аст. Барои анҷоми ибодатҳое мисли намоз, ки ниёз ба таҳорат доранд, истинҷо воҷиб аст.
Фақеҳони шиа эътиқод доранд, ки маҳалли хуруҷи пешоб танҳо бо об пок мешавад; аммо барои пок кардани маҳалли хуруҷи ахлот, илова бар об, метавон аз чизҳои дигаре, мисли санг ё дастмол низ истифода кард, ба шарте ки айни наҷосатро бартараф кунанд.
Анҷоми истинҷо бевосита пас аз қазои ҳоҷат, истифодаи об ба ҷои чизҳои дигар барои истинҷои ахлот ва истифодаи оби сард мустаҳабанд. Истинҷо бо дасти рост ва бо дасте, ки ангуштаре дорои зикрҳо ва номҳои мутабаррак дорад низ макруҳ аст.
Мафҳум ва ҷойгоҳ
Истинҷо истилоҳи фиқҳӣ[1] ба маънои пок кардани маҳалли хуруҷи пешоб ва ахлот пас аз қазои ҳоҷат аст.[2] Фақеҳон дар боби таҳорати китобҳои фиқҳӣ, аҳкоми онро баррасӣ кардаанд.[3] Ва барои он, дар шариати баъзе умматҳои пешин низ пешинае зикр шудааст.[4]
Бино ба назари баъзе муфассирон, дар ояти 108 сураи Тавба, аҳли Қубо ба далели бархурдорӣ аз вижагии таҳорат сутуда шудаанд.[5] Дар баъзе ривоёт,[6] ин таҳорат ба шустушӯи маҳалли хуруҷи ахлот бо об пас аз қазои ҳоҷат тафсир шудааст.[7] Баъзе фақеҳон низ бо истинод ба ин оят, истифодаи об барои истинҷоро мустаҳаб шумурдаанд.[8] Ҳамчунин дар ривояте[9] омадааст, ки фарози «Инна-л-лоҳа юҳибб-ут-таввобин ва юҳибб-ул-мутатаҳҳирин»; (Худованд, тавбакунандагон ва поконро дӯст медорад), дар ояти 222 сураи Бақара, пас аз он нозил шуд, ки яке аз ансор баъд аз қазои ҳоҷат, бо истифодаи об истинҷо кард.[10]
Ҳукми истинҷо
Истинҷо ба худии худ воҷиб нест;[11] аммо фақеҳони шиа бо истинод ба баъзе ривоёт,[12] онро барои анҷоми ибодатҳое, мисли намоз, воҷиб донистаанд; зеро дар ин ибодатҳо пок будани бадан ва либос аз наҷосат шарт аст.[13] Бар ин асос, чун касе пас аз қазои ҳоҷат, бидуни истинҷо намоз бихонад, намози ӯ ботил аст ва бояд онро дубора бихонад.[14]
Мазоҳиби фиқҳии аҳли суннат низ, истинҷоро воҷиб шумурдаанд;[15] аммо бино ба қавле аз Абуҳанифа, агар наҷосат аз маҳдудаи муътадили маҳалли хуруҷи ахлот фаротар нарафта бошад, истинҷо мустаҳаб аст.[16]
Оби истинҷо
Обе, ки ҳангоми шустушӯи маҳалли хуруҷи пешоб ва ахлот аз он ҷудо мешавад, бино ба қавли машҳури фақеҳон, пок аст;[17] машрут бар он ки зарраҳои наҷосат дар он дида нашавад ва ранг ё бӯи он тағйир наёфта бошад.[18] Бо ин ҳол, баъзе фақеҳон онро наҷис дониста, аммо эътиқод доранд, ки мӯҷиби наҷосати чизҳои дигар намешавад.[19]
Равиши истинҷо
Бар асоси баъзе ривоёт,[20] фақеҳони имомия, бар хилофи аҳли суннат,[21] эътиқод доранд, ки маҳалли хуруҷи пешоб танҳо бо об пок мешавад.[22] Бештари онон як бор шустанро кофӣ медонанд;[23] аммо баъзе фақеҳон дар сурати истифодаи оби қалил ва низ дар бораи занон, ду бор шустушӯро зарур донистаанд.[24]
Барои пок кардани маҳалли хуруҷи ахлот, фақеҳони шиа ва аҳли суннат истифодаи об ё чизҳое мисли санг ва дастмолро ҷоиз донистаанд;[25] ба шарте, ки наҷосат ба атрофи маҳалли хуруҷи ахлот сароят накарда бошад.[26] Баъзе фақеҳон, ҳамчунон Имом Хумайнӣ ва Фозили Ланкаронӣ, эътиқод доранд, ки истинҷои маҳалли хуруҷи ахлот бо ғайри об, муҷиби покии он намешавад; бо ин ҳол, наҷосати боқимонда ба чизҳои дигар сароят намекунад ва намоз хондан дар ин ҳолат саҳеҳ аст.[27]
Дар бораи истифодаи санг ва монанди он низ дидгоҳҳои гуногун вуҷуд дорад. Баъзе фақеҳон истифодаи се пораи ҷудогона ва хушкро зарур донистаанд;[28] баъзе дигар истифодаи се гӯшаи як пораро кофӣ дониста ва меъёрро бартараф шудани айни наҷосат медонанд, ҳатто агар бо як пора ва як бор анҷом шавад.[29]
Одаби истинҷо
Дар сарчашмаҳои фиқҳӣ одат ва мустаҳабботи мутааддиде барои истинҷо зикр шудааст, ки дар баъзе сарчашмаҳо шумораи онҳо ба 28 маврид мерасад.[30] Аз ҷумлаи онҳо метавон ба анҷоми истинҷо бевосита пас аз қазои ҳоҷат,[31] бартарии об бар санг дар истинҷои ахлот,[32] шустани маҳалли ахлот пеш аз маҳалли пешоб,[33] истибро,[34] истифодаи оби сард[35] ва хондани дуоҳои марбут ба истинҷо[36] ишора кард.
Истинҷо бо дасти рост,[37] истинҷо бо дасте, ки ангуштаре дорои зикрҳо, оёти Қуръон ё номҳои мутабаррик дорад[38] ва истинҷо бо обе, ки дар офтоб гарм шуда,[39] ҳамаи ин маворид макруҳ дониста шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, саҳ.528.
- ↑ Омилӣ, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия, саҳ.17.
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, ҷ.1, саҳ.460.
- ↑ Шавконӣ, Фатҳ-ул-қадир, ҷ.2, саҳ.462; Суюти, ад-Дур-ул-мансур, ҷ.3, саҳ.278.
- ↑ Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.9, саҳ.390; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.16, саҳ.148.
- ↑ Файзи Кошонӣ, Тафсир ас-Софӣ, ҷ.2, саҳ.379; Баҳронӣ, ал-Бурҳон, ҷ.2, саҳ.849, ҳадиси 4748.
- ↑ Ниг.: Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ, ҷ.5, саҳ.546; Ҳусайнии Шоҳабдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, ҷ.5, саҳ.204; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.11, саҳ.689.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳора, ҷ.2, саҳ.82; Мусавии Хӯӣ, ат-Танқиҳ, ҷ.3, саҳ.514; Ҳоҷохунди Арокӣ, Шарҳи наҷот-ил-ибод, саҳ.172.
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақеҳ, ҷ.1, саҳ.30, ҳадиси 59.
- ↑ Табасӣ, Тамассук-ул-итрат-ит-тоҳира би-л-Қуръон-ил-карим, ҷ.1, саҳ.36.
- ↑ Ансорӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳият-ул-муяссара, ҷ.3, саҳ.105.
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.3, саҳ.18, ҳадиси 14; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.1, саҳ.47, ҳадиси 135.
- ↑ Ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, ҷ.1, саҳ.103-104; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, ҷ.1, саҳ.127-128; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.2, саҳ.114.
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, ҷ.1, саҳ.460.
- ↑ Ҷазирӣ ва дигарон, ал-Фиқҳ ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, ҷ.1, саҳ.168.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, ҷ.1, саҳ.127; Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, ҷ.1, саҳ.36.
- ↑ Ниг.: Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.1, саҳ.16, масъалаи 25.
- ↑ Арокӣ, Китоб-ут-таҳора, ҷ.1, саҳ.230.
- ↑ Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили Оятуллоҳ Муҳаммадисҳоқи Фиёз, Боби таҳорат, Масъалаи 68.
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.3, саҳ.18, ҳадиси 8; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.1, саҳ.355-356, ҳадиси 25, 27 ва 28.
- ↑ Ниг.: Шофеӣ, ал-Умм, ҷ.1, саҳ.36; Шавконӣ, Найл-ул-автор, ҷ.1, саҳ.119; Косонӣ, Бадооеъ-ус-саноеъ, ҷ.1, саҳ.18.
- ↑ Ниг.: Сайид Муртазо, ал-Интисор, саҳ.97, масъалаи 8; Аллома Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-аҳком, ҷ.1, саҳ.86; Муҳаддиси Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, ҷ.2, саҳ.7.
- ↑ Биниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, ҷ.1, саҳ.59, Масъалаи 66.
- ↑ Биниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, ҷ.1, саҳ.59, Масъалаи 66.
- ↑ Ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, ҷ.1, саҳ.16; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, ҷ.1, саҳ.136; Мусавии Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, ҷ.1, саҳ.167; Ҷазирӣ ва дигарон, ал-Фиқҳ ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, ҷ.1, саҳ.177.
- ↑ Мусавии Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, ҷ.1, саҳ.166.
- ↑ Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили Имом Хумайнӣ, бахши таҳорат, Масъалаи 68; Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили Оятуллоҳ Муҳаммади Фозили Ланкаронӣ, бахши таҳорат, масъалаи 71.
- ↑ Биниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, ҷ.1, саҳ.60, зери масъалаи 68.
- ↑ Биниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, ҷ.1, саҳ.61, Масъалаи 69.
- ↑ Астарободӣ, Шореъ-ун-наҷот, саҳ.336.
- ↑ Муҳаддиси Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, ҷ.2, саҳ.64.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.2, саҳ.33.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.179.
- ↑ Астарободӣ, Шореъ-ун-наҷот, саҳ.337.
- ↑ Астарободӣ, Шореъ-ун-наҷот, саҳ.339.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.179.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.2, саҳ.70.
- ↑ Муҳаддиси Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, ҷ.2, саҳ.79.
- ↑ Астарободӣ, Шореъ-ун-наҷот, саҳ.341.
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Ниҳоят-ул-аҳком фи маърифат-ил-аҳком, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкарат-ул-фуқаҳо, мусаҳҳеҳ: Гурӯҳи пажӯҳишии Муассисаи Ол-ил-Байт (а), Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Ансорӣ, Муҳаммадалӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳият-ул-муяссара, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Арокӣ, Муҳаммадалӣ, Китоб-ут-таҳора, Қум, Муассисаи дар роҳи ҳақ, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Астарободӣ (Мирдомод), Муҳаммадбоқир, Шореъ-ун-наҷот фи аҳком-ил-ибодот, Қум, Муассисаи доират-ул-маориф, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Сайид Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, мусаҳҳеҳ: Қисми мутолиоти исломии Муассисаи баъса, Қум, Муассисаи баъса, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Биниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан ва Иҳсони Усулӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ мувофиқ бо фатавои сездаҳ нафар аз мароҷеи муаззами тақлид, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи ҳаштум, 1381ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи ҳаштум, 1392ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Муассисаи матбуоти Исмоилиён, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Косонӣ, Абӯбакр ибни Масъуд, Бадооеъ-ус-саноеъ фи тартиб-иш-шароеъ, бемакон, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Қумии Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, Тафсири канз-уд-дақоиқ ва баҳр-ил-ғароиб, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1368ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Мишкинии Ардабилӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, таҳқиқ: Ҳамиди Аҳмадии Ҷилфоӣ, Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис. Созмони чоп ва нашр, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
- Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), зери назари Сайид Маҳмуди Шоҳрӯдӣ, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
- Мусавии Омилӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Мадорик-ул-аҳком фи шарҳи ибодоти шароеъ-ил-ислом, Бейрут, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), 1411ҳ.қ.
- Мусавии Хӯӣ, Сайид Абулқосим, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо, муқаррир: Мирзоалӣ Ғаравӣ, Қум, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Муҳаддиси Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Муҳаммадтақии Иравонӣ, Муқаррам, Сайид Абдурраззоқ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳи Аббос Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Омилӣ, Ёсин Исо, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия фи-р-расоил-ил-амалия, Бейрут, Дор-ул-балоға ли-т-тибоъа ва-н-нашр ва-т-тавзеъ, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Суюти, Ҷалолуддин, ад-Дур-ул-мансур фи-т-тафсир би-л-маъсур, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён ан таъвили ой-ил-Қуръон (тафсири Табарӣ), бемакон, Дор ҳиҷр ли-т-тибоъа ва-н-нашр ва-т-тавзеъ ва-л-эълом, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Табасӣ, Муҳаммадҷаъфар, Тамассук-ул-итрат-ит-тоҳира би-л-Қуръон-ил-карим, Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор (а), чопи аввал, 1392ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муломуҳсин, Тафсир ас-Софӣ, таҳқиқ: Ҳусайн Аълӣ, Теҳрон, Интишороти ас-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи севум, 1420ҳ.қ.
- Фиёз, Муҳаммадисҳоқ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Интишороти Маҷлисӣ, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Қум, беном, чопи саду чаҳордаҳум, 1426ҳ.қ.
- Фозили Миқдод, Ҷамолуддин, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, Интишороти Муртазавӣ, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
- Ҳоҷохунди Арокӣ, Мулло Абутолиб, Шарҳи наҷот-ил-ибод, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Ҳусайнии Шоҳабдулазимӣ, Ҳусайн ибни Аҳмад, Тафсири исноашарӣ, Интишороти Миқот, Теҳрон, чопи аввал, 1363ҳ.ш.
- Ҷазирӣ, Абдурраҳмон, Ғаравӣ, Сайид Муҳаммад, Мозеҳ, Ёсир, ал-Фиқҳ ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа ва мазҳаби Аҳли Байт (а) мувофиқан ли-мазҳаби Аҳли Байт (а), Бейрут, Дор-ус-сақалайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Найл-ул-автор, таҳқиқ: Исомуддин ас-Сабобатӣ, Миср, Дор-ул-ҳадис, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-қадир, Димишқ, Дору Ибни Касир, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ут-таҳора, Қум, Конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайхи Аъзам Ансорӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақеҳ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия ли эҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, чопи севум, 1387ҳ.ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, мусаҳҳеҳ: Алӣ Хуросонӣ ва дигарон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, муҳаққиқ: Ҳасан Мусавии Хурсон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Шаҳраконӣ, Иброҳим Исмоил, Муъҷам-ул-мусталаҳот-ил-фиқҳия, Қум, Зав-ил-қурбо, чопи аввал, 1430ҳ.қ.
- Шофеӣ, Муҳаммад ибни Идрис, ал-Умм, Бейрут, Дор-ул-маърифа, беном, 1410ҳ.қ.